,
Якшанбе, 22-декабр
Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат аз он ифтихор хоҳанд кард. Ба мероси таърихии ниёгонамон, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои халқи тоҷик кишварҳои ҷаҳон ба ҳавас ва шавқу рағбати зиёд менигаранд. Аз ҷониби халқҳои дигар эътироф гаштани арзишҳои маънавии миллат боиси ифтихор ва ғуруру худшиносии миллӣ мегардад.
Донистани таърих ва ҳофизаи таърихӣ фазилати муҳими халқамон буда, мо ва хосатан, ҷавононро водор мекунад, ки доир ба кору пайкори афроди ватандӯсти кишвар, ҷонфидоиву қаҳрамониҳои халқамон, фаъолияти илмию таҳ¬қиқоти олимон, рисолати адибону санъаткорони номварамон, мероси ғании сиёсиву иҷтимоӣ ва фар¬ҳангии ниёгонамон маълумоти бештар дошта, ворисони арзандаи гузаштагони соҳибмаърифатамон бошем ва дар ин замина, дар масъалаи аз таърих хулосаи дуруст баровардан кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди иттилотии замони муосир, ҳофизаи таърихӣ ва хосатан, арзишҳои маънавӣ баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан, бедор намудани ҳисси масъулияту қарзи виҷдонии онҳо дар роҳи пойдории оромиву осоиш¬тагӣ ва рушду пешрафти кишварамон нақши муҳим мебозанд.
Боиси сарфарозиву ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ, инчунин, дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва такомулу таҳаввули давлатдории миллӣ саҳми бориз мегузоранд. Ин маъниро тамоми ҳаёт ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад.
Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ заминаи муътамаду устувор гузошт. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ҳофизаи таърихӣ чист ва чаро халқияту миллатҳо пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ба эҳёи он диққати ҷиддӣ медиҳанд? Мо дар ин матлаб кӯшиш менамоем, ки ба он посухи мушаххас диҳем.
Пеш аз ҳама, ҳофизаи таърихӣ занҷираест, ки тавассути он арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар мегузарад. Дар ин раванд шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста ва пешвоёни миллӣ нақши калон мебозанд ва табиист, ки ояндаи миллат ба онҳо бастагии қавӣ дорад.
Ба ин хотир, ҳангоме ки сухан дар хусуси нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тақвияти давлатдории миллӣ меравад, бояд хидматҳои беназири ӯро дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба таври махсус таъкид кард. Ҳамзамон, маҳз таҳти роҳбарии Пешвои миллат ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барқарор ва таҷдиду навсозӣ мешаванд. Бағоят хурсандиовар аст, ки Роҳбари давлат ба таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷодаи эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва бунёди давлатдории миллӣ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо донишҳои фароху мукаммал, балки ҷасорат ва иродаи бемислу воло нишон медиҳанд. Маҳз ба шарофати талошу иродаи қавии Роҳбари давлат соли 2009 дар кишвар Соли тамаддуни ориёӣ эълон гардид.
Дар баробари ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳ¬те¬мурро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардониданд. Бояд таъкид кард, ки миёни роҳбарони кишвар танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро пеш гирифтанд. Ва маҳз ҳамин амали инсонпарварона ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва эътирофи хидматҳои фарзандони бузурги миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо ташаббус ва эҳсоси баланди ватан¬дӯстонаи Сарвари давлат солгарду зодрӯзи шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Ғазолӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абуабдулло Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷашн гирифта шуданд, ки аз ифтихори баланди миллӣ доштани он кас гувоҳӣ медиҳад.
Бар замми ин, бо ҳидоятҳои Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории мамлакат, аз қабили мақбараҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Зайнулобиддин, қалъаҳои Хуҷанд, Балҷувон, Ҳулбук ва амсоли инҳо ба сомон расонда шуданд. Бавижа, таъмиру тармими қалъаи Ҳулбук пас аз ҳазор сол ба шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат дар сатҳи баланд анҷом ёфт. Ва ин иқдом ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллии насли наврас ва ҷавонон нақши бориз мебозад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31-уми июли соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО соли 2020-ум 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ҷашн гирифта шуд.
Камолоти маънавӣ ва фарҳангиву ахлоқии ҷавонон маҳз аз донистани таърих маншаъ гирифта, тақвият меёбад. Албатта, донистани фаъолияту корнамоиҳои афроди номвари таърихиамон, аз қабили Шераку Томирис, Спитамену Темурмалик, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Рӯдакиву Сино, Фирдавсиву Ҷалолиддини Балхӣ Имом Бухориву Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шайх Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ ва амсоли онҳо савияи донишу маънавиёт ва фарҳанги ҳар як фардро боло мебардорад. Вақ¬те ки аз ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ дар бораи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пурсон мешавед, онҳо бо ифтихор ва эҳсоси баланди меҳанпарварона номи ӯро ба забон мегиранд, дар бораи саҳми Фирдавсӣ дар тамаддуни башарият ҳарф мезананд, «Шоҳнома»-и безаволи ӯро таърифу тавсиф мекунанд.
Олим ва суханвари номии Рими қадим Ситсерон гуфта буд, ки «Таърихро надонистан ҳамеша чун кӯдак боқӣ мондан аст». Аз ин лиҳоз, ояндаи дурахшон ва бахту иқболи ҳар як фард ва дар умум, миллат ба ҳофизаи таърихӣ вобастагӣ дорад. Бедории ҳофизаи таърихӣ, нисбат ба гузаштаи аҷдодамон ҳурмату эҳтиром ба ҷо овардан, анъанаву расму ойини миллиро фаромӯш накардан мавқеи маънавиву ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа, хусусан, ҷавононро муайян мекунад. Ин мавқеъ чӣ қадар баланд бошад, ҳамон қадар рушду тараққиёти миллӣ пеш меравад. Халқе, ки аз ҳофизаи таърихӣ, арзишҳои миллиаш ҷудо карда шудааст ё ки худи ӯ аз он дур шудааст, бешубҳа, ба таназзул рӯ мениҳад. Дар ин бобат дар саҳифаҳои таърих мисолҳо зиёданд.
Ҳофизаи таърихӣ, огоҳ будани ҳар як фард, намояндагони авлодҳои гуногун ва ҷомеа аз таърихи дуру наздик, воқеаву ҳодисот, баҳраманд гаштан аз амалҳои неки аҷдодон, бохабар будан ва ҳифз намудани мероси маънавиву маърифатии ниёгон ва ба таври қатъӣ аз рӯйи онҳо амал намудан аст. Аз огаҳию шинохти таърих ҳофизаи умумимиллӣ ташаккул меёбад. Вақте ки аз марҳалаҳои таърихӣ, дирӯзу имрӯзи кишвар фикр меронем, айнан ҳамин ҳолат пеши назар меояд. Яъне, ҳофизаи таърихӣ дар давоми солҳову қарнҳо ва давраҳои таърихӣ ташаккул меёбад. Зери мафҳуми «ҳофизаи таърихӣ» таърихи миллат, роҳҳои тайнамудаи он, муборизаву қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷои он, орзуву омол, саъйю талошҳо, мероси маънавии барои авлоди оянда гузошташудаи миллат фаҳмидаву дарк карда мешавад.
Таърихи инсоният аз ҳаёти чандинҳазорсолаи одамон, саъйю талош, созандагиву бунёдкорӣ, ҷангу ҷидолҳо, тохтутозу муҳорибаҳо, офатҳои табиӣ, муборизаҳои сиёсӣ, баҳсу талошҳо иборат аст. Муҳимтарин андеша аз ин солномаи дар саҳфаҳои таърих сабтшуда аз он иборат аст, ки ҳар як шахс, ҳар як авлод бояд аз ҳаёти аҷдоди гузаштаи хеш, аз дастоварду хатоҳои содирнамудаи онҳо огаҳ бошад, барои худ бояд аз онҳо хулосаи зарурӣ барорад. Танҳо бо ҳамин роҳ миллат худро ҳифз карда метавонад.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишварамон ба масоили омӯзиши мероси фарҳангиву маънавӣ, донистану гиромӣ доштани таърих, урфу одат ва анъанаҳои ғании халқамон эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Хусусан, дар ин давра донистану омӯхтани таърихи ниёгонамон ба мадди назар баромад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронӣ, маърӯза ва паёмҳои худ дар масъалаи аз таърих сабақ бардоштану гиромӣ доштани дастовардҳои таърихии ниёгон ва дар партави он муайян намудани ояндаи дурахшони кишварамон ҳарф мезананд. Чунончи, дар суханронии худ бахшида ба 14-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таъкид намуда буданд, ки «бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст». Сарвари давлат олимони соҳаи ҷомеашиносиро пайваста ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Президенти кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, дар суханронии хеш бахшида ба 3000-солагии тамаддуни Ҳисор, дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор 27-уми октябри соли 2015 таъкид намуда буданд: «Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Зеро ба ҳамин васила, мардуми мо метавонанд гузаштаи худро дурусту воқеъбинона дарк намоянд ва эҳсоси муҳаббат ба таърихи Ватани маҳбубамон дар қалби наврасону ҷавонон, яъне, насли ояндасоз решадор гардад».
Дар солҳои истиқлол олимони таърихшиноси кишвар асарҳои пурарзиши илмӣ эҷод намуданд. Нашр гардидани асари бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ», «Давлатдории тоҷикон», «Таърихи халқи тоҷик: асри ХХ», «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» «Таърихи тоҷикон» ва «Ҳафт хони Темурма¬лик», қомуси дуҷилдаи «Донишномаи Сомониён» аз зумраи онҳоянд. Дар ин солҳо «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, аз нав чоп шуданд. «Қуръон» дубора ба забони тоҷикӣ чоп шуд, асарҳои таърихии ниёгонамон - «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихи Сиистон», «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Шоҳно¬маи Са¬олибӣ», «Тарҷумаи Таърихи Яминӣ»-и Ҷурфодиқонӣ ва ғайра мунташир гаштанд.
Пешвои миллат дар Паёми худ, 26 декабри соли 2019, аз ҷумла, қайд намуданд: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойини мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Дар ин ҷода худи Пешвои миллат намунаанд. То имрӯз нуҳ асари Пешвои миллат дар риштаи таърих рӯйи чопро дидаанд, ки аксари онҳо асарҳои силсилавӣ мебошанд.
Пешвои миллат дар чаҳор нашри асари безаволашон - «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» доир ба суннату тамаддуни қадимаи ниёгон, нақши «Шоҳроҳи абрешим» дар ҳамбастагии гузаштаву имрӯза ва оянда, бозёфтҳои хазинаи Амударё, Авесто-нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт - паямбари ойини ростин, нахустгаҳвораи давлатдории тоҷикон - Суғд, Бохтар ва Хоразм маълумот медиҳанд.
Таҳқиқоти Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» доир ба зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ Зардушт, Куруши Кабир, муборизаи Спитамен ба муқобили истилогарони Юнону Македонӣ, муборизаи Монӣ ва Маздак барои адолат, Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори давлати Сомониён, Қаҳрамонони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, арбобони сиёсию давлатӣ Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, шоири оламшумул Мирзо Турсунзода ва осори шахсиятҳои бузург, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон маълумот додааст.
Ҳамзамон, дар солҳои истиқлолият бо раҳнамоӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон таҷлили санаҳои муҳим ва дурахшони таърихӣ, баргузор кардани ҷашнҳои олимон, адибон, ҳунармандони мумтоз ба ҳукми анъана даромад, ки ин ҷашнҳо дар пойдории ҳофизаи таърихӣ нақши созгор бозиданд. Чунончи, дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор кардани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО таҷлил гардидани ҷашнҳои ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби «Авасто», 90-солагиву 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, 80-солагии Муҳаммад Осимӣ, 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 960-солагии Умари Хайём, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 3000-солагии Ҳисор, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, дигар санаҳои таърихӣ ва дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рӯйдодҳои хеле муҳим гардиданд.
Бо ибтикори наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 1 млн. 600 ҳазор нусха нашр гардид ва ба ҳар хонадони тоҷик тақдим карда шуд.
7 июли соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди эълони Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба тасвиб расид. Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи фарзандони сарсупурда ва ватандӯсти ин миллат дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ташкил ва ба роҳ монда шуд.
Имрӯзҳо ба омӯзиши таърихи Ватани азизамон эътибор афзудааст, зеро насли наврасро бо сабақу ҳақиқати таърих ба таври амиқ шинос намудан хеле муҳим мебошад. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (томактабӣ, таҳсилоти миёна, литсею коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ) ба омӯзонидани таърихи Ватан (таърихи халқи тоҷик) эътибори бештар доданамон зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳуриамон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба омӯзиши таърихи гузаштаи тоҷик, муборизаҳои озодихоҳонаи фарзандони шуҷои Ватан бар зидди ғосибону аҷнабиён, эҳтирому арҷгузорӣ ба ашхоси мондагори таърихӣ, ҷавононро дар руҳияи ифтихор аз кору пайкори ниёгонамон тарбия намудан эътибор дода мешавад. Ин эътибор маҳаки асосии тарғиби андеша ва мафкураи истиқлолияти миллӣ, дар байни ҷавонон ба роҳ мондани тарбияи маънавӣ, дар ниҳоди онҳо ташаккул додани руҳияи садоқат нисбат ба Ватан ва соҳибистиқлолии кишварро ташкил додааст. Агар дар шуури ҷавонон эҳсоси ҳофизаи таърихӣ ва қадршиносӣ бедор карда шавад ва ин ҳиссиёт бо раванди таълимиву тарбиявӣ ҳамоҳанг гардад, дар қалби онҳо орзуи вориси ҳақиқии аҷдодону ҳамасрони бузургу соҳибтаҷриба ва соҳибмаърифат шудан бедор мегардад. Яъне, агар мо аз ҳофизаи таърихии ниёгонамон огаҳ бошем, бо таърихи гузаштаамон ифтихор намоем, қаҳрамонони миллат, муборизони роҳи озодии халқамонро фаромӯш насозем, ҷасорату фидокории онҳоро барои худ ва фарзандонамон намунаи ибрат донем, пасовандони мо низ чунин роҳро интихоб мекунанд.
Ҳофизаи таърихӣ баҳри аз ҳар ҷиҳат ҳамчун инсони комил тарбия ёфтани ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбиниву шуури онҳо, аз мероси боғановати гузаштагони соҳибмаърифатамон бархурдор гаштанашон мусоидат мекунад.
Ҷамшед Ҷӯразода, доктори илмҳои таърих, профессор, муовини якуми вазири маориф ва илм