, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХ

 21.10.2024 139

НАҚШИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХ

(Бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов)

Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки олимону шоирон, адибону нависандагон ва эҷодкорону навоварон бо маҳсули эҷоди  худ дар арсаи таърих ворид шуда, номбардори миллат ва маҳбуби замонҳо  гаштаанд. Имрӯз аз шарафи соҳибистиқлолии кишвар ва пешрафти рӯзафзуни он, аҳли илм ба фанҳои ҷомеашиносӣ рӯ оварда, дар пайравӣ аз сиёсати Роҳбари хирадманду бунёдкори худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оянда назари нек менамоянд. Яке аз чунин шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, олими пурмаҳсул, донишманди таҷрибадор ва таърихнигори машҳури тоҷик, катибашинос  устод Аҳрор Мухторов  мебошад.

Табиист, ки дар дарозои таърих аз миёни тоҷикон муаррихоне баромаданд, ки бо асарҳои худ дар ҷаҳон машҳур гаштанд. Аммо новобаста ба ин, мо тоҷикон то солҳои 30-юми асри XX, муассисаи касбии миллие надоштем, ки дар он махсус муаррихони касбӣ тайёр карда шаванд. Бо тақозои замон, соли 1931 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таъсис дода шуд, ки ҳамзамон факултети таърихи он низ ба фаъолият сар карда, то солҳои 50-ум маҳз устодон ва мутахассисони тайёркардаи он дар ҷумҳурӣ ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик машғул гардида, дар ин ҷиҳад нақши чашмгирро иҷро намудаанд.

Воқеан устод Аҳрор Мухторов  аз ҷумлаи шахсиятҳои фарзонаи илмию адабӣ ва фарҳангиест, ки дар илми таърих ва омӯзиши ёдгориҳои катибавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мондагор гузоштааст. Ба ин равияи ниҳоят мураккаби илмӣ бо тамоми мафҳумаш асос гузошта (натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми паҳнои Осиёи Миёна) ӯ ба эътирофи олимони доираи байналмилалӣ соҳиб гаштааст.

Тарҷумаи ҳоли устод Аҳрор Мухторов рангин ва дастоварду унвонҳояш зиёд буда ӯ 4 ноябри соли 1924 дар шаҳри бостонии Ӯротеппа (Истаравшан) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Тавлиди ӯ бо таъсисёбии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон рост омад. Ва маҳз тифлию давраи наврасияш дар замони дигаргунсозиҳои дар ҶШС ҷараён гирифта, гузаштааст.

Фаъолияти меҳнатии муаррихи тоҷик Аҳрор Мухторов ба оғози ҶБВ рост омада, баъди якчанд моҳи корӣ ба ҳайси муаллими ҷавон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, пас аз гузаштани курси тайёрӣ ба хатти пеши ҷабҳа (фронт) сафарбар мегардад. Дар солҳои 1943-1945 чун камандири взводи артиллерӣ, дар қисми зиёди амалиётҳои бӯзургӣ ҷангӣ иштирок карда, шуҷоату мардонагӣ нишон додааст. Сипас баъди адои хизмати ҳарбӣ соли 1947 Аҳрор Мухторов ба факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил шуда, онро соли 1951 бо дипломи аъло хатм намуда, бо тавсияи роҳбарият дар ҳамин донишкада,  ба ҳайси омӯзгор ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намудааст.

Дар баробари таълиму тарбия дар Донишгоҳ, таҳқиқоти илмӣ низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Аҳрор Мухторов қарор мегирад. Масъулиятшиносии ӯро дар иҷрои  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шарқшиноси барҷаста, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ А.А. Семёнов мушоҳида намуда баъди дохил шуданаш ба аспирантура, роҳнамоияшро ба зима гирифт. Бо тавсияи устодаш «Очеркҳо аз таърихи Ӯротеппа дар нимаи дуюми асри XIX»-ро чун мавзуи таҳқиқи рисолаи номзадӣ интихоб намуд. Соли 1956 Аҳрор Мухторов рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ кард.

Дар воқеъ академик Аҳрор Мухторов ба ҳайси яке аз муҳаррирони илми таърих дар инкишофи илми андӯхтааш нақши босазо дорад. Аз шумораи ниҳоят корҳои олим доир ба таърих ва таърихнигорӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, маъхазшиносӣ, ва бойгоншиносӣ, катибашиносӣ ва хушнависӣ (каллиграфия), сиккашиносӣ ва равияҳои дигари илмӣ таърих  ва ғайраҳо ҷудо кардани самти асосӣ ё марказии шуғли устод заҳмати муқоисавии зиёдеро талаб мекунад.

Инсони комил ва донишмади асил академик Аҳрор Мухторов соҳибмактаб буданд. Таҳқиқоти дуҷилдаи «Ёдгориҳои катибавии Кӯҳистон (асрҳои ХI-ХIХ)», ки солҳои 1978-1979 рӯйи чоп омада, асоси рисолаи доктории олимро, ки дар соли 1971 дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС бо муваффақият дифоъ шудааст, ташкил медиҳад, аз руйи қиммати илмии худ дар ин самт ниҳоят ҷолибу беҳамтост.

Бояд тазаккур дод, ки олими шуҳратёр Аҳрор Мухторов дар ҷаҳони илм, чун донандаи сарчашмаҳои нодири асримиёнагӣ шинохта мешавад. Ва  ӯ тавонистанд, ки дастовардҳои шарқшиносии тоҷикро дар бисёр мамолики хориҷӣ нишон диҳад. Маърӯза, баромаду гузоришҳои ӯ диққати мутахассисонро ҳамеша бо кашфиёту навгӯиҳои ҷолиби илмӣ ба худ ҷалб мекард.

Аҳрор Мухторов муҳаққиқ ва олиме буданд, ки илми андӯхтаашро қиёс мекарданд ва щамеша бо олимони шинохтаи Руссия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Украина ва дигар кишварҳое, ки аз ҷиҳати илмӣ пешрафта буданд, ҳамкорӣ менамуданд.

Луқмони ҳаким ба фарзандаш чунин панд мекунад, ки «Ба худ манигар!», яъне назар ба касоне намо, ки дар илм аз ту беҳтар бошанд, то бештар талош намоӣ барои илмандӯзӣ. Ҳамин тавр, устод Аҳрор Мухторов низ дар кулли он маҷолису конфронсҳо ва симпозиумҳое, ки баргузор мегардид, иштирок карда, маърузаҳое пешниҳод мекарданд, ки хеле пухтаву санҷидашуда буданд. Чуноне ки шоир фармудааст:

Арақи саъй муҳол аст, ки гавҳар нашавад,

Мерасад зарра ба хуршеди баланд охири кор.

Ҳамин тавр академик Аҳрор Мухторов инчунин дар байни муаррихон аввалин шуда, ба масъалаи дарёфт ва таҳқиқи инъикоси ҳақиқат ва воқеияти таърихӣ дар мардумшиносӣ, маъхазшиносӣ, бойгоншиносӣ ва катибашиносии тоҷик таваҷҷуҳ кардааст. Ва устод  Аҳрор Мухторов дар радифи он таърихнигороне шомил мешавад, ки дар инкишофи илми бунёдии таърихи халқи тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол, тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаи илми таърих нақши калидӣ доранд.

Файзов Рамазон, номзади илмҳои сиёсӣ, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба  номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат