, Чоршанбе, 11-декабр

ИҶЛОСИЯИ XVI  ШУРОИ ОЛӢ - ҲАДЯИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ

 16.11.2024 111

ИҶЛОСИЯИ XVI  ШУРОИ ОЛӢ - ҲАДЯИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ

Боиси ифтихору мояи сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва дастовардҳои беназир таҷлил менамоянд. Дар таърихи давлатдории муосири мардуми шарафманди тоҷик ин санаи муқаддас мақому ҷойгоҳи хоссаи худро дорад ва чун рӯзи фаромушнашаванда бо ҳарфҳои заррин дар таърих нақш мегузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳаёти осудаи имрӯзаи мо маҳз аз Иҷлосияи таърихии XVI  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоб барпо гардид, шурӯъ шуд. Вазъияти солҳои 1991-1992 набояд аз хотири халқ фаромӯш шавад. Зеро он ба марҳилаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ ва барқарорсозии сулҳу суббот замина гузошт. Иҷлосияи XVI  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар ҳаёти сиёсии мардуми тоҷик гардиши куллиеро оғоз кард, то ин ки амнияту осоиштагӣ дар кишвар ҳукумрон бошад. Сониян Иҷлосияи XVI исбот намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қувваи тавоное мавҷуд аст, ки метавонад пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯро гирад ва миллатро аз нобудӣ раҳо бахшад. Маҳз дар ин давра чунин қувваи тавоно намояндагони халқ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буданд, ки онҳо тавонистанд дар такя бо халқ дар ин шароити мураккаби сиёсию иҷтимоӣ роҳи халосиро аз бадбахтӣ дарёбанд.

Аз дидгоҳи сиёсӣ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар вазъияти бӯҳрони шадид қудрат пайдо кард, ки зимоми давлатдориро ба даст гирад ва роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намояд, ки пеши роҳи харобиро гирад. Аз ин рӯ солҳо турнасо мегузаранду мардуми мо онро бо номи Иҷлосияи сарнавиштсоз ёд мекунанд, зеро ин иҷлосия дар марҳилае баргузор шуд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва ҳазорон ҳамватанони мо хонаҳои ободу Ватани биҳиштосои авлодиро монда бо дидаҳои гирёну дили сӯзон ба кишварҳои гуногуни дунё ҳиҷрат намуданд.

Дар ҳамин рузҳои пуртаҳлукаю фоҷиабор, хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аз 16-ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви Хуҷанди бостонӣ гузаронида шуд, ки дар роҳи қатъ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид намуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама вазъи мушкили он айём нигоҳ накарда тавонист, ки қарорҳои таърихӣ ва тақдирсозро қабул намояд. Ва комёбии асосии ин иҷлосия дар он буд, ки  23 масъалаи рузмараро дар бар гирифта буд. Хусусан,  муроҷиати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ; дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо буда, аз руйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ аз ҷумла 15- қонун, 52-қарор 6-фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки минбаъд дар ба низом даровардани вазъи сиёсии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими ҳуқуқӣ мусоидат намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, савганд ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад.

Дар кутоҳтарин фурсат хомӯш кардани ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дастоварди таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ чун таҷрибаи нодири сулҳофарин арзёбӣ ва эътироф гардид.

Бо туфайли амалӣ шудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти давлат ба шумор мераванд маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд. Инчунин Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошта, истиқлолият, ягонагӣ ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гардиданд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд.

Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост меояд, ҳамчун достони мардонагию ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи ин миллати фарҳангию куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, иҷлосияе буд, ки тамоми дастовардҳои имрӯзаи мо тоҷикон аз қарорҳои он сарчашма мегирад ва ҳар қадаре, ки мо аз рӯзҳои баргузории он дур мешавем ҳамонқадар  шаҳомат, бузӯргӣ ва қадри волои он боз ҳам равшантар пеши назар ҷилвагар мешавад. Зеро ин санаи таърихӣ рӯйдоди муҳимест, ки самти инкишофи ҷомеаро муайян намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳимоят аз арзишҳои давлатдорӣ, маънавию динии тоҷикон ва тарғиби онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ,  дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳо ин ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Ва рисолати Пешвои миллат дар ин самт дорои дастовардҳои беназир буда, аз сатҳи баланди татбиқи ормонҳои миллат, ҳифз ва тарғиби фарҳанги тоҷикон шаҳодат медиҳад. Алалхусус, таҷлилу бузургдошти Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ ва бузургдошти Имоми Аъзам далели муаррифии арзиш, усул ва тафаккури ғоявӣ, фарҳангӣ ва давлатдории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сафарҳои хориҷии хеш, алалхусус аз минбари СММ оид ба масъалаи об ва ҳифзи муҳити зист, пешгирии обшавии пиряхҳо, пешгирии бемориҳое, ки бинобар камбудии об ва олуда шудани он ба миён меояд сухан гуфтааст. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошад, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда ва мешаванд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об бароирушдӣ устувор, 2018-2028», ки инак он дар ҷараёни татбиқ қарор дорад.

Мо ҷавонон шукургузор аз он ҳастем, ки бо шарофати ин воқеаи сиёсии фараҳбахш ба дастовардҳои бузург ноил гардидем, қабл аз ҳама Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ба халқ ва давлат роҳбари сазоворӯ нотакрорро тӯҳфа намуда, пеши роҳи нобудии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуд. Тавассути ин иҷлосия артиши миллӣ ва нерӯҳои посбонии сарҳадӣ таъсис ёфта, ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар ҳусни оғоз бахшида, барои қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд. Дар баробари ин ба ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар давлат ба раванди бунёдкорӣ оғоз намуда, симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Ҳамин тавр, ин анҷумани таърихӣ, ки мо дар арафаи 32-солагии он қарор дорем дар таърихи давлатлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузӯрг дорад. Чунки ҳамин иҷлосия ҳамчун омили тақдирсозу созанда гардида, сабақи фаромӯшнашавандае дар роҳи пуршебу фарози бунёди давлатдории мустақил барои наслҳои имрӯзу оянда гардад. Ва ҳамин иҷлосия тавонист оғози наҷоти давлатдории миллӣ, сулҳу суббот, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намояд.

Мазарифов Манучеҳр-дотсент декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,

Файзов Рамазон-номзади илмҳои сиёсӣ, ҷонишини декан оид ба  илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ




Ба рӯйхат