,
Якшанбе, 22-декабр
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон-Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор бо тантанаҳои идона ва қадрдонӣ аз фаъолияти пурсамари ин раҳнамои зиндагӣ таҷлил карда мешавад. Шодиовар аст, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати омӯзгор мавқеи шоиста дорад.
Мебояд тазаккур дод, ки соҳаи илму маорифро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, баландбардории мақоми омӯзгорро омили калидии ноил гаштан ба ҳадафҳо дар роҳи таълиму тарбияи насли наврасу худогоҳ ва ҷавонони бофарҳангу ватандӯст ва аз ҳар ҷиҳати тарбия ёфта медонад.
Вобаста ба ин Пешвои маҳбуби миллат дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».
Хиради азалӣ, донишмандӣ ва нуктасанҷии Пешвои муаззами миллат аст, ки омӯзгорро фурӯзонандаи роҳи саодатбори илму дониш дониста таваҷҷуҳ ба ин маънӣ такид менамоянд: “Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад”. Дарвоқеъ ин нукоти воло ва пурҳикмати Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихори аҳли зиё, хосатан омӯзгорон аст ва дар навбати дигар аз мо масъулияти боз ҳам ҷиддӣ ва самимияти бештар ба касбро талаб менамояд, то тавониста бошем бо иҷрои софдилонаи масъулият ва уҳдадориҳои вазифавӣ ба боварии Роҳбарияти олии кишвар арзанда бошем.
Дар хусуси мақому манзалат ва ҷойгоҳу шахсияти омӯзгор гузаштагони пурифтихори мо дар офаридаҳои худ низ нуктаҳои гуҳарбору арзишманд гуфтаанд ва он нигоштаҳо ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ ва дар тақвияти андешањои морифпарварона судбахшанд. Дар ин маврид суханони ҳакимонаи устодони каломи бадеъ Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозиро овардан хеле ба маврид аст. Устод Саъдии Шерозӣ чунин мефармоянд: «Суҳбати ҷонпарвар аст, суҳбати омӯзгор». Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ низ нақши устод ва омӯзгорро дар тарбияи баркамолии фард ниҳоят арзишманд ва беназир медонад:
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашми Хуршед сар кашад, худруст.
Раҳбари хирадманду маърифатпарвари мо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти рисолати инсонсозии омӯзгор ва таваҷҷуҳи гузаштагони пурифтихор ба нақши муаллим дар баркамолии инсоният зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш аз 1 сентябри соли 2013 баён доштанд, ки “Ниёгони мо доир ба заҳматҳо ва нақши муаллим дар таълиму тарбия гуфтаанд:
Тарбия чист? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Аз ин рӯ, бояд ҳар як омӯзгор донад, ки ӯ шахси масъулу равшанфикр ва пешбарандаи ҷомеаи мост”.
Мулоқотҳои пайвастаи раҳбари муаззами миллат боз як бори дигар аз мақоми омӯзгор, нақши вай дар таълиму тарбия, ғамхории доимӣ ва дастгирии ин қишри аҳамиятноки ҷомеа шаҳодат медиҳад. Пешвои маҳбуби миллат дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 19 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе заҳмату талошҳои омӯзгоронро ситоиш намуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки “Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Шоистаи таҳсин ва ифтихор аст, ки Пешвои хирадсолори мо дар ҳама суханрониҳои худ пайваста заҳмати омӯзгорро ситоиш менамояд. Воқеан ҳам, муаллим барои тарбия намудан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб дар оянда ба ҷомеа хизмат намуда, боиси ифтихори омӯзгор мегардад.
Дар хусуси дастгирӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба Рӯзи дониш якуми сентябри соли 2024 Пешвои муаззами миллат иброз намуданд: “Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем”. Дар ин робита Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар давоми шаш моҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ин иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа шоистаи таҳсину офарин мебошад.
Маҳбубияти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳли илму маорифу фарҳанг дар хусуси қадру қиммат ва манзалати омӯзгор дар паёмҳои пайвастаи Роҳбари муаззами миллат, билхоса суханрониашон боз ҳам зиёдтар мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф таваҷҷуҳи пайваста ва эҳтироми хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки “Ҷомеа бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор ин эҳтиром ба миллат аст”.
Маърифату худогоҳӣ, фарҳанги қадимиву бостонӣ ва пешрафти ҳар миллат аз хатту савод вобастагӣ дорад. Илм, саводи комил кӯҳи побарҷост, ки аз ҳеҷ боду бӯҳроне газанд намеёбад. Ва ҳар кӣ ба ин хазинаи дониш ҳиссае зам кард, ҳомии бузургтарест, ки одамиятро ба сӯйи маънавият раҳнамун месозад. Дар роҳи расидан ба ин ҷода ва касби илму дониш муаллим аст, ки бо зиёи ақлу хирад ва дониши фасеҳу созанда башариятро даст гирифта қадам ба қадам роҳнамоӣ менамояд. Дар роҳи расидан ба соҳили мақсуд муаллимро аз маърифат дида пушту паноҳи тавонотаре нест.
Воқеан ҳам муаллим шамъи роҳнамоест, ки месӯзаду бо нури хирад роҳи инсонҳоро равшан гардонида, саропо нигарониву заҳматҳо ва пайваста омӯхтану ранҷу талошҳоро дар осиёи умр мечархонад. Ва дар суфраи хештан нони ҳалоли меҳнатиро муҳайё месозад. Ӯ маърифати покизагиву саводу дониши самарабахшро софдилона ба ҳазорон ҳазор ташнагони донишу илм пешкаш менамояд ва дар айни ҳол миннате бар кас намегузорад.
Ин чанд нукта каломи саршор аз меҳр ва садоқатро бо суханони гавҳарбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2014 иброз дошта будаанд ба итмом мерасонам: “Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Алишери Абдулмаҷид- доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ