,
Якшанбе, 22-декабр
«Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунё буда, дар гузашта бо номҳои форсӣ, форсии дарӣ маълум буд. Забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо на танҳо забони мардуми форсинажод, балки забони расмии давлати муғулнажодону турктаборон дар Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва дигар мавзеъҳо ба таври васеъ мавриди корбурд қарор дошт.
Забони тоҷикӣ то ин дам «…ҳамчун оина кулли тағйироту таҳаввулоти ҷамъиятро дар худ инъикос карда, баробари пешрафти он рушд намудааст».
Таърих собит намудааст, ки дар баробари аз миён рафтани ин ё он давлат забони расмии он низ аз доираи истеъмол баромадааст ва дар заминаи забони мардум ё забони ғолибомада забони дигари давлатӣ пайдо шудааст. Дар мавриди аз байн рафтани ҷамъият забони он низ аз миён хоҳад раафт, аммо осори хаттии ин ё он давраи таърихии забон боқӣ хоҳад монд. Дар асоси манбаъҳои хаттии мавҷуда таърихи забонро омӯхтан мумкин аст. Сарчашмаҳо ба мо дар бораи таърихи сеҳазорсолаи забони тоҷикӣ маълумот медиҳанд, ин забон дар осори хаттӣ бо номҳои мухталиф-порсӣ ё форсӣ, дарӣ ёд шудааст.
Олимон бар ин ақидаанд, ки забони дарӣ тақрибан дар асрҳои IV-V мелодӣ дар Бохтар (шимоли Афғонистон-Бадахшон, Балх, Бағлон, Ҳирот, Парвону Кобул), ки бештари аҳолии он ҷойҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд, пайдо шудааст.
Устод Айнӣ дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааст: «аз бозе ки воқеаҳоро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароҳуннаҳру Туркистон як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ки забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Рушди забону адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан мардуми он форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, аштархонӣ ва манғит ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки рушди забону адабиёти тоҷик дар ин мавзеъҳо маҳз ба сабаби ҳукмронии Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост»
Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё низ мебошад. Забон унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши бориз дорад. Аслан, забон нишонаи асосии миллат ва пояи арзишманди давлатдорӣ дар ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллист. Ҳамин далел собит месозад, ки вақте давлатҳои хурду бузург пайдо мешаванд, пеш аз ҳама барои устувор сохтани рукнҳои давлатдории худ ба асолати дохили миллӣ рӯ меоранд.
Таърихи башарият ва, махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки соҳибдавлатони мо кӯшиш мекарданд, ки барои устувор сохтани бунёди давлат ва фароҳам оврдани шароити давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ин унсури муҳим- забон истифода бурда, ҳамзамон барои рушду тараққӣ ва густариши он тадбирҳои мушаххас биандешанд. Аз ҷумла, гузаштагони мо барои равнақу инкишофи забони модарии худ ҷоннисориҳо карда, бо тадобири муназзам ва пайваста оҳиста-оҳиста забони аслии хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ баровардаанд.
Омили муттаҳидгари халқ будани забони тоҷикӣ ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Воқеан, дар давраи Сомониён забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) дар Шарқи Эронзамин, яъне Мовароуннаҳру Хуросон, мақоми давлати пайдо карда, рушду нумӯи беандоза ёфт ва дар ташаккул ва ривоҷу равнақи тамаддуни форсӣ саҳми бузург гузошт. Дар аҳди Сомониён бо ин забони вологуҳар осори зиёди илмию адабӣ талиф ёфтааст. Ба вижа, хидмати ин забон дар пайдоиш ва рушду камоли адабиёт басе бузург аст. Ва дар ин давра устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Бухорову Самарқанд бо эҷоди ашъори пурмазмуни хеш поягузори адабиёт гардид. Аз ҳамин дидгоҳ аҳли адаб ӯро «сардафтар» ва «одамушшуаро»-и адабиёти форсӣ номидаанд.
Бо забони тоҷикӣ-форсӣ осори гаронмояе офарида шуд, ки овозааш ба ҷаҳон рафт. Ҷуз устод Рӯдакӣ садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатӣ ба арса баромадаанд, ки Фирдавсӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ ва Носири Хусраав аз ҳамин зумраанд.Ба шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикӣ-форсӣ дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст.
Қавитарин исботи зинда будани ҳар миллат пойдор мондани забони модрии он аст. Дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату маргбориҳо, тохтутозҳои бегонагони гуногунмазҳабу гуногунтабор бахт ёрӣ карду забони тоҷикии мо зинда монд, маншаву сарчашмаи бақои миллат гардид. Ҳамон гуна ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз қадимтарин забонҳои зиндаи ҷаҳон маҳз дар Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфта, ба эҳёи тафаккури миллии форсизабонон ва гузаштаи адабиёти классикии тоҷику форс замина гузоштааст».
Бо гузашти марҳилаи фаротаърихӣ 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи куҳансоли тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар таъйини сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи аз даст дода ва поймолшудаи хешро соҳиб гардид.
Бозоров Хушвахт- дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ