, Якшанбе, 22-декабр

МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ МАЪНӢ ВА ФАЗИЛАТИ МЕҲРГОН

 18.10.2024 186

МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ МАЪНӢ ВА ФАЗИЛАТИ МЕҲРГОН

Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёнтабори машриқзамин буда, меросбарони мардуми тоҷику форс мебошанд.

Дар мавриди Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва илмиву фарҳангӣ маълумотҳои хеле ҷолиб мушоҳида карда мешавад. Вале маълумоти бештарро дар мавриди ин ҷашни бостон ва маросимии мардумонони ориёитабор махсус, тоҷикон дар фарҳангномаҳо дастрас кардан мумкин аст. Айни ҳол дар фарҳанги ашъори Рӯдакӣ доир ба ҷашни мазкур маълумоти хеле муфассал дода шудааст. Дар луғатномаи мазкур Меҳргон аслан, ба чор маъно омадааст: 1. Меҳру муҳаббат; 2. Номи рӯзаи шонздаҳуми аз ҳар моҳ; 3. Номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки офтоб дар бурҷи мизон қарор дорад ва он ибтидои фасли хазон(тирамоҳ) аст; 4. Номи яке идҳои қадимаи мардуми эронинажод. Ҳамчунин дар фарҳанги мазкур дар такя ба «Бурҳони Қотеъ» дар бораи ҷашни Меҳргон маълумоти хеле муфассал дода шудааст, ки муаллифи «Бурҳони Қотеъ» мефармояд: «Ва назди форсиён баъд аз ҷашн ва иди Наврӯз, ки рӯзи аввали омадани Офтоб аст ба бурҷи Ҳамал. Аз ин бузургвортар ҷашне намебошад.

Чун маросими ҷашни Наврӯзро бо Меҳргон муқоиса мекунем, дар байни онҳо бисёр умумиятҳо мушоҳида карда мешавад. Масалан, дар бузургию ҳашамот Меҳргон на камтар аз Наврӯз аст; Он низ мисли Наврӯз ба хосса ва омма ҷудо карда мешавад; Муҳлати ҷашни меҳргон низ мисли Наврӯз шаш рӯз аст. Танҳо бо тафовути рӯзҳои моҳ, яъне агар ҷашни Наврӯз аз 21 то 26 моҳи фарвардин (март-апрел) бошад, пас ҷашни Меҳргон аз 16 то 21 моҳи меҳр (сентяб- октябр)-ро дар бар мегирад. Ҳамчунин густурдани ҳафт хон аз меваҷот, ба монанди шакар, турунҷ(меваҳои ситрусӣ: лимӯ), себ, биҳӣ, анор ва уноб (челон), мисли Наврӯз ба Меҳргон хос аст ва аз ҳама муҳимаш бунёдгузорони ин ҷашн шоҳону хусравон мебошанд:

Малико ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Аблуқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргонро бо Фаридун писари Отибин аз авлоди Ҳушанг, ки набераи Каюмарс буд, нисбат медиҳанд, ки он ба ҳаводиси рӯзгорони Коваи Оҳангар ва шоҳ Фаридун рост меояд. Дар ин рӯз бо ёрии Коваи Оҳангар шоҳ Фаридун ба маснади подшоҳӣ менишинад. Бо фармони ӯ Заҳҳоки золим маҳкум карда мешавад ва дар ғори кӯҳи Дамованд муҷозот мешавад. Шояд дар Бурҳони Қотеъ шарҳи калимаи Меҳргон ба маънои «меҳр-мурдан» ва «гон»-ба маънои подшоҳи золим» асли маънии ин вожаро ифода карда натавонад, аммо ҳаводиси он яъне, рӯзи он нисфи моҳ 16-ум рӯзи ба ҷаҳаннам фиристодани подшоҳи золими форсиён ба воқеият наздикъне, рӯзи муҷозоти Заҳҳок дар назар дошта шуда бошад. Аммо, дар «Шҳнома»чуноне зикр намудем, рӯзи номбурдаро ҷашни ғалабаи некӣ ба бадӣ, адолат бар зулм, меҳрубониву илтифоти шоҳон ба раоё, поёнии ҷабру ҷафо шоир ба қалам додааст.

Чунончӣ, Фиравсӣ дар ин хусус чунин гуфтааст:

Ба расми Каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бар кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод каёни кӯлоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар яке раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойини Кай ҷашни нав сохтанд.
Парастидани Меҳрогон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан ойини ӯст.
Кунун ёдгор аст, аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ, эч манол чеҳр.

(Шоҳнома, ҷ.1. Д-бе, «Адиб», 1987, саҳ.123-127)

Дар сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Меҳргон ба Ардашери Бобакон нисбат дода мешавад. Дар «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» дар такя ба «Бурҳони Қотеъ» дар ин маврид чунин оварда шудааст: «Ва гӯянд Ардашери Бобакон тоҷе, ки бар сурати офтоб нақш карда буд, дар ин рӯз бар сар ниҳод ва баъд аз ӯ подшоҳони Аҷам низ, дар ин рӯз ҳамчунон карданд ва бар сари авлоди худ ниҳодандӣ. Ва равғани бон, ки он дарахтест, ки меваи онро ҳубулбон гӯянд, ба ҷиҳати таяммум ва табарук ба бадан молидандӣ». Инчунин, гуфта мешавад, ки ҳар кас, ки аз ҳафт хон бихӯрд ва равғани бон бар бадан бимолид ва гулоб биошомид ва ба худ ва дӯстони худ бипошид, ӯ дар он сол аз офату бало раҳоӣ меёбад. Бар замми ин, дар ин айём ба фарзанд ном ниҳодан ва кӯдакро аз шир ҷудо намудан, аз ҷумлаи ойинҳои Меҳргон аст.

Дар Энсиклопедияи советиии тоҷик, ҷилди 4, саҳифаи 371 чунин омадааст: Меҳргон аз қадимтарин идҳои фаслҳои сол аст, ки байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Он баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯзи этидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Он ба 23 сентябр - 22 октябр рост меояд. Дар давраи шӯравӣ он шакли худро дигар намуда, бо номи иди ҳосилот ва дигар номҳо ҷашн гирифта мешуд.

Дар Энсиклопедияи советии тоҷик, он бо ду номи дигар: Меҳргони бузург, яъне ҷашни бузург ва Меҳргони хурд, яъне тантанаи хурд ифода ёфтааст.

Ба ифтихори Меҳргон яке аз сурдҳои ҷашние, ки Борбади Марвазӣ навиштааст, Меҳргони Бузург ном дорад ва дигаре аз сурудҳое, ки хунёгари бузург дар арафаи ин ҷашн ба Хусрави Парвиз тақдим намудааст, Меҳргони Хурд ном дорад.

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ Меҳргон ба ду маъно омадааст: 1. Рӯзи 16-уми – рӯзи меҳри моҳи 7-уми шамсии меҳрмоҳ, ки онро эрониёни қадим муборак шумоида ид мекарданд ва ин рӯзро рӯзи Меҳргон меномиданд ва мувофиқи достонҳои қадима рӯзи ҳабс кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст.

Ба ҳар сурат, Меҳргонро ҷашни бисёр нек шуморида, шоирон дар васфи он шеърҳо суруда, мардумро ба меҳрубониву илтифот, марҳамат, саховат ва меҳрубонӣ даъват мекарданд, ки яке аз намунаи беҳтарини ин абёт, як байти Масъуди Саъд аст:

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргон,
Меҳрубони беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.

Чун ба хусусиятҳои этимологӣ ва луғавию сохтории вожаи номбурда менигарем, дар мавриди маънои он як байти Манучеҳрӣ хусусияти омонимӣ пайдо намуда, ба маънои тирамоҳ, тирмоҳ, хазон омадааст:

Бишкуфтӣ бенавбаҳору пажмурдӣ бе Меҳргон,
Бигрӣ бе дидагону боз хандӣ бе даҳон. (ФЗТ Ҷ:1. с 685)

Аммо дар як ҷумла ва байти минбаъда, ки дар ФЗТ мушоҳида карда мешавад, аз рӯи маънидод таносуби калом ва мантиқи сухан мушоҳида намешавад ва «Меҳргон» на ба маънои тирамоҳ, балки дар ҷумлаи якум ба маънои ҳосил - Чун Амир Наср ибни Аҳмад меҳргон самароти ӯ бидид, азмаш хуш омад, (ФЗТ, ҷ 1. Саҳ. 685, Низомии Арӯзӣ) ва дар байти дуюм ба маънои дӯстдории аз ҳад зиёд - Лаъли ӯ бозори ҷон хоҳад шикаст, Хандаи ӯ Меҳргон хоҳад шикаст, - омадааст (ФЗТ, Ҷ:1, с. 685. Ҳақонӣ).

Аммо калимаи меҳргон аз ҷиҳати сохт- меҳр, муҳаббат, меҳрубонӣ ва навозишро, гон бошад,- маънои лаёқат шуғл ва фаъолиятро ифода мекунад.

Ҳамчунин, дар Фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи меҳргон бо ду шакли дигар омадааст. Якум дар шакли меҳргонӣ, ки бевосита ба маънои меҳргон омадааст.

Бӯстонро меҳргонӣ бод зар-огин кунад,
Рангро бистад зи гулҳо бодаро рангин кунад (ФЗТ, Ҷ.1, саҳ. 685).

Дар ҳамин шакл вожаи мазкур ба аънои яке аз оҳангҳои мусиқӣ ифода гардидааст:

Чу нав кардӣ навои меҳргонӣ,
Бибур зи ҳуши халқ аз меҳрубонӣ. (ФЗТ. Ҷ:1 с. 685. Низомӣ Ганҷавӣ

Ҳамчунин дар Фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи Меҳргон дар шакли меҳрҷономадааст, ки маънои меҳргонро ифода мекунад. Ногуфта намонад, ки вожаи меҳрҷон муарраби меҳргон аст. Чуноне ки дар фарҳанг омадааст: Фаридун рӯзеро ки Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд маҳбус гардонид, меҳрҷон ном ниҳод (ФЗТ, ҷ:61, саҳ. 686 - Равзатуссафо).

Хулоса, мақолаи мазкур қатрае аз баҳр дар хусуси шарҳи Меҳргон ва ҳаводиси вобаста ба он, инчунин фазилатҳои он мебошад. Вале яъқинан маълум аст, ки Меҳргон ҷашни қадимаи мардуми ориёитабор мебошад ва дар асри ХХ1 эҳдокунанда ва эҳёгари ин ҷашну маросими аждодӣ, ки ба тирамоҳ, мавсими ҳосилот ва ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон баргузор карда мешавад, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, марди фарҳангпарвару тамаддунсолор, Президенти азизу муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2005 инҷониб ид карда мешавад, ки ин шукӯҳу ҳашамати худро бо тамоми зебогиву нафосаташ ҷилвагар месозад.

Чуноне, ки гуфтем, Меҳргон ҷашни меҳру муҳаббат, ҷашни фаровонӣ ва серҳосилӣ мебошад. Меҳргон ба ҳама муборак!

Тоҳиров Шермуҳаммад, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат