,
Чоршанбе, 11-декабр
«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо дар қисмати зиёди мамлакатҳои дунё терроризм, экстремизм, бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ ташаккул ёфта истодааст. Пешгирии ифротгароӣ ва нагаравидани ҷавонон ба ин корҳо пеш аз ҳама вазифаи якуминдараҷаи мо занҳо, модарон ва хусусан омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
Модар бо як умеду орзуҳои ширин тифл ба дунё меорад ва мехоҳад, ки тифлашро дар оянда сарбаланду некном дар ҷамъият бубинад. Фарзанд меваи ширини инсон буда месазад, ки ин мева то ба охир беолоиш ва пок аз ҳар гуна микроорганизмҳои паразитӣ (зараррасон) ба воя расад ва бузург шавад.
Пас чӣ бояд кард, ки фарзандони мо имрӯзҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористҳо, бегонапарастон дохил нашуда, дар ниҳоди онҳо ватандӯстӣ, садоқат ба ватану миллат, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстиро бедор созем.
Барои ин мо бояд бештар роҳи пешгирии ҷиноятро донем. Ба фарзандон ва шогирдони худ фаҳмонем, ки инҳо зуҳуротҳои иҷтимоӣ буда, ба ягон дин алоқаманд нестанд ва динро танҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан истифода мебаранд. Фарзандони мо, хусусан ҷавонон, ки ба дини Ислом эътиқоди зиёд доранд, бояд донанд, ки ин дини пок ва муқаддасро баъзе нохалафон ҳамчун бозича истифода бурда, амалҳои нопокашонро терроризми исломӣ мегӯянд, ҳол он ки дини Ислом кӯштани ятимон, кӯдакон, занон, маъюбон ва асиронро маҳкум мекунад.
Мутаасифона баъзе падару модарон барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ таҳсил кардани фарзандонашон, хусусан духтарҳо монеъ мешаванд, ки ин нишонаи камхирадии онҳоро далолат мекунад. Аз сабаби дониши сусти динӣ доштани ҷавонписарону ҷавондухтарон, занон ва модарон онҳо тезтар ба ин гуна гурӯҳҳо шомил мешаванд.
Падидаҳое, ки имрӯз ба амал омаданд, ба мисли терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ, ки ба ҳаёти инсонҳо аз ҳар ҷиҳат зарарҳои калон мерасонанд. Масалан: Аз ҷиҳати иқтисодӣ, зарар ба иқтисодиёти ин ё он кишвар, аз ҷиҳати иҷтимоӣ – безобита гардонидан ва бесарусомониҳоро ба амал овардан, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ – ин як падидаи таҳрезишудаест, ки дар ҷамъият низоҳо ва бесарусомониҳоро ба амал меорад.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад.
Пас биёед мо занон, модарон ва омӯзгорон ҷавононро барои дӯст доштани Ватан, ба Ватан содиқ будан, софдилона ба хизматаш омода шудан ва ба ҳифзи марзу буми он равона созем.
Бунафша Шарифова – унвонҷӯйи кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ