,
Шанбе, 21-декабр
Дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзоянд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар ташаккул ва такомули фарҳанг, касбу ҳунар ва ҳувияти миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Чунин корномаву пардози ҳунари фарзандони асилро аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ “Тоҷикон” бо баёни масъалаҳои урфу одат, касбу ҳунар ва фарҳанги милии халқи тоҷик ба монанди хазинаи тиллоӣ гирд овардааст.
Мусаллам аст, ки инсон дар тӯли зиндагии хеш бояд касбе омӯзад ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ заминаи мусоид фароҳам бисозад. Тоҷикон бо дарки ин маънӣ аз қадим миллати ҳунарманд ва босавод буданд. Дар “Таърихи Табарӣ” омадааст, ки “Ва мардумон гоҳ мардум бувад, ки ӯро ҳаракату ҷунбиш бувад, то манфиати хеш бидонаду бигирад ва душманро аз хеш боздорад”. Ҳанӯз аз давраҳои қадим, тоҷикон аз дастгоҳи хурди матоъбофӣ истифода мебурданд, ки он ҳаллоҷӣ ном дошт ва абрешимро бо ин намуди дастгоҳ мересиданд. Дар Бухоро қариб 100 соҳаи косибӣ дида мешуд. Дар Хуҷанд, Уротеппа, Панҷакент, Конибодом, Ҳисор, Кӯлоб косибӣ хеле равнақ дошт. Косибони Ҳисор асосан намад, арғамчин ва банд мебофтанд. Дар Хуҷанд касби бофандагӣ басо маъмул буд ва беҳуда нест, ки дар он ҷо карбосбофон, шоҳибофон ва пиллакашон буданд. Соли 1906 дар шаҳр 230 дӯкони шоҳибофи чархресӣ фаъолият дошт. Дар Кӯлоб низ бофандагӣ яке аз касбҳои муҳим ба шумор мерафт, ки дар ин касб нақши занҳо бузург буд. Занҳо дар хона пахтаро ҳаллоҷӣ мекарданд, мересиданд ва дар дастгоҳҳои бофандагӣ карбос мебофтанд. Суфи кӯлобӣ ва ҷомаҳои карбосии кӯлобӣ хеле хушсифат буданд ва дар Бухоро талабгори зиёд доштанд. Аз ашёҳои хоми маҳаллӣ қанору хурҷин, намад ва ҷӯроб тайёр мекарданд. Деҳқонони Кӯлоб кирмакпарварӣ карда пиллаи худро дар бозорҳо мефурӯхтанд. Дар шаҳрҳо аз он пиллаҳо ришта кашида, онро ранг дода ба бозорҳои Кӯлоб бурда мефурухтанд. Дар охирҳои асри XIX Кӯлоб маркази муҳими касбу тиҷорат шуд.
Дар замони муосир бошад раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони робитаҳои фарҳангӣ фарох гардида, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳо ба миён омадааст. Халқи тоҷик дар давоми таърихи бисёрасраи худ сабки нотакрори худро дар санъати ороишӣ офарида, муносибат ба табиат ва ҳаёти ҷомеа дар ҳунарҳои зардузӣ, пиллакашӣ, даврагирӣ, сӯзандӯзӣ, пахтакашӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, чакандӯзӣ ва дигар намудҳои санъату ҳунар таҷассум намудааст.
Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллӣ инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтамаддун аст ва дар сатҳи ҷаҳон, ҳамчун муаррифкунандаи либосҳои миллӣ атласу адрас ва зардӯзиву чакан мебошад. Кӯлобшаҳри бостонӣ бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар Ҷумҳурӣ мавқеи хос дорад. Чакани Кӯлоби солиёни дароз маъруфият дошта, бонувон ва гулдухтаронаш бо аз бар намудани либоси миллии худ нуфуз ва эътибори ҷаҳониро ба даст овардааст. Бо ташаббус ва ибтикори занони чевар ва донишманди Кӯлоби бостонӣ тарғиби либосҳои миллӣ дар байни занон ва ҷалби ҷавондухтарон ба дузандагӣ ва чеварӣ бо маром ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Дар тӯли 33 соли даврони истиқлолият дастгирии занон оид ба касбу ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас буда, занони бекор ва бешуғл низ ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд. Имрӯзҳо нақши занон дар ҳама соҳаҳои ҷамъият- давлатдорӣ, касбу ҳунар, тиҷорату савдо хело ҳам назаррас аст.
Ҳамчунин Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромад ва Паёмҳояшон таъкид мекунанд, ки занон нерӯи созандаи ҷомеа буда, нақши фаъоли онҳо дар ҷомеа хеле бузург аст. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва соҳаи хизматрасонӣ 40 фоизро ташкил медиҳанд. Дар пешрафт ва гулгулшукӯфоии Тоҷикистон имрӯзҳо саҳми занон арзанда буда, чорабиниёҳои фарҳангӣ, семинарҳо, машварату ҳамоишҳои гуногун аз қабили: “Зан-роҳбар”, “Тарзи ҳаёти солимро таъмин менамоем”, “Мақоми зан дар ҷомеа”, “Солимии зан-солимии миллат”, “Рушти соҳибкории занон”, “Тоҷикона мепӯшем”, “Зан ва замин”, “Ҷавондухтарони фаъоли замони истиқлол” ташкил ва гузаронида мешавад.
Мутмаинем, ки бонувони кишварамон беш аз ҳама ба қадр ва моҳияти озодӣ мерасанд ва дар пойдории ғояҳои он устуворанд. Ҳар лаҳза шукргузорӣ аз фазои осоишта, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии миллат намуда, баҳри ободии диёр камари ҳиммат баста, дар гулгулшукуфоии он саҳмгузоранд.
Файзализода Зулқадамоҳ - омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ