,
Якшанбе, 22-декабр
(Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)
Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон башарият дар ҷодаи давлатдориву давлатсозӣ ба маҷмӯи андешаҳои созандаву бунёдкор ва таҳрикдиҳанда ба суйи пешрафт ва фардои дурахшон зарурат дорад. Маҷмӯи андешаҳои бунёдиву нусратбахш аз тафаккури солим, ниҳоди муътамад, неруи ҳастибахш, дар заминаи андешаҳои фаромиллӣ бо дарбаргирии аносири фарҳангӣ шакл мегирад. Хурсандибахш аст, ки мардуми мо чунин андешаҳои созандаро дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» ва азму талошҳои пайгиронаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтаанд, ки роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон, зиндагии шоиста, давлати милливу ваҳдати пойдор, ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ пайваста равшан мегардонад.
Шараф ва иқболи бузург аст, ки мардуми саодатманду сарбаланд ва созандаву бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар фазои комили амну осоиш ва пешрафту шукуфоӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаву нусратбахши Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 30-юмин солгарди таъсисёбии “омили бақои бахту иқбол ва зимоми давлатдории тоҷикон, нерӯи созанда, қувваи пешбаранда ва такягоҳи боэътимоду муттакои ҳамешагии мардум- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»-ро бо шукргузорию ифтихор аз дастовардҳои беназири даврони истиқлол таҷлил намуда, зери ливои сулҳу ваҳдат ва ҳамдилию ҳамраъйии сартосарӣ ҷиҳати расидан ба аҳдофи бузурги миллатсозиву давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсии созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули 30 соли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан ҳам иқдомоти шойгон ва корҳои бузургу шоистаи таҳсину офаринро анҷом додааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои бемислу монанд ноил мегардад. Ҳамин аст, ки аз самари фаъолияти густурда ва меҳандӯстонаи роҳбарияти олӣ ва ҳизбиён сулҳу суботи сартосарӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, мардум то рафт ба зиндагии саодатмандонаву комронии бемисл шарафёб гардида истодаанд.
Талошҳои пайгирона ва иқдомоти оқилонаву хештаншиносонаи мардум дар робита ба амалӣ намудану пиёдагардонии Нақшаву Барномҳои бузурги созандагиву бунёдгаронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодат аз он аст, ки ин ҳизб, ҳизби созанда, бунёдкор, раиятпарвар ва дар умум ҳизби мардумист. Ин ҷиҳат низ дар нукоти пурҳикмату мондагори Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора шуда, таъкид менамоянд, ки “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”. Дар воқеъ таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари хирадрою маърифтапарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эъмори давлати миллӣ ва мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ дар роҳи ҳалли на танҳо масоилу мушкилоти имрӯзаи давлат даст ба кор аст, балки бар асоси ғояҳои сулҳҷӯию ваҳдатгароӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ, пешбарии ташаббусҳои ҷаҳонӣ мактаби беназиру пурганҷи сиёсии хешро дар номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд намудааст, ки ҳамчун неруи бахтовар ва ниҳоди созанда мудом дар хизмати мардум пайи тадбир ва иқдомоти шоиста аст.
Асосҳои назариявӣ ва идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бозгӯйи хиради азалӣ, шоистагиҳои сарварӣ, фазилатҳои фарзонагии ин фарзанди ҷонфидову дардошнои миллат аст, ки ҳамвора дар роҳи таҳким бахшидани рукнҳои беназири фаъолият ва ҳадафҳои барномавӣ чун мактаби сиёсӣ, дастоварди шойгони сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ниҳоди неруманд “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ном гирифта, маҳбуби ҳамагон шуд.
Пайравию баҳрабардорӣ аз ҳамин мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки зербинои онро илму маърифат, равшангароиву маорифпарварӣ, ташаккули ҳисси баланди ватандӯстиву соҳибдавлатии ҷавонон, муқаддас донистани арзишҳои милливу соҳибистиқлолӣ ташкил додааст, бешак, дар шароити муосири сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон кафолати таъмини пойдории давлатдории навини мост.
Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин роҳ маҳз барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар партави сиёсати хирадбунёду маърифатпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба омӯхтани таърихи гузаштагони худ, ки яке аз омилҳои муҳим ва муфид дар тарбияи ватандӯстӣ ва рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани идомадиҳандагони иқдомоти шоиста ва соҳибони ин мулки куҳанбунёд-ҷавонон мебошад, тавассути баргузор намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Маснавихонӣ”, “Шоҳномахонӣ” ва даҳҳо тадбирҳои муҳим ҷалб намуда, дар ниҳоди фарзандони худ аз хурдсолӣ парвариш намудани ҳисси ватандӯстӣ бо роҳи таълими афкори ватанпарваронаи бузургон ва ҳифозати таърихӣ дар таҳкими заминаҳои андешаи миллӣ ва ҳисси худшиносии миллии ҷомеа саҳми муносиб мегузорад.
Афзудани ин нукта ба маврид аст, ки дар сӣ соли фаъолияти шарафмандона ба мардум Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сиёсати фаромиллии худ исбот карда тавонист, ки созандаи ояндаи босаодати давлати тоҷикон, пушту паноҳ ва амалигардонандаи ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон аст. Дар роҳи иҷрои ин рисолат татбиқи ҳадафҳои барномавиро тавассути таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ ва нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монда, рушди устувори кишварро таъмин намуда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад. Бо ин мақсад дар тамоми мароҳили фаъолият самтҳои сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ ҷавҳари амали онро ташкил дода, ҳамчун муайянкунандаи сиёсати давлат, кишварро ба рисолати пешгирифта - рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум расонида истодааст. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ - зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад.
Воқеан ҳам, мардуми шарафманди Тоҷикистон бешак дарёфтаанд, ки бо ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ояндаи худ ва фарзандонашонро ба дастони эътимодбахш супурда, аз хурд то бузурги кишвар Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро маҳбуби қалбҳои худ медонанд. Ин садоқат ва маҳбубиятро ҳар лаҳза, дар мисоли “аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии кишвар тифли навзодро ҳамчун рамзи садоқату боварӣ ба Пешвои миллат “Эмомалӣ” ном мондан, тифлакон акси Ӯро рӯи оинаи нилгун дида, бо муҳаббат “бобоҷон” гуфтан, мардони солманд ва таҷрибаи рӯзгордида ҳангоми сафарҳо ба истиқболашон баромада, барояшон самимона “дуои нек” намудан, ба ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат дурдасттарин гӯшаи диёр қабл аз омаданашон гулистону мардумаш хушҳол гардидан, насли ятим бо ифтихор падарашон хондан” ва амсоли ин мушоҳида менамоем. Ӯ барои ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос намунаи беҳтарини ҷавонмардӣ ва инсони комил аст. Ӯ аз ҳар каси дигар дида бештар дар фикри имрӯзу фардои дурахшони миллат асту барои ҳаёти шоистаи мардум пайи тадбир.
Аз он чи дар ин матлаб гуфта шуд, ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки муҳимтарин омилҳои мусоидаткунанда барои таъмини сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар кишвар ва ба таври итминонбахш ба сӯйи ояндаи дурахшону ҷомеаи боз ҳам пешрафта қадам гузоштани Тоҷикистони азиз, хусусиятҳои шахсиятӣ ва мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Аз шарафи омилҳои мазкур мардуми кишвари мо дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки хирадманди асил, донишманди варзида, абармарди дунёи сиёсат, фарҳангдӯсту адабпарвар ва роҳнамову дастгири худро пайдо намудаву ҳидоятҳои Ӯро ҳамчун қутбнамои роҳи зиндагӣ дарёфтаанд ва худро мухлису пайрави содиқи Сарвари хирадрою инсонпарвар ва меҳанпарасту фидокор медонанд.
Шоёни зикру шоистаи ифтихор аст, ки марҳилаи сипаригардидаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботкунандаи он аст, ки Ӯ Пешвои мардумии халқи Тоҷикистон ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон, фарзонафарзандест, ки аз миёни мардум бархоставу андешае ба ҷуз ободиву хуррамии Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хизмат ба давлату мардуми худ надорад.
Ҳамин аст, ки халқи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати Ӯ муттаҳид гардида, бо бархурдорӣ аз пайванди ногусастании хеш бо Пешвои худ дар роҳи шукӯҳманду ифтихорафзои созандагию офарандагӣ бо умеди ояндаи босаодату кишвари обод қадамҳои устувору қотеона мезананд.
Бо камоли мамнунияту ифтихор ва муҳаббату садоқати фарзандӣ 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба кулли ҳамсафон, алалхусус ба раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбиёни гиромӣ шодбош мегӯям!
Муҳаммадҷони Абдувоҳид - сардори маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб