,
Чоршанбе, 11-декабр
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуқтаи мухтассар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
(С.Айнӣ).
Масъалаи тарбия ва одобу маърифати экологӣ ва муҳофизати табиат яке аз вазифаҳои муҳимми мактаб, муаллимон, устодони мактабҳои олӣ ва аҳли башар ба шумор меравад, зеро иҷрои амалии онҳо тақдири ҳозираю ояндаи ҷамъиятро таъмин менамояд. Барои ҳифзи табиату боигариҳои он ва ташаккули завқи табиатдӯстии хонандагону донишҷӯён ба амал баровардани маърифату маданияти экологии онҳо яке аз вазифаҳои асосии мактабу аҳли башар ба шумор меравад. Мафҳуми маърифату маданияти экологӣ аз ҳифзи табиат, истифодабарии самараноки сарватҳои гаронбаҳои он, азнавбавуҷудорию кабудизоркунии мавзею маҳалҳои кишвари худ, азхудкунию омӯхтани қонунҳои табиат, аз овони кӯдакӣ ташаккулёбии рафтору муносибатҳои ғамхорона ба табиат бар меоянд.
Мактаб муассисаи асосии таълимию тарбиявӣ буда, дар он роҳу усулҳо ва методҳои гуногуни ташаккули шавқу завқ ва маърифати экологии хонандагон ба амал бароварда мешавад. Зеро ҳалли масъалаҳои экологию ҳифзи табиат яке аз вазифаҳои муҳимми муаллимону мактаб ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, донишҳои экологии хонандагону аҳли башар яке аз шартҳои муҳимтарини ҳифзи табиат, сарвату бойгариҳои он, солимгардонии муҳити зист ва ҷамъият мебошад.
Маҳз дар мактаб, дар ҷараёни таълими сикли фанҳои биологӣ аввалин маротиба бо таври илмӣ дар ниҳоди хонандагон тасаввуроти ибтидоӣ дар бораи мавқеъ ва ҷои худ дар табиат, муносибати ғамхоронаю муҳаббат ба он ташаккул меёбад.
Масъалаҳои педагогию психологӣ ва умумибиологии тарбияю маърифати экологии хонандагон дар тадқиқотҳои илмию методии олимони машҳури Руссия И.Д.Зверев (1978), С.Н.Глазычев (1980), Я.И.Габеев (1990), Б.Г.Иоганзев (1976), А.Н.Захлебный (1981), И.Н.Пономарёва (1980), И.Т.Суравегина (1977), Н.А.Рыков (1961) ва донишмандони риштаи биологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла: А.Давлатов (1999), М.Дарвозиев (2010), З.К.Кобулиев (2003), А.Эргашев (2002), С.Худойбердиев (1998), С.Давлатов (2006), Ҳ.Асоев (2007), М.Саидов (2013), Р.Забиров (2012) ва дигарон тавсиф ёфтаанд.
Яке аз монеаҳои ташкилу омӯзиши равияю равандҳои маърифати экологӣ дар мактаб дастрас набудани маводи таълимӣ (китобҳои дарсӣ, васоити илмию методӣ, асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ-диопозитивҳо, диафилмҳою филмҳои таълимӣ), тахтаҳои электронӣ оид ба фанҳои экология ва муҳофизати табиат мебошад.
Дар маводҳои таълимӣ, ки дар ташаккули шавқу завқ ва маърифати экологии хонандагон ки нақшаи асосӣ доранд, чунин камбудиҳо ҷой доранд:
а). дар барномаю китобҳои дарсии фанҳои биологӣ (ботаника, зоология, анатомия, физиология ва гигиенаи одаму биологияи умумӣ) мақсад ва мундариҷаи тарбияи экологии хонандагон ва самти иҷрои амалии он муайян карда нашудаанд;
б). талаботи педагогию психологӣ оид ба муносибати доимии хонандагон бо табиат шарҳу эзоҳ наёфтаанд;
в). оид ба ташкилу фаъолияти хонандагон дар алоқамандӣ бо омӯзиш, муҳофизат, нигоҳубин ва кабудизор кардани табиат дар китобу барномаҳои дарсӣ соатҳои алоҳида ҷудо карда нашудааст;
г). тарбияи экологии хонандагон дар мактабҳои миёна на танҳо барои ташаккули шавқу завқ ва маърифатнокию масъулиятнокии онҳо ба омӯзиши муҳити маҳал ва муҳофизати табиат, балки ба азхудкунии маҷмуи донишҳои муайянкунии мафҳумҳои умумибиологӣ равона карда шуданд.
Дар ҷараёни таълиму тарбия, яке аз ҷиҳатҳои асосӣ ин таъмин намудани дараҷаи баланди тайёрии касбии хонандагон, дониш, маҳорату малакаҳои биологию экологӣ, ташаккули ғамхорӣ ва масъулиятноки нисбат ба табиат мебошад. Барои таъмину дастрас намудани чунин талаботи педагогию психологӣ, дар ҷараёни таълими доираи фанҳои зистшиносӣ мо зарур шуморидем, ки ба масъалаҳои азхудкунии мафҳумҳо оид ба табиати маҳал, гурӯҳҳои асосии набототу ҳайвоноти кишвари худ ва алоқамандии онҳо бо муҳит диққати ҷиддӣ диҳем.
Барои пурмазмуну ғанитар шудани таълими биологияи умумӣ ва асосҳои муҳофизати табиату экология дар мактабҳои миёна истифода ва омӯзиши маводҳои иловагӣ ва маводҳои илмию методӣ, ба монандӣ: А.Н.Захлебный, И.Д.Зверев, И.Т.Суравегина, «Муҳофизати табиат дар курси биологияи мактабӣ», С.Акрамов «Муҳофизати табиат», М.Ҳиҷиматов «Растаниҳои ёбоии шифобахш», Ю.Нуралиев «Растаниҳои шифобахш» ба мақсад мувофиқ мебошанд.
Сабабҳои паст будани тарбия, маданият, ташаккули шавқу завқ ва маърифати экологии хонандагон дар мактабҳои миёна ба ақидаи мо инҳоанд:
1). Камшавии миқдори соатҳои дарсӣ, дар доираи фанҳои зистшиносӣ ва хусусан биологияи умумӣ;
2). Вуҷуд надошатни омӯзиши маводҳои маҳалу кишваршиносӣ ва экологӣ дар ҷараёни таълими сикли фанҳои табиатшиносӣ;
3). Кам будани соатҳои дарсӣ дар барномаи фанҳои сиклӣ биологӣ (ботаника, зоология, анатомия, физиология ва гигиенаи одаму биологияи умумӣ) оид ба равияю равандҳои экологӣ ва муҳофизати табиат.
Аз ин лиҳоз, зиёд намудани миқдори соатҳои дарсии сикли фанҳои биологӣ ва хусусан, бо таври васеъ омӯхтани масъалаҳои экологию муҳофизати табиат, ба ташаккули шавқу завқ, маърифатнокию маданияти экологии хонандагони синфҳои V-XI кумаки калон мерасонад.
Барои баланд бардоштани маданият, маърифат ва ташаккули шавқу завқи экологии хонандагон дар мактабҳо ҷорӣ намудани таҷрибаи экологӣ бо мӯҳлати 6-10 рӯз аз аҳамият холӣ нест, зеро онҳо дар рафти таҷрибаомӯзӣ бо супориши муаллим машғулиятҳои барномавиро иҷро намуда, ба тадқиқи мавзуъҳои таълимӣ муносибати худро муайян намуда, дар ҳалли масъалаҳои омӯзиши муҳити маҳал ва маводҳои кишваршиносӣ кӯшише ба харҷ медиҳанд.
Тарбия ва маърифати экологӣ на як солу ду сол, балки тамоми ҳаёт давом мекунад. Масъалаҳои тарбияю маданияти экологии хонандагон ва ҳифзи табиат дар ҷараёни таълиму тарбия дар алоқамандии байни фанҳо, самаранок ташкил намудани машғулиятҳои беруназмактабию беруназсинфӣ ва маводҳои кишваршиносӣ сурат мегирад.
Масъалаҳои тарбияю маданияти экологӣ ва муҳофизати табиат яке аз равияҳои муҳими педагогию биологӣ ба шумор меравад.
Асосҳои психологию педагогии ин масъала, баррасӣ намудани одобу маданияти экологӣ, робитаи кӯдакон бо табиат ҳамчун шакли тарбия бо муҳити атроф, рафтору муносибати дуруст ба олами набототу ҳайвоноти маҳал, асоси ташаккули шавқу завқ ва маърифати экологии хонандагон мебошад.
Ю.Одум (1989) маърифати экологиро чунин шарҳ додааст: «Мафҳуми маърифати экологӣ ин маҷмуи муваффақиятҳои ҷамъият оид ба боҳамалоқамандию боҳамтаъсиррасонии табиату инсон ва уҳдабароёна истифода намудани таҷрибаи таърихии ин гуна робитаи дутарафа мебошад».
Дар вилояти Хатлон якчанд хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ташкил карда шудааст, ки дар хоҷагиҳои номбурда заминҳои нав аз худ ва объёрӣ карда шуда, ба муқобили эрозияи хок низ мубориза бурда мешавад.
Аз он ҷумла, дар хоҷагиҳои ҷангалпарварии Ховалинг, Муъминобод, Даштиҷум ҳар сол зиёда аз 500 гектар замин ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида мешаванд, ки онҳо заминҳои нав ва барои кабудизор нобобро аз эрозияи хок муҳофизат менамоянд.
Бояд қайд кард, ки муҳофизати табиат ва нигоҳдории сарватҳои он на фақат кори сохтору мақомотҳои давлатӣ, кумитаҳои муҳофизати табиати ноҳияҳои шаҳру вилоятҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, балки вазифаҳои фахрии ҳар як аъзои ҷамъиятӣ мебошад. Дар масъалаи муҳофизати табиат саҳми хонандагону муаллимон бағоят калон аст. Хусусан, хонандагони синфҳои 1-3 дар мавриди омӯзиши фанни табиатшиносӣ ба табиати кишвари худ шинос шуда, ба муҳофизату нигоҳубини сарватҳои вай шавқу ҳаваси калон зоҳир менамоянд.
Барои дар ниҳоди хонандагон парваридани ҳисси табиатдӯстӣ ва маърифати экологӣ дар мактаб лозим меояд, ки экскурсияҳоро дар боғи истироҳат, фермаҳои чорводории хоҷагиҳо ва ҳатто музейҳои кишваршиносӣ ташкил карда гузаронанд.
Гузаронидани корҳои беруназсинфӣ оид ба мавзуъҳои «Рӯзи паррандагон», «Ҳафтаи боғ ва беша», «Рӯзи ҳосилот», «Иди гулҳо» ва шабнишиниҳою маҳфилҳои фаннӣ низ шавқу ҳаваси хонандагонро нисбат ба муҳофизати табиат ва нигоҳдории сарватҳои гаронбаҳои он зиёд мегардонад.
Ҷалилова Мушкинисо - ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ