, Ҷумъа, 08-ноябр

КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 25.10.2024 54

КАФОЛАТҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тавре аз муқаррароти Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даврони истиқлолият бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимро таҳия ва мавриди амал қарор дод, ки онҳо барои рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ заминаи хуб фароҳам оварданд.

Тоҷикистон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ-соҳаи маориф, ки системаи тамоми зинаҳои таҳсилотро муайян мекунад, диққати ҷиддӣ медиҳад. Давлат тибқи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат дода, барои гирифтан ва дастрас будани таҳсилоти босифат шароит фароҳам меоварад.

Афзоиши дастрасии таҳсилоти босифат, ки ба талаботи рушди инноватсионии иқтисодиёт ва ба талаботи муосири ҷаҳон ҷавобгӯ мебошад, ҳадафи асосии рушди муҳити таълимӣ мебошад. Насли имрӯзаи ҷавон ба системаи самаранокии таълим дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилот ин таъмини низоми босифати таълим бо нигоҳ доштани моҳияти бунёдии он ва мутобиқат ба ниёзҳои ояндадор ва таъхирнопазири шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян намудани сиёсати давлатии маълумот соҳибихтиёр буда, сиёсати давлатии маълумотро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ муайян менамояд (Консепсиси миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон б.3. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 майи 2002, №200).

Аз ин рӯ, мақсад аз таҳия ва қабули Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, ки санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот ба ҳисоб мераванд, дар он аст, ки ҳадафи идоракунии сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилот муайян мекунанд.

Системаи ҳуқуқи инсон таъсири мутақобилаи қисмҳои таркибии онро дар ҷанбаҳои гуногун дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он ҳар як ҳуқуқ бо маҷмӯи хоси хосиятҳо, сифатҳо ва хусусиятҳо тавсиф мешавад. Ҳуқуқ ба таҳсил дар системаи ҳуқуқи инсон мавқеи махсусро ишғол мекунад. 

Ҳуқуқ ба таҳсил ҷузъи инкишофи ҳуқуқии ҳар як шахс мебошад. Барои истифодаи ин ҳуқуқ давлат шароит фароҳам меоварад ва тавассути низоми маориф ин масъулиятро барои иҷрои вазифаҳо амалӣ мегардонад.

Таҳсил ҳамчун раванди ягонаи мақсадноки таълиму тарбия мебошад. Дар асоси ин таъриф метавон хулоса кард, ки ҳуқуқ ба таҳсил шарти мавҷудияти шоистаи фард дар оила, ҷомеа ва давлат, имкони иҷтимоишавии фаъоли шахсият, талаботи эътирофи зеҳнӣ ва эҷодии шахс ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ ба таҳсил хамчун ҳуқуқи табиии инсон барои қонеъ гардонидани он ба таҳсил пешбинӣ шудааст.  

Таҳсил як ҷузъи зарурии сифати зиндагии инсон аст. Онро на танҳо ҳамчун маҷмуи неъмитҳои моддӣ, балки ҳам саломатӣ барои инкишофи ҷисмониву равонӣ ва ҳам иштироки фаъол дар ҷамъият гуфтан мумкин аст. Таҳсил асоси ҳар як ҷомеаи муташаккил мебошад. Маданият бе он ғайриимкон аст. Ин ҳам яке аз василаҳои рафъи беадолатӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа мебошад. Маълум аст, ки агар кӯдак аз хурдӣ аз ҷамъияти инсонӣ маҳрум бошад, пас он дар оянда наметавонад ҳаёти худро наҷот диҳад, яъне, ба маънои томаш, инсони комил шуда наметавонад.

Таснифи ҳуқуқи инсон аз рӯи соҳаҳои ҳаёт мавҷудияти ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар назар дорад. Ҳуқуқ ба таҳсил ҳамчун ҳуқуқи шахсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи шахсӣ тавсиф намуда, дар бораи хусусияти табиии он сухан рондан мумкин аст.

Мутобиқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҳуқуқи ҳар шахс ба таҳсил муқаррар шудааст. Мисли ҳама ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқ ба таҳсил дахлнопазир аст ва аз лаҳзаи таваллуд ба ҳар кас тааллуқ дорад. Моҳияти табиии ҳуқуқ ба таҳсил бо он шарҳ дода мешавад, ки шахс бояд чизи навро омӯзад, инкишоф диҳад, эҷод кунад, дар соҳаи муайян таҷриба ва дониш гирад ва ба наслҳои оянда интиқол диҳад.

Мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад”. Яъне мувофиқи Конститутсия ҳуқуқ ба таҳсил ваколатҳои зеринро дар бар мегирад:

1) Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ;

2) Ҳуқуқ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ;

3) Ҳуқуқ ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;

4) Ҳуқуқ ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

Бо амалӣ намудани чунин ваколатҳо шахс соҳиби як қатор ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фархангӣ мегардад, ки дар натиҷаи муносибатҳои ҳуқуқи таълимӣ ба миён меоянд. Масалан, ҳуқуқи иштирок дар идоракунии ташкилоти таълимӣ, озодии иттилоот, озодона баён кардани ақида ва эътиқоди худ, ҳуқуқи иштирок дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иштирок дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоти таълимӣ ва ғайраро метавон ном бурд.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, яъне ҳамчун маҷмӯи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ба ӯ имконият медиҳад, ки неъматҳои моддии ӯ дар доираи шароити муайян аз ҷониби давлат кафолат дода шавад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоӣ низ пурра ифода кардан мумкин аст, ки он имкони гирифтани таҳсилоти сатҳу самтҳои гуногун аз ҷониби ҳар як шахсе, ки дар қаламрави давлат воқеъ аст, мебошад. Давлат шаклҳои гуногуни таълим ва худомӯзиро дастгирӣ мекунад, ташкилотҳои таълимии навъҳои гуногунро ташкил медиҳад, фаъолияти онҳоро бо воситаҳои моддию техникӣ таъмин менамояд, омӯзгоронро ба фаъолияти касбӣ омода месозад, Стандартҳои давлатии таҳсилотро таҳия ва тасдиқ мекунад, талаботи дар сатҳи конститутсионии ухдадории падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунандаро муқаррар менамояд, гирифтани маълумоти умумии кӯдаконро таъмин менамояд.

Ҳамчунин, ҳуқуқ ба таҳсил, ки дар санадҳои байналмилалӣ ҳамчун ҳуқуқи инсон муқаррар шудааст, дар қонунгузории дохилӣ ҳам, ҳамчун ҳуқуқи ҳар як шахс муқаррар гардида, дар ҳуқуқҳои субъективӣ, ки дар доираи қонунҳои мушаххаси соҳавӣ ба вуҷуд меоянд, инъикос ёфтааст. Масалан, ҳуқуқ ба таҳсил ба маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон тааллуқ дорад. Он дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 дар моддаи 26, дар Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966 дар моддҳои 13, 14 ва дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989 дар моддаҳои 28, 29 сабт шудааст.

Мирзоев Некқадам- ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат