,
Чоршанбе, 11-декабр
Қабули рамзҳои давлатӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва вахдати миллӣ муяссар гардид. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистикдол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад. Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Чуноне, ки сарвари давлат дар яке аз Паёми худ ба муносибати Рӯзи парчам чунин гуфта буд: « Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандустиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Арҷ гузоштан ба мукаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун чузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар аӣни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад».
Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарчамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Аслан, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Дар «Энсиклопедияи Советии тоҷик» (н-1, Душанбе, 1978, саҳ 352-353) оварда шудааст, ки парчам «рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун» мебошад. Ва илова шуда: «Байрак, матои якранга ё бисёрранга мебошад, ки нишони махсус дорад: як тарафи он ба чубдаста часпонда мешавад».
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдоди мо ҳануз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард.
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳануз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт.
Дар «саргузашти мардумӣ печидафарёд»-и тоҷик парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояте басо ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути «Шохнома»-и безаволи Фирдавсии бузург то ба рузгори мо расид.
Бино ба ҳикояти муаллифи «Шохнома» Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки Морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, баразми ин шоҳи хунхор мешурад ва пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халоикро ба шуриш даъват мекунад ва ба пирузӣ мерасад. Ба ин васила шоҳ Фаридун басари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро «Ковиёнӣ дурафш» (дурафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам. Аввалин парчами кадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории орёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатдории ниёгони тоҷикон буд. Дар даврони Сосониён шакли он тагйир ёфта, дар кисми болои он таҷассуми паррандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд.
Чуноне ки дар «Шоҳнома» омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи мукаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорад, ки «Ба ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд; эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимилли ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд».
Чун кишвари маҳбубу арҷманди мо- Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву таъӣини рамзҳои давлати пеш омад. Вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI Шуроӣ олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулят дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ - Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят, «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ- Парчами давлатӣ гардид.
Парчами давлатии Тоҷикистон матои роскунҷаест, ки аз рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахипоёнии сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Руи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тасдиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0- и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгуша ба доираҳои қутбашон 0,15 ва ба қавси радиусаш 0,5- и паҳнои рахи сафед кашида мешаванд.
Тоҷ, ки баландиаш баробари 0,55 паҳнои рахи сафед аст, дар пояаш ба қавси радиусаш 1,2 бар рахи сафед қатъ мешавад. Чор унсури камоншакл, ки тоҷро зеб медиҳанд, дар мобайн бо як қисми доира оро меёбанд, ки қутби он баробари 0,2 бар рахи сафед мебошад.
Тоҷ дар Парчами Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими чаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад.
Ранги сурх- рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқдолият, ранги сафед- рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз-рамзи саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ баҳри сарсабзиву хуррами кишвар мебошад».
Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлати эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷилил хоҳад гашт. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муққаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлатӣ моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдорӣ мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад. Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии хар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24- уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад. Бинобар ин, дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандустии мардум ва бузургдошти оину суннатҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон истикбол мегардад.
Муносибати самимона ба парчам ва дӯст доштани он таҷассуми бедории аҳли ҷомеа мебошад. Яъне ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандустона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд. Аз ин рӯ, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад.
Мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятхои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишонаи ҷоннисории давлат ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад. Ин аст, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша таҳти парчами худ саф ороста, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудааст.
Имрӯз мардуми кишвар дар мақоми арҷгузорӣ аз Истиқлолият, давлатдории навин дар шоҳроҳи ташаккули бесобиқаи низоми сиёсии мамлакатамон парчамро чун дигар рамзҳои давлатӣ азизу гиромӣ медоранд ва онро рамзи зафару комёбиҳои нави меҳнатӣ меҳисобанд. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ ҳастии давлати мо, ифтихори миллии моро дар паӣвастагӣ бо ғояҳои наҷиби созандагиву бунёдкорӣ инъикос менамояд. Ба ин маънӣ, парчам гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва нангу номуси ватандории мо гардидааст.
Дар ҳақиқат, имрӯз парчам ба сифати таҷассумгари бахту иқбол ва ҳаёти пурсаодати мардуми шарафманди кишвар дар ҷаласаҳои мутантани расмӣ, қисмҳои низомӣ, бунгоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, ҳатто дар мавзеъҳои истироҳатию фароғатии мардум ва ғаӣраҳо афрохта мешавад.
Парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонисг, ки ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳангсозӣ ва саъю талоши созандаи миллати тоҷикро таҷассум намояд.
Бигзор парчами мо рамзи далатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон буда, илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи ватани маҳбубамон - Точикистон бошад.
Миллати бостониву сарафрохта ва соҳибғуруру тамаддуновари мо, давлатӣ соҳибистиқлолу шарафманди мо Тоҷикистони азиз, ҳамеша устувору пойдор ва парчами давлатии он чун дар боми Кохи миллат то абад парафшону дурахшон бод.
Абдуллоев Маҳмуд Холович - профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ