, Чоршанбе, 11-декабр

КОНСТИТУТСИЯ-ИНЪИКОСКУНАНДАИ ВОҚЕЪИЯТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

 05.11.2024 92

КОНСТИТУТСИЯ-ИНЪИКОСКУНАНДАИ ВОҚЕЪИЯТИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи   муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан инъикоскунандаи воқеъияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушду пешрафти давлату миллати тамаддунофари тоҷик буда, он ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Инак, 30 сол муқаддам 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари озоду комилҳуқуқро ба таври мушаххас муайян намуд.

Гузашти начандони дури таърих собит менамояд, ки қабули Конститутсия дар он ҳолате ки сохторҳои идораи давлатӣ бесарусомониро аз сар мегузаронид, қабули ин санади муҳими тақдирсоз кори саҳлу осон набуд. Аз як тараф пойкубии мухолифин, тарафдорони сохти дунявӣ ва ҷонибдорони бунёди давлати исломӣ, инчунин, аз тарафи дигар вазъи ноороми кишвар, беқонунию бенизомӣ ва беҳокимиятиву бесарусомониҳо ба қабули Конститутсия бори гаронӣ оварда буд.

Бинобар сабаб, Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват ва баргузор гардид. Дар Иҷлосияи мазкур роҳбарияти нави мамлакат интихоб шуд, қарорҳои таърихие ба тасвиб расид, барои рушду нумуъ ва пешрафту тараққии ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол боис гардида, аҳамияти сарнавиштсоз доштанд.

«Дар чунин шароит зарур буд, ки мо ҷомеаро ҳарчӣ зудтар аз вартаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун оварда, рушди минбаъдаи худро интихоб намоем. Ин мақсаду мароми миллат ва ҷомеаро фақат Конститутсия, яъне қонуни асосии давлат метавонист ба расмият дарорад, зеро фақат қабули Конститутсия барои ҳифзи истиқлол аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиби ҷамъиятӣ, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меовард»-изҳор намуда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамон шароити ҳассос ҳайати комиссияи Конститутсионӣ тасдиқ гардид ва бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба кори худ шурӯъ кард. Дар он рӯзҳои серташвиш масъалаи дар Конститутсия муқаррар намудани ҷумҳурии президентӣ ё парламентӣ мавриди баҳсу талошҳои доманадор қарор гирифта буд. Тарафдорони ҳарду навъи идораи давлат барои тасдиқи андешаҳои худ бурҳону далелҳои гуногун пеш меоварданд.

Мардуми бохираду дурбини Тоҷикистон ҷумҳурии президентиро интихоб намуд. Халқи шарафманди тоҷик аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуд.

Таббиист, ки дар ҳолати гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду тараққӣ қарор доштани онҳо зарурияти ба Конститутсия ворид кардани тағйироту иловаҳо зарурат пеш меорад.

Чунин зарурат-такмили Конститутсия дар Тоҷикистон низ пеш омад. Ин буд, ки бо тариқи райпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 23-юми соли 2016 ба қонуни асосии мамлакатамон тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон дар зарфи 30 сол, ки дар Конститутсияи қабулкардаи он инъикос ёфтааст, бо дастовардҳои хеле назаррас комёб гардидааст, ки таърихи миллати тоҷик дар ягон давру замон ба чунин комёбию музаффариятҳо  ноил нагардида буд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳони муосир ҷойгузин аст, бо ибораи дигар гӯем, аз волотарин конститутсияҳои ҷаҳонӣ мансуб меёбад.

Вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, наврасону ҷавонон расидан ба қадри Конститутсия, гиромӣ доштани он ва дар доираи қонуни мавҷуда амал намуда, дар пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд. Ҷаҳд бар он намоянд, ки тавассути меҳнати софдилона ва роҳандозии илму дониш ва маҳорату малакаи хеш дар ободию пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд.

Тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшишҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми бономусу сарбаланди кишвар, дар заминаи Конститутсия дар ҷомеаи соҳибистиқлоламон, сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии осудаҳолонаи сокинони мамлакат, умед ба ояндаи дурахшон, суботи комили сиёсӣ ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид, ки ин ҳама аз музаффариятҳои кишвари маҳбубамон шаҳодат медиҳанд.

Ба ин рӯзи фархунда дар симои омӯзгорони Донишгоҳ кулли мардуми шарифи ҷумҳуриро ба ифтихори сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳният гуфта, тамоми хушиҳо ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

Бобохон Ҷураев, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат