, Якшанбе, 22-декабр

БЕҲТАРИН ГАВҲАРИ ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУХАН АСТ

 05.10.2024 1535

БЕҲТАРИН ГАВҲАРИ ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУХАН АСТ

(андешае чанд перомуни гиромидошти забон ва сухан аз дидгоҳи аҳли назар)

Гиромидошт ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, яке аз рӯйдодҳои мубораку фараҳбахши даврони  соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки ба мисли дигар суннатҳои бостонӣ барои мардуми шарифи мо азизу муътабар гардидааст.

Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ҳамасола 5 октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин сана бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ин рӯз ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

Забони тоҷикӣ, дар пайванди маҳкам бо гӯйишҳои ҳамрешаи худ - забони дарӣ ва форсӣ -  дар  ҷараёни  даҳҳо  садсолаҳои таърихӣ ҳамчун забони тамаддунбахш дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон аз мавқеияту азамати  фарҳангии  вижа  бархӯрдор  аст. Ин забон ба ҳаде машҳуру маълум ва аз ҷойгоҳи хоссае бархурдор аст, ки тамомии бузургиву тавонмандии удабову шоирони адабиёти пурғановати форсу тоҷик аз он вобастагӣ дорад. Ҳамин тавонмандиву бузургии ин забони нобу дурри дарӣ дар назми зер чи хуб ба қалам дода шудааст:

Эй забони форсӣ, афсунгарӣ,
Ҳар чи гӯям аз ту, з-он афзунтарӣ.
Ту ба Фирдавсӣ тавон бахшидаӣ,
Аз тавон бартар, равон бахшидаӣ.
Чолиши Саъдӣ ба нерӯи ту буд,
Оби ин сарчашма аз ҷӯи ту буд...

Хурсандибахш аст, ки забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик - Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, дар даврони Истиқлолият дар партави сиёсати муваффақи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои зиёиёни кишвар дар мақоми таърихии худ дубора эҳё ва ба маснади волои худ нишаста,  муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ- миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ, бо забони Рӯдакию  Фирдавсӣ, Ҷомию Сино ва Камолу Айнӣ  сухан кардани Пешвои миллат, сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини Тоҷикистон боиси ифтихору шарафи бузург буда,  далел бар гуфтаҳои болост.

Мусаллам аст, ки забон ва сухан дар тамоми давраҳои инкишофу тараққиёти ҷамъият барои таҳкиму тавсеаи маърифату маънавиёти инсон нақши ниҳоят муҳимро дошт ва имрӯз ҳам аз он аҳамият бархурдор аст. Забон бо ҳамин мақоми волои худ барои тамоми ҷамъият барорбар хидмат менамояд. Аз  ҳамин ҷиҳат аст, ки забонро  пояи ҳастӣ ва бақои ҳар як миллату давлат  эътироф кардаанд.  Тавре ки Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари мо таъкид доштаанд: “Арҷ  гузоштан  ба  забони  модарӣ омилест,  ки  сарчашмаи  бақои  ваҳдати миллӣ  ва  яке  аз  рукнҳои  устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину  шево  ва  шоиронаи  тоҷикӣ  дар масири  таърих  бақои  миллати  тоҷикро таъмин кардааст”.

Аҳамият ва мавқеи забон дар зиндагӣ аз қадимулайём  таваҷҷуҳи донишмандону мутафаккирон ва аҳли илму адабро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷумла, дар китоби боарзиши ниёгони мо “Авасто” сухан аз ҷойгоҳи вижа бархурдор аст. Дар миёни силсилаандарзҳои Зардушт ғолибан нақши сухан эҳсос мешавад. Гуфтаҳо ва андарзҳои “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” се сухани бунёдӣ  мебошанд, ки  кохи ахлоқи  одамӣ бар онҳо устувор аст.

Маҳз аз ҳамин таваҷҷуҳи хоссаи ниёгон ба мақоми забону сухан аст, ки мудом бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи классикон ва чи муосирон дар мавзуи забон, эҳтироми забон, арҷгузорӣ бар он ва поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоиста ва арзанда бисёр гуфтаанд.

Яке аз шоирони машҳури асрҳои XVI- XVII Салими Теҳронӣ, суханро, ҳатто, ҷони инсон мешуморад, ба он ҷиҳат ки инсони беҷон сухан карда наметавонад, агар ӯ сухан гуфта тавонад, пас, ӯ зинда аст. Чунин менигорад, ки агар сухан ҷони инсон набувад, пас, чаро мурда хомуш аст:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомуш аст.

Бо шиносоии ашъори шоирону адибони классики форсу тоҷик ин нукта равшан мегардад, ки одамӣ  пинҳон дар пушти забон аст. Яъне забон муаррификунандаи инсон ва нишондиҳандаи шахсияти ӯст. 

Ҳамонгунае, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтаанд:

Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардааст бар даргоҳи ҷон.

Забон ва сухан дар ҳаёти одамон аз мартаба ва ҷойгоҳи бузурге бархурдор аст, зеро маҳз ҳамин унсур асрори ботинии инсон ва андешаҳои нуҳуфтаи шахсро ошкор мекунад ва дурустиву нодурустии калом аз он пайдо мегардад. Ин ҷиҳати забонро ба инобат гирифта, ҳакимону суханварони форсу тоҷик онро ба риштаи назм кашидаанд. Чунонки Саъдии Шерозӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳамин вижагии забон ва сухан таъкид мекунад:

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад...

Ё ин ки ҷои дигар бо ташбеҳи зебое ин нуктаро дар дили ҳар як хонанда менишонад:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар!

Носири Хусрав низ дар робита ба аҳамияти забон ва алоқамандии он дар шинохти инсон таваҷҷуҳ намуда, одамиро муташаккил аз дил ва забон медонад. Чунин аст, ки вай ҳақиқати мардро нуҳуфта дар қалб ва забон дониста, дигар хусусиятҳои вуҷуди вайро аз гил ва колбади вайро луъбат медонад:

Мард ниҳон зери дил асту забон,
Дигар яксар гили пурсурат аст.
Сӯи хирад ҷуз ки хирад нест мард,
Ӯ сухану колбадаш луъбат аст.

Ҳамин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба ин хусусияти забон ҳакимон ва суханварони доное аҳамият ва равобити онро бо дили инсон ва ошкор гардидани шахсияти одамиро тавассути забон ишора менамоянд. Унсурулмаолии Кайковус соҳиби асари бузурги ахлоқӣ-тарбиявии “Қобуснома” бар он бовар аст, ки сухан нишондиҳандаи ҷойгоҳу манзалати фард аст. Таъкид менамояд: “Сухан, ки ба мардум намойӣ, бар некутарин ваҷҳ намой то мақбул бувад ва мардумон дараҷаи ту бишносанд, ки бузургон ва хирадмандонро ба сухан донанд, на суханро ба мардум, ки мардум ниҳон аст зери сухани хеш”.

Андешаи дигари ҷолиб ва омӯзанда,  ки дар сартосари  ашъори мутафаккирону адибони ҳикматнигори мо ба чашм мерасад, масъалаи дар банд доштани забон, ба вақти зарурат бозкардани он ва аз сари андеша сухан гуфтан аст.  Инсон дар ҳар ҳолате, ки бошад меъёри ақлу хирадро нигоҳ дорад, яъне аввалан андеша ва баъдан гуфтор намояд.  Дар ғайри он, агар одамӣ забонро дар ихтиёри хирад қарор надиҳад, забон барои вай  зиёновар хоҳад буд. Ин зиён бештар вақте рӯй медиҳад, ки инсон дар ҳолати хашмгиниву ғазаб қарор гирад ва тавони дар мизони ақл идора кардани худ ва забонро аз даст диҳад. Ин нукта дар ашъори падари шеъри форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври зер намудор мегардад:

Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт: то ту ғам нахурӣ,
Басо касо! Ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро: хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Аз гуфтаи боло муроди мо ин нест, ки инсон ҳамеша хомуширо пеша гирад, балки мақсад дар он аст, ки инсон тавони идораи забон ва сухани худро дошта бошад ва ин ба манфиати худи ӯ хоҳад буд. Яъне пеши худ нигоҳ доштани забон сабаби ҳифзи иззат ва обрӯйи одамист. Аз ҷумлаи он ҷоест, ки аз мо чизе нахоҳанд ва напурсанд. Тавре ки Низомии Ганҷавӣ таъкид доштааст:

Сухан то напурсанд, лаб баста дор,
Гуҳар нашканӣ, теғ оҳиста дор.

Дар робита ба ин, Саъдии Шорозӣ бо ишора ба он, ки хомушӣ назди хирадманд нишонаи адаб аст, таъкид доштааст, ки ба ҳангоми зарурат лабро барои сухан гуфтан кушод, зеро сухан ба ҳангом гуфта нашавад нишонаи бепарвоӣ ё камхирадист, ба монанди оне ки хомушии нобаҳангом низ чунин аст:

Агарчи пеши хирадманд хомушӣ адаб аст,
Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кушӣ.
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ. 

Масъалаи дигаре, ки ҷолиби диққат аст ва донишмандон сари он андеша кардаанд, ин мавзӯи сузанда ва созанда будани забон аст. Парҳез аз офатҳои забон ва хатарҳои дар каминдоштаи сухан, ки бинобар сабаби он бисёр касон ҷон бохтаанд ва ё обрӯи худро аз даст додаанд, дар адабиёти форсу тоҷик ба тарзҳои гуногун баён мешавад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нақши созандагӣ ё сӯзандагии забонро монанди хирман ва оташ ё ранҷу ганҷ медонад. Ҳамонгуна, ки оташи хурду андаке метавонад хирмани азимеро барҳам занад:

Эй забон, ту бас зиёни мар маро,
Чун туи гӯё, чӣ гуям мар туро.
Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ. 

Ё ин ки Мавлоно ҷои дигар бо дарназардошти тавони вайронгарии забону сухан ишора менамояд, ки як сухан метавонад ҷаҳонеро сузонаду оламеро вайрон кунад:

Золим он қавме, ки чашмон духтанд,
З-он суханҳо оламеро сухтан.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад. 

Аз сари андеша сухан гуфтан, кутоҳбаёниву муъҷазгӯйӣ нишонаи камоли фазлу ҳунар аст. Яъне хирадманд бештар менадешад ва камтар сухан мегӯяд, зеро хирад тавони онро дорад, ки инсонро ба муроғиби забону каломи хеш будан вогӯзор намояд.Чунончи устоди сухан Саъдии Шерозӣ дар байте чи зебо андешаро муқаддам бар гуфтор медонаду онро пойбасти калом мешуморад, яъне ба андешаи шоир устувории калом низ мизони устувории хирад аст:

Аввал андеша в-онгаҳе гуфтор,
Пойбаст омадасту пас девор.  

Аз таҳқиқу пажуҳиши осори адабон бо асос овардани намунаҳои  боло ба чунин хулоса расидем, ки андешаи манзалат ва накуҳишу мазамати забон яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар ашъори адибони классики форсу тоҷик ба шумор меравад.

Ногуфта намонад, ки шоирони муосир ҳам дар мавзӯи сухан ва забон ашъори ҷаззоб ва дилнишин гуфтаанд. Лозим ба таъкиди хос аст, шоирони муосир бо андаке дигаргунии мавзӯӣ, яъне ҳифзу нигоҳдошти забони модарӣ, ки бо гузашти замонҳои дур ва барқарор гардидани адолати таърихӣ масъулияти саршор аз ифтихору худогоҳона дар назди ҳар фарди ватанхоҳу бофарҳанг ба ҳисоб меравад, баёни андеша менамоянд.   Беҳтарин шеърҳои дар ин мавзуъ эҷодгардида, ки аксаран бедории миллат ва ҳуввияти миллии ҳар фардро  сайқалдиҳандаанд, «Забонгумкарда»- и устод Лоиқ Шералӣ, «Забони Ватан»- и Бозор Собир ва «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме»- и Убайд Раҷаб ба шумор мраванд.

Устод Лоиқ Шералӣ бо арҷ гузоштан ба забони модарӣ дар шеъри «Забонгумкарда» баён месозад:

Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон
З- он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Яъне, бадтарин амал барои ҳар инсон ин гум кардани забонии модарии ӯст, зеро ягон неъмат баробар бо забони модарӣ нест. Гум кардани ҳеч неъмате дар қиёс бо гум кардани забони модарӣ гуноҳи вазнин нест. Касе ки забони модарии худро гум кардааст, шири модар ҳалолаш мабод!

Ҳамонгунае, ки аз шеъри «Забони Ватан»- и Бозор Собир огаҳ мегардем, барои пойдорӣ ва мондагории забон садҳо бузургони миллат ҷони хешро фидо намудаанд. Забонро ба мисли сарҳади кишвар ҳифз намуданд ва марзу буми асосии тоҷикон забони модарии онҳоро донистанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз низ бақои марзу бум ва давлату миллатро маҳз дар бақои забони модарӣ дониста, таъкид намудааст, то вақте ки тоҷикон забон доранд, марзу бум доранд!

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Хулоса, доманаи мавзӯи мавриди назар чи дар адабиёти классик ва ҳам дар ашъори адибони муосир ниҳоятан васеъ аст. Таҳлилу баррасии тамомии ашъори фарогирандаи ин мавзӯъ дар доираи як матлаб ё гузориши мухтасар аз имкон берун аст. Итминони он аст, ки ин суханҳои ҳикматомӯз ва нуктаҳои волои ба иқтибос овардашудаи адибону донишмандон қобили қабули хотири аҳли назар гардида, дар таҳқиқу ҷусторҳои имрӯзу ояндаи ин паҳлӯи масъала ҳамчун дастури раҳнамо хидмат хоҳанд кард.

Матлабро бо иқтибосе аз суханрониҳои Пешвои миллат матлабро ба охир мерасонам: “Забони миллӣ симо ва пайкараи милла-ти мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои  забон  бақои  миллат  аст.  Забон нишонаи  муҳимтарини  миллат  ва пайвандгари наслҳост”.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид- муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат