, Чоршанбе, 11-декабр

ПЕШВОИ АДАБПАРВАР

 13.11.2024 82

ПЕШВОИ АДАБПАРВАР

(Чеҳраҳои адабӣ аз дидгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Адабиёти бадеӣ нисбат ба инсон ва ҷамъият вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Ин маънои онро дорад, ки адабиёт метавонад ба таври муайян ба ҷомеа ва шахсиятҳо таъсир расонад. Ҷойе хонда будам, ки аз қавли адабиётшиноси сатҳи ҷаҳонӣ Андре Боннер оварда шуда буд: “Гумон мебаред, ки адабиётро танҳо барои мутолиа эҷод кардаанд, балки баҳри дар ҳаёт татбиқ намудан офаридаанд. Агар вай ҳунари зистанро омӯзонида натавонад, пас ба бозичае шабоҳат дошта метавонаду халос”. Воқаен, одамон метавонанд осори адабиро бо мақсади ба даст овардани дониш, ташаккули меъёрҳои ахлоқӣ ва дарки зебоӣ, барои фароғат ва муошират мутолиа кунанд. Барои ҷомеаи муосир ҳаётро бидуни адабиёт тасаввур кардан душвор аст.

Адабиёти ҳар як халқ замоне рушд мекунад, ки давлату ҳукумат ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда бошад. Аҳли илму адаб ва осори гаронмояи онҳоро қадр намояд. Агар ба таърих назар афканем, давраи ҳукумронии сулолаи Сомониён ҳамчун давраи тиллоии адабиёту фарҳанги тоҷик шинохта шудааст. Забон, адабиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои маънавиёту маърифат ба дараҷаи аъло рушд карда, заминаи аслии адабу фарҳанги минбаъдаи халқи тоҷикро ташкил намуданд.

Бо гузашти асрҳо ва афтодану хестанҳои ин миллати сарсахту некманиш ва ватандӯсту фарҳангпарвар тоҷик аз нав соҳиби давлат гардид. То расидан ба ин рӯз, дар ин роҳи пуршебу фароз фарзонафарзандони зиёде заҳмату талош ва ҷоннисорӣ кардаанд. Дар ин миён номи абармарди дунёи сиёсат, посдорандаи илму фарҳанг ва адабиёт – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатти заррин сабт гардидааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба курсии роҳбарӣ қадам ниҳоданд, ки мамлакат аз ҳама ҷиҳат фалаҷ буд ва барқарор кардани онҳо кори саҳлу осон наменамуд. Он замон ҳадафи асосӣ, пеш аз ҳама, барқарории сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистони азиз маҳсуб меёфт.  Хушбахтона, дар чанд соли аввали истиқлолият бо хиради азалӣ ва маҳорати баланди роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беҳтар гардида, зиндагии мардум маҷрои муайянро гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханронӣ аҳли зиёи мамлакат, аз ҷумла адибонро баҳри ташаккули худшиносиву худогоҳӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстии ҷавонон даъват менамуданд. Чунки ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Адибон дар ҳар давру замон  баёнгари орзуву омол, ҷонсӯз ва нангбардори миллати хешанд. Онҳо дар тафаккури худ ҳикмати асру замонҳо ва халқро чун ганҷи бебаҳо маҳфуз медоранд ва ба воситаи асарҳояшон зебову хотирнишин ба мардум пешниҳод мекунанд».

Сарвари муаззами миллат ба адабиёт ва аҳли илму адаб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро “сарнавиштнигори даврон ва миллати худ” пиндоштаанд. Агар кас осори таърихию фарҳангӣ ва илмию адабии Сарвари давлатро варақгардон кунад, дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олими соҳаҳои гуногун, чун сиёсат, фалсафа, фарҳангу таърих, забону адабиёт ва ғайраро дармеёбанд. Басо ҷолиб аст, ки афкору андешаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам тавъам буда, пеш аз ҳама, баҳри ободӣ ва пояндагии кишвари азизамон – Тоҷикистони ваҳдатофар равона шудаанд.

Хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи адабиёт бебаҳо аст. Гиромидошт ва таҷлили сатҳи ҷаҳонии зодрӯзи намояндагони илму адаб, ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодва ва чанде дигарон яке аз ташаббусҳои асосӣ дар ин самт мебошад. Суханҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” (2006) нақши саромадони адабиёти паҳновари тоҷикро барои дакри худшиносӣ ва ифтихори миллии хонандагон боз ҳам устувор гардонидааст.

Ғайр аз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобҳои алоҳида ва як қатор суханрониҳо дар шинохти адабиёт ва аҳли илму адаб сухан ронда, ба эҷодиёти онҳо баҳои воқеӣ додаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам оид ба намояндагони адабиёти классик ва ҳам адабиёти муосир ибрози назар карда, сухани мондагор ва ҷовидонаро ташвиқ кардаанд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 бо вуҷуди душвориҳо ва гуногунии ақидаву эътиқод ва мақоми ҷамъиятӣ сарҷамъу иттиҳодиро сарчашмаи дурахшонии ояндаи кишвар донистаанд. Самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, як нуктаи хеле муҳим – бо роҳи дӯстию рафоқат, ҳамбастагӣ ва хислатҳои волои инсонӣ муррифӣ намудани миллати тоҷикро ба миён гузоштанд. Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода таълимот ва афкори адабии адибони тоҷик, ки тарғибгари ғояҳои неки инсонӣ мебошанд, метавонад таъсиррасон бошад: «Воқеан поягузорони маънавиёт, ворисони сухани воломақом аз қадим ифтихор ва шиносномаи мардуми мо буданд... Башарияти тараққипарвар дар сафи бузургони ҷаҳон ҳамеша аз устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, шайх Саъдӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомиву Бедил ёдовар мешавад. Анъанаи гузаштагони бурумандро дар даврони нав устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода идома дода, ин адабиётро бо ҷустуҷӯ ва эҷодҳои нав ба нав ғанитар сохтанд». Барҳақ, осори мондагори саромадони адабиёти мо чун «китоби зиндагӣ» (Н. Г. Чернишевский), ба хонанда на фақат дониш медиҳад, балки тарзу тариқи зиндагии зебо ва идеалҳои муайяни ҷамъиятиро низ меомӯзад.

Яке аз чеҳраҳои тобнок ва мондагори адабӣ сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, султони шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки бо эҷоди ашъори баландмазмун на танҳо дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, балки дар байни дигар халқу миллатҳо низ мавқеи махсусро касб кардааст. Эҷодиёти устод Рӯдакӣ гуногунпаҳлу буда, фарогири мавзуъҳои панду ахлоқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, ишқӣ ва ғ. мебошад. Аз мутолиаи ашъори устод Рӯдакӣ равшан мегардад, ки андешаву афкори шоир маҳз ба ташаккули инсони комил нигаронида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо дар чорабиниҳои гуногун ва паёмҳои табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ шахсияти шоирро намунаи ибрат ва осори мондагори ӯро василаи муҳимми худшиносию таҳкими сулҳу субот донистаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Рӯдакиро “рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози тоҷик” номида, ҳанӯз 21 сентябри соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост».

Воқеан эҷодиёти устод Рӯдакӣ саросар ҷанбаи таълимию маърифатӣ дошта, барои хонандаи имрӯз, ки дар гирумони ҷаҳони пурасрор ва бархурди тамаддунҳо қарор доранд, дарси ибрат мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он таъкид кардаанд, ки «Мо бояд меҳру муҳаббати устод Рӯдакиро дар қалби насли наврас маҳз дар ҳамин руҳия, руҳияи чунин асарҳои пурмазмун, ба монанди драмаи таърихии «Рӯдакӣ ва киноповести «Қисмати шоир»-и Сотим Улуғзода барафрӯзем, дониши ҷавононро дар бораи осору аҳволи поягузори адабиётамон тавассути тадқиқоти пурарзиши ховаршиносони маъруф афзун намоем».

Андешаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси шахсият ва шеъри устод Рӯдакӣ басо фаровон аст. Дар шинохти Пешвои миллат Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо сардафтари адабиёти тоҷику форс, балки рамзи бедориву худшиносии миллӣ мебошад. Тасвироти устод Рӯдакӣ оид ба табиат, зебогии он ва васфи маъшуқу дилрабоии дилбар муқоисанашаванда мебошад: “Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Умуман, афкору эҳсос ва ғояву андешаҳои гуманистии устод Рӯдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоистае анҷом хоҳад дод.

Дигар аз саркадагони дунёи илму адаб, ки эҷодиёташ саропо тарғиби ғояҳои неки инсонӣ, давлату давлатдорӣ ва дӯст доштани ватан мебошад, ҳамосасарои бузуруг Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. “Шоҳнома”-и безаволи ӯ шоҳкории бузург на танҳо дар адабиёти мо, балки дар тамоми дунё маҳсуб меёбад. Дар ин асари безавол мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, омӯзиши илму дониш ва тарғиби ахлоқи неки инсонӣ ҷойгоҳи аввалиндараҷа доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳкориҳои Фирдавсӣ баҳои баланд додаанд. Таҷлили ҷашни бошукӯҳи ҳазораи “Шоҳнома”, ки ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ рост меояд, тадбири басо муҳим ва саривақтӣ дар шинохти шахсияти Фирдавсӣ ва асари безаволи ӯ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19 марти соли 1993 зимни баррасии масоили раҳоӣ аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яке аз василаи муҳим иттиҳоду ҳамбастагии қишрҳои гуногуни ҷомеаро ҳисобиданд. Дар ин давра, ки авҷи даргириҳои дохилӣ буд, мутаассибони динӣ ба қомат афрохтани муҷассамаи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар пойтахти кишварро мухолифат доштанд. Сарвари давлат ин амали таассуфоварро сахт мазаммат карда, баръакс «Шоҳнома»-и безаволро чун шиносномаи миллати тоҷик дар роҳи шинохти таърих ва ҳувиятии миллии халқи тоҷик арзёбӣ кардаанд: «Дар ин асари мукаммалу ҷовидонӣ таърихи чандинҳазорсолаи халқҳои эрониасл, ки аз замонҳои қадим бар зидди торикию ҷаҳолат, ҷангҳои хонумонсӯз мубориза мебурданд, бо каломи зебои шеър тасвир шудааст. Фирдавсӣ хислатҳои ҳамидаи некию накукорӣ, ақлу фаросатро ба дараҷаи олӣ бардошта, дӯстии халқҳоро тараннум мекард”.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ санаи 5 сентябри соли 1994 Фирдавсиро “ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад” унвон дода, баргузор шудани ин симпозиумро басо муҳим ва саривақтӣ ҳисобиданд ва фалсафаи ҳаётбахши Фирдавсиро барои огоҳии ҷомеа аз таърихи пурғановати гузашта ва сабақи омӯзанда барои наслҳои имрӯзу фардо василаи муҳим арзёбӣ кардаанд: «Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсарои беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон, воқеан фалсафаву адаби моро нерӯи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст».

Барои миллати тоҷик, умуман барои тамоми форсизабонони ҷаҳон мояи сарфарозӣ ва тафохур аст, ки соли 1995 680-солагии шоир ва мутафаккири номдори адабиёти форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Ин тасмим гувоҳ аз хиради волои адабгустарию маърифатпарварии Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Санаи 4 сентябри соли 1995 дар чорабинии сатҳи баланд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба шахсият ва аҳамияти илмию бадеӣ ва таълимии осори ин мутафаккир баҳои арзишманд додаанд: «Асарҳои пурарзиши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки шашсад сол ин тараф мардумро ба росткорӣ, ростқавлӣ, адлу адолат, дӯстиву рафоқат, некӣ ва накукорӣ, ҳидоят кардаанд, арзишҳои маънавии умумибашарӣ гардидаанд».

Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз чеҳраҳои мондагор ва маълуму маъруфи қарни ёздаҳи халқи тоҷик буда, муҳаққиқон аз ӯ чун нависандаи ҳақиқатнигор, шоири андарзгӯ ва файласуфи заковатманд ном бурдаанд, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқату адолати иҷтимоӣ як қатор кишварҳоро паймудааст. Ин мутафаккир дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, афкору андешаҳояш, пеш аз ҳама тарғибгари масъалаҳои ахолқӣ мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав аз 8 сентябри 2003 таълифоти ин мутафаккирро барои барои тарбияи насли наврас василаи муҳим хонда, қайд намуданд, ки «Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст».

Дар шинохти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Носири Хусрав ҳамчун шоири ватандӯсту ватанпарвар ва марди андеша, мунодии роҳи озодӣ, пеш аз ҳама истиқлолхоҳ маҳсуб меёбад. Ӯ чун дигар озодихоҳи гузаштагонамон дар бедор кардани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ аз бузургии каломи мавзун, фаъолияти адабӣ, маърифтапарварӣ ва тарғиботию мунозироти фалсафӣ кор гирифтааст.

Боиси қайд аст, ки бо гузашти асрҳо андешаву афкор ва таъсири суханони намояндагони илму адаби мо аҳаммияти дучанд пайдо карда, дархӯри ҷомеа гардидаанд. Дар ин миён, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи худ дар ташаккули фарҳанги мо – тоҷикону форсизабонони ҷаҳон саҳми бузурге дорад.

Дар эҷодиёти ин ориф мавзуъҳои гуногун, аз қабили меҳантдӯстӣ, инсондӯстӣ, тарғиби илму дониш ва дигар хислатҳои неки инсонӣ бо як ҳиссиёти баланд тараннум гардидаанд.  «Дар шароити кунунӣ, ки дар тамоми кишварҳои мутамаддин, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инсон ва ниёзмандиҳои он дар ҷавҳари сиёсати дохиливу хориҷии кишвар қарор гирифтааст, – қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – истифода аз ақидаҳои инсонгароёна ва гуманистии Мавлонои Румӣ ва садҳо мутафаккирони дигар, ки дар таърихи фарҳанги ниёгонамон дар радифи ӯ қарор доранд, метавонад чунин сиёсати пешгирифтаро аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардонад».

Оид ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаҳои ҷудогона, суханрониҳо ва китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” (2012) андешахои худро баён намуда, осори ҷовидонаи ин орифро чун даво ба дарди имрӯзаи ҷомеаи мо – тарғиби сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳисобидаанд. Чунончи, дар мақолаи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» (рӯзномаи «Садои мардум», 29 марти соли 2007), муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкору андешаҳои Мавлоноро мояи асосии сарфарозӣ ва василаи муҳимми ҳамдилию ҳамбастагӣ ҳисобида, мутолиаи ашъори баландмазмуни ин орифро роҳи расидан ба аҳдофи бузург медонад: “Румӣ тарғибгари ахлоқи ҳамида, чун вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксорӣ, саховату каромат ва ғайра буд. Ӯ ахлоқи бад – молу ҷоҳпарастӣ, ҳасад, ҳирсу тамаъ, ришвахорӣ ва амсоли онро мазаммат мекунад».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 7-ум ва 8-уми сентябри соли 2007 дар конфроси байналмилалии илмӣ ва маҷлиси бошукӯҳ ба ифтихори 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ на танҳо мутафаккир ва орифи бузург, балки пайвандгари инсоният ва тамаддунҳои гуногуни башарият мебошад. Вусъати назару баландии андешаи Мавлоно бесобиқа буда, тасвирҳои вай бамавқеъ ва нишонрас мебошанд. Афкору андешаҳои пурқимати Ҷалолиддини Балхӣ дар шароити кунунӣ, ки бархурди тамаддунҳо, густариши анъаноти бегона ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ чашмрасанд, васили муҳимми таълиму тарбия маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дигар намоядагони адабиёти классики тоҷику форс низ ибрози назар карда, саҳми онҳоро дар пойдории давлату миллат ва тарғиби худшиносию ҳуввияти миллӣ  баланд арзёбӣ кардаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1996 зимни яке аз баромадҳояшон дар масъалаи пайдоиш, ташаккул ва ҳувияти халқи тоҷик сухан ронда, таърихро чун оина, ки дар он мавқеи гузаштагон бо ҳама бурду бохт аксандоз аст, ҳисобиданд. Дар дарозои таърих саҳми фарзандони хирманду соҳибҳунарро, ки «бо шоҳкориҳои худ пойдевори тиллои илму фарҳангро» гузоштанд, бағоят бузург мебошад.

Адабиёту фарҳанги давраи нави тоҷик бо заҳмати фидокоронаи як идда маорифпарварон, ки сарсупурдаи фарҳанги миллат буданд, ба талаби давру замон роҳандозӣ шудааст. Ин давраи адабиёт аз осори безаволи устод Садриддин Айнӣ оғоз мегардад. Устод дар муддати умри бобаракати хеш асарҳои зиёди бадеӣ, публитсистӣ ва илмӣ таълиф намудааст. Ба қавли М.Турсунзода: «Агар маҳсули адабӣ ва хизмати ҷамъиятии устодро бо маҳсули адабӣ ва хизмати як коллективи калони адибон андоза кунем, вазни хизматҳои Айнӣ бемуболиға афзалтар хоҳад буд».

Воқеан, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихии халқи тоҷик зиндагӣ ва эҷод карда, аз худ мероси гаронбаҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ боқӣ гузошт ва дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардид. Осори басо ғановатманди устод Айнӣ, аз ҷумла «Намунаи адабиёти тоҷик», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Мирзо Абдулқодири Бедил» бо забони халқҳои гуногун тарҷума шуда, мавриди истифодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми устод Айнӣ ва дигар пайравони ӯро дар пойдории миллати тоҷик ва ташаккули худшиносии миллӣ хеле бузург ҳисобидаанд. Аз ҷумла, санаи 19 марти соли 1997 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, ишора намуданд, ки маҳз бо такя ба ирода ва ақлу заковати халқ пеши ин ҳама қатлу хунрезӣ гирифта шуд. Дар ин давом як қатор суботкориҳо ба анҷом расиданд. Дар ин солҳо ҳанӯз корҳое мавҷуд буданд, ки иҷрои онҳо аз заҳмати якдилонаи тамоми қишрҳои ҷомеа маншаъ мегирифт: «Зиёиёни мо метавонанд мафкураи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки маҳз ғурури миллӣ, ҷаҳд барои бақои Ваҳдат буд, ки Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и безаволро, С. Айнӣ «Темурмалик»-ро, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, Р. Ҷалил, С. Улуғзода дар водии Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор ҳамроҳи мардум кор карда, илҳомбахши онҳо гардиданд. Сарвари давлат нигаронӣ аз он намуданд, ки аксари сурудаҳои санъаткорони тоҷик маҳз дар ин давра «ғайр аз оҳу нола, ғаму алам, дод аз дасти фалак» дигар чизе беш набуд. Барои халқ сурудҳои лозим буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқату вафодориро бо ҳиссиёти баланд тараннум кунанд. Ба атаъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар назми тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб ва чанде дигарон диди шоиронаи худро аз ҳодисаҳои баамаломада тасвир намуданд. Ин хуб аст. Як қатор шеърҳое, ки ваҳдати миллиро тақвият медиҳанд, эҷод шуданд. Вале публисистикаи касбии тоҷик комилан аз байн рафтааст».

Интиқоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он буд, ки баъзе нохалофоне, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ даст доштанд, бо таълифи осори муҳтавои ғаразнок дар дохил ва хориҷи кишвар дар барангехтани кинаву адовати миллӣ боис гардиданд. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Эҷодкорони асил зотан вазифаи муқаддасу пуршараферо бар дӯш доранд. Онҳо посбони боэътимоди суннат, урфу одати ҳамида, фарҳанг ва забони миллати худанд. Ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои сиёсиву иқтисодӣ аз сари ин мақсаду маром як қадам дур намераванд». Ва дар ин ҷода саҳми устод Айнӣ бузург мебошад.

Президени кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар анҷумани 11 нависандагони Тоҷикистон, ки 19 ноябри соли 1997 баргузор гардида буд, вазъи адабиёти солҳои охирро таҳлилу баррасӣ намуданд. Сарвари давлат кӯшиши ҳукуматро барои беҳтар кардани вазъи номуосид, аз ҷумла нашри китобу маҷаллаҳо ва дигар норасоиҳои соҳаи маорифро ёдрас шуда, дар муҳлати кутоҳтарин анҷоми тадбирҳои заруриро таъкид доштанд. Лекин баён намуданд, ин вазъ набояд боиси паст рафтани соҳаи илму адаб гардад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ин масъала сахт истодагарӣ карда, таъкид намуданд, ки «Аммо як чиз мудом маро ба андеша водор месозад. Магар зиндагӣ ва кору эҷод дар солҳои пурошуб барои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, баъдтар барои Мирзо турсунзода, сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва Ҷалол Икромиву дигарон осон буд? Магар Бобоҷон Ғафуров бемамоният тадқиқотҳои худро ба анҷом расонду хидмати бузургу шоистае ба миллат кард?

Сухан аз заҳмати мушкили роҳи эҷодӣ ва ҳадафу масъулияти эҷодкор меравад. Устод Садриддин Айнӣ роҳи осони зиндагӣ ва эҷодро интихоб накард. Вай бо вуҷуди барҷомондагӣ, азобу шиканҷаи сахти ҷисмонии мухолифон барои ҳифзи фарҳанг, исботи ҳастии миллат тамоми хирад ва ақлу заковати худро дареғ надошт. Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бузургӣ ва хизматҳои шоёни устод Айнӣ барои халқи тоҷик пайваста дар баромаду суханрониашон ёдовар мешаванд. 19 марти соли 2008 зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат ба ин қишри ҷомеа муроҷиат карда, баён намуданд, ки рушди давлат ва таҳаввулоти маънавии ҷомеа, инчунин тарбияи насли наврас бидуни ҳамбастагии аҳли илму зиё ғайриимкон аст. Бинобар ин, зиёиёни кишвар бояд ҳамеша дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат банданд, дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Тоҷикистони биҳиштосо устуворона ва акдилона адои вазифа намоянд. Барои дарки мавзуъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд карданд: «Дар ин маврид ба ёд овардани сухани миллатсози устод айнӣ ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и ӯ кофист, ки мисоли барҷастаи таъсир расонидани адабиёт  ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад». Ё ин ки оид ба мавзуи «Тоҷикон дар оинаи таърих» (17 августи соли 1996) сухан ронда, ба эҷодиёти устод Айнӣ чунин баҳо додаанд: «Ӯ тавассути таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик», мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи мустанад бар алайҳи идеологияи бадхоҳон дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хизматҳои барҷаста кард».

Мисолҳои мазкур гувоҳӣ аз бузургӣ ва сарсупурдагии устод Айнӣ ва қадршиносии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои устод Айниро дар роҳи инкишофи забони адабии тоҷик низ бузург хондаанд. Масалан, ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20 марти соли 2001 оид ба тамоми паҳлуҳои барои ҷомеаи мо муҳимм мухтасаран сухан ронда, амалишавии баъзе аз ҳадафҳоро, ки чор пеш аз дар мулоқот бо зиёиён баргузор карда буданд, ёдовар шуданд. Аз ҷумла, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргузор шудани интихоботи Президент ва Парламенти дупалатагӣ, ба анҷом расидани сохтмони як қатор роҳҳо, нақбҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор кардани ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён ва чандин ҷашнҳои дигар дар ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дастоварди муҳим арзёбӣ гардиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии мазкур забонро аз аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар як халқ ҳисобида, саҳми адибонро дар инкишофи ин сарвати бебаҳо баланд арзёбӣ намуданд. Чунки забони зебою ноби тоҷикӣ маҳз тавассути офаридаҳои бузургони адабиёт ба мо мерос мондааст.

Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатҳои мутамаддин арзишҳои олии худро на танҳо ҳифз, балки рушд ва инкишоф медиҳанд. Саромадони илму адаби мо низ ин корро кардаанд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Чунин навовариҳо на ҳамеша самараи дилхоҳ медиҳанд. Масалан, дар солҳои сиюми асри ХХ нияти неки устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш ҷиҳати сода ва ба фаҳми халқ наздик кардани забони адабӣ бояд танҳо ба осон гардонидани саводомӯзӣ ва ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии фарҳангӣ ҷалб шудани омма мусоидат мекард.

Аммо тундравӣ ва беэҳтиётии як идда адибон, хусусан аҳли матбуот, ин нияти некро ба як тамоюли одӣ ва омиёна кардани забони адабӣ табдил дод».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин хунукназарии ҳамон адибону олимони бегонапарстро сахт мазаммат карда, баръакс саҳми адибони насли солҳои шастум, ба монанди Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва ҳамқаламону пайравони онҳоро дар барҳам додани ин тамоюл баланд арзёбӣ кардаанд.

Воқеан, устод Айнӣ аз зумраи он адибонест, ки ҳамеша дар фикри саводнок кардани халқи азизаш буд ва хизмати асосии худро, махсусан дар самти забони адабии тоҷик, тавассути асарҳои бадеӣ ва мақолаҳои ҷудогона бедареғ иҷро намудааст. Масалан, устод Айнӣ дар мақолаи «Мактуби кушода ба рафиқ Толис», ки баъд аз мутолиаи ҳикояи «Студентшавандаҳо» навишата шудааст, дар баробари аз лиҳози ғоянокӣ, бандубаст ва тасвирнокӣ дилчасп будани ҳикоя, камбудии асосӣ ва ҷиддӣ – дар нутқи персонажҳои марказии асар аз лаҳҷа ва забони амиёна кор бурдани нависанда мебошад: Устод Айнӣ дар ин бор сухан ронда, таъкид кардааст, ки «қаҳрамони ҳикояи мазкур Маъруф ва Сокина, ки таҳсили миёнаи советӣ дида чандин сол муаллимӣ ҳам кардаанд ва Санавбар, ки талабаи мактаби миёна аст, тамоман бо забони вайрон гап мезананд». Бояд қайд кард, ки ба таъкиди устод Айнӣ чунин камбудиҳо дар забони «адабӣ»-и баъзе аз ҳаваскорон дида мешуд, аммо маҳз эрод гирифтан дар ҳикояи Пӯлод Толис сабаб дошт. Устод Айнӣ ба ояндаи ин нависандаи ҷавон чун Фарҳат ва Шукӯҳӣ назари нек дошт. Тавре устод қайд кардааст: «Забони адабии тоҷик аз шумо ҷавонон сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст». Ин гуна сарсабзиҳоро дар фаъолияти минбаъдаи ин гурӯҳи нависандагон бараъало мушоҳида мекунем. Ҳадаф аз ёдоварии мисоли мазкур ин аст, ки сода гардонидани забони асари бадеӣ ва ба қоидаҳои забони адабӣ мувофиқат кардани он вазифаи асосии ҳар як адиб мебошад.

Дар шинохти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Садриддин Айнӣ, ки дар вазъияти таърихӣ (1924-1926) ба майдони мубориза «ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ» ворид гардид, ҳамчун нависандаи ҳақиқатнигор ва тақдирсози миллати тоҷик муаррифӣ гардида, ақидаҳои ватандӯстӣ, инқилоби фикрии ҷавонон, бедории шуури миллӣ ва хештаншиносӣ дар сартосари эҷодиёти ин абармарди роҳи илму адаб мавқеи асосӣ доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дониш ва хиради волои устод Айнӣ баҳои баланд дода, асарҳои ӯро, ки ба масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷик бахшида шудаанд, дар муаррифии қадимӣ будани таъриху тамаддуни халқи тоҷик далели радношаванда донистаанд. Осори мондагори устод Айнӣ барои барои имрӯзиён ва насли фардои миллати тоҷик дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд.

Андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намояндагони адабиёт ва мавқеи иҷтимоии онҳо хеле васеъ мебошад. Чунончи  ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20 марти соли 2001оид ба вазъи адабии мамлакат сухан ронда, асарҳои бадеиву публисистии адибони тоҷикро, ки дар мавзуъҳои гуногуни хоҷагии халқ навишта шудаанд, дар муаррифии халқи тоҷик василаи муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, хизматҳои шоирону нависандагони тоҷик дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даҳсолаи баъдиҷангии барқороркунии хоҷагии халқ басо  асрзишманд мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин қатор дар баробари устод Айнӣ аз хизматҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Муъмин Қаноат, Пӯлод Толис ёдовар шудаанд.

Воқеан, адабиёт пайвандагари наслҳо буда, дар ташаккули маънавияти ҷомеа нақши созгор дорад. Бинбар ин, ворисони ҳақиқии адабиёт масъулияти баландро бар дӯш доранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 1997 зимни суханронӣ дар анҷумани 11 нависандагони Тоҷикистон оид ба ин масъала истогарӣ намуда, чунин таъкид кардаанд: «Алҳақ табиат ба адиб нури истеъдодро шояд барои он ато кардааст, ки дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ба инсонҳо мадад расонад, каҷраверо ба роҳи рост ҳидоят намояд, қотилу дуздеро аз аъмоли бад боздорад, дар дили ғамзада ва афтодае шуълаи умед афрӯзад, ғарибу бенавоеро бо сеҳру шаҳомати сухан ба диёри бахту армон орад.

Хушбахтона, дар асарҳои солҳои охир эҷодкардаи шоирони маъруфу ҷавонамон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Ғаффор Мирзо, Гулназар, Гулрухсор, Ҳақназар, Сайдалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Ширин Бунёд, Фарзона, Салими Хатлонӣ, Ато Мирхоҷа ва дигарон фаровонанд».

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро «фоҷиаи миллат» унвон дода, саҳми нависандагон Абдумалик Баҳорӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Кароматулло Мирзоев, Меҳмон Бахтӣ, Урун Кӯҳзод, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун, Сорбон, Абдулҳамид Самадов, Ҷонибек Акобировро дар инъикоси воқеаҳои то андозае назаррас арзёбӣ кардаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли эҷод муроҷиат намуда, иброз намуданд, ки: «Бешубҳа, насли оянда аз осори шумо таҳлили бадеии рӯйдодҳои фоҷиабори солҳои охирро меҷӯяд. Ва агар қаноатманд нашавад, боз аз шумо домангир хоҳад гашт».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари таъсиррасонии асари бадеӣ, шахсияти адибонро, ки бояд намунаи ибрат бошанд, барои ҷавонони мо муҳим шуморидаанд: «Ба фикри ман, шумо бояд чизи аз ҳама муқаддас – ваҳдату бародариро аз даст надиҳед. Шумо, адибони муҳтарам, байни худ дӯсту муттаҳид бошед, ин муваффақияти ҷумҳурӣ аст. Охир шумо на танҳо бо асарҳоятон, балки бо шахсияти худ намунаи ибрати ҷомеа бошед».

Мирзо Турсунзода аз зумраи адибоне мебошад, ки тамоми фаъолити эҷодиаш баҳри беҳбудии ҳаёти ҷомеа ва тарғиби ғояҳои олии инсондӯстию марифатпарварӣ равона гардидааст. Ӯ ба ҳайси як чеҳраи адабӣ фаъолияти густурда дошт ва дар кишварҳои хориҷӣ низ офаридаҳои ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Мирзо Турсунзода баъд аз устод Айнӣ яке аз адибони соҳибмактаб маҳсуб ёфта, дар инкишофи эҷодӣ ва рушду камоли маънавии адибоне чун Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор саҳми арзанда дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Мирзо Турсунзодаро дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ ва мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо баланд арзёбӣ карда, ишора намудаанд, ки вай шуруъ аз солҳои сиюми садаи бист то вопасин лаҳзаи умр дар хизмату халқу ватанаш буд: «Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, ки пешрафти Тоҷикистон ва рушду камоли маънавии мардуми кишвари моро бо санъати олии сухан ва маҳорати баланд тасвир менамоянд, далели равшани ягонагии шоир ва халқу Ватан мебошанд».

Чунин баҳогузории Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ низ мушоҳида мекунем. Пешвои миллат фаъолияти адибони тоҷикро дар солҳои шастуми асри гузашта бо ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, худогоҳӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ бурдборона хонда, «руҳи нав» дар адабиёт унвон додаанд. «Дар ин миён, – қайд кардаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, руҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».

Аз суханрониҳо ва таҳлилҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба адабиёт ва намояндагони он равшан мегардад, ки халқи тоҷик аз азал ҳамчун миллати фарҳангдӯсту адабпарвар буд ва ин анъана то ҳол идома дорад. Аммо аҳли адаб, ки ворисони гузаштони миллати пурифтихори мо мебошанд, бояд вазифаи бардушдоштаи худро сарбаландона иҷро намоянд. Имрӯз низ давлат ва ҳукумат ба адибон чун инъикосгари ҳаёти воқеӣ ва тарғибгари арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар навбати худ аҳли эҷод бояд асарҳоеро пешкаши хонандагон гардонанд, ки дархури ҷомеа, роҳанамои ҷавонон ва василаи муҳимми таълиму тарбия бошанд. Ҷавононро ба худандешӣ ва беҳмтову муқаддас будани ватани азизамон равона созад. «Ба наздикӣ, – қайд кардаанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2008, – дар рӯзномае чашмам ба як шеъри шодравон Ғаффор Мирзо афтод, ки бори нахуст ҳанӯз соли 1974 бо унвони «Тоҷикам» чоп шудааст. Шеър дар руҳияи ниҳоят баланди миллатдӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ иншо гардидааст, ки дар он давра ҷасорати калонро тақозо менамуд. Бисёр мехостам, ки дар замони мо низ ҳамин гуна асарҳои меҳанпарастона ва саршори ифтихор аз миллати куҳанбунёди мо бештар эҷод гарданд».

Ҳамин тариқ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди адабиёти тоҷик бесобиқа буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои аҳли илму адаб ҷиҳати фаъолияти эҷодӣ фазои боз ҳам мусоид фароҳам омад. Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи як қатор намояндагони илму адаби мо бо қарори ЮНЕСКО таҷлил ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Инчунин, як зумра осори адибони классик ва муосир, аз ҷумла китоби силсилаи «Ахтарони адаб» рӯйи чоп омаданд. Ахиран, бо дастури Сарвари давлат китоби “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва дастраси ҳали ҷомеа мегардад. Месазад, ки ин китоб на чун зебдиҳандаи тоқҳои китобмонӣ, балки василаи муҳимми худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ гардида, чун шиносномаи миллат дар зеҳни ҳар сокини кишвар нақш бандад.

Ҳамаи тадбирандешӣ дар ин самт, пеш аз ҳама, бо мақсади огоҳии ҷомеа аз таърихи адабу фарҳанги гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, баланд гардонидани ҳисси хушиносӣ ва тағиби ғояҳои олии инсондӯстӣ нигаронида шудааст.

Дар шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адабиёт “оинаи зиндагӣ” – оинае, ки гузаштаи миллатро инъикос ва оядаи онро равшан менамояд ва намояндагони адабиёт “раҳнамо ва пандомӯзи инсонҳо” маҳсуб меёбанд. Пас, хонандаи имрӯзро мебояд, ки аз ин хазинаи пурганҷи илму адаб баҳра бурда, ояндаи худро равшан ва дар пешравии давлату миллати хеш саҳмгузор бошанд.

Шамшоди Ҷамшед, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат