,
Якшанбе, 22-декабр
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бой ва қадимаи дунё ба шумор рафта, бо ин забон гузаштагони мо ба мисли устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон асарҳои назмию насрӣ эҷод кардаанд, ки то имрӯз қадру қиммат ва манзалаташонро аз даст надода, дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас ва ҷавонон саҳми босазою назаррасро гузошта истодаанд. Забони модарии мо таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Аз ин лиҳоз, он дар қатори забонҳои машҳури дунё ҷойгир аст ва мавқеи махсусро ҳам ишѓол менамояд.
Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем мебинем, ки дар тули таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро дар охирҳои асри XX ва аввалҳои асри XXI Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Пешвои миллат хеле бузург ва мондагор аст. Воқеан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳомие барои арзишҳои миллӣ, ки яке аз онҳо забони тоҷикӣ аст, зарур буд.
Бори аввал дар сатҳи қонунгузорӣ 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни забоне, ки дар замони сохти гузашта расмият ёфта буд, бо гузашти замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд. Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009, №553 ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ пажӯҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ хусусияти бунёдӣ пайдо кардааст, ки сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатии худ ва аз ҳама муҳим таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, барои густариши забони тоҷикӣ дар ояндаи кишвар асару мақолаҳои Пешвои миллат аҳаммияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» инъикоси худро ёфтаанд. Китоби дигари арзишманди Пешвои миллат, ки бевосита ба масъалаи забони давлатӣ тааллуқ дорад, ин китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» маҳсуб мешавад. Ин китоб дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст.
Бояд хотирнишон кард, ки суханрониҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо забони ноби модарӣ, суханрониҳо доир ба рушду такомули забони давлатӣ, чопи осори илмию адабии классикон бо хуруфи кирилӣ, тарҷума ва нашри осори адабию илмии олимони ҷаҳон ба забони давлатӣ ва нашри китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» доир ба забони тоҷикӣ аз ҷонибӣ Эмомалӣ Раҳмон бозгӯкунандаи ғамхорӣ ва муҳаббати фарзандонаи ӯ нисбат ба забон мебошад. Бояд зикр намуд, ки ҳар иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат нисбат ба забон, хирадмандонаю огоҳона ва дурандешона буда, ҳолати воқеӣ ва равандҳои ҷоҳонию ҷаҳонишавӣ пурра ба назар гирифта шудаанд.
Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони истиқлолият беш аз ҳар замони таърихии худ, ҳатто бештар аз давраи давлатдории Сомониён низ рушду нумӯъ дорад.
Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ин лиҳоз, ҳодисаи муҳим гардид. Пешвои миллати тоҷикон бо забони ноби тоҷикӣ аз ин минбари баланд суханронӣ намуд.
Дигар иқдомоти наҷиби Ҳукумати мамлакат дар самти сиёсати давлатӣ вобаста ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули барномаҳои давлатӣ ба шумор меравад. Қаблан ҳам дар ин хусус «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» аз 30.06.2012, №335 қабул гардида буд, ки дар худ шаш самти афзалиятноки пешбурди забони давлатиро фаро мегирифт. Бо мақсади такмил додани он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул гардид, ки аз 8 боб ва 24 қисм иборат мебошад.
Албатта таҳия ва қабул гардидани чунин барномаҳои муҳим аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва саҳми он забони давлатӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо ташаббусу ибтикори Президенти кишвар барои ҷалби тамоми ҷомеа ба амри хайри ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони модарии хеш соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, чопи таҷдиди назаршудаи Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шуд, ки ин Фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат гардид.
Инчунин, бо ташаббуси Пешвои миллат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд.
Фикр мекунам, ки ин иқдоми ватанпарваронаи Пешвоми миллат дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд.
Дар фарҷоми сухан ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат дуруст таъкид менамоянд, ки омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.
Саидзода Муҳаммад Бегмурод, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси филология, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ