,
Якшанбе, 22-декабр
Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд...
Эмомалӣ Раҳмон
Аз ин гуфтаҳо моро зарур меояд донем, ки омӯзгор кист?
Омӯзгор (форсӣ: آموزگار) ё муъаллим (ар. معلم) - касест, ки пешааш омӯзиш ба дигарон мебошад ва «омӯзишу парвариш» ё «таълиму тарбия» шуғлу кори ӯ ба шумор меравад.
Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамояд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд- муаллим мисли шамъ аст худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад. Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа омӯзгор набошад он ҷомеа ё табақа аз бесаводӣ ба нестии маънавию фарҳангӣ рафта, миллат аз байн меравад.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои баркамолӣ ва инкишоф ёфтани инсон, устод рамзи баҳор мебошад. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд.
Барои қадрдонӣ намудани меҳнат ва заҳмати ҳамешагии муаллим дар ҳама давру замон эътибори хоса дода мешавад. Маврид ба зикр аст, ки дар собиқ ҶШС Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1940, дар асоси Қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон унвони фахрии Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1940-1988) таъсис карда шуд. Минбаъд ин унвон ба Ходими хизматнишондодаи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1989-1991), Корманди шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-1996) иваз шуда буд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз соли 1996 баъди тағйирот номи унвони фахрии Муаллими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Бояд ҳаминро низ қайд намоям, айни замон нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бо ин нишон кормандони беҳтарини муассисаву корхонаҳои маориф қадр карда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ин маврид низ Пешвои миллат дар ҷое иброз доштаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Ба гуфта ва таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд. Ва бисёр хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд.
Хурсандиовараст, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи омӯзгор дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии навбатиаш рузи 1.09.20024 хотирнишон намудаанд: “Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустаҳкам дорад”. Илова бар он сарвари давлат кайд намуд, ки дар ин самт бояд қонунҳое ба тавсиб расонидан даркор, ки ба талаботи рӯз ва ба вазъи маишии омӯзгорон таъсир расонад.
Шодиовар аст, ки омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсони мебошанд. Маҳз омузгоронанд, ки имрӯз ҳар яки мо аз илму дониш бархурдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан саъю кушиш карда истодаем.
Дар воқеъ дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши муҳим дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.
Дар охир ба ҳамаи омӯзгрон, кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар Рӯзи омӯзгорро муборакбод гуфта, ба онҳо саломатии бардавом ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Одинаев Абдулфаёз - омӯзгори кафедраи методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ