,
Чоршанбе, 11-декабр
Таърих гувоҳ аст, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидо ва номовару ғаюраш вобаста аст. Пешоҳангон тавассути роҳкушоиҳову шуҷоат ва хиради волои худ, зиндагии шоистаро ба мардум эҳдо намуда, пуштибону сипари онҳо аз ҷафоҳои таърих мегарданд. Маҳз хирадмандиҳои ояндаафрӯзи ин қабил афрод дар марҳалаҳои муҳиму тақдирсози ин ё он қавму миллат пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа-иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳангу маънавиёт, солимиву тандурустӣ, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва амсоли инҳоро таъмин менамояд, зеро худи мафҳуми «сарвар» маънои бурдан ё дар сафи пеш буданро ифода мекунад.
Таҷрибаи давлатдории ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои шоиста будан ба мақоми сарвару пешво зиёӣ ва ё донишманд будан кифоят намекунад, зеро бо ин ду арзиши номбурда боварии аҳли ҷомеаро ба даст овардан кори басо мушкил аст.
Сарварӣ дониши васеъ, масъулияти баланди ватандорӣ, эҳсоси қавии инсондӯстӣ, санъати худододи мудирият, тараҳҳуму шафқат ва амсоли инҳо барин вижагиҳои ба дарку фаҳмиш ва хулқу атвори инсон хосро тақозо менамояд. Ибни Сино мавҷудияти чор сифатро дар сарвар таъкид намудааст: далерӣ, адл, ҳусни тадбир ва доштани хирад.
Мақоми сарвару пешвои муваффақ, ки кулли ҷомеа ва раияташ ӯро мақбул дониставу дӯсташ медоранд, дар осору эҷоди гузаштагони мо мақоми вижа касб кардааст. Аз ҷумла, Низомулмулк дар «Сиёсатнома» сифатҳоеро, ки барои як сарвар заруранд, хеле возеҳу равшан ифода кардааст. Иброз медорад, ки «…Сарвар бояд бомулоҳизаву эҳтиёткор рафтор намояд, ҷисман мукаммал ва дорои хотираи мустаҳкам, ақли расо, муҳаббат ба дониш ва дарки олам дошта, адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ бошад... Агар подшоҳ дорои чунин сифатҳо набошад, дар мамлакат бесарусомонӣ, зӯроварӣ, таъқибкунӣ, ғоратгарӣ авҷ мегирад…».
Сарвари оқилу доно, хирадманд ва далеру дорои иродаи мустаҳкам раияти худро аз ҳама гуна хавфу хатар, зуҳури ақидаҳои бегона, зулму ситам, беадолатӣ ва дигар ноҷуриҳо ҳифз намуда, ҳадафи худро барои пойдории суботи комил, дӯстиву рафоқат, маърифатнокии мардум, кафолати ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва рушди босуботи ҷомеа равона менамояд.
Дар давлатдории навини тоҷикон нақши заҳмату талошҳои фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, маърифати баланди инсондӯстӣ, матонату шуҷоат ва касбияти волои сарварӣ мебошанд, ҳадду канор надорад. Аз ибтидои сарварии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити пурпечутоби солҳои 90-ум дар бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум ҳастии хешро дареғ надошта, ба мардуми азизаш сулҳ овард.
Бо қавлу иродаи қавӣ, хиради азалӣ ва сиёсати босуботу устувори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, мустаҳкам намудани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ, фароҳам овардани шароити хуб баҳри мардум, таъмини амнияти дохилӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва амсоли инҳо саҳми боарзишу беназир доранд. Расул Ғамзатов дар бораи сулҳи тоҷикон ва саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ин рӯзи нек гуфтааст: “Фақат ҷанг набошад, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…”.
Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибгари ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ, илмӣ, солимӣ ва ғайраҳо буда, дар беҳбуд бахшидани ҳаёти мардуми сарбаланди кишвар нақши созгору беназир дорад. Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон, бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои нодири он, худшиносии миллӣ, бедории миллӣ, фарҳангсолорӣ ва боз чандин нуктаҳои дигар назаррас буда, ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди дӯстдори миллат тавассути хиради азалию мактаби муқтадири сиёсии худ саргузашти дирӯзу имрӯзи кишварро бо созмон додани корҳои бузург рӯшан сохта, зиндагии осоиштаро ба мардум фароҳам оварданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи сиёсии пурғановат ва талошҳои инсондӯстонаву фарҳангсолоронаи худ миллати тоҷикро ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ баъди 1100 соли давлатдории тоҷикон – давлати Сомониён эҳё намуда, миллатро аз вартаи нобудӣ, забонро аз махлутшавӣ, фарҳангу анъанаҳои ниёконро аз нестӣ берун оварда, номи бузургонро аз қаъри таърих, ки паси пардаҳои сиёсии давр ниҳон монда буданд, зинда намуданд. Маҳз чунин заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ буд, ки аз ибтидои ташкили давлатдорӣ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти миллат пурра эҳё намуда, корбурди идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин намояд. Бузургтарин хидмати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих дар баробари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди давлатдорӣ ва эҳёи ҷашну анъанаҳои миллӣ зинда намудану ба забони расмии давлатӣ табдил додани забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ин забон 1100 сол қабл ба ҳайси забони расмии давлатӣ мақом дошт ва баъди завол ёфтани давлати Сомониён ва аз даст рафтани низоми давлатдории Сомониён беш аз ҳазор сол дар шароити бедавлатӣ қурбони гирудорҳои таърих гардид. Танҳо ба фарзанди дилсӯзи миллат - Эмомалӣ Раҳмон, муяссар гардид, ки ин забонро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти давлату миллат мақом дода, ба яке аз арзишҳои волои миллӣ табдил диҳад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Ҳар гаҳе ки дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ - забони модариамон - забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем».
Бо пуштибонии Сарвари хирадманд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ аз бисёр ҷиҳат рушд намуд. Аз ҷумла бо тағйиру иловаҳо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ (05.09.2009, №535), ду маротиба қабул гардидани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нашри “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ва дигар фарҳангномаҳо, нашри китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ, ба забони расмии давлатӣ табдил додани забони тоҷикӣ, қабул намудани барномаи давлатии рушди забони давлатӣ, ба забони тоҷикӣ баргардон намудани осори гузаштагон, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, махсусан ба шумори забонҳои кории СММ шомил кардани забони тоҷикӣ ва дар феҳристи забонҳои электронӣ ворид намудани забони тоҷикӣ дар назди таърих хидматҳои бузург ба ҳисоб мераванд.
Дар даврони ба курсии роҳбарӣ нишастани Эмомалӣ Раҳмон хазинаи кишвар на танҳо тиҳӣ буд, балки болои кишвар қарзҳои ҳангуфте меистод. Ин мушкилот садди роҳи давлатсозии ин марди барӯманду тавоно нагардид. Ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, Конститутсия, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва дигар муқаддасоти миллиро расман таҳия ва қабул намуда, умеди миллатро ба ояндаи дурахшони кишвар мустаҳкам намуданд.
Дар рушд ва ташаккули бахши коммуникатсионии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сохтани роҳҳо, кандани нақбҳо ва дигар иншооти коммуникатсионӣ нақши арзишманд гузошта, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварданд.
Хидмати арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва ҳамсоякишварҳо Афғонистону Ӯзбекистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад. Тавассути хиради воло ва кордониву ҷасорат неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Тоҷикистон” ва ғайра сохта шуда, НБО-и пуриқтидори “Роғун”, ки солҳо зери сиёсати баъзе муқтадирони давлатҳои хориҷӣ сохтмонаш ба ёди фаромӯшӣ рафта буду касе ҷуръати идома доданашро надошт, Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони он бунёд гузошт ва нахустчархаҳои онро ба кор андохт ва тавассути ин хидматаш номи худро дигарбора ҳамчун бунёдкор ва шахсияти сиёсии ҷасуру тавоно дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми паҳлуҳои давлатдорӣ ва арзишҳои миллии ин шахсияти таърихии миллат мебошад. Дар ин масир ҷиҳати ривоҷи худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллат эҳё ва барқарор гардид. Дар ин росто, бо супориши бевоситаи ин фарзанди фарзонаву фарҳангпарвари айём симои як қатор абармардони таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд. Ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон унвони олии кишвар «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ҳамзамон, барои хидматҳои шоён ва ҷонисориҳо дар масири ватандорӣ номи кӯчаҳо, хиёбонҳо, шаҳру навоҳӣ, театру китобхонаҳо ва даҳҳо муассисаҳои дигар ба номи фарзандони миллат гузошта шудааст, амсоли боғҳои ба номи Куруши Кабир, Садриддин Айнӣ, Сайдалӣ Вализода, Сафар Амиршоев, кӯчаҳои ба номи С.Сафаров, С.Сангов, Мирзо Турсунзода, Ҷаббор Расулов ва ғайра.
Бо ташаббуси ҷаҳонии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати фарҳанпарварона - ба хотири муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ якчанд ҷашнвора ва ёдгориҳои миллати тоҷик, аз қабили «Боғи миллии Тоҷикистон» дар Бадахшон, Мусиқии классики «Шашмақом», Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Чакан ва ёдгории таърихии Тоҷикистон «Саразм»-ро ба рӯихати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО ворид намуданд, ки мақому шуҳрати миллати тоҷикро боз болотар бардоштанд.
Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик дар шароити давлатдории навин ва ҷаҳони пурталотуми имрӯз, ки фазои онро раду бадалҳои пурмоҷаро фаро гирифтаанд, намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ маҳсуб меёбад, ки омӯзишу пайравӣ намудан ба он қарзи имону виҷдон ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷаи пайравонаш мебошад.
Мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳнои густурда дошта, ҷомеаи ҷаҳонро низ бе таъсир нагузоштааст. Дар нахустин иштирок ва суханронии худ Пешвои миллати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 1993, ки барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалӣ маҳсуб меёбад, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли масоили глобалӣ муайян намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавояшон мисраҳои дар даромадгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳаккокишуда, яъне: “Бани одам аъзои якдигаранд...”-ро бо забони ноби тоҷикӣ қироат намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуданд, ки тоҷикону тоҷикистониён ҷонибдори сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буда, мушкилот ва андуҳи ҷомеаи ҷаҳонро мушкилу андуҳи худ меҳисобанд.
Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон дар партави сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол вусъат ёфта, ҳамкориҳои бисёҷонибаи кишвар бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ ба ҳайси яке аз бахшҳои калидии сиёсати хориҷӣ мустаҳкам гардид. Дар партави ин муносибатҳо Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмону ташкилот ҳамкориҳои бисёрсамтаро ба роҳ монд. Дар ин замина дар кишвар сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Беларусия, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Фаронса, Федератсия Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Кареяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон кушода шуда, ҳамоно фаъолият доранд.
Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон низ дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалии худ дар беш аз 24 давлати хориҷӣ Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Белгия, Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Куба, Озарбойҷон, Олмон, Миср, Покистон, Туркия, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Украина, Эрон, Чин, Ҷопон, Шветсария, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Қатар намояндагии дипломатӣ ва дар назди СММ, Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо намояндагии доимии худро созмон додааст.
Ташаббусҳои гирову раднопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои марбут ба он, терроризму эктремизм, қоҷоқи маводи мухаддир, ҳамзамон, вазъият дар Ховари Миёна, махсусан, вазъияти Афғонистони ҳамсоя аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ ва соҳиби баҳои баланд мегардид. Бештари давлатҳои мамолики хориҷ мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ташаббусҳои байналмилалӣ масири ояндадор баҳо додаанд. Аз ҷумла, собиқ Директори генералии ЮНЕСКО, Коичира Матсуура иброз медорад: «Мо ба талошҳои бардавоми Президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи иҷтимоӣ ва муҳити зист, ки дар фароянд барои манфиатҳои натанҳо як кишвар, минтақа, балки тамоми ҷаҳон хидмат мекунад, баҳои баланд медиҳем».
Дар шароити аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам беҳдошти саломатӣ (пандемияи коронавирус) бисёр печидаи ҷаҳони муосир дар давоми соли ҷорӣ дар сатҳи бисёр хуби ташкилӣ ва дар фазои осудаву фаъолнокии аҳли ҷомеаи кишвар доир гардидани ду маъракаи бисёр муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябр баёнгари маърифати баланди ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии аҳолии кишвар мебошад, ки аз ҷониби нозирони байналмилалӣ сазовори баҳои арзанда ва арзёбии нек гардиданд.
Чунончи ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.10.20) бо ваҷҳи ба худ хоси ватандӯстона, эҳсоси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба халқи азизи кишвар таъкид доштанд: “Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад... Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.
Савганди Пешвои муаззами миллат, дар асл, савганди тамоми пайравонаш - хурду бузурги кишвар, ҳар фарди баору номус ва худогоҳу ватандӯст ва суханони ироашуда сармашқи кору фаъолияти созанда ба хотири ояндаи дурахшони давлат ва саодатмандии наслҳои миллат мебошад.
Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёна кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.
Абдусамадзода Эраҷ, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Рӯзномаи “Анвори дониш” №8 (353) аз 16.11.2024