,
Ҷумъа, 08-ноябр
«Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо - ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикороти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари факлаксароӣ рӯ ба сӯи фарҳанги ҷаҳонӣ гузошт ва 15.12.2021 ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии Юнеско шомил гардид, ки ин яке аз фараҳбахштарин руйдоди таърихию фарҳангӣ буда, дар роҳи ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва тарғиби фарҳанги пурғановати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши созгор мегузорад.
Аз шарафи сиёсати фарҳангпарваронаву маърифатдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва арҷгузорӣ ба ин мероси фарҳангии аҷдодӣ 16 ноябри соли 2001 ансамбли «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатиро касб кард ва аз соли 2007 ин ҷониб ҳамасола дар кишварамон 10 октябр ҳамчун рӯзи фалак таҷлил карда мешавад.
Ин сабки мусиқии мардумӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон бештар роиҷ аст, дар замони шӯравӣ дар ҳошия қарор дошт. Бо омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрати сиёсӣ, таваҷҷуҳи давлат ба ин сабки мусиқӣ бештар шуд.
Акнун “Фалак” дар Тоҷикистон ҳамчун сарвати бебаҳои маънавии мардум бо “Шашмақом” мусиқии классикӣ дар як радиф гузошта мешавад. Баргузории ҷашнвораҳои “Фалак” дар Тоҷикистон бо ширкати гурӯҳҳои мусиқии суннатӣ аз кишварҳои минтақа яке аз нишонаҳои таблиғи ин сабки мусиқӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дониста мешавад.
Ин мусиқии суннатӣ дар ҳунаристони ҳунарҳои зебо ҳамчун мусиқии ҳирфавӣ тадрис мешавад. Аз тадқиқ ва баррасиҳои мутахассисон маълум мегардад, ки ин сабки мусиқии милливу мардумии мо дар худ фарёди навмедӣ, нолаҳои ошиқона, дарди ҳиҷрон ва васфи ватану диёррро инъикос мекунад.
Дона Баҳром, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: “Ин сабк бештар дар кӯҳистон роиҷ буд ва дар кӯҳистон зиндагӣ хеле сахт буд, роҳҳои иртиботӣ набуд, агар мардум барои кор муҳоҷират мекарданд, бозгашташон сахт буд. Ҳамин гуна мардум аз дарди фироқ ва ночорӣ овоз мехонданд, то ки нолаҳояшон то ба “Фалак” бирасад.”
Аммо марҳум Давлатманд Холов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гуфтааст, ки "Фалак" натанҳо мусиқии андӯҳгин буда, балки лирика ё “румонтисизм” дар ин сабки мусиқӣ низ “хеле қавӣ” аст. “Масалан дар замонҳои қадим ошиқ наметавонист бо маъшуқааш мулоқот кунад чун сангсораш мекарданд. Барои ҳамин ӯ аз деҳа дур мерафт ва ба воситаи фалак маъшуқаашро садо мекард. Ҷойи мулоқотро таъйин мекард”.
Агар мо ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни бисёре аз миллатҳо мароқ зоҳир намоем, пай мебарем, ки ҳама халқиятҳо мисли халқи волофарҳанги тоҷик ҳунари фалаксароӣ надоранд, пас аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки ин санъати бузурги фалаксароӣ танҳо хоси мардуми тоҷик аст.
Таи солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ансамблҳои фалаксароён созмон дода шудаанд ва бисёре аз санъаткорони варзидаи кишвар, аз қабили: Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчеҳра Содиқова, Сафар Муродов, Мирзоватан Миров, Раҳматулло Ҳошимов, Шарифамоҳ Пирова ва боз даҳҳо нафари дигар дар фалаксароӣ худро шогирди ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим дониста, аллакай худи онҳо ба дараҷаи устодӣ расидаанд.
«Калимаи «Фалак» дар луғати «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» бо ду маънӣ: яке «Осмон» дигаре «Савту самоъ» омадааст. Дар миёни мардум «Чархи фалак» ба маънои қисмату сарнавишти азалӣ низ ба забон оварда мешавад. Масалан,
Чархофалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будам маро ба Балх овардӣ.
Дар ин ҷо вожаи «Фалак» ба ҷои қисмат ва сарнавишт омада, кӯлобиро ба Балх овардааст. Аз чунин мисол бар меояд, ки «Фалак» ба маънои аслию рамзияш боз чандин маъноҳои дигар ҳам дорад.
Мавзуи фалак ба мисли дигар жанрҳои шифоҳӣ якхела ва якранг нест, ба мисоли қасидахонӣ, гуруғулисароӣ ва бадеҳахонӣ. Аслан дар бисёре аз мавридҳо мавзуи асосии фалак ҳамон масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки инсон аз уҳдаи ҳалли он дар рӯи замин баромада наметавонад ва фалаксаро маҷбур мешавад ба Офаридагор муроҷиат намояд.
Дар умум, халқи тоҷик дар Осиёи Миёна аз ҷумлаи халқҳоест, ки таърихи бою рангин ва ҳунарҳои бисёр қадимаро дорост. Аз ин лиҳоз, мо меросбарони ин фарҳанги оламгирро мебояд, ки ҳамеша посдоранда, нигаҳдоранда ва тарғибкунандаи ҳунарҳои ниёгону фарҳанги оламгирамон бошем. Зеро фарҳангу тамаддун омили муҳим дар шинохти қавму миллатҳо дониста шуда, он рамзии ҳастии миллатро дар худ инъикос менамояд.
Исфандиёр Бадалов- муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ