, Якшанбе, 22-декабр

ОМӮЗГОР – АФРӮЗАНДАИ МАШЪАЛИ ИЛМУ ДОНИШ

 05.10.2024 266

ОМӮЗГОР – АФРӮЗАНДАИ МАШЪАЛИ ИЛМУ ДОНИШ

Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли маориф дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат кулли омӯзгорони хушбахту некахтари ватани азизамонро ба ин рӯзи фархунда – рӯзи меъморони руҳи инсон самимонаву сидқан табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти пуршарафу пурмасъулият ва ниҳоят пурмашшақати омӯзгороиашон муваффақияту комгориҳои беназирро таманно менамоям.

Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд. Дарвоқеъ, пешаи омӯзгорӣ дар ҳама давру замон кори пурифтихору пуршараф буд. Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст». Гузашта аз ин, бузургони илму адабамон низ дар тавсифу ситоиши омӯзгор ҳамчун раҳнамову роҳкушо суханҳои пурқимат гуфтаанд. Шайх Саъдии Шерозӣ «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бошад чунин мефапрмоянд:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Камоллидини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Пешаи омӯзгорӣ анвори нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади илми педагогика Ян Амос Каменский (1592 - 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».

Пас гуфтан ҷоиз аст, ки мураттабу муназзамкунандаи олами моддиву маънавї омӯзгоронанд. Дарвоқеъ, омӯзгор муҳандиси руҳу ҷисми инсон, офарандаи тамоми шоҳкориҳои қадиму имрӯз, фатҳкунандаи баландтарин қуллаҳои илму маърифат ва равшанкунандаи роҳи насли башар аст. Омӯзгор шабеҳи шамъест, ки бо сӯзиши ҷавҳари ҳастии хеш оламро мунаввар месозад ва худ дар ин роҳ фано мешавад ва ҳаргиз аз ин амал хаставу пушаймон нест, чаро ки рисолаташ чунин аст. Омӯзгор дар баробари бардошти бори гарони масъулияти таълиму тарбияи насли инсон, боз ба омӯзишу пажӯҳиш ва кушоиши гиреҳҳои накшудаи илму маърифат, ки пешрафти тамоми соҳҳоти хоҷагии халқ вобаста аст, машғул мебошад. Чунин аст, рисолати як омӯзгори воқеї дар замони гузаштаву  имрӯза ва оянда.

Дар ҳақиқат “Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд».

Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, дар вазъи печидаи ҷомеаи имрӯза вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш ба насли наврасу ҷавон, ҳамчунин дар сафи пеши ҳамагуна муборизаҳои иттиллоотї будану пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракти тундгаро низ мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

Ба ҳамин мазмун мувофиқ шоири халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло дар шинохти асолати муаллим чанд сухани арзандаи  манзум эҷод кардаанд, ки шоистаи пешниҳод ба хонандаи гиромӣ медонам:

Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ
Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим.
Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим.
Агар армони меҳанро бихоҳӣ,
Бидон аввал ту армони муаллим.
Каму беши замонро рост кардан
Тавон танҳо ба мизони муаллим.
Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид,
Набошад нури чашмони муаллим.
Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб
Магар рӯйида бе дони муаллим?
Бидон парвозгоҳи миллати мо
Бувад дар рӯйи дастони муаллим.

Аз ин лиҳоз, пешаи муаллимӣ ҳирфаест, ки таҷассумнамои ин гуфтаҳои мухтасар перомуни шахсиятанд. Муаллим қувватбахшандаи нерӯи зеҳнии инсон буда, ба василаи маърифат, ақлу хирад, қобилияти фикрӣ ва лафзи саршор аз муҳаббату маънӣ шахсро ба камолот мерасонад.

Муҳаммади Риҷоӣ бошад, зикр менамояд, ки «Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаи, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».

Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии тафаккури миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи муаллимони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад!

Ташаккур бар ту бодо, устодам,
Ман аз ғамхориат бисёр шодам.

Гадомад Зулфиев, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат