, Чоршанбе, 11-декабр

НАҚШИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 16.11.2024 76

НАҚШИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

16-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Интихоби рӯзи 16 ноябр  тасодуфӣ нест. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст. Ҳамзамон дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми ноябри соли 2016 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» мақоми «Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол» дода шуд.

Мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро кайҳо Пешво хонда буданд.     27-уми июни соли 1997 баъди дар шаҳри Москави Федератсияи Россия ба имзо расидани Созишномаи Истиқрори Сулҳ ва ризоияти милли хурду бузург, зану мард, пиру барно- ҳама мардуми Тоҷикистон ӯро Падар, Сарвар, Роҳбар ва Пешво мегуфтанд, ки бар ҳақ ҳамаи ин дуруст ва ифодагари меҳру садоқати бепоён ба Пешвои муаззами худ мебошад.

Ин ҳама арҷгузориҳо ба заҳматҳои арзанда ва шабзиндадориҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу амният ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Дар соле, ки тоҷикон бистумин солгарди Ваҳдати миллӣ, бистушаш солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бисту панҷумин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистонро ҷашн мегирифтанд, Созмони ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои Осиёи  Миёна амнтарин кишвар аз назари сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ эълон намуд. Соҳиб шудан ба чунин унвон дар ҳамсоягӣ бо давлати ҷангзадаи Афғонистон, ки аз назари ҳамин Созмон ноамнтарин кишвар барои сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ хонда шудааст исбот аз он аст, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои маҳбуб ва оқилу дурандеши худ барои таъмини сулҳу амният ва назму суботи давлати худ ва минтақачӣ талошҳое ба харҷ медиҳад.

   Нависандаи арсаи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи раванди сулҳи тоҷикон ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин навиштааст: «Дар муддати хеле кӯтоҳ ба мувофиқа расидани тарафҳои ҷангзадаву даргир бозёфти нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳал намудани қазияи ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар намуди ҷангҳо душвортар аст. Ҷаноби Раҳмонов тавонист рисолати сулҳро ҷавонмардона ба дасти хеш бигирад».

Ин ҷо қабл аз оне, ки ба сухани хеш идома бахшем бояд як нуктаро ёдовар шуд ва он ҳам баръакси сарони ҳамсоякишварҳо- Нурсултон Назарбоев, Сафармурод Ниёзов, Ислом Каримов ва Аскар Акаев хеле ва хеле ҷавон будану надоштани таҷрибаи зарурии фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Сарварони давлатҳои ҳамсоя ҳанӯз дар даврони Шуравӣ дар вазифаҳои баланди ҳизбиву давлатӣ кору фаъолият намуда, дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун ходимони намоёни давлатӣ маъруф буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сарвари ҷавони давлати тоҷикон ба шарофати шабзиндадориҳо, саъйю талош, омӯзиш ва кӯшишҳои зиёд тавонист, ки кишвари дар ҳолати маҳву нобудшавӣ қарор доштаи тоҷиконро аз нав эҳё намояд ва ҷаҳониёнро бо Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар васфи Пешвои миллати тоҷикон чунин изҳори назар намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ дар Тоҷикистон оид ба ин масъала амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар».

Нависандаи маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам дар «Идеал» ном мақолаашон овардаанд: “...Ҳамон тавре, ки солҳои ба давлати мутамаркази тоҷикон роҳбари кардани Исмоили Сомониро дар таърих давраи Исмоили Сомонӣ меноманд, солҳоеро, ки Президент ба харобу тақсим шудани мамлакати хеш роҳ надод, оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намуд, самтҳои ояндасози иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёти давлатро муаайян намуда рушду нумуъ бахшид, давраи Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд”.

Президенти Ҷумҳурии Белорус  Александр Лукашенко нигоштааст: «Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдоду меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ- Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Сиёсати оқилона ва созандаеро, ки ин марди оқил, сиёсатмадори тавоно пеш мебарад, кишварашро аз маҳвшавӣ ҳифз кард ва ба ин сарзамин сулҳу осоиш овард». Дар баробари тоҷикистониҳо берун аз кишвар ҳам ба Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва меъмори сулҳу ваҳдат маҳбубияти бесобиқа зоҳир менамоянд. Дар анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки соли 2002 дар Истаравшан баргузор гардида буд Озарахши Ҳофизи (Олмон) зимни суханронии хеш аз ҷумла чунин изҳор намуда буд: «Ифтихори бузург аст, ки Шумо дар дили ҳамаи ҳамзабонон ва ҳамфарҳангон на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон балки, бисёр дуртар аз марзҳои Тоҷикистон- Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё, Австралия ва ҳар ҷое, ки қаламрави густурдаи фарҳанги мост, ҳузур доред. Ба Шумо меҳр меварзанд, холисона ва бидуни эҳтиёҷ ва низ эҳтиром мегузоранд. Ин ифтихори бузургест, ки насиби як роҳбар дар замони ҳозира гардидааст”.

Президенти мо шахси бунёдкор ва сиёсатмадори оқилу хирадманд ва дурандеш аст. Ӯ дар оғози фаъолияти касбияшон ҳамчун Сарвари давлат гуфта буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ омода аст ҷони худро барои халқу Ватан фидо намояд. Имрӯзҳо низ ӯ ба ин суханони худ содиқ аст. Барои ҳамин халқ ӯро дӯст медоранд, дастгирӣ мекунанд ва ҳамчун Пешвои миллат арҷ мегузоранд.

Мирзоев Субҳон,  омӯзгори факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат