, Якшанбе, 22-декабр

ЗАБОНИ МОДАРӢ-РУКНИ АСЛИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 05.10.2024 157

ЗАБОНИ МОДАРӢ-РУКНИ АСЛИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

 Эмомалӣ Раҳмон

Забон рукни муҳими давлатдорӣ ва нишонаи ҳар қувму миллат ба шумор рафта, он ҷузъи тамаддуни умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.

Забони модарии мо дар тули таърихи пуршебу фароз ва пурҳаводиси замон ҳамеша нақшу рисолаташро барои ҳифзи ҳувият ва инъикосу зинда нигоҳ доштани асолати таърихии миллат шарафмандона ба иҷро расондааст. Дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ, давраҳои муаянкунандаи сарнавишт ва дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз забони тоҷикӣ чун рамзу намоди азамату ҳашамати миллат аз худ дарак дода, чун сипаре миллатро аз парокандагиву парешонӣ ҳифз кардааст.

 Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нооромию бесарусомонӣ миллатро дар вартаи ҳалокат қарор доданд ва таназзули фарҳангию арзиширо ба миён оварданд. Дар ҳамон шароит бузургии забони модарии мо ба тасаллути фарҳангиву ғоявӣ, ки душманони миллат ҳадафмандона дар пайи амали намуданаш буданд, зарбаи сахт зад ва миллатро неруи арзишӣ ва қуввату қудрат дод. Аз ин сабаб, забони модарии мо дар раванди расидани кишвар ба сулҳу ваҳдат нақши бағоят бузург бозидааст. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳошияи таърих душманони миллат барои аз байн бурдани ҳувият, ҳайсият, арзишу муқаддасот ва тафохуру таорифи миллӣ ва барои нест кардани забон, ки омили нахустини муаянкунандаи миллат мебошад, чандин маротиб кӯшиш кардаанд. Аммо асолату наҷобати миллат ва ғурури миллии гузаштагони пурифтихорамон нагузошт, ки дар ин туфону гирдбодҳои даҳшатбори таърих заррае парешидагӣ ба забон ва ба фарҳангамон ворид гардад. Истиқлоли давлатӣ, худсолориву озодӣ ва давлатдории миллӣ, ки бо қудрати сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он шарафёб гардидем, имкони фарохи омӯзишу пажӯҳиши забонро фароҳам овард ва, аз ҳама муҳим, равобити моро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг тақвият бахшид.

 Забон, ки ҷузъи фарҳанг аст, дар ин радиф аз ҳама аввал мавриди таҳдиду хатар қарор мегирад. Дар ин росто ҳар як қавму миллат мекӯшад, ки забонро чун пояи асосӣ ва фарҳангӣ аз ҳуҷуми талошҳои давру замон муҳофизат кунад. Дар шароити муосир миллате, ки забони модарии худро пос намедорад, пояндагиву абадияташ дар хатар аст ва баръакс, он миллате, ки забон дорад ва ба он арҷ мегузораду дар ҳифзу ҳимоя ва беолоиш нигоҳ доштани он мекӯшад, барои хеш дар муқобили таҳдиду хатарҳо устувории бузурге бино намудааст. Ҷои пинҳон нест, ки дар баробари пайомадҳои раванди ҷаҳонишавӣ, инчунин ҳастанд гурӯҳҳои манфиатҷуе, ки қасдан нияти бартарӣ  пайдо намудан ба фарҳанг ва ворид намудани осеб бар забони нобу шевои тоҷикиро дар сар мепарваранд. Кӯшишҳои инкори номи забон ва зери интиқод қарор додани забони адабии ҳозираи тоҷик далели ҳоланд. Аз ин ҷост, ки дар дунё ҳар қавму миллатро бо забонаш мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Боиси хушнудист, ки тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таърихи бою ғанӣ низ аз қадимулайём соҳибзабон буданд.

Таърих собит намудааст, ки гузаштагонамон ҳазорҳо сол пеш аз ин дорои як забон-забони ориёӣ будаанд. Бо мурури замон ва гузашти садсолаҳо аз шохаҳои забони ориёӣ дигар забонҳо вобаста ба давру замон ва макону маҳалҳо ба вуҷуд омаданд.бо вуҷуди ҳама гуна тохтутозҳои бераҳмонаву ғоратгарона, сухтору қатлу куштор, шикасту парокандагӣ ва хусумату таассубҳо соҳибзабонон тавонистанд бақою асолати забони тоҷикиро нигоҳ доранд ва онро аз таъсири дигар забонҳо наҷот диҳанд. Маҳз ақлу хиради азалии миллати тоҷик боис бар он гардид, ки забони модариашон дар тули ҳазорсолаҳо муҳофизат карда шуда, он мақому мартабаи хешро дар байни дигар забонҳо нигоҳ дорад.

Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, чун Рӯдакӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ,  Абӯраҳони Берунивӣ,  Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Шамсиддин Шоҳин,  Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон» давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем.

Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.

Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд. Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи баналмилалӣ садо медиҳад. Тавассути пайгирона амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби олӣ,  Президенти маҳбуби кишварамон Эмомалии Раҳмон, мо омӯзгорон пайваста кӯшиш менамоем, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикии худ саъю талош намуда, дар тарбияи насли наврас хизмати содиқона намоем.

Каримова Манижа Фарҳодовна- ассисенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат