, Якшанбе, 22-декабр

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ

 12.12.2024 34

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ

(дар мисоли эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»)

Рӯйдоди таърихии эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро  барои ҷомеи Тоҷикистони азиз боиси ифтихор ва шарафи бузург дониста, иброз медорем, ки иқдомҳои пайвсати роҳбарияти оқилу хирадманди Тоҷикистон  барои ҷалби таваҷҷуҳи башарият дар баробари ҳаводис ва таҳдидҳои табиӣ  ҳамеша муваффақона ба бор расидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуда, таърихи 14 декабри соли 2022  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Бо хабаррасонии АМИТ «Ховар» ин қатънома яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб рафта, дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

  Бо ҳисси худшиносӣ ва ифтихор аз иқдомоту талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеша ва нуктаи назарамонро оид ба  обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об ва оқибатҳои манфии он баён намоем.

Об чун омили ҳастибахш асоси ҳаёти тамоми мавҷудоти зинда ба ҳисоб меравад ва аз ҳимн муҳиммият аст, ки аз даврони куҳан то ба имрӯз дар робита ба арзишмандиву муҳиммияти об таваҷҷуҳ кардаанд ва ҳатто назаоратро доир ба он аз масоили муҳим донистаанд. Чунин таваҷҷуҳ ба масъалаи об дар замони нав бозҳам нерӯ гирифта, аз пештара дида,  имрӯз диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст. Зеро башарият дар замони нав таҳти таъсири бархурди давлатҳои абарқудрат ва тағирёбии иқлим қарор дошта, аз хавфу хатарҳои он нигаронанд. Чунини бархудҳо ва тағирёбии иқлим ба ҳаёти башарӣ таҳдидҳо намуда, ба камшавӣ ва олудашавии омили ҳастии башарият- об таъсири манфӣ расонида истодааст.

Мушкилот ва проблемаи тағйирёбии иқлим яке масъалаҳои зарурӣ ва ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Хавф ва хатарҳои дигаргунии иқлим ба тамоми ҷомеаи башарӣ таҳдид менамояд. Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ин тағирёбиҳо дар канор нахоҳад монд. Чунин таъсирҳо дар мисоли  тез - тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои флокатовари гидрометеорологӣ таъсирпазирии амнияти озуқаворӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, солимии аҳолӣ ва ғайра ба назар мерасад.

Дар робита ба ин, иброз доштан лозим меояд, ки  нишонаҳои вайроншавии иқлим дар он зоҳир мегардад, ки дар тамоми ҷаҳон гармиҳову хунукиҳо ва боришотҳои ғайриинтизор рух медиҳад. Сухтори ҷангалзорҳо, боридани барфу борон дар биёбонҳову мамлакатҳои иқлимашон гарм, обхезиву омадани сел ба назар мерасад.

Дар ин росто масъалаи ташвишовари ҷаҳонӣ ин аст, ки гармшавии иқлим дар миқёси олам таъсири манфии худро дар шакли “пастшавии сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва ифлос шудани муҳити зист, афзоиши бемориҳо, заифшавии қабати азонии атмосфера, камшавии намудҳои ҳайвоноту наботот, ифлосшавии обҳо, нобудшавии ҷангалзорҳо, мушкилиҳо дар соҳаи кишоварзиву чорводорӣ, зери об мондани баъзе минтақаҳои соҳилӣ, биёбоншавии заминҳо, вайроншавии роҳу комуникатсияҳо ва ғайраро рӯнамо кардааст”.

Тавре гуфта гузаштем, Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори тамоми ҷаҳон аз таъсири масъалаи тағирёбии иқлим ва ивазшавии ҳарорати ҳаво дар канор нест. Аз рӯйи сарчашмаҳо ва  маълумоти коршиносони соҳа, дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвари мо то 1 дараҷа баланд шуда, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиии марбут ба об, ки зиёни иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳад, зиёд гардидаанд. Мавқеи ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон додааст, ки дар мамлакат ҳарчор фасли сол мушоҳида гардад. Аммо масъалаи аҷиб ва ташвишовар он аст, ки чанд соли охир дар дили тобистон боридани борон ё дар тирамоҳ боридани жола  ва ё дар баҳор боридани аз меъёри муқарари зиёди борон ва омадани селҳои бузург, баланд шавӣ ё хушк шавии сатҳи обҳои баҳрҳову дарёҳо дар фаслҳои гуногун, сухторҳои беохири ҷангалзорҳо ба назар мерасад.

Олимон бар он назаранд, ки “аҳолии ноҳияҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон аз ҳама бештар аз тағйирёбии иқлим зарар мебинанд. Бар иловаи он, ки аз тағйирёбии иқлим оқибатҳои ногуворро интизоранд, инчунин потенсиали сусти иҷтимоии мутобиқшавӣ доранд”.

Агар барои мисол Ҷумҳурии Тоҷикистонр гирем, тибқи мушоҳидаҳо тағйирёбии иқлим  дар водиҳо зиёдтар аст ва дар куҳистон камтар ба назар мерасад. Дар баландии зиёда аз 2500 метр гармшавии ҳаво кам ба мушоҳида расида, дар баландиҳои зиёда аз 3500 қариб дида намешавад. Боронгарӣ ё миқдори солонаи боришот дар сатҳи ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ надидааст, вале селборон ё шумораи боронҳои шадиди харобиовар зиёд шудааст.  Дар қисми поёнии пиряхи исмоили Сомонӣ камшавӣ ба назар мерасад, аммо дар қисми болоии он, дар баландиҳои зиёда аз 3500 метр зиёдшавии барф ба назар мерасад, ки ин боиси поён лағжидани он мегардад.

Хушбахтона, дар байни кишварҳои минтақа сарзамини мо аз лиҳози захираҳои табиии об бойтарин ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти мавҷуда, боришоти миёна дар Тоҷикистон дар як сол 691 мм аст. Ин рақам дар қисмати ҷанубу шарқии кишвар тақрибан 100 мм аст, аммо вақте ки мо ба қисматҳои марказии Тоҷикистон ва пиряхи Федченко диққат намоем, ин рақам дар як сол ба 2400 мм мерасад.

Дар робита ба рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ҷолибият  он аст, ки дар табиати он беш аз 947 дарё дарозтар аз 10 километр мавҷуд аст, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 ҳазору 500 километрро ташкил медиҳад. Ин рақам, воқеан, тақрибан 60% захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Сарзамини мо дорои зиёда аз 1300 кули табиӣ мебошад. Масоҳати ин кӯлҳо беш аз 750 километри мураббаъ ва ҳаҷми оби онҳо беш аз 50 километри мукаабро ташкил медиҳад. Дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 8476 километри мураббаъ пиряхҳо ҷойгиранд. Таъсирбахштарин ва калонтарини ин пиряхҳо зиёда аз 16 километр тул доранд. Ин пиряхҳо дар захираи оби ошомиданӣ ва гардиши об дар Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Ин махсусан дар фасли баҳор, вақте ки яхҳои ин пиряхҳо об шуда, бо мурури замон ҷорӣ мешаванд, ба назар мерасад.

Мавҷудияти манобеъи мухталифи обӣ дар Тоҷикистон бисёре аз ҷозибаҳо ва манзараҳои табиии кишварро зери об кардааст. Кӯлҳои мухталифи кишвар аз вижатарин ҷозибаҳои табиати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ин ба он сабаб шудааст, ки оби захирашуда дар ин кӯлҳо дигар танҳо ҳамчун як обанбори об маълум нест ва аз ҷониби бисёриҳо бахше аз ҳувияти миллии Тоҷикистон дониста мешавад (дар мисоли кули Сарез).

Ҳарчанд ба назар мерасад, ки таҳдиди камбуди об ҳадди ақал то чанд соли оянда кишварамонро таҳдид намекунад, бояд, донистан ва дарк намудани ин нукта муҳим ва ба манфиати ҷомеа хоҳад буд,  мо низ мисли тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд ба шеваи истеъмоли об таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки 95 фоизи эҳтиёҷоти мамлакат ба қувваи электрикӣ аз ҳамин манбаъҳои об ва бо истифода аз турбинаҳои обӣ ҳосил карда мешавад. Барои таҳияи ин таҷҳизот роҳи тулониро тай кардан лозим меояд, зеро истифодаи он яке аз роҳҳо ва стратегияҳои расидан ба рушди устувор дар кишвар маҳсуб мешавад. Захирахои оби мамлакат дар хоҷагии қишлок ҳам нақши калон мебозад. Кишоварзӣ машғулияти 45 дарсади аҳолӣ буда, 91 дарсади об дар кишвар барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешавад.

Баёни ин нуктаро муҳим дониста, таъкид менамоем, ки олимони соҳаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физикон, химикҳо, биологҳо, географҳо, экологҳо ва метеорологҳоро лозим аст, ки имрӯз  ҷиддият ва аҳамияти зарурӣ доштани масоили мазкурро ба инобат гирифта, дар робита ба тағйирёбии иқлим, паст кардани таъсироти антропогенӣ ба иқлим, зиёд намудани ҷангалзорҳо, беҳдошти саломатии ҷомеа ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим чораҳо андешида,  масъалаи мазкурро ба таври амиқу дақиқ омӯхта, дастурамал ва ё пешниҳодоти худро ҷиҳати корбарбарӣ ва чораҷӯи ба инистутҳои илмӣ пешниҳод намоянд.

Тадқиқотҳо ва омӯзишҳо нишон медиҳад, ки омилҳои табиӣ дар тағирёбии иқлим гуногун буда, дар ин миён чунин андешаи ба чашм мерасад, ки яке аз “Сабаби асосии тағйирёбии иқлим  фаъолияти инсон дар сайёра  буда, ба ифлосшавии атмосфера боис гардидааст. Болоравии ҳарорати ҳаво ба миқдори 2-3°С дар дурнамои миёнамуҳлат деградатсия (коҳишёбӣ)-и пиряхҳоро пурзӯр намуда, боиси аз байн рафтани ҳазорҳо пиряхҳои хӯрд мегардад. Дар марҳалаи аввали обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёҳои ҷудогона баланд шуда, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан дар бисёр дарёҳо камшавии фоҷеаомези серобӣ оғоз мегардад. Дар шароити имрӯза ташвишовар аст, ки вазъи мавҷуда тамоюли густариш дорад. Зеро олимон пешгӯӣ кардаанд, ки дар ҳар ду даҳсолаи оянда ҳарорат тақрибан 0,2°С гарм мешавад.

Мувофиқи маълумоте, ки дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушди инсон дар соли 2007-ум омадааст, дар натиҷаи гармшавии умумӣ тақрибан 332 млн. сокинони минтақаҳои назди соҳилӣ ба муҳоҷирони экологӣ мубаддал гардида, 1,8 млрд. мардуми сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшиданӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Тавре ки ишора рафт, дар баробари омилҳои табиӣ инсон низ ба гардиши об таъсири калон мерасонад. Одамоне, ки дар ҷодаи талошҳо ҷиҳати пешрафт на бо ҳамроҳи табиат, балки дар муқобил ба он амал менамоянд, ба протсесси камшавии об ва ифлосшавии минбаъдаи он таъсири калон мерасонанд.

Афзоиши рузафзуни аҳолии ҷаҳон ва талаботи бештар ба истеъмоли об ва аз ҷониби ҳамин қишри ҷомеа (инсон дар назар дошта мешавад) ба таври худсарона ва бе назорат буридани ҷангалҳо ва тағйирёбии экосистемаи табиат, рушди шаҳрсозӣ ва афзоиши соҳаҳои ифлоскунандаи об, усулҳои номуносиб ва ғайримуқаррарии кишоварзӣ, сохтмони сарбандҳои обанбор ва ба вуҷуд овардани кулҳои сунъӣ яке аз сабабҳои вайрон шудани гардиши мунтазами об дар ҷаҳон буда, ҳамаи онҳо барои ҷомеаи башарӣ ва камшавии об таҳдид ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо бо афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ва васеъ шудани шаҳрҳо масъалаи таъмини об ва тозакунӣ рӯз то рӯз равшантар шуда, мушкили норасоии об дар ҷомеа ба маротиб бештар мегардад.

Хулоса, масъалаи об яке аз муҳимтарин масоили ҷаҳони имрӯз аст ва бисёре аз манотиқи ҷаҳон бо камбуди шадиди об рӯбарӯ ҳастанд. Бинобар ин маданияти сарфаю сариштакориро бо маданияти исрофкорӣ иваз кардан лозим аст, то ки масъалаи камобӣ хал карда шавад.

Дар роҳи расидан ба ин мақсад, бо тарбияи дуруст, истифодаи муносиби об ва пешгирии исрофкории оби мавҷуда метавон фарҳанги ҷомеаро ба ҷойе равона кард, ки об дар ҳаёти башарӣ мавқеи хоса дорад ва истифодаи дурусти он боисӣ бардавомӣ ва пояндагии ҷомеаи ҷаҳонист.

Нозимова Ибодатхон, ассистенти кафедраи гография ва сайёҳӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат