,
Якшанбе, 22-декабр
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба марҳалаи кунунии пешрафти соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода истодааст, зеро рушту нумуи ин соҳа дар таҳкими пойяҳои давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши бориз хоҳад гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмҳои солона ва сӯҳбату вохӯриҳо оид ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва худшиносиву худогоҳии насли наврас дастуру супоришоти мушаххасро ба миён гузошта, дар ин роҳи ростқавливу поквиҷдонӣ тарбия ёфтани онҳо аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати асосиро барои тарбияи фарзандону шогирдон равона созанд.
Дар ин бора дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” омадааст, ки кӯдак дар овони тифлию хурдсолӣ дар оила хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз қабили росгуию ростқавлиро аз падару модари худ меомӯзанд. Ростгӯӣ сифати хуби инсон буда, он чи дар қалби кӯчаки хурдсолон аз факторҳои асосии тарбия оила, боғча, мактаб ва муҳиту атрофиён манша мегирад. Хусусан дар ҷомеаи имрӯза тараққиёти бемайлони илму техника ва техналогияи ҳозиразамон ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар тарбияи кӯдаки худ эҳтиёткор бошад. Мо фарзандони худро аз хурдсолӣ дар руҳияи ростқавлӣ-поквиҷдонӣ тарбия намуда, шахсияти онҳоро ташаккул диҳем. Кӯшиш кунем, ки дар оила як фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ростгӯӣ ва поквиҷдонӣ байни падару модарон ва дигар аъзои оила ҳукумфармо бошад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки кӯдакони дар чунин оила тарбия ёфта кӯдакони боақлу доно, ростгӯю бофаросат ба воя мерасанд. Мутасифона, дар ҷамияти имрӯза ҳастанд оилаҳое, ки дар он падару модар дар назди фарзандони худ ҷангу ҷанҷол карда, ба ҳам гапҳои пасту баланд гуфта, бо роҳи дурӯғу фиреб умр ба сар мебаранд. Дар чунин ҳолатҳо савол ба миён меояд, ки дурӯғгӯии кӯдакон аз куҷо сар мезанад? Яке аз сабабҳои фиребгару дурӯғгӯй шудани кӯдакони хурдсол аз муносибати носолими волидайн ва муҳити носозгори оила сарчашма мегирад. Барои мисол метавон манзараеро аз муносибати носолими оила, ки дар шаклгирии тафаккури атфол таъсиррасон аст, биёварем. Шукрия падарашро хеле дӯст медорад. Ӯ ду сол дорад. Падараш дар хона нест. Шукрия зиқ шуда, ба зери кат медарояд. Модараш таваҷҷуҳ ба ӯ мегӯяд, -Шукрияҷон аз таги кат баро, ҳозиракак ба ту либос пушонидам. Вале суханаш таъсир надорад. Ӯ дар таги кат нишастану бозӣ карданро дӯст медошт. Сипас, модаркалон низ ба ин ҳамроҳ шуда мегӯяд: -Шукрияҷон падарат омад, баро пешвоз гир. Падарат бароят қанд овардааст. Шукрия аз таги кат баромада, ба назди дар меояд, аз падараш хабар нест. Ӯро фиреб доданд. Ташсаввур кунед ин ҳолат аз зеҳни кӯдак чи мегузарад. Чунин ҳолат ҳамарӯза ба чашм мерасад ва ҳеҷ кас ба паҳлуи манфии масъала аҳамият немедиҳад. Албатта, ин гуна рафтори носолиму ноогоҳонаи волидайн ва ашхоси ба он наздик ба кӯдак таъсирӣ манфӣ хоҳад расонд.
Ҳамин тавр падару модарон дар шахсияти худ, аниқтараш бо рафторҳои нодурусти худ, ба фарзандонашон дуруғгӯиро нишон медиҳанд. Баъди ин агар кӯдак бошуурона дурӯғ гӯяд, ҳайрон мешаванд, ки ӯ дурӯғгӯиро аз кӣ ва аз куҷо ёд гирифта бошад? Калонсолон набояд дар назди кӯдакон гапи дурӯғ гӯянд, чунки хурдтаракон тақлидкоранд. Рафтору кирдорҳои нодурусти калонсолон яке аз воситаҳои дар кӯдак пайдо шудани хислатҳои ношоиста мебошад.
Кӯдакон аксар вақт ба роҳи дурӯғгӯӣ мехоҳанд хоҳишҳои худро қонеъ гардонанд. Тарзи дурусти мубориза нисбати дурӯғгӯии бачагон ин фош намудани рафторҳои ношоистаи онҳо мебошад. Он гоҳ бачагон бовар мекунанд, ки дурӯғ гуфтан кирдори ношоистаю қалбакӣ буда, бо роҳи фиреб матлаби худро қонеъ намудан оқибат пушаймонӣ ба бор меоварад. Баъзан бачаҳо барои худро аз ҷазо халос кардан, аз тарс дурӯғ гуфта, гуноҳи худро руйпӯш карданӣ мешаванд. Ростгӯӣ тавре ки А.С. Макаренко қайд кардааст: “Аз ҳаво барнамеояд”. Онро дар кӯдак аз хурдсолӣ тарбия намуда ва кӯдакро ба он одат кунонидан лозим аст. Барҳам додани одати дурӯғгӯӣ хеле душвор аст. Кӯдак ҳар қадар хурд бошад дар ӯ тарбия кардани хислати ростгӯӣ осон аст. Бигузор кӯдак хатояшро дарк кунад ва ваъда диҳад, дигар гапи дурӯғ намегӯяд. Мо бояд ҳамеша иҷрои ваъдаи фарзанди худро назорат кунем ва нагузорем, ки ӯ гуноҳи худро такрор карда, ба хатоҳои ислоҳнопазир роҳ диҳад.
Чунонки дар урфият мегӯянд: “Фарзанди хуб - боғӣ падар, фарзанди бад - доғи падар”. Аз ин рӯ месазад, ки ҳар яки мо, падару модар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз худ масъулият нишон дода, дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, зеро кӯдакон ворисони мо ва ояндаи ин миллату давлатанд.
Саъбагул Валиева, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ