,
Чоршанбе, 11-декабр
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ҳамчун воқеаи таърихӣ ба хулқу миллати тоҷик сулҳ, якдилӣ, ягонагӣ ва иттиҳод овард. Сарнавишти миллати тоҷикро аз нав рангин кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи шоиставу дурахшон ҷиҳати ҳифз ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ гомҳои устувор гузошт.
Оре, ин воқеаи таърихии халқи тоҷик- Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ин Иҷлосия дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши бориз гузоштааст.
Бояд гуфт, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар ба шумор меравад. Асноди ҳуқуқии ин иҷлосия дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Бояд гуфт, ки маҳз дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба ӯ супорида шуд. Инчунин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Сиёсати ба миён гузоштаи Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ тавонист ба ҷанги дохилӣ хотима бахшад ва аз ин фоҷиаи миллӣ пешгирӣ намояд. Инчунин ба харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсиргузор бошад.
Дар ин радиф, бо принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкатдошта, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ накашанд.
Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳар чи зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Чунин фаъолияти пурсамар пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.
Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.
Дар ин раванд як чиз рӯшан буд, ки ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро он замон буданд нафароне, ки огоҳона ё ғайр аз он ба сиёсат гаравида буданд ва пойбанди ақидаҳои манфӣ буданд.
Дар чунин шароит Пешвои миллат қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия маҳсуб меёфт.
Ҳамин гуна, бо ташабусу дасгирии доимӣ ва пайгиронаи муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқи қабул гардид. Маҷмуи қонунҳои асоси қабул гардида баҳри мутобиқати он ба раванди ҷомеа се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ намояд.
Он вақт Ҳукумати Ҷумҳури Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Доктаринаи ҳарбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умуии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” ва як қатор қонунҳои давлатиро ба тавсиб расонида шакли сохтори замонавии Қувваҳои Мусаллаҳро муайяну тасдиқ намудаанд.
То ба имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззмаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгир ва рушд медиҳад.
Месазад гуфт, ки воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари созанда ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад.
Бояд гуфт, ки бо фаро расидани 32 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз ва он дигаргуниҳои куллие, ки ба шарафи он дар кишвар ба вуқӯъ омаданд, метавон хулоса намуд, ки нақш ва ҷойгоҳи ин Иҷлосия, дарвоқеъ, барои миллати тоҷик созанда ва тақдирсоз хоҳад монд.
Иззатова Муҳаббат- профессори кафедраи таҳсилоти томактаби ва корӣ иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ,
Раҳимова Комила- ассисенти кафедраи таҳсилоти томактаби ва кори иҷтимоӣ