, Чоршанбе, 11-декабр

ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – ШАКЛИ МУАССИРИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА РАВНАҚБАХШИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 15.11.2024 81

ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – ШАКЛИ МУАССИРИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА РАВНАҚБАХШИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»

Масири мураккабу бисёр печида, вале самараи шарафбору ифтихорангези давлатдории навини халқи тоҷик бозгӯйи ин воқеияти бебаҳси таърихист, ки баргузидани умумихалқии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва муқаррарсозии асосҳои сохтори конститутсионӣ бар асоси он ташаббуси хирадомезу ғаюрона, рисолати пурмасъулу наҷотбахши фарзанди деринтизори миллат, меросбару эҳёгари фарҳанги давлатдории куҳан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои умедбахшу неруафзои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалагузориву ҷонибдории оқилонаи фозилони давр, райъи дархӯри ниёзмандиҳои халқи кишвар, тадбири судманду муносиб ба вазъи мубрами сиёсӣ буд, ки дар натиҷаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ташаккули фазои ҳамдиливу фаъолияти дастаҷамъонаи барқарорсозиву созандагӣ ба неруи муқтадиру мушкилзудо, истеҳкоми муътамади сулҳу субот ва якпорчагии диёри нозанин, равнақбахши Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷодаҳои пуршарафи давлатдории мустақили миллӣ, аз ҷумла муаррифии шоиставу шарафафзо дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Таърихи зиндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо захмҳои ҳанӯз ҳам нақшдори пайкари миллат гувоҳ аст, ки ҳарчанд неъмати истиқлолу озодӣ барои халқи тоҷик дар авохири садаи XX бар қиммати бедодгариҳову зарбаҳои камаршикани ҳазорсола, ҷоннисориҳои ҳазорон ҳазор фарзонагону сарсупурдагони масири илму маърифат ва фарҳангу тамаддуни оламгир ба даст омад, аммо аҳримани даҳшатафкани таърих бо дасисаҳову васвосҳо, ташнаи хуни ҷавонмардони ҷавонмарг, сархуши нолаву фиғони тифлакони гурусна, модарону бонувони пурҳасрат, пирони афсурдаву навмед ҳамоно дар камини ин мулки озодагон буд: бар асари дахолати доираҳои манфиатдор, майдонороиҳои ҷонибҳои қудратхоҳ ва албатта, аз сабаби адами таҷрибаи давлатдории мустақили миллӣ, бесалоҳиятии давлатмардони замон ватанхоҳони ташналаб фурсати баҳрамандӣ аз шаҳди истиқлолу озодӣ дарнаёфта, ба гирдоби фалаҷкору умедрабои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афканда шуданд.

Мувофиқи далелҳои маҳфуз, аввалҳои моҳи сентябри соли 1992 вазъияти сиёсии кишвар чунон вахим гардид, ки Президенти вақти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби неруҳои мусаллаҳ мавриди муҳосира қарор гирифта, маҷбур ба истеъфо шуд. Моҳи октябри ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сабаби авҷ гирифтани муборизаҳои низомӣ байни неруҳои мухолифи сиёсӣ фалаҷ гардида, ба истеъфо рафт. Пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ба саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш табдил ёфта, Тоҷикистонро хатари покшавӣ аз харитаи сиёсии олам таҳдид мекард.

Дар чунин вазъияти мудҳиш баргузор намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона роҳи наҷоти Ватан ва шуълаи умеди соҳибватанон буд, аммо бо сабаби набудани одитарин шароити амниятӣ дар шаҳри Душанбе Шурои Олӣ қарор қабул мекунад, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шавад.

Баргузории Иҷлосияи тақдирбахши XVI Шурои Олии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 12 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои дигаргуниҳои азими сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён оварда, зуҳури чеҳраи тобноку мондагори таърихи миллат, сиёсатмадори ҷавону пурғайрат, давлатмарди покниҳоду ваҳдатгаро, тавонбахши қалбҳои пурхун, пайғомовари сулҳу ҷамъовари гурезагони имдодҷӯ, Пешвои ҷонфидову дӯстдори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин иҷлосияи таърихӣ дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умед ба фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишот афрохт.

Дар Иҷлосия фаъолияти қонунгузории давлати навини Тоҷикистон баррасиву тасдиқ гардида, дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда шуд, ки дар асоси он коммисияи нави конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Сипас, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олӣ санаи 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати Комиссияи конститутсионӣ қарор қабул гардид, ки сарварии онро Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дошта, ба ҳайати он 60 нафар аъзо аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои давлатӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, шахсони сиёсӣ, намояндагони илму маориф, санъат, адабиёт шомил карда шуданд.

Комиссияи номбурда моҳи апрели 1994 лоиҳаи Конститутсияро дар ду шакли идоракунӣ пешниҳод намуд: лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ ва лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ.

Мувофиқи сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, шакли идоракунӣ – ин тарзи ташкили ҳокимияти олии давлатӣ, тартиби ташкили мақомоти олии давлатӣ – Парламент, Президент, Ҳукумат, муносибати байни мақомоти давлатӣ, байни онҳо ва аҳолӣ буда, ҷумҳурӣ – шакли идоракуниест, ки дар он мақомоти олии давлатӣ ба муҳлати муайян интихоб мешаванд.

Дар ҷумҳурии президентӣ ҳам сарвари давлат (Президент) ва ҳам Парламент интихоб мешаванд. Президентро шаҳрвандон бевосита ва ё бавосита интихоб мекунанд. Дар ҷумҳурии парлумонӣ ҳокимияти қонунгузор (Парламент) тариқи интихоби ҳизбҳои парлумонӣ аз ҷониби шаҳрвандон ташкил мешавад. Сарвари давлат – Президент бошад, аз ҷониби Парламент интихоб мешавад. Ҳукуматро низ Парламент аз ҳисоби ҳизби сиёсии ғолиб ташкил мекунад ва аз болои ҳукумат назорат мебарад.

Комиссияи салоҳиятноки конститутсионӣ баъди омӯхтану муҳокимаи лоиҳаҳои манзуршуда барои ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардани шакли конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия намуд.

Дар ин асос раёсати Шурои Олӣ бо қарори худ аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссия супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шурои Олӣ пешниҳод намояд. Дар натиҷа лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-22-юми апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳури интишор ва муҳокимаи он оғоз гардид. Баъд аз интишор конститутсия дар иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олӣ муҳокима гардида, ба раъйпурсӣ тавсия карда шуд.

Ҳамин тавр, бори аввал дар кишвар 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар он сохти идораи президентӣ аз нав ҷорӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар ин рӯзи фархундаи таърихӣ, санаи муҳимми давлатдориву ватансозӣ гоми дигаре устувору заминаи таҳаввулоти азим гузошта шуда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибияти Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.

Санаи 16 ноябри соли 1994 бошад, маросими расмии савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ин санаи таърихӣ соли 2016 ҳамчун асос барои эълони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ гирифт.

Қабули Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ мардуми шарифи кишварро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳидоят намуданд.

Қобили зикр аст, ки зарурати таърихиву сиёсӣ, асосҳои ҳуқуқиву стратегии таҷдиди шакли идоракунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи соли 1994 дар суханронии тантанавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии қабули ин санади волои ҳуқуқии кишвар бисёр возеҳу равшан, бо далелҳои собиту мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи талхи ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ шарҳу тавзеҳ ёфт:

«Барои мо дар он давра ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмин намудани амнияти мардум, сулҳу субот ва оромии ҷомеа масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор рафта, бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардуми тоҷик ва барои баромадан аз он вазъи даҳшатноки буҳронӣ таъсиси ҳокимияти неруманди мутамарказ, ягона ва муназзам зарур буд.

Бинобар ин, аъзои комиссияи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки барои шароити Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ шакли мувофиқ ва боэътимод мебошад ва аксари кулли шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдорӣ карданд».

Мувофиқи Конститутсияи амалкунанда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия эътироф шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Истиқболу пазироии панҷ ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили обу иқлим, ки дар робита ба онҳо бонуфузтарин созмони рӯйи олам – Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз 10 қатънома қабул ва силсилаи конфронсу барномаҳои байналмилаливу минтақавӣ, нақшаи амалу дурнамои рушди устувори кишварҳоро пайгирона роҳандозӣ намудааст, маҳз дар доираи салоҳиятҳои ниҳоди Президент дар партави шакли идоракунии президентӣ рӯйи кор оварда шуда, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик мебошад.

Ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод, бешак, ҳаққи маънавию сарварии Пешвои миллат ҳамчун мубаллиғи сатҳи ҷаҳонии падидаи «Сулҳ», муаллифи тарҳи беназири ҳалли моҷароҳои дохилидавлатӣ, соҳибмавқеи қотеву устувори роҳи ҳалли муноқишаҳои минтақавию даргириҳои ҷаҳонӣ буда, мояи ифтихори афзуни ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва саодати насли башар аст.

Шоири халқии Тоҷикистон, устод Камол Насрулло мояи ифтихор медонанд, ки Пешвои миллати мо чун ҳамеша дар ҳама амалу гуфтору рафтори худ падида ва намунаи дурахшони ватандӯстиву миллатпарастӣ нишон медиҳанд, тавассути ташаббусҳои наҷибу инсондӯстона дар арсаи ҷаҳонӣ, дар баробари гузоштану бардоштани масъалаҳои тақдирсози башарӣ, бо сиришти хайрхоҳонаи худ хилқати нек ва сиришти инсонпарваронаи миллати моро ба тамоми ҷаҳониён ҷилвагар мегардонанд. Сиришти воқеан мисли оби зулоли табиати биҳиштосои мо поку манфиатоваре, ки намунаи ибрат дар ҷодаҳои хайрхоҳиву башардӯстист.

Тавсифи нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов аз Пешвои миллати мо тақвиятбахши андешаҳои фавқ аст: «Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».

Маҳз бо мақсади дарки аҳаммияти меҳварӣ, тақвияти ғоявию ҳуқуқии ниҳоди Президент дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ёдоварӣ аз таҷрибаи ислоҳоти конститутсионии даврони соҳибистиқлолӣ баҳри тақвияти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14.05.16, №1320, ҳамасола дар саросари диёри хушманзару озодаи мо санаи 16 ноябр ҳамчун гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, бо роҳандозии чорабиниҳои сиёсиву давлатӣ, илмиву маърифатӣ, вохӯриву мулоқотҳо, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои мутантани идона, таҷлил мегардад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд аз ҷониби ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, сокинони сарафрозу шарафёри Ватани азизу маҳбуб ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ, тантанаи ғояҳои ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, баҳрабардории мудом аз мактаби беназиру шарти бақои давлатдории миллӣ, омӯзаҳои раҳкушову ҳидоятҳои саодатбахши Пешвои муаззами миллат истиқбол шавад, зеро дар таърихномаи давлати мустақили миллии мо мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсияти беназиру мондагор, корнамоиҳои таърихофари Пешвои муаззами миллат ҳукм бар нақши абад дорад.

Дилшод РАҲМОН, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат