,
Чоршанбе, 11-декабр
«Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид».
Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯзҳо мо дар арафаи истиқболи ҷашни 32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо назардошти моҳият ва нақши созандагии худ иҷлосияи мазкур аз ҷумлаи рӯйдод ва воқеаи рангини таърихи миллати тоҷик буда, ба сарнавишти ҳаётии халқу давлати навини тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва раванди ба вуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Ҳамин аст, ки ин иҷлосия бо гузашти солҳо қиммату манзалати хешро боз ҳам афзун намуда, дар ёду хотираҳои насли муосири тоҷик ба ҷиҳати аҳамияти худ чун машъали азизу мӯътабар пойдор боқӣ мемонад.
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷашни 20-умин солгарди ин иҷлосия изҳор дошта буд, ки «Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳар чи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд».
Сарнавишти кишвари мо дар раванди ҷомеаи навини демократӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 бо фоҷиаи бузурги миллат - ҷанги шаҳрвандӣ пайваст. Воқеае, ки бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳи нотавониву ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Сохторҳои қудратии давлат фалаҷ гардида буд. Истеҳсолот аз фаъолият монда, самти муътадили инкишофи он вайрон гардида, дараҷаи зиндагии мардум рӯ ба харобӣ оварда, гуруснагиву қашоқӣ минтақаҳои ҷангзадаро фаро гирифта, кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷиабору ҷангзада табдил дода буд.
Рӯзҳои аз ҳама мудҳиш дар минтақаҳои ҷануби кишвар ҳукмфармо буд. Хусусан аҳволи бад дар собиқ вилояти Кӯлоб ба назар мерасид, зеро ин минтақа 7 моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифта, ҳалокати одамон ба назар мерасид. Танҳо дар ноҳияи Фархор аз сабаби нарасидани маводи хӯрока ва ба сифати маводи истеъмолӣ истифода бурдани ҳар гуна растаниҳои бегона 7 ҳазор нафар аҳолӣ ба бемории гелиотроп гирифтор шуда, қисме аз онҳо ҳалок гардиданд. Дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар низ нарасидани маводи хӯрока, хусусан орд ба назар мерасид, ки таъмини ҳадди ақали аҳолӣ ҳар шабонарӯз бояд 260-280 тонна ордро ташкил медод, дар он давраи мудҳиш бошад, ҳамагӣ 50-60 тонна ордро ташкил мекард.
Ҳама гуна муносибатҳои байнидавлатӣ аз байн рафта, дар кишвар оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигарӣ, қатлу ғорат, гиряву нолаи ятимон ва модарони аламзада идома меёфт. Дастгоҳи фалаҷгардидаи Ҳукумати ҳамон давраи Тоҷикистон ҳама гуна қудратҳои худро аз даст дода буд ва минбаъд давлатро идора карда наметавонист. Қувваҳои сиёсии кишвар аз ду ҷониб - ҳомиёни давлати конститутсионӣ ва нерӯҳои қувваҳои опозитсионӣ дар фронтҳои ҷангӣ дар муқобили якдигар меҷангиданд.
Дар ҳамон рӯзҳои тирамоҳи соли 1992, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошт, кишварҳои ба мо дӯсту бародар - Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нақшаҳои ба эътидол овардани Тоҷикистонро ҳамчун қувваи солиму сулхоҳ баррасӣ менамуданд ва ягона воситаи ҳалли масъаларо дар ташкили ҳукумати нав медиданд, ки қудрати сиёсии мустаҳкам дошта бошад, то тавонад кишвари аламзадаи моро аз фалокату даҳшати ҷанг наҷот бахшад. Тоҷикистонро ҳифз намояд ва ягонагии онро таъмин кунад. Ба воқеҳои ҳаёти сиёсии кишвар нигоҳ накарда дар ҳамон рӯзҳои барои халқу давлат душвор, комиссияи махсуси таъсисдодаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ташаббуси намояндагони Парламент ва қувваҳои ҷонибдори Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ёфта буд, масъалаи баргузории Иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯхт.
Берун аз Тоҷикистон бошад, 4 ноябри соли 1992 дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон (А. Искандаров- Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вазири корҳои хориҷӣ- А.Козерев) дар шаҳри Алма-ато (Қазоқистон) масъалаи ба эътидол овардани кишвари мо, баррасӣ мегардад. Дар он барои ба ин мақсад ноил гардидан таъкидҳо пешниҳод гардида буд, ки то 20-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шавад.
Яке аз рӯзномаҳои марказии вилояти Ленинобод (Суғд) - «Ҳақиқати Ленинобод», дар он рӯзҳои муташанниҷ муроҷиати пирони хиради вилоятро ба табъ расонида, ҳама мардумро барои сулҳу ваҳдат ва ба ҳам омадан даъват намуда буд.
Ҳамин тариқ дар дохил ва беруни Тоҷикистон қувваҳои солими сиёсии кишвар, ки барояшон оромии Тоҷикистон аз ҳама азиз буд, мекӯшиданд, ҳар чӣ барвақт ин Иҷлосияро баргузор намоянд. Танҳо интихоби мавқеи баргузории Иҷлосия муҳим буд, зеро онро дар маркази кишвар даъват карда намешуд. Дар он вақт дар шаҳри Душанбе ҷанги шадид мерафт ва имконияти пурраи баргузории чунин Иҷлосия дар шароити ором набуд. Комиссияи ҳукуматӣ оиди баргузории Иҷлосия ба чунин хулоса омад, ки онро дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) даъват намоянд, зеро ин минтақа нисбатан ором буд.
Ниҳоят 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри «Арбоб»-и хоҷагии ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ- С. Урунхоҷаеви шаҳри Хуҷанд, Иҷлосияи навбатии таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Искандаровро аз вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд ва бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси комиҷрояи вилояти Кӯлоб – Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ чунин буд: аз 197 вакили халқ, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.
Сабақҳои таърихи минбаъдаи Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани кишвар, собит месозад, ки дар воқеъ намояндагони мардумии Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин бо мақсади тенҷию оромии кишвар кори бузургеро анҷом доданд, ки дар интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд ва чунин шахсияти бузурги Тоҷикистонро ба майдони сиёсат ва давлати Тоҷикистон оварданд, ки минбаъд комёбиҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангии мамлакат бо номи ӯ сахт алоқаманд аст. Дар нахустин баромади худ дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳои дар сангар истодаи кишварро ба сулҳу оштӣ даъват намуда қайд карда буд: «Биёед кинаву адовати байниякдигарии хешро ба як тараф монем, бародарвор бо ҳамдигар даст диҳем ва бо меҳнати софдилонаву бунёдкоронаи худ Ватани азизи хешро аз хатари ҳалокату порашавӣ наҷот бахшем ва онро ба давлати тараққикардаи соҳибистиқлол табдил диҳем». Ҳамзамон ӯ таъкид карда буд, ки «Ман бо хотири таъмини сулҳу осоиш ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ҷони худро дареғ намедорам».
Ҳамзамон дар ин иҷлосия масъалаи ҳокимияти Президентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳод шуд, ки «Президенти кишвар дар интихоботи умумихалқӣ интихоб мегардад». Ваколати Президент муваққатан ба дӯши Раёсати Шурои Олӣ гузошта шуд ва Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Роҳбари давлат эълон гардид. Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 идома ёфт. Дар кори он намояндагони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва намояндагии СММ бо роҳбарии Р. Соммерейне иштирок доштанд.
Дар Иҷлосия зиёда аз 40 қарору ҳуҷҷатҳои расмӣ қабул гардиданд, ки доир ба эътидол овардани Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозидаанд. Хусусан ин санадҳои муҳиме, ки дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд дар самти амалигардонии нақшаҳои нави ҳокимияти конститутсионӣ саҳми назаррас бозидаанд. Ин ҳуҷҷатҳо: «Қонун дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусалаҳона ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд»; «Қонун дар бобати ҳифзи гурезаҳо ва ба ҷои зисти доимиашон баргардонидани онҳо»; «Муроҷиатнома ба азҳоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ»; «Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон доштани 26 ноябри соли 1992», буданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи парчам»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» ва дигарҳо.
Ҳамзамон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз ҳайати нави Ҳокимияти Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки синни миёнаи соли онҳо 40 солро ташкил медод. 26 ноябр дар Иҷлосия Парчами нави Тоҷикистонро қабул гардид ва Раиси Шурои Олӣ Э.Ш. Раҳмон қайд намуд, ки мо ба он умед мебандем, ки «ин парчам тамоми Тоҷикистонро муттаҳид месозад».
Бунёди дилхоҳ кори нав ҳамеша мушкил аст. Барои Тоҷикистон, ки таҷрибаи таърихиаш дар роҳи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими низоми демократӣ дар шароити ниҳоят вазнин ба амал меомад аз ҳама бештар ин ба назар мерасид. Истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон, ки таҷрибаи таърихиаш дар роҳи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими низоми демократӣ дар шароити ниҳоят вазнин ба амал меомад аз ҳама бештар дар мавриди баамалбарории равандҳои демократӣ метавонад то ҷое ба таҳкими давлатдории давлатҳои тозаистиқлоли собиқ шӯравӣ мусоидат намояд. Вале истифодаи пурраи таҷрибаи давлатҳо вобаста ба хислат ва хусусиятҳои Тоҷикистон қобили қабул набуд. Чуноне ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буд «Тақдири ҳар миллат бояд ба дасти худи ӯ навишта шавад, на ба дасти дигарон».
Маҳз бо ҳамин мақсад ҳукумати нави конститутсионӣ корро дар самти таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба роҳ монд. Ҳамин буд, ки 12 декабри соли 1992, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти худ Барномаи аз буҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ баровардани кишварро пешниҳод намуд, ки муҳимтарин масъалаҳои он инҳо буданд:
- таъмини босуръат ва саривақтии барқароркунӣ, фаъолияти мӯътадили ҳамаи сохторҳои ҳокимият ва мақомотҳои идоракунӣ;
- барқароркунии кори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаҳо ва таъмини шароит барои фаъолияти вазифаҳои хизматӣ бо мақсади ҳимояи зиндагии ором ва бехатари шаҳрвандон;
- баргардонидани гурезаҳо ба шаҳр, маҳалла ва макони истиқоматии доимиашон ва таъмини онҳо бо либос ва хӯрок, таъмини шароити мӯътадил ва меҳнатии меҳнаткашон;
-ҳарчӣ барвақт таъмин намудани шароити кори корхонаҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҷалби одамон бо меҳнати муфиди ҷамъиятӣ;
-такмили асосҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи он бо назардошти нормаҳои ҳуқуқҳои байналхалқӣ;
-ташкили Артиши миллӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади давлат.
Илова бар он бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда буд, ин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромӣ ва муътадил гардонидани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи ҷануби кишвар буд. Барои амали намудани ин нишондодҳо, артиши навтаъсиси мо, кӯшунҳои фронти халқӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кори бузургеро дар мубориза бо қувваҳои ҳарбии ғайриқонунӣ, дастаҳои ҷинояткор ба амал мебароварданд. Дар фаъолияти кори давлат, мақомотҳои қудратӣ шахсони зиёде кор мекарданд, ки нисбати манфиатҳои давлат ва бехатарии кишвар садоқат нишон намедоданд. Бинобар он яке аз вазифаҳои муҳими дигаре, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамуд ин тоза кардани сафҳои роҳбарикунандаи мақомотҳои мазкур ба шумор мерафт. Ин масъала аз охири соли 1992 то ибтидои соли 1993 идома ёфт
Дар он шабу рӯзҳо, масъалаи муҳими дигаре, ки дар мадди назари сиёсати дохилию ҳам хориҷии кишвар қарор дошт, ин ба ҷои муқимии худ баргардонидани гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани манзилу маскани харобгардидаи онҳо ва фурӯ нишондодани оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар ҳалли ин масъала роҳбари навинтихоби ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ даъват ба амал овард. Дар натиҷа оғоз аз соли 1993 раванди бозгашти шаҳрвандон ба ҷойҳои зисти доимиашон, алалхусус аз Афғонистон шурӯъ шуда, он давоми ду сол идома ёфт. Дар натиҷаи заҳматҳои пайгирона қариб тамоми 1 миллион гуреза ба Ватан баргаштанд. Сохти конститутсионӣ, сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин ва мардуми кишвар рӯ ба зиндагии тенҷу ором ниҳоданд.
Ниҳоят, ҳукумати нав, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар дар он давраи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, консепсияи сиёсати оштии миллиро рӯи кор овард ва дар маҷмӯъ чунин тадбирҳои зерин андешида шуданд:
- вобаста ба марҳилаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои президенти кишвар муваққатан боздошта шуд. Роҳбарии Шурои Олӣ ва раёсати он ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ гузошта шуд. Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақомоти олии иҷроия ва амрдиҳанда баҳри ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ монд;
- барқарор намудани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат. Зеро ин ҳокимиятҳо дар ноҳияҳо, минтақаҳои алоҳида аз байн рафта буд. Силоҳдорон онҳоро идора мекарданд;
- тақсими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он. Ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои амалкунанда тағйиротҳо ворид карда шуд;
- таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият;
- пешомадҳои рушди иқтисодиро муайян намуда, халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд. Ягона роҳи раҳоӣ ёфтан аз вазъияти душвори иқтисодӣ ва боздоштани пастравии истеҳсолот рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ буд;
- муайян кардани стратегияи сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ;
- ҳалли масъалаҳои фаъолияти минбаъдаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки минбаъд моро ба консепсияи такмили фаъолияти рукнҳои ҳокимият ва тақвияти ҳамкориҳо бо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оварда расонид.
Ҳамин тариқ, заминаҳои воқеӣ дар кишвар омода гардид, ки ба воситаи он пеши роҳи ҷанг ва дигар харобиҳои кишвар гирифта мешуд. 6 ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи (Қонуни асосӣ) кишвар аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ҳамзамон Президенти кишвар интихоб гардид. Қабули Конститутсия, тарзи идораи Президент ва минбаъд дигар институтҳои сиёсии ҷомеа аз талаботҳои дигаргунисозиҳои демократии кишвар бармеоянд, ки имконият медоданд мо ба комёбиҳо ноил гардем. 27-июни соли 1997 бо баста гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ барои расидан ба ваҳдати миллӣ пайдо шуд. Ва ҳамзамон таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун падидаи нек аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки ҳоло аз он дар минтақаҳои дигари ҷаҳон баҳри хомӯш нишондани ҳамагуна муноқишаҳои сиёсӣ истифода мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат дар асари худ «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» оид ба оштии миллӣ ва таъмини сулҳу субот фармуда буд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун сарвари давлат моҳи ноябри соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи таърихии парлумони мамлакат изҳор карда будам, ки созгори миллӣ, роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст ва танҳо сулҳ ғояи умумимиллӣ мегардад, ки халқи моро муттаҳид сохта тавонад».
Минбаъд бошад дар Тоҷикистон бо роҳи такмили мақомотҳои идораи давлатӣ ва маҳаллӣ шароитҳои мусоиди истеҳсолӣ-иқтисодии кишвар беҳтар гардид. Парламенти Тоҷикистон чун дигар давлатҳои ҷаҳон ба системаи дузинагӣ табдил дода шуд ва он имконият фароҳам овард, системаи қонунгузории кишвар такмил ёбад ва аз таҷрибаи қонунгузории байналхалқӣ мо истифода намоем. Низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар дар раванди принсипҳои демократӣ мустаҳкам мегардад. Дар кишвар барномаҳои мушаххас баҳри инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қабул гардиданд. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба мисли сиёсати иҷтимоии давлат, сиёсати ҷавонон, сиёсати давлат оид ба занон, сиёсати давлат оид ба дин, сиёсати давлат оид ба дастгирии ятимон, бепарасторон ва пиронсолон ва ҳамзамон сиёсати хориҷии кишвар воқеъбинона буда, дурнамои инкишофи минбаъдаи моро муайян мекунанд. Ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дипломатия ташкил карда бо 171 давлат муносибатҳои гуногунсоҳа барпо намудааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти хуқуқи байналхалқӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардааст.
Дар кишвар сохтмонҳои иншоотҳои бузург оғоз гардидааст, ки имконият медиҳад дар давраҳои наздик Тоҷикистон ба қатори давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ ворид гардад. Ҳамаи ин комёбиҳои мо дар маҷмӯъ ба Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии қарин доранд, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ роҳи ба эътидол овардани кишвар, заминаҳои асосии бунёди ҷомеаи нави демократӣ ва омилҳои ба он алоқаманди раванди поягузорӣ, инкишоф ва мустаҳкам намудани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд. Минбаъд бошад ҳама саодату комёбиҳои ватанамон дар роҳи бунёдкорию созандагӣ ба таҳкими суботи миллӣ ва амалисозии чаҳор ҳадафи стратегии кишвар:
Солҳо мегузаранд, ёду хотираҳо аз мо дур мегарданд, вале нақшу аҳамияти ин иҷлосия ҳеҷ гоҳ қиммату манзалати хешро гум намекунад ва ҳамчун рӯзи таърихӣ дар саҳифаҳои дурахшони халқу давлати тоҷикон дар роҳи бунёди ҷомеаи навин ва раванди мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ боқӣ хоҳад монд.
Назарзода Пиралӣ Сафар - доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ