,
Чоршанбе, 11-декабр
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги шахсиятест, ки тамоми умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудааст.
Ин санаи муборак, яъне 16-уми ноябр барои миллат санаи муҳиму таърихӣ ва тақдирсоз мебошад, чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент - ин арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи миллат, нусратбахшу ващдатовр мебошад, ки умри хешро дар роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат бахшидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ташаббускор дар масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ буданд. Аввалин сухане, ки ин марди шариф дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ гуфта буданд, масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани гурезагони тоҷик буд. Он кас ваъда доданд, ки «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!». Дар ҳақиқат роҳбари муаззами мо барои амалӣ намудани ин ормонҳои беназир ҷонбозиҳои зиёд намудаанд. Он кас ҷони худро ба хатар андохта барои баргардонидан ва сулҳу осоиштагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намудаанд.
Раҳбари муаззами миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокату ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Минбаъд замина ба замина мардум ба ҳаёти орому осоишта баргашт. Ин боиси он гардид, ки зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Ҳаммин тариқ, бо талошҳои шабонарузӣ ва пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушд гомҳои устувор гузошта, ба пешравиҳои нав ба нав ноил гашта истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар марҳилаи давлатсозӣ Роҳбари некандеши миллат сохтани роҳҳо ва бунёди пулҳоро байни тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро самти афзалиятнок сиёсат худ донист, зеро ин шахсияти барҷастаи миллат хуб дарк намуда буданд, ки ягона роҳи пойдории сулҳ ва пешрафти давлат ҳамкорӣ миёни дигар кишварҳо буда, сохтани роҳҳо дар тамоми минтақаҳои мамлакат омили суботи ҷомеа ва дӯстиву рафоқат байни халқу кишварҳо мебошад. Аз ин нуқтаи назар, ба боварӣ гуфта метавонем, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз ба хотири ин ҳама заҳматҳову талошҳо барои ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаи мардуми тоҷик ва ҳамкориҳои густурда вобаста ба масоили сиёсву иҷтимоӣ бо кишварҳои ҷаҳон Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбуби дилҳо гашта, ҳамчун шахсияти шинохта ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гаштааст.
Сол то сол ҳамчун сиёсатмадори бонуфуз ва шахсияти номдори ҷаҳони муосир вобаста ба масъалаи сулҳ, обу иқлим, ҳифзи пирияхҳо дар маҷмуъ ҳифзи муҳити зист обруву эҳтироми раҳбари муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтар мегардад, ки ин боиси ифтихори мо мардуми тоҷик мебошад.
Президенти арҷманди мо бо заҳмату талошҳои шабонарузии худ тавонист, ки барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он нақши асосӣ дошта бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон шуруъ аз солҳои навадуми асри ХХ то кунун бо як қатор ташабусҳои фарҳангпарваронаи худ ҳамчун мунодии сулҳу вањдати миллї ва посдорандаи расму оини ниёкон ва фарњангу забони миллияти тољик дар қалби мардум ҳамчун роҳбари фарҳангпарвару фарҳангсолор ҷойгузин гаштааст.
Ба хотири муаррифии миллати тоҷик раҳбари хирадманди мо роњи паймудаи мардумони ориёитаборро аз сарчашмаҳои мутаъбари таърихӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода дар бораи шахсиятҳои шинохтаи сиёсиву таърихӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангии миллатамон асарҳои арзишманд таълиф намудаанд.
Ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаву оқилонаи раҳбари муаззами милатамон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ ва ҳаёти орому осудаи мардуми сайёра, билхоса арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ ва адабӣ, намунаи ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз тарафи шахсиятҳои варзидаи илму адаби ҷаҳонӣ баҳои баланро сазовор гаштааст.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло дар хусуси хислатҳои наҷиб ва шахсияти роҳбари муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адиби машҳури сатҳи ҷаҳонӣ нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов, чунин андешаронӣ намудааст: “Дар симои Президент Эмомалй Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”.
Воқеан ҳам, дар барқарор намудани расму оинҳои қадима ва муарифии шахсиятҳои бузурги адабӣ иқдомҳои Пешвои маҳбуби миллатамон назир надорад. Дар давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ як қатор суннатҳои миллати тоҷикро аз нав эҳё намуда, номи ҳазорон фарзандони фарзонаи миллатро дубора зинадаву ҷовидона гардониданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин давра бо супоришу ташаббусҳои ин марди фарҳангсолор иду ҷашнҳои қадимаи мо бо шукуҳу ҳашамати хоса таҷлил гардида, хотираи неки ниёконамон бо баргузории чорабиниҳои сатҳи давлатӣ пешвоз гирифта мешавад. Аз ҷумла таҷлили идҳои “Наврӯз”, “Садда”, “Меҳргон”, “Тиргон” ва гиромидошти хотираи шоирону нависандагон: “Рӯдакӣ”, “Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Носири Хусравӣ Қубодиёнӣ” “Садриддин Айнӣ” ва дигарон аз ҷумлаи иқдомҳои фарҳангпарваронаи Раҳбари муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар баробари ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ хизматҳои шоёни Пешвои хирадгарои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон беназир мебошанд, ки ҷаҳониён ба он баҳои баланд додаанд. Дар ин маврид адиби машҳури Доғистони Расул Ғамзатов чунин гуфта буд: “ Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд-Президенти Тоҷикистон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Ҳамин тариқ, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои асри ХХ мардуми тоҷик аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Алишери Абдулмаҷид- дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ