, Ҷумъа, 08-ноябр

КОНСТИТУТСИЯ - ПАЁМЕ АЗ КУРӮШИ БОСТОН

 30.10.2024 40

КОНСТИТУТСИЯ - ПАЁМЕ АЗ КУРӮШИ БОСТОН

Ливои мо шукӯҳи осмон аст,
Мадори қомати тоҷик он аст.
Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,
Паёмаш аз Курӯши бостон аст.

Сӣ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нашуда буд, дар замоне, ки ҳанӯз модари тоҷик дар сӯги фарзандони хеш нишаста буд, дар замоне, ки мамлакат чун “як пири солхӯрдаву ноумедгашта ва захмҳои ниҳонӣ дар ҷигар” нав сар аз бистари беморӣ бардоштаву умеди дубора зистанро дар худ эҳсос намуда буд, Конститутсияи кишвари азизамон бо ризоияти тамоми мардуми баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  азизиятдида, бехонумонгашта ва фарзандгумкарда қабул карда шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар он солҳои вазнин ба Конститутсияи хеш овоз дода, бори дигар исбот карданд, ки халқи тоҷик халқи одӣ нест, мардумест аз табори Офтоб, мардумест озода ва бо дили соф,  мардумест бо “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”. Мардумест, ки  ҷангро “маккорона” ба дӯшаш бор карданд. Аммо ин “пири солхӯрда”, ки хиёнатҳои зиёд, ҳатто аз “писарони нохалафи хеш” дида буд, ҷангҳои зиёдеро паси сар кардаву чун як гули пажмурда боз қомат рост карда буд, ин дафъа низ қомат баланд кард ва Конститутсияи хешро, ки ҳимоятгари ҳуқуқҳо, озодиҳо, арҷмандиҳо ва бегазандиҳояш ҳаст, қабул намуд. 

Дар он солҳо халқи тоҷик Конститутсияи хешро қабул карда, барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ, ба ин кишвари куҳани аз нав ҷавонгашта таҳдид мекард, шароит муҳайё кард. Барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, нагузошт, ки номи миллати куҳанбунёди тоҷик аз “аз ёди таърих” ва ҷаҳон зудуда шавад, ки ин дар ҳақиқат як бахти бузург барои ҳар фардест, ки миллати хешро чун модар дӯст медорад.

Ҳамин аст, ки сокинони азизи Ватани офтобиямон 6 ноябр- Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун аз идҳои асосии миллииямон таҷлил менамоянд ва вобаста ба ин сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карданд: «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Бояд гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, бо хоҳишу иродаи мардуми Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Мавқеи асосиро дар Конститутсияи кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  ташкил медиҳад, зеро тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (Моддаи 5).

Дар ҷои дигар гуфта мешавад: “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад” (Моддаи 34).

Конститутсияи Тоҷикистон волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти хеш қарор дода, дар баробари ин арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷҷассум намудааст. Суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати  тоҷикро инъикос кардааст

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони мамлакатҳои пурқудрате чун Руссия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта,  яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд.

Имсол тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Конститутсияи хешро бо хурсандӣ ва умедҳои наҷиб ба фардои босаодати кишвар истиқбол хоҳад гирифт. Мо кулли мардуми азизи Ватанамонро ба 30-солагии Конститутсия табрик намуда, аз номи шоир мегӯем:

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,
Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.
Ба ҳикмат ҳамчунон “Қонун”-и Синост,
Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.

Ноҳира Ҳақназарзода, омӯзгори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат