,
Чоршанбе, 11-декабр
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ташкил ёфта, давраи нави такомули худро оғоз намуд. Вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифтанд ва гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавфу хатар гузоштанд. 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия Акбаршо Искандаровро аз вазифаи раиси Шурои Олӣ озод кард ва Эмомалӣ Раҳмон бо овоздиҳии пинҳонӣ раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Иҷлосия инчунин Ҳукумати нави Тоҷикистонро ташкил дод. Эмомалӣ Раҳмон дар даврони басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар атрофи худ муттаҳид намояд. Ӯ бо суханони барномавии худ дар назди депутатҳо баромад намуда, қасам ёд кард, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ барқарор гардад.
Зодаи Хатлонзамини бостонӣ, деҳқони асил ва марди бузург дар чунин вазъияти мураккаб ба сари қудрат омад ва бо ваъдааш вафо кард. 25-уми ноябри соли 1992 роҳбари Фронти халқӣ С. Сафаров ва намояндаи мухолифин Ҷ. Бӯйдоқов дар Иҷлосия баромад карданд. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони гурӯҳҳои силоҳбадастро даъват намуд, ки ҷанги бародаркушро бас кунанд ва Ватанро аз вартаи ҳалокат нигоҳ доранд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳар чи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳаробгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.
Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб дар раванди басо душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим расидагӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро чораҷӯӣ намуданд. Бо яковозии қисми зиёди вакилони халқ тавонист Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардад. Аз суханони аввалини Раиси Шурои Олии кишвар, ки гуфта буд: “Ман ба шумо сулҳ меоварам” умеду боварии мардум ба сулҳу суббот ва якпорчагии кишвар дубора эҳё шуд.
Тамоми сокинону шаҳрвандони Тоҷикистони имрӯза Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Иҷлосияи тақдирсозу сарнавиштсоз хуб медонанду мешиносанд, зеро маҳз ҳамин Иҷлосия заминаи сулҳу ваҳдатро гузошт. Маҳз дар ин Иҷлосия ақлу хиради азалии миллати тоҷик боло гирифту ҷонибҳои даргир ба ҳам омаданд. Бузургтарин хизмати Иҷлосияи сарнавиштсоз дар назди таърих он аст, ки кишвари моро дар як давраи бисёр ҳасос аз вартаи фаношавӣ наҷот бахшид ва дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наве боз гардид, ки ба раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ заминаи боэътимод гузошт.
Халқи тоҷик умеди барқарор шудани давлати демокративу ҳуқуқбунёдро умед надоштанд. Шоирону нависандагони тоҷик ин лаҳзаҳои бисёр душвори халқи тоҷикро тариқи асару мақолаҳо ва шеърҳо баён мекарданд. Ашур Сафар бо ҳаяҷон ва бо дили ноумед аз барқарор шудани сулҳу субот порчае шеъриеро зери лаб замзама мекард, ки овардани онро мо зарур донистем:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад…
Баъди барқарор шудани сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳамаи ин ноумедиҳо паси сар шуду мардуми тоҷик ба орзуи деринаи худ расид. Дар лабони кӯдакону ҷавонон ханда ҳувайдо шуд ва дар ҷавоб ба шеъри Ашур Сафар устод Лоиқ Шералӣ чунин навиштанд:
Сад бори дигар ханда ба лаб шуд, ту куҷоӣ,
Дар кишвари ғам базму тараб шуд, ту куҷоӣ…
Ифтихор аз он, ки маҳз ҳамин Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассосии таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.
Хушбахтона, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо такя ба хиради азалии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мардуми бонангу номуси тоҷик вазифаҳои муайяншударо дар муддати кутоҳи таърихӣ сарбаландона амалӣ намуд. Иҷрои ин вазифаи муҳимро мо дар талошу заҳматҳои пайваставу шабонарӯзии Президенти мамлакат баҳри Ватан, давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон меҳисобем.
Абдуллозода Хусрав-ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ