,
Душанбе, 14-октябр
Адабиёти классикии форсу тоҷик ва намояндагони бузурги он тули қарнҳост, ки мавриди таҳқиқу омӯзиши ховаршиносони ватаниву хориҷӣ қарор дошта, то кунун идома дорад.
Бо гузашти асрҳо андешаву афкор ва таъсири суханони намояндагони илму адаби мо аҳаммияти дучанд пайдо карда, дархӯри ҷомеа гардидаанд. Дар ин миён, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи худ дар ташаккули фарҳанги мо – тоҷикону форсизабонони ҷаҳон саҳми бузурге дорад.
Дар эҷодиёти ин ориф, мавзуъҳои гуногун, аз қабили меҳантдӯстӣ, инсондӯстӣ, тарғиби илму дониш ва дигар хислатҳои неки инсонӣ бо як ҳиссиёти баланд тараннум гардидаанд. «Дар шароити кунунӣ, ки дар тамоми кишварҳои мутамаддин, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инсон ва ниёзмандиҳои он дар ҷавҳари сиёсати дохиливу хориҷии кишвар қарор гирифтааст, – қайд мекунад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – истифода аз ақидаҳои инсонгароёна ва гуманистии Мавлонои Румӣ ва садҳо мутафаккирони дигар, ки дар таърихи фарҳанги ниёгонамон дар радифи ӯ қарор доранд, метавонад чунин сиёсати пешгирифтаро аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардонад».
Осори мондагори Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ба хусус «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир», ки бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» низ маълум аст, на танҳо дар миёни форсизабонон, балки дар ганҷинаи тамаддуни олам низ ҷойгоҳи махсус дорад.
Тавре маълум аст, илму дониш дар дар пешрафти ҳар як давлат яке аз сарчашмаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷиҳат, инъикоси мавзуи илму дониш дар эҷодиёти адибони мо, хосса дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки хонандаро баҳри омӯзиш ва аз худ кардани касбу ҳунар ҳидоят менамоянд, мақоми махсус дорад.
Сарчашмаи тамоми андешаҳои орифонаи Мавлоно, ки ҳам дар «Маснавӣ» ва ҳам дар “Девони кабир” доир ба бузургии инсон ифода шудаанд, аз каломи илоҳӣ ғизо мегиранд. Инсон дар тасвири Мавлоно дар мартабаи ашрафи махлуқот қарор гирифтааст ва сарчашмаи инро маҳз аз илм медонад:
Одами хокӣ зи Ҳак омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.
Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бойи Мавлоно боиси барҷаста тасвир шудани мавзуъ гардида, мушаххасии предметро тавассути санъатҳои бадеӣ басо дилнишин инъикос кардааст. Ба андешаи Мавлоно инсон бояд умрро самаранок ва бошуурона истифода намояд, чун дар ғайри ин чизе ҳосил нахоҳад шуд:
Ишқ аз пайи он бояд, то суйи фалак паррад,
Ақл аз пайи он бояд, то илму адаб бинад.
Чун ҷуғд бувад аслаш, кай сурати боз ояд,
Чун сир хӯрад мардум, кай буйи пиёз ояд?!
Дар таълимоти Мавлоно илму дониш василаи муҳимми худшиносию худогоҳии инсон тасвир шудааст. Инсони беилм аз сурати дар девор наққошишуда тафовуте надошта, ҷон, ки «ташна фатҳу кушоиш» аст, бе илм маъние надорад. Ба ҳамин маъно, Мавлоно инсонҳоро ба дарёфти ин гавҳари ноёб даъват мекунад. Илмро ҳотами мулки Сулаймон ва чун ҷон дар ҳастии ин ҷаҳон номидааст:
Чанд сурат охир, ай суратпараст!
Чони бемаънӣ-т аз сурат нараст?
Нақш бар девор мисли Одам аст,
Бингар, аз сурат чӣ чизи ӯ кам аст?
Ҷон кам аст он сурати ботобро,
Рав, биҷӯ он гавҳари камёбро.
Олиму одил, ҳама маънист бас,
К-иш наёбӣ дар макону пешу пас.
Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.
Маҳорати суханварӣ ва истеъдоди баланди эҷодии Мавлоно маҳз аз дониши густардаи ӯ дарак медиҳад. «Ӯ (Мавлоно – Шамшоди Ҷ.) аз илмҳои замони худ огоҳии тамом дошт ва ҷилваҳои ин огоҳиҳоро метавон дар шеърҳои шоир худ мушоҳида кард. Ҳамчунин завқу шавқ, рӯҳи орифона ва сиришти тоҷиконаи Мавлоно низ ӯро дар кори сухан ёрӣ додааст». – қайд кардааст суханшинос Муҳаммадалии Аҷамӣ.
Дар ҷойи дигар Мавлоно бар он ишора мекунад, ки илм воситаи муҳимми расидан ба аҳдофи бузург аст. Агар илме, ки барои пешравии ҷамъият ва роҳкушои инсонҳо нигаронида шуда бошад, пас муборак аст. Аммо онҳое, ки ин гавҳари ноёбро барои худситоӣ ва ҳавою ҳавас интихоб намоянд, аз ҷавҳари асосии он бебаҳра хоҳанд монд:
Илм чун бар дил занад, ёре шавад,
Илм чун бар тан занад, боре шавад.
Ҳин, макаш баҳри ҳаво он бори илм,
То бибинӣ дар дарун анбори илм.
Қудрату бузургии илм беинтиҳо буда, Ҷалолиддини Балхӣ беҳадду канор будани онро иқрор шудааст. Илм дар шеъри ӯ сарманшаи тамоми хушиҳост ва он ба дарёи беҳадду канор ва толиби илм ба ғаввоси баҳр, ки агар солҳо сипарӣ шавад ҳам, ӯ аз ҷустуҷӯ сер нахоҳад гашт, ташбеҳ дода шудааст. Толиби илм ба ғаввоси баҳр, ки дар талоши садаф ва марворид аст, басо ҷолибу бамаврид монанд гардидааст:
Илм дарёест беҳадду канор,
Толиби илм аст ғаввоси биҳор.
Гар ҳазорон сол бошад умри ӯ,
Ӯ нагардад сер худ аз ҷустуҷӯ.
Боиси қайд, ки олимону фозилон бо андешаву афкори илмию бадеии худ дар тарбияи насли наврас ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши бориз доранд. Аз ин рӯ, дар гузашта ва то ба имрӯз ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа эҳтироми хосса гузошта мешавад. Мавлоно хоби олимро беҳтар аз ибодат донистааст, аммо ҳамон олиме, ки илми ӯ ба бедории ҷамъият равона шуда бошад:
Навми олим аз ибодат беҳ бувад,
Ончунон илме, ки мустанбеҳ бувад.
Дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ баъзан танбалию коҳилӣ, олимон ва онҳое, ки илмро барои танпарварӣ ва василаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаанд, мазаммат гардидааст. Чунончи, Мавлоно миёни мафҳуми олим то олим фарқ мегузорад. Ӯ бар он ишора менамояд, ки тафовути онҳоро бояд шинохт, чун яке танҳо ҳифзкунанда ва дигаре дӯстдорандаи илм аст:
Ай басо олим зи дониш бенасиб,
Хофизи илм аст он кас, на ҳабиб!
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи назми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «моҳирона ва бамавқеъ истифода кардани санъатҳои бадеӣ ва тавсифҳои шоиронаи ӯст, ки ба маъниҳои олӣ либоси арзандаю шоиста пӯшонида ва мазмуну шаклро бо ҳам мутаносиб сохтааст. Аз ин ҷиҳат, шеъри ӯ аз лиҳози сохтор бисёр ғанӣ ва устувор аст”. Чунончи, инсони беилм ва касони бо чунин нафарон ҳамкаломро мурда ҳисобидааст. Инчунин, хобро афзалтар аз нишастан бо нодонон медонад:
Войи он зинда, ки бо мурда нишаст,
Мурда гашту зиндагӣ аз вай биҷаст.
Хоб бедорист, чун бодониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.
Чун надонӣ дониши оҳангарӣ,
Ришу мӯ сӯзад чу он ҷо бигзарӣ.
Вусъати назару баландии андешаи Мавлоно бесобиқа буда, тасвирҳои вай бамавқеъ ва нишонрас мебошанд. Гоҳо аз илму дониш ҳам савол ва ҳам ҷавоб зуҳур мекунад, чуноне ки хору гул ҳар ду аз хоку об вобаста мебошанд. Роҳгумию оворагӣ ва ҳидояту роҳи рост низ ба илм вобаста аст, монанди талхию ширинӣ, ки аз нидо сар мезанад. Бинобар ин, набояд ба зоҳири илм фирефта шуд, балки аҳд бояд ҷӯст:
Ҳам суол аз илм хезад, ҳам ҷавоб,
Ҳамчунон ки хору гул аз хоку об.
Ҳам залол аз илм хезад, ҳам ҳудо,
Ҳамчунон ки талху ширин аз нидо.
Ту машав ғирра ба илмаш, аҳд ҷӯ,
Илм чун қишр асту аҳдаш мағзи ӯ.
Дар умум, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ илму донишро ҷавҳари асосии инсон тасвир карда, касро ба андӯхтани ин гавҳари ноёб талқин менамояд. Ӯ аз он илме сухан рондааст, боиси равшании ҷомеа ва бедоркунандаи шуури инсонӣ бошад, на илме, ки чун теғ ба дасти роҳзан бар зарари инсонҳо анҷомад.
Ақидаҳои инсондӯстӣ ва маърифатомӯзии Ҷалолиддини Балхӣ дар шароити кунунӣ, ки бархурди тамаддунҳо, густариши анъаноти бегона ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ чашмрасанд, васили муҳимми таълиму тарбия маҳсуб меёбад.
Шамшоди Ҷамшед- дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ