, Якшанбе, 22-декабр

ХУСУСИЯТҲОИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

 17.12.2024 42

ХУСУСИЯТҲОИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ САЛОҲИЯТНОКӢ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Доштани дониш оид ба соҳаҳои гуногуни илм барои маълумотнок гаштан кифоя набуда, татбиқи амалии донишҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва эҷодкорӣ муҳим аст, ки ба баланд шудани некуаҳволии мардум ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро барои самаранок гардидани раванди таълим андешида истодааст. Яке аз тадбирҳои басо муҳим гузариш ба низоми нави таълим-низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошад. Мақолаи мазкур метологияи гузариш ба муносибати босалоҳият оид ба синфҳои ибтидоиро дар низоми таҳсилоти миллӣ дар бар гирифта, барои омӯзгорони муассисаҳои миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии равияи омӯзгорӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Болотов В. А. ва Сериков В.В. якчанд омилоро нисбат ба камнуфуз шудани низоми кунунии таълим мавриди баррасӣ қарор додаанд: «Таъғирот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иттилоотиву технологӣ боиси пайдо шудани фарҳангӯ маданияти нав гашта, дар он таҳсилоте, ки танҳо ба андӯхтани дониш нигаронида шудааст, самаранокӣ ва мақсаднокиашро аз даст додааст».

Таҳлилҳои таълимии омӯзгорони МТМУ шаҳодат аз он медиҳанд, ки хонандагон ахборотро алакай аз дигар маводи технологӣ гифтаанд, дигар ба маводи таълимии назариявӣ кам аҳамият медиҳанд. Айни замон ин низоми байналмилалиро ҷорӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Бо мақсади таъмин намудани шароити мувофиқ барои гузариши самаранок Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҳмкории глобалӣ дар соҳаи маориф силсила барномаҳои таълимиро таҳия намуда истода, омӯзгоронро тавассути курсҳои такмили ихтисос ба татбиқи низоми нави таълим омода мекунанд. Яке аз сабабҳои тағийри низоми таълим (мундариҷа ва раванди таълим) талабот ва нақшаҳои стратегии миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи он: «Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони мусир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст. Бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосию иҷтимоиро ба монанди қабули масъулиятноки қарорҳо ва ба нақшагирии пешравӣ дар касбомӯзӣ, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт салоҳияти алоқадори тайёрии касбӣ дар бозори меҳнат талабот дошта донишу малакаҳо барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намояд. Ташаккули ҳисси ҳувияти миллии кӯдак дар раванди ташаккули муҳити ҳассос ва маърифатии марбут ба арзишҳои муайян ба амал меояд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба санъати миллиро ба вуҷуд меорад. Махсусан, дар ин давра нақши устод меафзояд, ҷавононро бо дониши худ дар бораи анъанаҳои миллӣ ва намудҳои ҳунарҳои мардумии тоҷик ба ҳаёт омода карда метавонад. Бо мақсади амалисозии иқтидори педагогии ҳунарҳои анъанавии занона мо, нақшаи корҳои тарбиявиро тавассути санъати миллӣ таҳия кардем, ки ҳадафи он эҷоди ҳавасмандии омӯзгор ба ҳунарҳои анъанавии занона ва бо ин тариқ нишон додани нақши таълимии анъанаҳои миллӣ мебошад.

Беҳтарсозии корҳои таълимию тарбиявӣ дар факултаи технология ва соҳибкорӣ дар иҷрои нақшаи корҳои тарбиявӣ, ки ба эҳтиром ва рушди анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои занонаи тоҷикӣ асос ёфтааст, дар самтҳои зер мусоидат мекунад:

-истифодаи илмии банақшагирифташуда ва аз ҷиҳати методологӣ оқилонаи захираҳои педагогӣ барои ташаккули модели омӯзгори пешрафтаи технологияи махсуси ҳомили анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ;

-гуногуннамудии фаъолияти эҷодии донишҷӯён дар амалӣ намудани анъанаҳои миллӣ дар ҳаёти муосир;

-иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои эҷодӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намоишгоҳҳо, аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ин барои рушди касбӣ ниҳоят муҳим мебошад).

Аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани роҳи ҳуқуқӣ ва демократии давлат, гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ самтҳои асосии ташаккули давлати соҳибихтиёр мебошад. Бартараф кардани пошхӯрӣ дар иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ табиист, ки гузариш ба муносибатҳои бозорӣ омили муҳим буда, азнавсозии воқеии ҳамаи донишгоҳҳои ҷамъиятӣ ва системаҳои давлатӣ, аз ҷумла, системаи маорифро тақозо дорад. Усули таълим айни замон ба арзишҳои умумиинсонӣ, ташаккули фарҳанги миллӣ, эҷоди заминаҳои воқеии ташаккули эҷоди шахсият нигаронида шудааст.

Ҷорикунӣ ва рушди ҳунарҳои анъанавии миллӣ ба тайёрии муназзам дар ҳама сатҳҳо асос меёбад. Омӯзиш ва паҳн намудани дониш ва малакаҳои ҳунарҳои мардумии миллӣ вазифаи асосии системаи маориф мебошад. Дар айни замон, муносибати эҷодӣ ва нерумандӣ ба тарбияи меҳнатӣ, ҳамчун арзишҳои асосии рӯҳонӣ ва эҳтиёҷоти шахс, таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир карда намешавад. Чи тавре ки натиҷаи тадқиқоти зиёд гувоҳӣ медиҳад, хатм-кунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои кор дар соҳаи истеҳсолот аз ҷиҳати психологӣ ва амалӣ ба таври кофӣ омода нестанд. Илми педагогӣ то ҳол ба равандҳои воқеии дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа рухдода, ки ба тарбияи касбии ҷавонон таъсири муайян дорад, натиҷаи муайян надодааст. Пайдоиши шаклҳои нави идоракунии тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, пайдоиши бекорӣ дар байни ҷавонон, муҳоҷират, мавҷудияти захираҳои меҳнатӣ, ҳамаи инҳо ба тайёр кардани муаллими ояндаи технологияи махсус ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунанд. Ҳунарҳои анъанавии мардумӣ ҳамчун санъати аҷдодии ниёгон, воситаи асосии тарбия ва тайёр намудани омӯзгорони ояндаи технологияи махсус ва соҳибкорӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии таълим дар низоми таълими салоҳиятнокӣ асосан ҷудо кардан, хат кашидан, дар хотир гирифтан, нақл кардан, дар асоси намуна ҳал кардани мисолу масъалаҳо ва тартиб додани ибора, ҷумла мебошад.

Мирзоева Б. ин низомро доир ба фанни технологияи таълими меҳнат чунин шарҳ додааст: «Дар низоми анъанавӣ хонанда технологияи коркарди қоғазро медонад, дар низоми босалоҳият хонанда аз орди қоғаз омода шудани онро иҷро карда метавонад». Ҷараёни таълим маърифати хонандагонро баланд бардошта дар онҳо шавқи мароқ зоҳир намудан ва касби донишу малака фазуданро бедор менамояд. Яъне хонандагон шуниданд, хонданд ва бозгуйӣ ё дар асоси намунаҳо, қоидаҳо иҷро кардани мисолу масъаларо ҳамчун фаъолияти асосии маърифатӣ ҳисоб мекунанд.

Мафҳуми «салоҳият» ва «босалоҳиятнокӣ»-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои компетенсия ва компетенсионӣ ки аз забони лотинӣ гирифта шуда, ба забони русӣ иқтибос шуданд, истифорда мебаранд. Дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ мафҳуми салоҳият- аниқ будан, сазовор будан, шоистагӣ, сазоворӣ тасвир дода шудааст. Дар луғати истилоҳоти хазинаи аврупоии таҳсилот мафҳуми салоҳият «компотенсия» чунин шарҳ дода шудааст.

  1. Қобилияти ягон корро (амалро) хуб ва самаранок иҷро кардан;
  2. Ба талаботи вазифавӣ (касбӣ) мутобиқ будан;
  3. Қобилияти иҷрои вазифаҳои махсуси меҳнатӣ.

Дар стандартҳои фаннии зинагии таҳсилоти ибтидоӣ мафҳуми салоҳият чуни шарҳ дода шудааст:

Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ) ба маърифат равона карда мешавад. Дар баъзе адабиётҳои илмӣ мафҳуми салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешавад. Дар асоси тафсири боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси салоҳиятнок амалеро хуб қобилона ва бо эътимодона иҷро карда метавонад. Низоми таълимии салоҳиятнокӣ низомест, ки дар он диқати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад.  Низоми таълимии салоҳиятнокӣ ба саволҳои: «Хонанда чӣ кор карда метавонад?», «Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?». Донистан ё дониш дар низоми таълимӣ салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ба намуна, ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.

Ҳаминро бояд гуфт, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбанд. Салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Сангов Н. чунин гуфтааст: «Таъсири омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба ҳифз ва ташаккулёбии санъати халқӣ ва ҳунарҳои халқии Тоҷикистон» ба омӯзиши санъати ороишӣ ва амалии тоҷикон ҳамчун омили муҳимтарини ташаккули педагогикаи халқӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст. Инчунин эҳтимолияти фарҳангии миллӣ ва расму анъанаҳои халқиро инъикос менамояд, арзишҳои муҳими иҷтимоии санъати ороишӣ амалӣ таъкид карда мешавад.

Дар низоми таълимӣ салоҳиятнокӣ муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос дорад. Хусусиятҳои мазкур муносибати хонандаро ба таълим, нақши омӯзгорро дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибати байни ҳамдигарро муайян мекунад. Донистан  ва дар амал тадбиқ кардани ин хусуиятҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахси масъулиятнок, бо тарбия ва маърифатнок замина гузорад.

БЕГИЕВ ШАРИФ-муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон




Ба рӯйхат