, Якшанбе, 22-декабр

МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛИ ИДЕОЛОГИЯИ СИЁСӢ ВА ҲИФЗИ ФАЗОИ ИДЕОЛОГИИ ҶОМЕА

 10.12.2024 64

МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДОЛОГИИ ТАШАККУЛИ ИДЕОЛОГИЯИ СИЁСӢ ВА ҲИФЗИ ФАЗОИ ИДЕОЛОГИИ ҶОМЕА

Идеология ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ рушди шуури ҷамъиятиро таъмин намуда, мақсадҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои сиёсиро муайян мекунад ва барои амалӣ гардидани онҳо мусоидат мекунад. Мазмуни ғоявии мафҳумҳо ва истилоҳҳо дар аксар маврид бо дарки зуҳуроти идеологӣ муайян карда мешавад. Бинобар ин, идеология яке аз масъалаҳои хеле мураккаби ҳаёти сиёсии ҷомеа маҳсуб ёфта, омӯзишу пажӯҳиши доимиро металабад. Ба андешаи муҳаққиқи рус А.В. Жукотская: «Замоне ки дар бораи идеология мулоҳизаронӣ мекунем, ба саволҳои хеле зиёд посух гардонидан лозим меояд. Чунончӣ, оё одами замони муосир метавонад берун аз доираи идеологияҳо фикр кунад? Идеология ба фикрронӣ ва рафтори мо чӣ гуна махдудиятҳо мегузорад? Чаро одамон ҳама гуна ғояҳоро, аз ҷумла ақидаҳои бардурӯғро ба осонӣ қабул мекунанд? Оё ноумедии одамон, бепарвоии иҷтимоӣ, ба буҳрон дучор гардидани интизориҳои мардум ба «таназзул»-и идеология оварда мерасонад, ё ба мустаҳкам шудани он мусоидат мекунад? Дар сохтори амалу рафтори шахсият идеология кадом мавқеъро ишғол мекунад? Ва оё «таназзул»-и идеология дар ниҳояти кор боиси пурзӯр гардидани мавқеи идеологияҳои дигар намегардад?» [9, с.17]. Ҳамин тариқ, дар атрофи паҳлуҳои гуногуни идеология саволҳо торафт зиёд мешаванд.

Тавре А.Р. Тузиков таъкид мекунад: «Дар ҷомеаҳои муосир идеология дар маводи гуногуни таблиғотӣ он қадар зиёд ифода намеёбад, балки вай бештар дар фазои иттилоотии ҷомеа паҳн гардида, ба фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоию сиёсӣ ва зеҳну шуури одамон таъсиррасонӣ мекунад. Ҳамаи ин шуури ҷамъиятӣ ва рафтори гурӯҳиро тавре ташаккул медиҳанд, ки дар натиҷа одамон муносибатҳои таърихан муқарраршудаи ҷомеаро ҳамчун нақшҳои иҷтимоии худ медонанд. Идеология ба имкониятҳои маърифатии одамон, ки барои дарку фаҳми ҳодисаҳои ҷамъиятӣ хизмат менамоянд, таъсири амиқ расонида, дар раванди иҷтимоишавии шахс нақши ҳалкунанда мебозад» [22, с.36].

Дар адабиёти муосири ватанӣ ва хориҷӣ таърифҳои гуногуни мафҳуми «идеология» мавҷуданд. Чи гунае ки олими британиявӣ Т. Иглтон иброз медорад, мавҷуд набудани таърифи ягонаи идеология аз он иборат аст, ки ин мафҳум «аз унсурҳои ҷудогонаи консепсияҳои гуногун таркиб ёфта, аксар вақт ба ҳамдигар мухолифат доранд. Аз ин рӯ, муайян кардан муҳим аст, ки дар ҳар кадоми онҳо чӣ чиз бояд боқӣ монад ва чиро хориҷ кардан мумкин аст, аз он ки ба таври сунъӣ ба ягон назарияи идеологияи ҷаҳонӣ муттаҳид карда шаванд» [26, с.7-15].

Ба ақидаи ӯ, таърифҳои асосии идеология, ки дар илми ҷаҳонӣ вуҷуд доранд, аз инҳо иборат мебошанд: а) ҷараёни тавлиди ғояҳо, дониш ва арзишҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ; б) маҷмуи ғояҳое, ки хоси гурӯҳҳо ва синфҳои алоҳидаи иҷтимоӣ мебошад; в) низоми ғояҳое, ки тавассути онҳо амалкарди ҳокимияти сиёсӣ ва сиёсати давлатӣ қонунӣ гардонида мешавад; г) низоми ғояҳои бардурӯғ, ки тавассути онҳо неруҳои сиёсӣ амалу рафтори худро ҳақ бароварданӣ мешаванд; д) паёмҳои мунтазам таҳрифшаванда; е) шакли тафаккуре, ки аз манфиатҳои иҷтимоӣ бармеояд; ж) назарфиребии иҷтимоӣ; з) ба амал баровардани фаъолият дар заминаи эътиқод ва боварҳо; и) сохтори мураккаби тафаккур ва ҳокимият; к) омехташавии воқеияти дохилӣ ва хориҷии давлат; л) раванди ба воқеияти боваринок табдил додани ақидаҳои иҷтимоӣ [26, с.28-29]. Чунин гуногунрангии моҳияти идеология аз он иборат аст, ки дар ҳар таърифи пешниҳодшуда таваҷҷуҳи олимон ба яке аз масъалаҳои воқеияти иҷтимоӣ нигаронида мешавад. Ғайр аз ин, рушди ҳаёти ҷамъиятӣ ва тадриҷан мураккаб гардидани воқеияти иҷтимоӣ ба афзоиши таърифҳои идеология оварда мерасонад.

Вобаста ба мазмуну мундариҷаи идеология консепсияҳои муҳимми методологӣ аз ҷониби К. Маркс, Э. Дюркгейм, К. Мангейм ва А. Грамши пешниҳод шудаанд. Ба андешаи онҳо, идеология, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳаёти умумии одамон, шароити табиӣ ва иҷтимоию таърихии онҳо мебошад. К. Маркс идеологияро ҳамчун воситаи нигоҳ доштани зиддияти (антагонизми) сохтори ҷамъиятӣ донистааст ва дар ин замина аҳамияти иҷтимоию сиёсии онро муайян кардааст. Э. Дюркгейм асосҳои ҷаҳонбиниро ҳамчун омили мустаҳкамкунандаи низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ донистааст. Дар маҷмуъ, тағйирёбии андешаҳои ҷомеашиносон ба манфиати идеология ба амал меояд. Онҳо дар ниҳояти кори худ эътироф менамоянд, ки дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ идеология ҳамчун унсури муҳим ба шумор меравад. Ҳатто чунин баррасиҳои илмиро дар осори олимони тамоюли марксистидошта, аз ҷумла К. Мангейм ва А. Грамшӣ ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст [21, с.25].

Дар муқоиса бо таълимоти анъанавии марксистӣ, ки дар он идеология ҳамчун инъикоси воқеияти бардурӯғ ё назарфиребии тафаккури субъектҳои иҷтимоӣ донста мешавад, ба андешаи Л. Алтюссер ва пайравони ӯ, идеология унсурҳои асосии афкори ҷамъиятиро дар бар гирифта, тавассути он муносибати одамон бо шароити мавҷуда ташаккул меёбад ва онҳо дар заминаи ҳамин гуна ҷаҳонбинӣ худро субъекти амалҳои ҷамъиятӣ тасаввур карда метавонанд. Мундариҷаи идеология ва унсурҳои таркибии он на танҳо таълимоти назариявӣ, балки тамоми воситаҳои рамзӣ (ғояҳо, тасвирҳо, матнҳо)-ро дар бар мегиранд, ки бо ёрии онҳо шахс мавқеи худро дар ҳаёти иҷтимоӣ дарк мекунад, мансубияти гурӯҳии худро эҳсос менамояд, ба фаъолияти иҷтимоӣ ҳавасмандӣ пайдо мекунад ва ҳамин тариқ, вай ҳамчун субъекти иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ба ақидаи Алтюссер, «одамон идеологияро ҳамчун унсури муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ тасаввур мекунанд ва қобилияту имкониятҳои худро дар он намоиш медиҳанд» [2; 25, с.10]. Таҷрибаи ташаккули рафтори бошууронаи одамон ба зерсохтори махсуси идеология, яъне сохтори иҷтимоӣ тобеъ аст. Одамон пеш аз ҳама мехоҳанд талаботи иҷтимоии худро қонеъ созанд. Бинобар ин, дар рафторе, ки бошуурона ба амал меояд, ба инобат гирифтани воқеияти иҷтимоӣ ба назар мерасад.  Идеологияе, ки ба воситаи дастгоҳи идеологӣ дар амал татбиқ карда мешавад, шарти зарурии ба вуҷуд овардани сохти ҷамъиятии (муносибатҳои истеҳсолии) антагонистӣ ва дар ин радиф шарту шароити ба амал баровардани ҳукмронии синфӣ ба шумор меравад.

Ба андешаи Л.Алтюссер, аз сари нав ба вуҷуд овардани шароити истеҳсолоти ҷамъиятӣ, яъне пайваста ташаккул додани қолаби муайяни тафаккур ва шуур мақсади асосии идеология мебошад. Л. Алтюссер дар асари худ «Идеология ва дастгоҳи идеологии давлат» як зумра тезисҳои муҳимро пешниҳод менамояд: 1. Идеология муносибатҳои хаёлии одамонро дар шароити воқеии мавҷудияти онҳо ифода мекунад. 2. Идеология ба таври воқеӣ мавҷуд аст, яъне ҳамеша дар дастгоҳи идеологӣ, ё амалияи онҳо мушоҳида мегардад [2]. Идеология шахсони алоҳидаро ҳамчун субъекти мушаххас ва дорои вазифаҳои мушаххаси ҷамъиятӣ муаррифӣ менамояд. Ба фаъолияти ҳар як субъекте, ки шуур дорад, маҷмуи ғояҳо таъсиррасонӣ менамоянд. Зеро ғояҳое, ки ба шуури инсон илҳом мебахшанд, аз ҷониби вай озодона қабул мегарданд. Аз ин рӯ, инсон ҳамчун субъекти муносибатҳои идеологӣ ғояҳои хешро бо фаъолияти амалиаш омезиш медиҳад ва дар мувофиқа бо андешаҳои худ амал мекунад. Агар чунин ҳолат ба амал наояд, рафтори инсон пайомади манфӣ ба бор меоварад.

Т. Парсонс идеологияро маҷмуи ақидаҳо, эътиқодот, боварҳо, муносибатҳо ва арзишҳо маънидод мекунад, ки дар ин ё он шакл дар дохили умумияти мушаххаси иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, барои асоснок кардани ҳадаф, мақсад ва рафтори иҷтимоии аъзои он хизмат мекунад. Идеология ҳамчун воситаи мутобиқшавии иҷтимоии одамон баромад намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки шиддати иҷтимоию равонии хешро бартараф созанд ва амалу рафтори худро бо воқеияти дигар ҷомеаҳо муқоиса намоянд; идеология тавре ташаккул дода шудааст, ки вай сабабҳои маҳкум кардани фаъолияти аъзоёни гурӯҳҳои дигарро ба вуҷуд меорад ва аз ин рӯ, дар заминаи он мухолифатҳои иҷтимоию сиёсӣ пайдо мешаванд [18, с.425]. К. Мангейм консепсияи умумии идеологияро ба миён гузоштааст, ки бо ёрии он, «тафаккур вобаста ба вазъият ва амалияи гурӯҳ, синф, табақа ва ғайра шарҳ дода мешавад. Дар чунин шароит ғояҳо на ҳамчун воҳидҳои рамзию хаёлӣ, балки ҳамчун қисмҳои таркибии раванди мутобиқшавии иҷтимоӣ ба шароити нав дониста мешаванд» [16]. Аксар вақт идеология ҳамчун низоми арзишҳо ва афзалиятҳо тавсиф карда мешавад. Бо шарофати арзишҳо раванди аз ҳам ҷудо кардан ва зинабандӣ намудани объектҳо аз рӯи дараҷаи аҳамиятнокии онҳо амалӣ карда мешавад, ки чунин омил барои бештар намудани фаъолнокии инсон зарур аст.

Ба андешаи Т.П. Вязовик, «ҳар он чизе, ки идеология ба вуҷуд меоварад, моддӣ аст. Яъне, дар забон ё амал моддӣ мешавад, масалан, асарҳои бадеӣ, асарҳои илмӣ, афсонаҳо, рамзҳо, расму оинҳо ва ғайраҳо ҷузъи воқеияти объективиро ташкил медиҳанд» [6, с.196]. Ба ибораи дигар, идеология дар шакли аломатҳое, ки аз як ҷониб ба ғояҳо ва аз ҷониби дигар ба воқеияти иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, материалӣ мегардад. Аз ин гуна мавқеъҳо идеология дар ду шакл зоҳир мешавад: идеология ҳамчун раванди мубоҳисаҳои беохир ва идеология ҳамчун низоми меъёрҳое, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалияи сиёсиро ташаккул медиҳанд. Дар сатҳи поёнӣ, яъне дар сатҳи муборизаи байнигурӯҳӣ сухан, пеш аз ҳама, дар бораи баҳсҳо ва набардҳои идеологӣ меравад. Дар сатҳи болоӣ, яъне, дар сатҳи амалияи ҷамъиятӣ ба ғайр аз мубоҳисаҳои идеологие, ки барои баланд бардоштани легитимияти ҳокимият ва мустаҳкам кардани системаи сиёсӣ равона шудаанд, инчунин меъёрҳои ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ низ ба амал бароварда мешаванд.

Р.З. Салиев бар ин назар аст, ки идеологияро набояд ҳамчун шуури ҷамъиятие, ки ҳастии ҷамъиятиро инъикос мекунад, муайян кард. Ҷомеа ҳар қадаре, ки аз ҷиҳати ғоявӣ гуногунранг бошад, ҳар қадаре, ки демократитар бошад, манфиати ҳамаи гурӯҳҳо ҳамон қадар бештар ба назар гирифта мешавад ва худи ҷомеа ҳамон қадар аз ҷиҳати маънавӣ осудатар мешавад [19, с.25]. Бояд гуфт, ки бо назардошти воқеиятҳои замони муосир, бахусус бо назардошти равандҳои сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ андешаҳои Р.З. Салиев каме баҳсноканд. Бо андешаҳои мазкур замоне розӣ шудан мумкин аст, ки агар дар фазои маънавии ҷомеа ҳамаи идеологияҳои мавҷуда агар характери демократӣ дошта бошанд. Аммо замоне ки дар фазои иттилоотию маънавии ҷомеа идеологияҳои радикалистӣ, экстремистӣ ва террористӣ дида мешавад, гуногунрангии идеологии ҷомеа бояд ба манфиати идеологияҳои созанда ҳаллу фасл карда шавад.

Таъсири мутақобилаи идеологияҳо дар фазои иҷтимоию сиёсӣ ҷанбаи муҳимми ташаккулёбии онҳо ба шумор меравад. Ин зуҳурот бо мафҳуми «мубоҳисаҳо ва зиддиятҳои идеологӣ» муайян карда мешавад. Таъсири мутақобилаи идеологияҳо, чун қоида, дар ду самт ба амал меояд. Аз як ҷониб, дар самти фосилагирӣ ва баҳсу мунозира бо мухолифон, ки ташаннуҷро дар ҷомеа афзоиш медиҳад. Аз ҷониби дигар, бо роҳи барқарор намудани робитаи байни идеологияҳои ба ҳам мувофиқ ва бо ин роҳ мусоидат кардан ба наздикшавии онҳо. Дар чунин шароит идеологияҳои ба ҳам наздик арзишҳои назариявию барномавии якдигарро нусхабардорӣ менамоянд ва шиорҳои ягонаро ташаккул медиҳанд. Чунин иртибот мундариҷаи низоми ғояҳоро пурғановат гардонида, ба мустаҳкам шудани суботи сиёсии ҷомеа мусоидат менамояд. Мубоҳисаҳои идеологӣ вобаста ба мушкилоти умумии инсоният метавонанд хусусияти лафзӣ дошта бошанд ва бо шиорҳои мушаххас ифода карда шаванд. Айни замон тафовути асосии мубоҳисаҳои идеологӣ байни ду ҷараёни идеологӣ сурат мегиранд: якум, идеологияҳое, ки идеалҳои инсонпарварӣ ва демократиро ҳимоя мекунанд; дуюм, таълимоте, ки зӯроварӣ ва терроризмро ҳамчун усулҳои афзалиятноки ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ сафед мекунанд [24, с.86]. Дар натиҷаи муносибати оштинопазири ҷараёнҳои идеологии номбаргардида системаҳои идеологии мувофиқи онҳо инкишоф меёбанд. Дар чунин шароит ба осонӣ мушоҳида мегардад, ки аз як тараф, доктринаҳои сиёсии либерализм, неоконсерватизм, сотсиал-демократия ва идеологияҳои миллӣ-демократӣ ба ҳам наздик мешаванд. Аз ҷониби дигар, ҳаракатҳои фашистӣ, экстремистӣ, радикалистӣ, иртиҷоӣ, шовинистӣ, нажодпарастӣ, бунёдгароии динӣ ва монанди инҳо мустаҳкам мешаванд.

Донишҳо ва арзишҳои идеологӣ вазифаҳои муҳимми иҷтимоиро иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, вайрон шудани сохтори идеологии ҷомеа боиси халалдор гардидани фаъолияти муназзами тамоми соҳаҳои муҳимтарини он мегардад. Бинобар ин талаботи ҷомеа ба идеология аз ҷониби тамоми системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла низоми таълим, тарбия, меъёрҳои ахлоқӣ, афкори ҷамъиятӣ, соҳаи дин, санъат, ҳокимият ва қудрати сиёсии давлат тақозо мегардад. Аммо мураккабии ин масъала дар он ифода меёбад, ки дар афкори фалсафию сиёсии муосир мафҳуми «идеология» бо маъноҳои гуногун истифода бурда шудааст. Яке аз ин таърифҳо дар «Энсиклопедияи нави фалсафӣ» ба таври зерин оварда шудааст: идеология низоми арзишҳо ва ғояҳои консептуалие мебошад, ки манфиатҳо, ҷаҳонбинӣ ва идеалҳои субъектҳои гуногуни сиёсиро ифода намуда, ҳамчун шакли анъанаҳои ҳукмрон (идеологияҳои консервативӣ), ё дигаргунсозии куллии онҳо (идеологияҳои «чап» ва «рост») амал мекунад [17, с.81]. Дар ин маврид сухан дар бораи идеологияи сиёсӣ меравад.

Ба андешаи Ю.Г. Волков, «идеология низоми муайяни донишҳои фалсафӣ, илмӣ, бадеӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар бораи ҷаҳон, ҷомеа ва инсон аст, ки дар асоси он ташаккулёбӣ ва рушди минбаъдаи шахс ва ҷомеа таъмин карда мешавад» [3, с.109-110]. Идеология инчунин дар бораи нақш ва мавқеи инсон дар олам, дар бораи мазмуни ҳаёти шахс ва сохтори беҳтари ҷомеаи оянда тасаввуроти мукаммал пешниҳод менамояд. Аз ин рӯ, донишҳо ва арзишҳои идеологӣ фаъолияти одамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ танзим ва роҳбаладӣ намуда, муттаҳидӣ ва мукаммалии ҷомеаро таъмин мекунад.

Олими рус О.Ю. Малинова бар он назар аст, ки идеологияҳо дар майдони бархӯрди шаклҳои гуногуни ҷаҳонбинӣ, аз ҷумла шаклҳои зидди ҳамдигари он (масалан ҷаҳонбинии динӣ ва илмӣ) пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва мавҷудияти худро нигоҳ медоранд. Айни замон идеологияҳо низоми ғояҳо ва арзишҳое мебошанд, ки дарки ҳаёт ва равандҳои сиёсию иҷтимоиро осон мегардонанд. Идеологияҳо танҳо ҷаҳонбинӣ нестанд: онҳо ғояҳое мебошанд, ки барои ҳокимият талош мекунанд. Ҳар як низоми ғояҳо (идеология) мақсади азнавсозии сохти ҷамъиятиро мувофиқи идеали худ пайгирӣ намуда, барои ҳокимият мубориза мебарад. Дар баробари ин мақсадҳои олимон баъзан бо мақсадҳои идеологҳо алоқамандии зич пайдо менамоянд. "Дарки идеологияҳо агарчанде ки бо назардошти замони гузашта сурат гирад ҳам, ба инобат гирифтани воқеияти имрӯза дар мадди аввал гузошта мешавад. Зеро андешаҳои мо дар бораи ин ё он ҷараён аз рӯи он муайян карда мешаванд, ки дар он аз нуқтаи назари воқеияти имрӯза чиҳо муҳимтаранд" [14, с.19].

Зарурати мубориза бо рақибон (зеро ҳадафи ниҳоии аксари идеологияҳо ба даст овардани нуфузи кофӣ барои татбиқи ҳатмии лоиҳаи худ аст) мавҷудияти як ҷузъи таъсиррасониро дар онҳо муайян мекунад. Олимони имрӯза ва иштирокчиёни раванди ташаккули шакли нави иртиботи сиёсӣ аксар вақт худро эҷодкунандаи ҷараёнҳои идеявӣ намешуморанд. Дарвоқеъ, зуҳуроти идеологӣ назар ба замоне, ки аломатҳои равшани «классикӣ» пайдо карда буданд, хеле дертар пайдо шуда, маънои муосири худро гирифтанд.

Дар адабиёти илмӣ идеология ба дараҷаҳои гуногун ҷудо карда мешавад [14, с.15]. Дараҷаи назариявӣ таҳия, ба афкори ҷамъиятӣ ворид намудан ва дар сатҳи шуури одамон татбиқ гардидани донишу арзишҳои бунёдиро, ки асоси идеологияи муайян мебошанд, дар бар мегирад. Ин дараҷаи инкишоф ва амалкарди таълимоти идеологӣ бештар бо фаъолияти идеологҳои касбӣ, ки ба коркарди ғояҳо ва меъёрҳои асосии идеология машғуланд, алоқаманд аст. Дараҷаи дуюм бо таҳия ва татбиқи донишҳо ва арзишҳои идеологӣ, ки барои омӯзиш ва ворид намудан ба шуури оммаи мардум пешбинӣ шудаанд, алоқаманд мебошад. Дараҷаи сеюм истифодаи арзишҳои идеологиро дар сатҳи фаъолияти ҳамарӯзаи одамон тақозо менамояд. Дар ҳар як низоми идеологӣ чунин дараҷаи деологӣ, ба монанди психологияи идеологӣ низ вуҷуд дорад.

Дар асари В.С. Малитский идеология хамчун сохтори мукаммали ҷамъиятӣ муаррифӣ мегардад. Сохтори идеологии ҷомеа тамоми соҳаҳо ва самтҳои фаъолияти ҷамъиятиро фаро мегирад. Бинобар ин, онро бо системаи асаби инсон монанд кардан мумкин аст [15]. Аз ин рӯ, идеология на танҳо таълимоти идеологӣ, балки сохтори мукаммали ҷомеа мебошад, ки онро метавон ҳамчун низоми донишҳои фалсафӣ, илмӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низоми арзишҳо дар бораи олам, ҷомеа, давлат, миллат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ намуд. Донишҳо ва арзишҳои идеологӣ фаъолияти одамонро дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ташкил, танзим, роҳнамоӣ ва муттаҳид месозанд. Ҳатто арзишҳои идеологӣ кишварҳоеро, ки идеологияи якхела доранд, дар ҳавзаи як тамаддун муттаҳид мекунанд. Ҳокимияти идеологӣ ба фаъолияти идеологии шахсони алоҳида таъсири амиқ мерасонад ва рафтори онҳоро танзим мекунад. Сохтори идеологӣ бо тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ алоқаманд буда, боиси пешравии худи идеология ва тараққиёти ҷомеа мегардад [15].

Барои фаҳму дарки идеология донишҳои муқаррариро аз донишҳои илмӣ фарқ кардан муҳим аст. Дар назарияи классикӣ дониши илмӣ «ҳақиқати исботшуда» мебошад. Аммо дар амалияи ҷамъиятӣ одамонро на донишҳои илмӣ, балки донишҳои муқаррарӣ, ки ҳамчун дастури амал заруранд, роҳбаладӣ мекунанд ва то чи андоза «ҳақиқӣ» будани онҳоро доираи маҳдуди мутахассисон муайян мекунанд. Идеология дар байни донишҳои илмӣ ва донишҳои муқаррарӣ мавқеи меҳвариро ишғол мекунад. Дар омӯзиши идеология олими словениягӣ С. Жижек саҳми арзанда гузоштааст. Ба андешаи ӯ, «агар мо танҳо бо фаҳмиши кӯҳнаи идеология, ки тахайюлоти идеологиро танҳо ба соҳаи «дониш» марбут медонад, маҳдуд шавем, пас ҷомеаи муосир воқеан ба як ҷомеаи пасоидеологӣ монанд аст» [8, с.40]. Дар он идеологияи бадбинию бадрафторӣ ҳукмфармост; мардум дигар ба «ҳақиқатҳои» идеологӣ бовар надоранд; онҳо воқеиятҳои идеологиро ба таври ҷиддӣ қабул намекунанд.

Аммо дараҷаи бунёдии идеология на дараҷае мебошад, ки дар вазъияти воқеӣ дар шакли хаёлӣ пайдо мешавад, балки дараҷаи маърифатие мебошад, ки воқеияти сохтори ҷамъиятиро ифода менамояд. Дар ин дараҷа ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ наметавонад пасоидеологӣ бошад. Ба андешаи С. Жижек, «идеология на фақат «шуури бардурӯғ», инъикоси хаёлии воқеият аст, балки идеология худи ҳамин воқеият аст, ки онро аллакай ҳамчун «зуҳуроти идеологӣ» фаҳмидан лозим аст: «зуҳуроти идеологӣ» воқеияти иҷтимоие мебошад, ки мавҷудияти он аз ҷониби субъектҳои ин воқеият баъзан вақт дарк намегардад. Зуҳуроти идеологӣ шуури бардурӯғ набуда, балки воқеияти ҷамъиятист, ҳатто ба андозае, ки ин мавҷудият дар «шуури бардурӯғ» инъикос меёбад» [8, с.28-40]. Дар ҳақиқат идеологияи сиёсие, ки дар заминаи ҳақиқатҳои илмӣ ташаккул меёбад, ҳеҷ гоҳ шуури бардурӯғ набуда, ифодагари воқеияти ҷамъиятист.

А.А. Зиновёв ба мафҳуми «соҳаи идеологии ҷомеа» таваҷҷуҳ зоҳир карда, онро аз се ҷузъ иборат медонад [10, с.266-267]. Якум, идеология ҳамчун маҷмуи ғояҳо, мафҳумҳо, мулоҳизарониҳо, тасаввурот, таълимот, боварҳои одамон дар бораи он чизе, ки барои дарки худи инсон ва муҳити табию иҷтимоии ӯ муҳим ҳисобида мешавад. Дуюм, механизми идеологӣ ҳамчун маҷмуи одамон, ташкилотҳо, муассисаҳо ва воситаҳои аз ҷониби онҳо истифодашаванда, ки бо коркарди идеология, бо паҳн кардан ва ба истеъмолкунанда расонидани он алоқаманд аст. Сеюм, ҳолати идеологӣ ҳамчун ҳолати шуур ва ҳиссиёти одамон, ки дар натиҷаи он на танҳо таъсири идеология, балки таъсири тамоми омилҳои ҳаёти онҳо ташаккул меёбад.

А.А. Зиновёв инчунин ба хулосае меояд, ки объекти фаъолияти идеологҳо одамон ва шуури онҳост. Ташаккули шуури ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо талаботи манфиатҳои ҷомеа вазифаи идеологҳо мебошад. Идеологҳо бояд шууреро ба вуҷуд оваранд, ки онро ҳамчун намуна пешакӣ муайян кардаанд. Идеологҳо дар истеҳсоли арзишҳои моддию маънавии одамон, дар қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ҷомеа иштирок намуда, мафкураи одамонро тағйир медиҳанд. Дар тули таърихи башарият вазифаи идеологиро аввал табибони мардумӣ, ҷодугарон, соҳирон ва ғайраҳо, баъдан рӯҳониён, сипас ходимони дин иҷро мекарданд. Дар замони муосир кори онҳоро файласуфон, ҷомеашиносон, нависандагон, рӯзноманигорон ва дигар истеҳсолкунандагони «ғизои маънавӣ» барои қонеъ намудани талаботи инсоният дар ин бобат давом дода истодаанд [11, с.306-307].

Бояд гуфт, ки дар замони муосир омӯзиши масъалаҳои рушди идеология ва пешбурди фаъолияти идеологӣ барои таъмин намудани сатҳи зарурии амният ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар зарур дониста мешавад. Масъалаи амният дар шароити дигаргуниҳои куллӣ, бахусус дар шароите, ки ҷомеа ва давлат дар ҳолати мувозинати ноустувор қарор доранд, бо маҷмуи таҳдидҳои нав, ки дар натиҷаи вайроншавии робитаҳои анъанавии сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дар заминаи равандҳои фаъоли дигаргунсозиҳо ба вуҷуд омадаанд, аҳамияти хосса пайдо мекунад. Рушди тамаддуни муосир дар шароити душворе сурат мегирад, ки пешрафти илмию техникӣ ва афзоиши дастрасии иттилоот сабабгори пайдоиши омилҳои манфӣ гардида, ба тамаддун таъсири мутақобила мерасонанд. Ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ давраи гузариши зиддиятнокро аз сар мегузаронад. Масъалаи таъмини амнияти идеологӣ ба доираи сиёсати амалӣ гузашта истодааст, ки он ҳам бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, тавсеаи василаҳои иттилоотӣ ва аз ҳама муҳим бо мураккабшавии ҳаёти ҷамъиятӣ алоқаманд аст.

Вазъи тамоми соҳаҳо, мушоҳида гардидани кандашавии робитаҳои иҷтимоии пештара, мавҷуд набудани арзишҳои мушаххаси идеологӣ, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои мушаххаси рафтори идеологӣ, имкон медиҳад, ки дар бораи ҳолати гузариши ҷомеаи пасошуравӣ сухан гуем. Дар натиҷа, унсурҳои муҳимми тафаккури иҷтимоии анъанавӣ дар ҳолати номуайянӣ ва ошуфтагӣ қарор мегиранд, зеро онҳо одат кардаанд, ки бо андешаҳои муқарраршуда дар бораи ҳаёти ҷомеа амал кунанд [12, с.61-62]. К.К. Колин муътақид аст, ки як қатор масъалаҳои замони муосир боиси афзоиш ёфтани таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои гуманитарии мушкилоти амният мегарданд. Якум, дар солҳои охир далели он, ки одамон қисми асосии сарвати ҳар як кишвар мебошанд, беш аз пеш эътироф мегардад. Аз ин бармеояд, ки ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои ҳаётан муҳимми он бояд вазифаи асосии низоми амнияти миллӣ ва байналмилалӣ гардад. Пештар чунин вазифа асосан барои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлат зарур дониста мешуд. Дуюм, афзоиши таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои башардӯстонаи мушкили баррасишаванда дар он аст, ки маҳз дар натиҷаи фаъолияти инсон ҳама таҳдидҳои асосӣ ба миён меоянд, ки ба онҳо низомҳои амнияти миллӣ ва байналмилалӣ бояд муқовимат кунанд [13]. Яъне, тамоми мусибату мушкилиҳое, ки имрӯз инсоният аз cap мегузаронад, натиҷаи фаъолияти худи одамон, чӣ ҳамзамонони мо ва чӣ наслҳои гузашта мебошанд.

А.А. Авдеев дар асоси он, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоии фарҳанг интихоби таърихӣ, интихоби шаклу технологияҳои қобили қабули фаъолият ва ҳамкории одамон мебошад, таъкид мекунад, ки ҷомеаи воқеан бехатар ҷомеаест, ки дар он аксарияти мутлақи одамон меъёрҳои аз ҷониби умум қабулшударо огоҳона ва мақсаднок риоя мекунанд. Вақте ки шумораи вайронкунандагони меъёри муайяншуда зиёд мешавад, чунин ҷомеаро ҳам фарҳангӣ ва ҳам бехатар номидан душвор аст. Ба ин маъно, ҷомеаҳои анъанавии архаистӣ, бешубҳа, нисбат ба ҷомеаҳои саноатӣ ва пасосаноатӣ, ки дар онҳо фоизи аҳолии канормонда хеле баландтар аст, хеле бехатар ва пешгӯишаванда мебошанд [1].

Равишҳои дар боло номбаргардида ва дарки мафҳумҳои асосии таҳқиқот имкон медиҳанд, ки дар бораи таносуби назариявии онҳо ва хусусияти идеология дар робита бо амният сухан ронем. Зеро, фаъолияти муътадили соҳаи идеологии ҷомеа барои нигоҳ доштани устувории низомҳои иҷтимоӣ зарур аст ва бӯҳрони дарки маъноҳо ва шикасти арзишҳои идеологӣ барои ҷомеа хатар эҷод мекунад. Бесабаб нест, ки ҳар идеологияи муассир муқаррарот ва дастурҳои муҳимро дар бар гирифта, дурнамо ва самтҳои рушди ҷомеаро муайян менамоянд, заминаи сафарбаркунии субъектҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд.

Ю.Г. Волков бар он бовар аст, ки мафҳуми «амният» мазмуни идеологӣ дорад. Агар мо ба парадигмаи идеологии либералӣ пайравӣ кунем, маълум мешавад, ки амният ҳамчун як навъ низоми худтанзимшаванда амал мекунад ва дар он масъулияти асосӣ ба дӯши фард гузошта мешавад. Дар чунин шароит амнияти мутлақ ҳамчун ҳолат инкор мегардад, мафҳуми канорагирӣ намудан ва дурӣ ҷустан аз таҳдиду хатарҳо ҷорӣ карда мешавад. Масъалаи идеологияи амният бо назардошти баланд бардоштани самаранокии таъмини амният ҳам таҳлили муқоисавии имкониятҳои низомҳои гуногуни идеологӣ ва ҳам таҳлили нақш ва мавқеи идеология дар низоми амнияти миллиро талаб мекунад. Танҳо дар доираи хавфу хатарҳо маҳдуд намудани доираи фаҳмиши амният имкон намедиҳад, ки ҷомеа аз диди стратегӣ ва татбиқи ҳадафҳои мусбат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардад [3]. Маҳз дар ҳошиаи таносуби идеология ва амният мафҳуми амнияти идеологӣ пайдо шудааст, ки айни замон ба гардиши илмӣ ворид шуда истодааст. Амнияти идеологӣ одатан тавассути муайян кардани хатарҳо ва таҳдидҳо шарҳ дода мешавад. Ҳамин тариқ, М. Смолин як қатор таҳдидҳои муосирро, ки ба амнияти идеологии ҷомеа таъсир мерасонанд, ба таври зерин муайян мекунад: 1. Дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани эҳсоси ҳувияти шаҳрвандӣ суботи давлат ва ҷомеаро халалдор мекунад. 2. Аз даст додани чунин ҳувият аз ҷониби элитаи иқтисодӣ ва илмии ҷомеа. 3. Сепаратизми ғоявӣ. 4. Номуайянии идеологии мақоми ҳуқуқию давлатии мардум. 5. Таҳдидҳои маънавӣ [20, с.5].

Ба андешаи Л.В. Вонсович, дар шароити муосир амнияти идеологӣ аҳамияти хоса дорад. Масъалаи таъмини он масъалаест, ки бо пайдоиши таҳдидҳои дохилӣ ва бо пайдоиши равандҳои носолими муҳити дохилӣ алоқаманд аст [5]. Пайдоиши омилҳои манфӣ ё аз халоии идеологӣ, ки дар натиҷаи мавҷуд набудани доктринаи амнияти идеологӣ ба вуҷуд омадааст, ё аз парокандагии идеологӣ дар дохили кишвар, ки миллатро дар муқобили таҳдидҳои идеологии самтҳои беруна осебпазир мегардонад, вобаста аст. Аммо хатари асосӣ халоии идеологӣ ва набудан, ё дарк нагардидани идеологияи давлатӣ мебошад.

Ба ақидаи А.Р. Тузиков се гурӯҳи таҳдидҳо бо амнияти идеологӣ алоқаманданд: таҳдидҳо ба ҳувияти шахс; таҳдидҳо ба легитимияти манфиатҳои миллӣ ва ҳокимияти давлатӣ; таҳдидҳо ба ниҳодҳои асосии низоми идеологияи миллӣ (фарҳанг, маориф, оила, ВАО ва ғайра) [23, с.88]. Ду даҳсолаи аввали асри XXI дар саросари ҷаҳон афзоиши босуръати таҳдидҳои дорои хусусияти ҳарбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ба амал омад. Мушкилоти муосир бо мураккабии аз ҳад зиёд тавсиф карда мешаванд. Мураккаб гардидани алоқаҳои технологӣ, молиявӣ ва сиёсӣ дар системаҳои иҷтимоию иқтисодӣ сабаби пайдоиши чунин масъалаҳо гардида истодаанд. Маҳз бо назардошти ҳамин робитаҳо миқёси оқибатҳои ногувори таҳдидҳоеро, ки пешгӯии онҳо душвор аст, муайян мекунанд. Аз сабаби номуайянии сабабҳо ва идоракунии бесамари онҳо таҳдидҳои муосир як раванди худташаккулёбанда буда, ба як ҳалқаи сарпечида шабоҳат доранд, ки аз он берун шудан хеле душвор аст. Чунин ҳолат ба рӯзномаи сиёсии бисёр давлатҳо вазифаи нав ба навро пеш мегузорад. Пеш аз ҳама, таҳияи механизмҳои муқовимат ба таҳдидҳо ва ташаккули низоми таъмини амнияти идеологии давлат доимо диққати сиёсатмадоронро ба худ ҷалб месозанд. Масъалаи мустаҳкам намудани ҷойгоҳи фаъолияти идеологӣ дар ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тули ду даҳсолаи охир дар маркази диққати ҷомеашиносон ва сиёсатмадорон қарор дорад. Дар шароити муосир фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар навъи таъсиррасониҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона шудаанд, ки аз ҷониби субъектҳои минтақавию ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд. Дар чунин шароит таҳлилу таҳқиқи омилҳои идеологӣ аҳамияти хосса пайдо кардааст. Масъалаи таъмини амнияти идеологии давлат ва ҷомеа, пурзӯр намудани тадбирҳои иловагӣ барои ташаккули самтҳои афзалиятноки фаъолияти шаҳрвандон, ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва рушди муназзами ҳаёти ҷамъиятӣ дар мадди аввал қарор мегиранд.

Адабиёт:

  1. Авдеев, А.А. Культура - это основа государственности, духовная обороноспособность нации [Текст] / А.А. Авдеев // Право и безопасность. – 2009. – № 4. – С. 10-14.
  2. Альтюссер, Л. Идеология и идеологические аппараты государства [Текст] / Л. Альтюссер // Неприкосновенный запас. – 2011. – №3 (37). –С.12-20.
  3. Волков, Ю.Г. Идеологические аспекты национальной безопасности [Текст] / Ю.Г. Волков // Условия и перспективы национальной безопасности современной России. – М.: Социально-гуманитарные знания, 2011. – С.35-39.
  4. Волков, Ю.Г. Идеология и гуманизм [Текст] / Ю.Г. Волков, В.С. Малицкий. – М.: Социально-гуманитарные знания, 2004. – 608 с.
  5. Вонсович, Л.В. Идеологическая безопасность государства как один из механизмов противодействия вызовам современного мира [Текст] / Л.В. Вонсович // Культурно-цивилизационный кризис в условиях информационного общества: материалы международной научно-практической конференции (Витебск, 02 декабря 2022 года). – Витебск, 2022. – С.141-143.
  6. Вязовик, Т.П. Нормативно-символические структуры и идеологическая интегративность [Текст] / Т.П. Вязовик // Политическая экспертиза: ПОЛИТЭКС. – 2007. – Т.3. – №1. – С.190-204.
  7. Гаджиев, К.С. Большая игра на Кавказе. Вчера, сегодня, завтра [Текст] / К.С. Гаджиев. – М.: Международные отношения, 2010. – 344 с.
  8. Жижек, С. Возвышенный объект идеологии [Текст] / С. Жижек. – М.: Художественный журнал, 1999. – 234 с.
  9. Жукоцкая, А.В. Феномен идеологии [Текст] / А.В. Жукоцкая. – Самара: Изд-во МГПУ, 2009. – 275 с.
  10. Зиновьев, А.А. Запад. Феномен западнизма [Текст] / А.А. Зиновьев. – М.: Центрполиграф, 1995. – 461 с.
  11. Зиновьев, А.А. Фактор понимания [Текст] / А.А. Зиновьев. – М.: Алгоритм, 2006. – 528 с.
  12. Климова, В. Роль государства в обеспечении национальной безопасности. Методологический аспект [Текст] / В. Климова // Обозреватель. – 2009. – №10. – С.61-62.
  13. Колин К.К. Духовная культура общества как стратегический фактор обеспечения национальной и международной безопасности [Текст] / К.К. Колин // Вестник Челябинской государственной академии культуры и искусств. –2010. –Т.21. –№1. –С.27-45.
  14. Малинова, О.Ю. Когда «идеи» становятся «идеологиями»? К вопросу об изучении «измов» [Текст] / О.Ю. Малинова // Философский век. История идей как методология гуманитарных исследований. Ч.2. – СПб., 2001. – С.11-26.
  15. Малицкий, В.С. Идеология: история и современность [Текст] / В.С. Малицкий. – М.: Социально-гуманитарные знания, 2006. – 233 с.
  16. Мишенков, Я.А. Трактовка идеологии и утопии в политической философии К. Маннгейма [Текст] / Я.А. Мишенков // Гуманитарный акцент. – 2023. – № 1. – С. 64-70.
  17. Новая философская энциклопедия [Текст]. Т.1. – М., 2001. – С.81.
  18. Парсонс, Т. О социальных системах [Текст] / Пер. с англ. – М.: Академический Проект, 2002. –832 с.
  19. Салиев, Р.З. Идеология и ценностные ориентации молодежи [Текст] / Р.З. Салиев // Общественные науки и современность. – 1997. – №8. – С.22-29.
  20. Смолин, М.Б. Институционализация идеологии в России [Текст] / М.Б. Смолин // Имперское возрождение. – 2008. – №5. – С.2-5.
  21. Тамбиянц, Ю.Г. Идеология и социальная иерархия: механизмы взаимодействия [Текст]: автореф. дисс. … д-ра филос. наук: 09.00.11 / Тамбиянц Юлиан Григорьевич. – Краснодар, 2007. –48 с.
  22. Тузиков, А.Р. Теории идеологии в западной социологии: от критики ложного сознания к анализу дискурсивных практик масс-медиа [Текст]: автореф. дисс. … д-ра соц. наук: 22.00.06 / Тузиков Андрей Римович. – М., 2003. –60 с.
  23. Тузиков, А.Р. Идеологическая безопасность общества: региональный аспект [Текст] / А.Р. Тузиков // Регионы России: проблемы безопасности. Ч.1. – Казань, 2006. – С.84-90.
  24. Холодковский, К.Г. Противостояние левые-правые: анахронизм или смена координат [Текст] / К.Г. Холодковский // Полис. – 2006. – №6. – С.85-87.
  25. Althusser, L. Essays on Ideology. – N.Y.: Verso, 1993. –P.10.
  26. Eagleton, T. Ideology. – N.Y., 1991. – P.1-2.

Шоҳзод Раҳимзода - унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе




Ба рӯйхат