, Якшанбе, 22-декабр

ТО РОҲРАВ НАБОШӢ, КАЙ РОҲБАР ШАВӢ

 04.12.2024 64

ТО РОҲРАВ НАБОШӢ, КАЙ РОҲБАР ШАВӢ

(Саҳми академик С.К. Каримов дар таҳқиқи масоили илмҳои дақиқ)

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Ҳ. Шерозӣ

Таърихи башарият шаҳодатдиҳандаи бисёр шахсиятҳое ҳаст, ки тамоми ҳастии хешро сарфи ин ё он амали нек кардаанд. Ин гуна шахсиятҳо бешак бисёр инсонҳои наҷиб ва нексиришт буда, хизмат ба мардумро шуғли асосии хеш мешуморанд. Ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, сабурӣ, ҳайсиятӣ, фурӯтанӣ, ҷавонмардӣ, фозилӣ ва дурандешиву ояндабинӣ дар ин гуна ашхос ҳамеша эҳсос карда мешавад.  Ноумедӣ, хастагӣ, таслимшавӣ ба сахтиҳои рӯзгор барои ин родмардон бегона аст.

Тоҷикистон сарзаминест, ки бисёр фарзандони фарзона ва фозилро ба воя расонидааст, ки дар ҳама ҷабҳаҳо хизмати шоиста намудаанду дар заминаи ибтикороту амлаи созанда маҳбуб ва ҳабиби мардумон гардидаанд. Яке аз чунин фарзандони фарзонаи миллат, ки умри пурбаракоти худро сарфи илму маориф карда, бо дастовардҳои бузурги илмӣ номи худ ва миллаташро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст, шодравон академик Самариддин Каримович  Каримов  буданд.

Доир ба рӯзгор, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзгорӣ, роҳбарӣ ва дастовардҳои илмии устод С.К. Каримов очеркҳо, асарҳо ва мақолаҳои зиёде таҳия ва нашр шудааст. Вале ҳанӯз ҳам дар бораи устоди зиндаёд С.К. Каримов суханҳои ногуфта бисёранд. Дар ин матлаб дар хусуси заминаҳои таъсис ва ташаккули мактаби илмӣ ва роҳбарии устод ёдрас мешавем.

Заминаи асосии таъсиси мактаби илмии академик С.К. Каримов баъди хатми курси чоруми ихтисоси физикаи факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) замоне ки вай бо мақсади гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ ва таҳияи рисолаи дипломӣ ба Институти физикаи нимноқилҳои АИ ИҶШС фиристода мешавад, гузошта шуда буд. Интихоб ва ба ин маъхзани илму маърифат фиристодани устод С.К. Каримов тасодуфӣ набуд. Устодон қобилияту истеъдод ва донишу малакаи ӯро ба назар гирифта, маҳз ба ин Институт сафарбар намуданд. Устод С.К. Каримов кори дипломии худро зери роҳбарии доктори илмҳои техникӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС А.В. Семенкович иҷро намуда, онро бомуваффақият дифоъ намуд. Дар ибтидо устод тасаввур ҳам намекард, ки вай ба мактаби илмии худ асос гузошта истодааст. Дар воқеъ, агар ба таърихи таҳқиқотҳои илмии устод С.К. Каримов назар андӯзем, маълум мешавад, ки заминаи асосии пажуҳишҳои илмии ӯ маҳз аз Институти физикаи нимноқилҳои АИ ИҶШС оғоз шудааст.

Боргоҳи дигари илмие, ки барои таъсис ва ташаккули мактаби илмии устод С.К. Каримов нақши муҳим гузоштааст, Институти физика ва математикаи АИ ҶШСТ ба ҳисоб меравад. Дар ин боргоҳи илму маърифат, ки устод бо даъвати роҳбарияти АИ ҶШСТ ба кор қабул шуда буд, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ идома бахшида, мақсадҳои дар назди худ гузоштаашро пайи ҳам амалӣ менамуд. Бояд қайд намуд, ки дар камолоти маънавӣ ва илмии устод нақши Президенти ҳамонвақтаи АИ ҶШСТ ва ҳамзамон директории Институти физика ва техникаи АИ ҶШСТ С.У. Умаров (ёдашон ба хайр) бағоят бузург буд. Маҳз устод С.У. Умаров сабаб гардиданд, ки натиҷаи корҳои илмии устод С.К. Каримов дар «Ахбороти шуъбаи физика, математика, химия ва биология»-и АИ ҶШСТ чоп карда шавад. Нашри мақолаи устод дар Ахбороти АИ ҶШСТ масъулияти ӯро нисбат ба пешбурди корҳои илмӣ бештар гардонид.

Соли 1964 бо ташаббуси бевоситаи академик С.У. Умаров як зумра олимони шинохта ва маъруфи соҳавӣ аз Институтҳои Академияи илмҳо ва мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Институти физика ва техникаи АИ ҶШСТ даъват шуданд. Ҳадафи даъвати олимони шинохтаи мазкур густариши ҳамкориҳо дар самти тарбияи олимони ҷавон ба ҳисоб мерафт.

Акнун барои устод С.К. Каримов дари дигари боргоҳи илм кушода гардид. Ин боргоҳ Институти пӯлод ва хулаи Москва буд, ки устод бо тавсияи олимони ба Институти физика ва техника даъватшуда ба аспирантура дохил шуд. Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дилбастагии зиёд ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доштани устод С.К. Каримов самар доданд. Ноябри ҳамон сол (1964) устод ба аспирантураи назди кафедраи физикаи кимиёвии Институти пӯлод ва хӯлаи Москва дохил шуда, соли 1968 рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуд. Донишу малака ва истеъдоди фавқуллодаи устодро ба инобат гирифта, ӯро моҳи июли соли 1971 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим, тарбия ва илми Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) таъйин менамоянд. Акнун ба души устод С.К. Каримов боз як масъулияти дигар зам шуд.

Ҳангоми дар вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб фаъолият кардан устод С.К.Каримов дар баробари ба роҳ мондани корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ барои интихоби кадрҳои болаёқати илмӣ ва ба марказҳои бузурги илмии Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар намудани омӯзгорони ҷавон камари ҳиммат бастанд. Ин буд, ки дар як вақти кӯтоҳ бо ташаббус ва роҳнамоии ин марди хирад як гурӯҳи калони омӯзгорони донишкада, аз қабили С. Султонов, С. Ғафоров, С. Зайниддинов, Ҳ. Раҳмонов, Н. Салимов, Ҷ. Собиров, Э. Алимардонов, Қ. Нуров, В. Уланов, В. Курбатов, Ҷ. Қурбонов, Ф. Хумбиев, А. Умаров, А. Неъматов, С. Исроилов, Н. Ибодов ва дигарон ба марказҳои бузурги илмии Россия, Белорусия, Украина ба коромӯзӣ ва аспирантура фиристода шуданд. Ин ҷо мо танҳо аз омӯзгорони болаёқати илмҳои дақиқ ёдовар шудем.

Ҳамчунин, бо ба вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб омадани устод, заминаи кадрии донишкада мустаҳкам гардид. Шумораи омӯзгорони унвони илмидошта ба маротиб меафзуд, аммо дар донишкада ҳанӯз ягон рисолаи докторӣ дифоъ нагардида буд. Соли 1977 устод С.К. Каримов аввалин шуда, ба сифати ходими калони илмӣ ҷиҳати ба анҷом расонидани рисолаи докторӣ ба докторантураи Институти техникаи электронии Москва фиристода мешавад. Устод рисолаи докториро дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида, як монографияи дигарро зери унвони «Нимноқилҳои халкогенидҳои таллий» соли 1982 ба нашр мерасонад. Аммо бо сабаби мавҷуд набудани Шурои дифоъ дар Институти техникаи электронии Москва ҳимояи рисолаи доктории устод С. К. Каримов на соли 1982, балки соли 1987 сурат гирифт.

Қаблан дар бораи заминаи аввалин ташкили мактаби илмии устод сухан рафта буд. Дар ташкили мактаби илмии устод гузаштани вай аз Институтҳои «Физикаи нимноқилҳо»-и АИ ИҶШС, «Пӯлод ва хӯлаи Москва», «Техникаи электронии Москва» ва «Физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ» нақши бағоят бузургро бозид. Паҳлӯи дигари муҳим ҷиҳати заминагузорӣ ба ташкили мактаби илмии устод С.К. Каримов сафарбар намудани омӯзгорони лаёқатманди факултети физика ва математикаи донишкада ба марказҳои бузурги илмии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, мактаби илмии академик С.К. Каримов дар заминаи кафедраи физикаи умумии факултети физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб таъсис ёфта, то ҳол амал мекунад. Дастпарварони мактаби илмии академик С.К. Каримов дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ва хориҷи мамлакат фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Айни ҳол устод дар байни мо нестанд, вале хизматҳое, ки устод барои пешрафти илму маориф ва тарбияи кадрҳои илмӣ намудаанд, номи устодро барои ҳамешагӣ зинда медоранд. Гумон мекунам, то замоне, ки асарҳои эҷодкардаи ӯ ва ихтирооту дастовардҳо, оила, фарзандон, шогирдон ва дар умум Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллохи Рӯдакӣ миёни оламиён амал мекунанд, мактаби илмии устод арзи ҳастӣ дорад ва ҳамчунин дастовардҳои илмии ӯ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ истифода мешаванду ёди академик С.К. Каримов дар қалбҳо зинда мемонад.

Ёдашон ба хайр ва хонаи охираташон обод бошад!

Гулматов Умарҷон Абдуллоевич, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат