,
Чоршанбе, 11-декабр
Инсон ҳанӯз аз замони пайдоиш ба тарбия эҳтиёҷ дошт ва дорад. Ҷабҳаҳои тарбияи инсон хеле гуногунанд. Дар қатори гирифтани тарбияи маънавӣ, меҳнатдӯстӣ, зарурияти гирифтани тарбияи экологӣ низ лозим аст. Ин мавзуъ талаботи замонӣ муосир гаштааст. Мафҳуми экологияро соли 1869 олими немис Эрнест Геккел ба илм ворид кард, ки маънои он «айкос-хона, манзил; логос-илм, таълимот» дар назар дошта мешавад. Ӯ дар маънои экология маҷмӯи донишҳоро оид ба сарфакорона истифода кардани боигариҳои табиат дар назар дошт.
Дар замони муосир мафҳуми экология хеле васеъ гаштааст, ки он табиат, коинот, организмҳои зинда ва ғайризинда, муносибати байни онҳо ба муҳити зист, ғамхорӣ дар бораи табиат ва оқилона истифода бурдани сарватҳои он, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зистро дар бар мегирад. Имрӯз тарбияи экологӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки онро аз боғчаи бачагона шуруъ намудан, дар мактаб ва муассисаҳои олӣ сайқал додан амри зарурист. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи экологии хонандагон яке аз мафҳумҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ Педагогӣ ба ҳисоб меравад, ки онро талаботи рӯзафзуни ҷамъияти имрӯза ба миён гузоштааст.
Агар дар замонҳои қадим мафҳуми экология ҳамчун вожа истифода нашуда бошад, ҳам вале бо таври умуми мазмуну масъалаҳои ба таркиби он дохилбуда, фаҳмида мешавад. Масалан: дар китоби муқаддаси тоҷикон «Авасто» муқаддас будани об, замин, офтоб, дарахтон тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист аз ҳар гуна партобҳо, тарбияи экологиро нишон медод. Ҳаминро низ дар назар доштан лозим аст, ки мутафакирони тоҷику форс аз ҷумла Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ, Носири Хисрав, Имом Ғазолӣ ва дар солҳои минбаъда Аҳмади Дониш ва дигарон ба масъалаҳои экологӣ ба мисли ҳифзи растаниҳо, олами ҳайвонот, наботот ҳифзи зебоии табиат ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Дар ҳама давру замонҳо мутафакирон дуруст дарк мекардаанд, ки инсон қисми ҷудонашавандаи табиат аст ва бе он зиндагӣ карда наметавонад.
Зиндагии инсон ба нафаскашӣ, гирифтани энергия ва рушноӣ инчунин надоштани манзилӣ зист имконпазир аст. Аз ин рӯ муносибати инсон ба табиат бояд мазмуни гуманистӣ дошта бошад ва онро аз овонӣ хурдсолӣ дар насли наврас тарбия кардан лозим аст. Бояд донист, ки муносибат ба табиат донишҳои экологӣ на танҳо ҷиҳатҳои педагогӣ балки ҷиҳатҳои сиёсӣ дорад.
Дар давраи истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳал кардани масълаҳои соҳаи экология, аз ҷумла ҳифзи табиату муҳити зист, ки масъалаҳои марказии тарбияи экологӣ мебошанд, ҳамаи имкониятҳоро дорад ва қарорҳои дахлдор низ қабул кардааст. Дар асоси сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи тарбияи экологии насли наврас ба таври мушаххас масъалаҳои зеринро дохил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар хонандагон ташаккул додани ҳисси масъулиятнокӣ нисбат ба тозагии муҳити атроф ва зебо нигоҳ доштани муҳити зист, ташаккул додани қобилияти дарк карда тавонистани зебоии табиат, муносибати ғамхорона нисбат ба олами набототу ҳайвонот, фаҳмонидани моҳият ва зарурати муносибати сарфакорона нисбат ба сарватҳои табии, иштироки Фаъолона дар бой гардонидани он, инчунин тарбия намудани зист, дӯст доштани ҳайвоноту паррандаҳо ва монанди онҳо. Дар дарку шуури толибилмон ҷой кардани масъалаи он ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист гарави саломатию осудагии инсон аст. Ба вайронкунандагони табиату муҳити зист нафрат зоҳир кардан ҳам як қисми тарбияи экологист.
Толибилмон аз давраи хурди бояд донанд, ки аксарияти бемориҳои сирояткунанда дар натиҷаи ифлос шудани муҳити экологӣ сар мезанад. Дар раванди тарбияи экологӣ хонандагонро бовар кунонидан лозим аст, табиат, муҳити зистро олами наботот, ҳайвонот паррандаҳо, ҷангалҳо, дарахтон, гулу гулбутаҳо зебо мегардонад ва ба макони зист табдил медиҳад. Ба онҳо ғамхору дилсӯз будан қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳар як одами солимақл бояд дар тозаву ба низом нигоҳ доштани муҳити зисти худ: хона, ҳавлӣ, синфхона, гирду атрофи мактаб, шаҳру деҳа ва нигоҳубини табиат ҳиссагузор бошад. Тарбияи экологиро дар замири атфол аз синну соли боғча, синфҳои ибтидоӣ аз бозӣ ва ташкил кардани гӯшаи зиндаи табиат дар назди мактабҳо, парвариши гулҳо, дарахтҳо, паррандаҳо оғоз намудан мувофиқи мақсад аст.
Дар тарбияи экологии хонандагон ҷараёни таълим нақши асосӣ мебозад.
Дар ҳалли ин масъала омӯзиши ҳар як фанни таълимӣ ҳиссаи муайян мегӯзоранд. Дар таълиму тарбияи экологии хонандагон дониш ва фаҳмишу тасаввуроти экологӣ, ташаккули ҳисси табиатдустии онҳо нақши омӯзиши фанҳои экология, химия, биология ва географияи табии Тоҷикистон назаррас аст.
Хонандагон ҳангоми омӯхтани ин фанҳо ба олами набототу ҳайвонот, тамоми самтҳои муҳити зист, манзараҳои табиати Ҷумҳуриашон дар бораи чи будани мувозинати экологӣ ҳамчун маҷмӯи гиёҳҳо, ҳашаротҳо, паррандаҳо, ҳайвонот, бешаю ҷангалзорҳо, замин ва ҳаворо ба таври илмӣ дарк намуда, донишҳои мазмуни комплексӣ-экологӣ доштаро аз худ менамояд.
Дар баробари алоқамандии муҳити табии гирду атроф, муҳити зист ва зарурати тозаву озода нигоҳ доштани онҳо фаҳмишу тассавуротҳои илмӣ пайдо мекунанд. Дар маҷмӯъ мазмуни энергияи экологии хонандагонро васею бой мегардонад. Дар тарбияи экологии хонандагон мақсаднок истифода бурдани чунин шаклҳои корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ, аз ҷумла гузаронидани экскурсия ба табиат ва шинос намудани хонандагон ба зебоии он, ҷашн гирифтанӣ «Иди Наврӯз», «Иди ҳосилот», «Рӯзи паррандаҳо”, “Ташкил кардани клуби дӯстдорони табиат” муассир хоҳад буд. Ҷои муҳимро дар тарбияи насли наврас ва тарбияи экологии онҳо, муаллимони фанҳои биология ва экология ишғол менамоянд. Дар рафти таълими ин фанҳо ба хонандагон, роҳу усулҳои муносибати дуруст ва эҳтиёткорона ба қисмҳои таркибии табиатро ба монанди муносибат ба об, хок, ҳаво растанию ҳайвонотро фаҳмонида дода нисбати ин қисмҳои таркибии табиат ва баҳамтаъсиркунанда будани онҳо маълумоти дурусти илмӣ дода метавонанд.
Муаллим дар мактаб шахси масъул оид ба тарбияи экологӣ буда, хонандагонро ба тозаю озода нигоҳ доштани синфхона, мактаб, васоити дарсӣ, гулу растаниҳои мактаб ва гирду атрофи он ҳидоят менамояд. Дар баробари ин корҳои беруназсинфӣ дар боғчаи мактаб, нигоҳубини гулу дарахтон дар дили хонандагон ҳисси зебопарастиро бедор менамояд.
Шарипова Ҳанифа- ассисенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ