, Чоршанбе, 11-декабр

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН - ТОҶИКИСТОН

 22.11.2024 284

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН - ТОҶИКИСТОН

Аввалин парчами қадимаи Тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи Ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин-мурғи Ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураддаи он қимматтарин сангҳо насб гардида буд. Чуноне, ки дар “Шоҳнома” омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст.

Парчам ин вожаи муқаддас ба ҳисоб рафта, бо кадом забону шевае, ки набошад, маънии дурахшу дурахшонӣ, ғуруру мардонагӣ ва сарбаландиву озодиро дорад. Парчам яке аз қадимтарин ва маъруфтарин муқаддасот ҳисобида шуда, тахмин меравад, ки дар замони Коваи оҳангар пайдо шудааст.

Айёме, ки Тоҷикистон аз оғуши пурталотуми ҷанг халос шуд ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид, бисёр мушкилоти сиёсӣ дошт. Барои ҳалли ҳар кадоми онҳо вақти зиёде лозим буд.

 Соли 1992 лоиҳаи Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Парчам аз се ранг: сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар васати ранги сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир аст. Ин парчам ҳамчун парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз 24 ноябри соли 1992 расман парчами давлатӣ эълон гардид. Бо нишони эҳтиром ва садоқати бепоён ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 санаи 24-ноябрро ҳамчун “Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон намуд.

Бо мақсади эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳамасола ин рузи муқаддас ва воқеан ҳам диданӣ бо дастгирӣ ва кӯмакҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар таҷлил мегардид.

Имрӯз дар ҷахон зиёда аз 250 давлатҳои хурду бузург мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо - соҳиби муқаддасоти миллии хеш мебошанд. Парчами давлатӣ низ яке аз муқаддастарин нишонаи давлат ба ҳисоб рафта барои муаррифии давлату миллат ва халқият нақши бағоят калон дорад. Эҳтироми муқаддасоти миллӣ барои ҳар як шаҳрванди бонангу номус қарзи ҳамешагӣ аст.

Саъбагул Валиева-ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабии ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 




Ба рӯйхат