, Шанбе, 21-декабр

МАВЛОНО ҶАЛЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ - МУНОДИИ ВАҲДАТ

 01.10.2024 159

МАВЛОНО ҶАЛЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ - МУНОДИИ ВАҲДАТ

Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ ҳамчун як ахтари тобнок дар самои илму маърифати ҷомеаи мутамаддин садсолаҳо боз шӯълапошӣ намуда, қалбҳои ҳазорон ҳазор ҳаводорони каломи ноби бадеъро мунаввар сохтааст. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шинохти Мавлоно ҳамчун ориф, шоир ва инсонгарои ростин аз даврони зиндагии ӯ оғоз шуда, тадриҷан миқиёс ва вусъати ҷаҳонӣ касб кард».  Аз ин лиҳоз, Мавлоно наҷобати тамоми бани башар мебошад. Дар таъбири ин мутафаккир асолат ва ҳуввияти собити гурӯҳҳои ташаккулёфтаи инсон - халқҳо, миллатҳо, нажодҳо, табақаҳои иҷтимоӣ бо табиати зотии умуми инсон мухолифат ва зиддият надорад. Дар ин росто возеҳ метавон дид, ки шахсияти воло ва наҷиби Мавлои Рум баёнгари усул ва арзишҳои асолат ва ҳуввияти миллии тоҷик ва осори ӯ дар радифи мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва эҷодиёти пирони дигари маънавии мо шиносномаи арзишманди мардуми мост. Рӯҳ ва андешаи ӯ аз як ҷониб саршори ормонҳо, андешаҳо, салиқаҳо ва вижагиҳои миллист ва аз дигар ҷониб бо арзишҳои волои башарӣ - некӣ, дӯстӣ, баробарӣ, адолат ва ҳамкорӣ на танҳо созгор аст, балки ифодаи татбиқи шоистаи онҳо низ мебошад. Халқи мо бо пайравӣ аз панди бузургоне чун ӯ дар тӯли садсолаҳо фарҳанги бузурги ҳамзистӣ, ҳамкорӣ, дӯстӣ ва равобити некро эҷод намуд ва решадор сохт.

Мавлоношиноси маъруфи ҳиндӣ Халифа Абдулҳаким навиштааст, ки «таҳқиқ дар бораи Мавлавӣ на танҳо аз ин ҷиҳат ҷолиб аст, ки ӯ бузургтарин шоири ирфонии исломист, балки аз ин ҷиҳат, ки ҳеҷ масъалае аз масоили ҳакёти фалсафиву динӣ нест, ки вай бад-он напардохта бошад». Барҳақ, баъд аз ҳаштсад сол ҳам мебинем, ки андешаҳои волои Мавлоно дар бораи моҳияти илоҳӣ доштани инсон, зарурати дӯстӣ ва ҳамкорию ҳамбастагиии халқҳо, эътироф ва эҳтироми байниҳамдигарии динҳо, мазҳабҳо, қавмҳо, мактабҳои илмию фикрӣ дар даврони таҳаввулоти амиқ ва бунёдии охири асри XX ва ибтидои қарни XXI, шиддати зидциятҳо ва ихтилофоти сиёсӣ, миллию қавмй ва байнитамаддунӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. 

Баррасии айнӣ ва ҳамаҷонибаи ин падидаҳо равшаи месозад, ки онҳо комилан мухолифи усул ва рӯҳи динҳои бузурги башарӣ ва андешаҳои волои динию фарҳангии бузургоне чун Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ мебошанд. Аъмоли сиёҳи террористию зӯроварӣ дар асл хиёнати таърихӣ ва нобахшиданӣ нисбат ба дин, фарҳанг ва сирати озодаи инсон аст.

Имрӯз башарият ба ахлоқи ҳамида ва меҳру муҳаббат бештар аз ҳар вақти дигар ниёз дорад. Ва муршиди мо дар ин ҷода Мавлоно буда метавонад. Ӯ бо истифодаи васеъ ва эҷодкоронаи арзишҳои бузурги мактаби тасаввуфи хуросонӣ ва пайванди онҳо бо андешаву афкори мактабҳои фикрии дигар фарҳанги навини маънавию ахлоқиро асос гузошт ва дар ин замина тавонист, ки дар Рум фарҳангҳои мухталифро ба ҳам наздик намояд, кину адоватро аз байни динҳои гуногун дур андозад, роҳро ба воситаи нури андешаҳои олии ваҳдатгарой ва муҳаббати самимонаю беолоиш барои ҳамагон мунаввар гардонад. Аз ин рӯ осори Мавлоно дар асл ифодаи маҳаку роҳнамои ҳамдигарфаҳмии миллату нажод, дину мазҳабҳои гуногун ва ваҳдати ҷомеаи инсонй гардид ва қаламрави ҳикмату фалсафаи ӯ, ба қавли донишманд Фурузонфар «ҳама паҳнои ҷаҳон ва абадияти замон»  шуд.

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

Мавлоно мушкилоти муҳими худшиносӣ ва худошиносиро низ ба таври шоирона ва ба тариқи орифона таҳқиқ карда, барои наҷоти инсонҳо аз тазоду душманӣ, нифоқу бадбинӣ, таассубу бузургманишӣ роҳ меҷуст. Ҷустуҷӯҳо ва амалияи ирфонии ӯ ба ваҳдати халқҳо, сулҳи кулл ва фазои сафову самимият дар байни ҷомеаҳои мухолиф ва мухталиф равона гардида буданд.

Таҷаллии барҷастаи низоми фикрӣ, ақоидӣ ва маънавии Мавлоно - осори безаволи ӯ то имрӯз беҳтарин таблиғгари ваҳдати инсоният ва ишқи ҳақиқӣ ба инсон ва Офаридгори ӯ, васфи садоқату дӯстӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар ҷамьияти мутамаддин буда, рӯҳи он созгор бо тақозоҳои ҳаётӣ ва ормонии тамоми башар аст. Осори ин нобиға нишон медиҳад, ки ҷаҳони саршор аз ишқ, ки инсонҳо дар он шабеҳи навдаҳои як дарахт ва сарбозони як сипоҳанд, усулан наметавонад ба ваҳдат моил набошад. 

Ҳамзамон Мавлоно таъкид дорад, ки инсонҳо вобаста ба омилҳо ва сабабҳои мухталифи фарҳангӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ ва маишӣ, дараҷаи фитрӣ ва истеъдоди гуногуни худ, дарки хоси худшиносӣ ва худогоҳӣ дар сатҳҳои гуногун қарор доранд. Бо он ҳам ҳамаи инсонияг дорои имконияти ягона мебошад, ки Худованд ҳангоми офариниш онро ба ӯ ато намудааст. Одамон бо забонҳои гуногун ва роҳҳои мухталиф ҳақиқатро меҷӯянд ва бо калимаҳову асмои мухталиф онро ном мегиранд, аммо ҳамаи инсоыият овораи ҳадафи ягонаанд; мардум дар фаҳмиши шакл ба ҳам ихтилоф доранд, дар дарки маънй бошад онҳо айни ҳамдигаранд:

Ихтилофи халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт ором уфтод.

Ин масъалаҳои моҳиятан муҳим ва дархӯри эҳтиёҷоти ҷаҳони имрӯза ва ақидаҳои дигари Мавлоно доир ба баробарии динҳо, ваҳдати инсонҳо, сулҳи кулл ва амсоли он дар таҳқиқоти зиёде инъикоси худро ёфтаанд. 

Таълимоти Мавлоно бо шароити таърихӣ ва иҷтимоии давронаш пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Вахшонзамин таваллуд ёфта ва минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм карда ва ба фаъолияти эҷодӣ пардохта, ӯ дар тӯли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд. Ба ин маънй ишора карда худи мутафаккир гуфтааст:

Хуросону Ироқ омад мақомам,
Вале чун Шамс дар ғавгои Румам.
Зи ҳою ҳӯйи ину он чӣ тарсам,
Ки ман ҳуйи Димишқам, ҳойи Румам.

Рӯйхати начандон пурраи он намояндагони халқҳо, ки Мавлоно дар байни онҳо зиставу фаъолият бурдааст ё ки дар маъхазҳо ва осори худи мутафаккир зикр гардидаанд чунин аст: тоҷикони муҳоҷир аз Вахшонзамину Самарқанд ва Балху Бухоро, туркони салҷуқии Осиёи Сағир, юнониён ва дигар қавмҳои бумии Рум, муғулҳо, курдҳо, арабҳо, арманиҳо, гурҷиҳо, яҳудиён ва ғайра. Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Румии хуросонасл ва озодандешро водор намуд, ки як таълимоти дархури ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро асос диҳад. Байти зерини мутафаккир, ки аз тарафи муҳаққиқони осори ӯ хеле зиёд иқтибос мешавад ва мо ҳам ба такрор аз он ёдовар мешавем, гувеҳи ҳамин маънист:

Аз Хуросонам кашидӣ то бари юнониён,
То даромезам бад-эшон, то кунам хуш мазҳабе.

Мавлоно на танҳо бо намояндагони қавмҳои гуногун, ки бо забонҳои мухталиф ҳарф мезаданд, дар муносибати ҳамарӯза будааст, балки худ, чунон ки аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ ва юнонӣ сухан мегуфтааст.

Осори ӯ асосан дар забони модариаш - тоҷикист, вале байтҳои зиёде дар забони арабӣ ва чанд байти камшуморе дар туркию юнонӣ ҳам сурудааст. Ба ин маънӣ қиёси пораи зерини шеърй метавонад гувоҳ бошад:

Порсӣ гӯ, арчи тозӣ хуштар аст,
Ишқро худ сад забони дигар аст.
Бӯи он дилбар чу паррон мешавад,
Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад.

Мутафаккир агарчи ба забони модарияш эҳтироми беандоза бузурге дорад, вале ҳаргиз мавзӯи ҳамзабониро маҳдуд нафаҳмида, ба масъалаи марказии таълимоташ мубаддал накардааст. Барои Румии инсонпарвар масъалаи ҳамдилӣ аз ҳама болотар меистод.

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун баидӣ аст.
Ай басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Ай басо ду турк чун бегонагон.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Дар маҷмӯъ маниши инсонгароии Мавлоно ва таълимоти ӯ дар бораи ахлоқӣ инсон ҳамагӣ шаҳодати он суханҳое ҳастанд, ки ҳанӯз дар даврони пешин дар бораи суфиёни воқеие чун ин мутафаккир, ориф ва инсони бузург гуфтаанд: «Сӯфӣ он аст, ки дили софе дорад бо Худой». Аз ир рӯ меарзад, ки осори мавлоно ҳамчун қуллаи дурахшони инсонгароии ростин ва тарғибгари ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба забонҳои гуногун ва теъдоди зиёд нашр гардад. Зеро Мавлавии кабир рисолати бузурги иршод ва роҳнамоӣ дорад ва вазифаи ҷонии тамоми афроди дори виҷдони бедор аст, ки паёми бузурги инсонгароии ӯро дастури навсозӣ ва беҳсозии инсон ва ҷомеаи башарӣ намоянд.

Гадомад Зулфиев - номзади илмҳои филологӣ, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат