,
Якшанбе, 22-декабр
Таълиму тарбия ин равандест, ки ҳар як фарди ҷомеъа ба он уҳдадор аст ва ин масъулиятро бояд ба тамоми ҷисму ҷон, бо садои қалб эҳсос намояду дар иҷрои он масъулиятшинос бошад. Ҳар фарди кишаври моро мебояд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба хотири ҳифзи фарҳангу маърифат, одоби насли ҷавон ва сунатҳои арзишманди миллӣ барои таълиму тарбияи шогирдону фарзандони хеш тадбиру чораҳои зарурӣ андешида, дар камолоти онҳо ҳиссагузор бошем, то насли нав ҳамчун ватандори асил на танҳо муҳофизи ҷонфидои дастовардҳои истиқлолияти кишвар, балки рушду ривоҷбахшандаи иқтисодиёту фарҳанги Тоҷикистон шаванд.
Фарҳанг доманфарох аст ва дар ин миён фарҳанги гуфтору баёни андеша қонуният ва муқаррароти худро дорад. Аз мутакаллимин фаросату фасоҳатро талаб менамояд. Мушоҳидаҳои фардӣ миёни ҷомеа бар он водорам намуд, ки дар иртибот бо тарзи гуфтори шогирдон ибрози ақида намоям. Зеро яке аз нишонаҳои рӯшану боризи ҷомеаи муттарақӣ риояи одоби гуфтор аст.
Мусаллам аст, ки афроди зиёде аз кишварҳои гуногун ба сифати сайёҳ озими кишвари мо мешаванд ва ё бо тақозои вазифа ба Тоҷикистон бо сафари расмию корӣ ташриф меоранд. Аввалин бардошту таассуроташон аз шеваи муомила ва муоширати мо хоҳад буд. Мутаасифона, имрӯз фарҳанги муоширати иддеаи аз толибилмони макотибу донишгоҳҳо ва ҳатто дар миёне қишре аз бузургсолон низ хеле коста ба назар мерасад. Дар фарҳанги мо модар муқаддас аст, вале бо алфози гӯшхарошу суханҳои дурушти олудаи дашном ба номи мазҳари покиву маншаи муҳаббат иснод меоранд. Дареғ аз он, ки калонсолон ин манзараи зиштро нодида мегиранд. Набояд фаромӯш сохт, ки агар мо омӯзгорон, волидайн ва дар маҷмӯъ ҷомеа сари ин падидаи ногувор беэътиборӣ намоем ва эҳсоси бамасъулиятӣ кунем, фардо аз ин киштаи хеш пушаймон хоҳем шуд.
Дар ин ҷиҳат, барои дарки масъулият дар тарбияву баркамолии фарзандон ва донистани уҳдадориҳои худ дар назди онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид доштанд, ки “Мо бояд хуб дарк намоем фарзандони мо назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем”.
Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди пешрафти ҳамаҷиҳата ва таъмини шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ҳануз ҳам волидайне ҳастанд, ки дар кадом синф таҳсил намудани фарзанди хешро намедонанд. Гузашта аз ин, тарбияи фарзандро танҳо ба мактаб вогузор мекунанд, охир фарзанд неъматест, ки Офаридгор онро барои мо амонат додааст.
Пас, бояд дар ҳифзу нигаҳдории ин амонат кӯшиш намоем. Мақсади банда аз ин нигошта он аст, ки мактабу волидайн ҳамвора дар робитаи зич бошанд. Имрӯзҳо дар маҷалаву расонаҳо сари мавзуи насли наврас зиёд мегуянду менависанд, ки ин бисёр хуб аст. Бештари коршиносон ба ин назаранд, ки барои тарбияи атфол аз мактаби мураббиёни кӯдакистон истифода шаванд. Шояд ин андеша бе поя набошад. Ба далели он ки тарбия дар кӯдакистон метавонад заминасози шахсияти атфол бошад. Аммо аввалин ва охирин мактабӣ инсонсози хонавода аст. Волидайн метавонад ва бояд нахустхишти иморати тарбияро бигзоранд, ки пасон дар кӯдакистону дабистон ин бино қад барафрозад. Чуноне, ки Саъдии бузургвор мефармояд:
Гуле, ки зи дасти боғбон тарбия нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед расад худруст.
Бо асосгирии нукоти устод Саъдӣ гуфта метавонем, ки аввалин боғбони нахли хонадон, яъне фарзандон волидайн мебошанд. Дар ин роҳ барои баркамоливу шарфмандии фарзанд масъулияти беш бар зиммаи онҳост.
Тарбия фарзанд дар ҳама давру замон ва назди ҳама гуна оину фарҳанг масъулиятноктарин ва дар айни ҳол пуршарафтарин вазифаи волидайн, мактаб ва ҷомеъа буду ҳаст. Аммо дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ин рисолат беш аз ҳар замони дигар аҳмият пайдо намудааст. Зеро таҳдидҳои фикриву маънавӣ аз тарафи гурӯҳҳои тахрибкору ифротӣ ба ҳадде боло гирифтаанд, ки бо андаке ғафлат зеҳну фикр ва шуури фарзандони моро дуздида, дар ихтиёр ва хидмати дигарон қарор медиҳанд. Пас, бояд донист, ки дар шароити имрӯза тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи миллию ватанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба андешаҳои миллӣ иртиботи мустақиме ба суботу амният ва ояндаи рӯшани ин марзу бум дорад.
Замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта бошанд ва якҷоя дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намояд.
Ҳасанов Бахтиёр - сармутахассиси раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ