, Ҷумъа, 08-ноябр

АҲАМИЯТИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР МАСЪАЛАИ ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

 03.10.2024 99

АҲАМИЯТИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАР МАСЪАЛАИ ЗАБОНШИНОСИИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

Мардуми шарфманди тоҷик шоҳиди иқдоми хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Садри олии кишвар Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки асари ҷовидонаи аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар аз номи Раҳбари муаззами миллат туҳфа гардид. Ин ҳадяи беназир ва хизмати бузург дар муаррифии таърихи бою пурғановати миллати тоҷик мебошад. Ҳамчунин ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” дар ин роҳ замини мусоидро ҷиҳати боз ҳам ошно гардонидани фарҳангу тамаддуни оламгир дар миёни тамоми насл, аз хурд то бузург, дар ҳар як оилаи тоҷик фароҳам овард.

Ин асари арзишманд дар такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ ва дар асоси маводи зиёди ҷомеашиносӣ, таърихӣ, археологӣ, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва факту далелҳои дақиқ аз осори олимони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ ба риштаи таълиф кашида шудааст.

Хушбахтона, дар ин асар ба масъалаҳои забоншиносӣ, ки дар муаррифии миллат аҳамияти аввалиндараҷа дорад, диққати махсус дода шудааст, билхоса ба масъалаи қаробати забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ҳиндуориёӣ ва забонҳои эронии қадим.

Дар китоби «Тоҷикон» дар фасли «Умумияти ҳиндуэронӣ. Ориёиҳо» муаллиф ба масъалаи макони зисти қавмҳои эронинажод ва забони онҳо ишора намуда, муайян менамояд, ки дар асоси нахустин сарчашмаҳои хаттии санавӣ дар асрҳои 6-4 пеш аз мелод дар Осиёи Миёна қавму нажодҳои эронӣ, аз қабили бохтариҳо, суғдиҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакоиҳо ва ғайра сукунат доштанд ва матнҳои дар натиҷаи кофтуковҳои археолгӣ ёфтшуда, бозгӯйи ба чандин забонҳои эронӣ гуфтугӯ намудани онҳо мебошанд.

Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи таснифоти забони қавму қабилаҳои дар боло зикршуда вобаста ба мавқеи ҷуғурофии онҳо ишора намуда, дар асоси андешаи олимони соҳаи таърихи забон Гринценберг Л.Г., Байлей Ҳ.В. ва Ҳоминг В.Б. онҳоро ба шарқи эронӣ ва ғарбиэронӣ ҷудо намуда, ба гурӯҳи аввал (шарқиэронӣ) забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ, хутану сакоӣ ва ба сабаби наздикӣ ба забонҳои Осиёи Миёна бо вуҷуди ба гурӯҳи ғарбиэронӣ дохил шудан забони портиро низ ба ин гурӯҳ дохил намуда, ба гурӯҳи дуюм (ғарбиэронӣ) бошад, забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, балучӣ, афғонӣ (пашту), осетӣ ва помириро дохил намудааст.

Вобаста ба масъалаи хешигарӣ ва алоқамандии забонҳои эронӣ ба забонҳои ҳиндӣ ё ҳиндуориёӣ таъкид намуда, онҳоро ба шохаи забонҳои ҳиндуэронӣ ё худ ориёии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутааллиқ дониста, қайд намудааст, ки: «Забонҳои эронӣ ва ҳиндуориё дар замонҳои қадим ҳам аз ҷиҳати сохти грамматикӣ ва ҳам аз ҷиҳати захираи асосии луғавӣ то чи андоза умумият доштанд» (саҳ. 50) махсусан, дар забонҳои авастоиву форсии қадим ва ведию санскрит бо истиснои баъзе хусусятҳои фонетикӣ дар бештари калимаҳо умумияти сохториву маъноӣ мушоҳида карда мешавад, барои исботи фикр чунин мисолҳоро овардан зарур донистем: калимаҳои об дар форсии қадим ап дар ҳинди қадим низ ап; замин дар форсии қадим буми ҳиндии қадим бҳума: бод дар форсии қадим вата дар ҳиндии қадим низ вата: тан дар форсии қадим тану ва дар ҳиндии қадим низ тану: даст дар форсии қадим заста ё даста дар ҳиндии қадим ҳаста: овоз дар форсии қадим вачаҳ дар ҳиндии қадим вачас; ном дар форсии қадим наман дар ҳиндии қадим низ наман: либосдар дар форсии қадим вастра дар ҳиндии қадим низ вастра: ду дар форсии қадим два дар ҳиндии қадим низ два: чаҳор дар форсии қадим чатвар дар ҳиндии қадим низ чатвар: панҷ дар форсии қадим панҷа дар ҳиндии қадим низ панҷа: ҳашт дар форсии қадим ашта дар ҳиндии қадим низ ашта: дах дар форсии қадим дасо дар ҳиндии қадим даша: дувоздаҳ дар форсии қадим дваса дар ҳиндии қадим два-даша: сад дар форсии қадим сата дар ҳиндии қадим шота ва амсоли инҳо.

Бобоҷон Ғафуров дар такя ба андешаҳои олими намоён Оранский И.М. мутобиқати устуворро дар грамматика, дар таснифоти системаи феъли форсии қадим ва муқоисаи он бо забони ҳиндии қадим хеле барҷаста нишон додааст. Масалан, тасрифи шакли замони ҳозираи феъли бар (бурдан) дар забони форсии қадим шахси якуми шумораи танҳо барамӣ, шахси дуюми шумораи танҳо бараҳӣ, шахси сеюми шумораи танҳо баратӣ ва муқоисаи тасрифи ҳамин феъл бо феъли браҳӣ-и забони ҳиндии қадим дар шахсу шумора бҳарами, бҳараси ва бҳарата далели фикрҳои боло мебошад.

Дар масъалаи лексикологияи муқоисавӣ ба омӯзиши вожаҳои соҳавӣ низ дар «Тоҷикон» маводи хуберо дастрас кардан мумкин аст. Барои мисол дар забонҳои эронӣ ва ҳиндии қадим дар бисёри калимаҳо умумияти шаклӣ ва маъноӣ мушоҳида карда мешавад. Чунончи дар ифодаи номи ҳайвоноти хонагӣ, ғалла, олоти чорводорӣ ва киштукор чунин умумият дида мешавад; гов дар форсии қадим гав дар ҳиндии қадим гав; асп дар форсии қадим аспа дар ҳиндии қадим ашва; уштур дар форсии қадим уштра дар ҳиндии қадим уштра; ҷӯяк дар форсии қадим карши ва дар ҳиндии қадим крши; калимаи шудгор низ бо ҳамин истилоҳ ифода карда мешуд; ғалладона, ҷав дар форсии қадим йава дар ҳиндии қадим йава ва ғайра.

Бадин минвол, метавон ҳадс зад, ки масъалаи муқоисаи ин ду забон на танҳо барои забоншиносӣ маводи хеле ҷолиб додаанд, инчунин дар муайян сохтани мавқеи иҷтимоии забони қадимаи тоҷикӣ-форсӣ аҳамияти хеле калон дорад. Он бозгӯи тамаддуни муштараки кӯҳани мардумони ҳинд ва форс мебошад. Аз рӯи ҳамгунагии маъно ва сохти граммтикии вожаҳо ҳам дар «Авасто» ва ҳам дар «Вед» маълум мегардад, ки дар миёни ин ду мардум аз ҷиҳати дину мазҳаб, расму оин ва тасаввуротҳои ҳамамосиву асотирӣ ҳамрангӣ ва шабоҳати зиёд вуҷуд дошт. Наздикии расму оин ва урфу одатҳои ин ду мардумро ба таври зайл метовон шарҳ дод: Масалан, дар парастиши оташ эрониёни қадим аз тайёр намудани нӯшобаи муқаддас бо номи ҳаома истифода менамуданд, ки дар забони ҳиндии қадим бо ҳамин ном ҳаома истифода мешуд, ё ин ки вожаи Митра ҳам барои эрониён ва ҳам ҳиндувон ба маънои худои асосӣ истифода бурда ва парастиш карда мешуд. Ҳамчунин дар «Авасто» ва «Вед» худои бод ва ҷанг бо номи Вайу ва Вата; худои бод бо номи Вата; номи подшоҳ ва қаҳрамони авастоӣ Йиама ва қаҳрамони ведӣ Йиама; Асура Варуна дар «Ригвед» бо Аҳура Маздо дар Авасто мутобиқати маъноӣ доранд.

Чун сухан дар ибтидо аз умумияти ҳидуэрони ва ориёиҳо дар асари аллома Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, лозим донистем, ки дар асоси ин сарчашмаи муҳими таърихӣ баъзе маълумотро дар хусуси мафҳуми “орё” ва маънои муштараки он дар забони форсӣ ва ҳиндии қадим баён намоем. Ба андешаи олимони намоён Зейме Р., Абаев В.И. ва Марҳофер М. «ориё» ба маънои «наҷиб» ва «озод» истеъмол гардида, ифодагари наздикии аҷдодии қабилаҳои гунонгуни эронии қадим мебошад. Вожаи «орё» бошад, дар матнҳои эронӣ ва ҳиндии қадим бо ҳамин ном ба таври васеъ кор фармуда шудааст. Масалан, номи Эрони имрӯза аз шакли қадимаи «Арянам» (Кишвари ориёно) ва қадимтарин маркази Ҳиндустон байни наҳрҳои Ҷамна ва Ганга бо калимаи ҳиндии қадим «Арияварта» инчунин истилоҳи авастоии «Арянам вайҷаҳ» (Паҳнои ориёно) иловата, номи қабилаҳои мидии «оризонт», қабила сарматии «орӣ» ва итиҳодияи қабилавии «аллонхо» номи аслии осетинҳо ва ҳам номи шаҳр дар ин сарзамин, агар шаклану маъноан дурустар ба решаи калимаи мазкур, яъне «орё» диққат диҳем, аз он пайдо шудааст.

Ҳамин тариқ, дар мавриди хешигарӣ ва наздикии забонҳои эронии қадим ва ҳиндии қадим дар китоби «Тоҷикон» ба таври илмӣ асоснок ва мушаххас мисолу далелҳои хеле зиёд оварда шудаанд ва дар ҳаҷми як мақола баррасии онҳо аз имконият берун аст, аммо дар оянда кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, ки ба қадри имкониятҳои зеҳн ин мавзуъ пайгирӣ шавад.

Шермуҳаммад Тоиров- муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат