, Шанбе, 21-декабр

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

 26.09.2024 136

ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ-ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд».

 Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм зуҳуроти манфӣ ва падидаи номатлуби ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Он падидаи бисёр хатарнок буда, таърихи чандинасра дорад. Аммо амалкарди он дар ҷаҳони муосир ба маротиб пурхатару даҳшадноктар аст. Он характери байналмилалӣ касб намудааст. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно омадааст:

  1. Ба маънои «тарс», «даҳшат»;
  2. Ба маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».

Заминаҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳони муосир омилҳои гуногунро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо ҷараёни бошиддат ҷаҳонишавии (глобализатсия) сиёсии дунёи муосир буда, ба соҳаҳои дигар аз қабили тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои милллӣ таъсири худро расонида, онҳоро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он хислати манфи дошта, ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Вижагии дигари таъсири манфии терроризм дар он аст, ки ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Чун ба таърихи масолили баррасии маҳфуми терроризм ва пайдошиши он назар меафканем фикру андешаҳои гуногунро дар хусуси он мушоҳида мекунем.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хурофотпараст ва тундрави дин ҳануз дар дунёи қадим ба миён омада буд. Далели ин гуфтаҳо пайдоиши мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ мебошад. Аниқтараш дар асри 18 калимаи «террор» аз ҷониби олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуда, истилоҳи калимаи «teror»-ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуда, қайд карданд, ки даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст. Дар охири асри 19 аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, онро дар кушодани ду мафҳуми алоҳида маънидод намудаанд, яъне:

  1. «Террор»-ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
  2. «Терроризм» - даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки ин мафҳумро васеътар намудааст.

Дар замони муосир террористон ақидаҳои ғалату ифротии худро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Дар ин росто мубориза бо ин равияи бисёр хатарноку даҳшатафкан аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта пурзур мегардад, махсусан таҳлилгарони сиёсӣ. Онҳо ба он ақидаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ҷиноят ва амалҳои террористиву ифротгароӣ таъсири амиқи воситаи ахбори умум аст.

Воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир василаи тавоноӣ, ташаккул, паҳн гаштан ва умуман, инкишофи маданияти оммавӣ гардидаанд. Инкишофи шуури ҷамъиятиро бе иштироки фаъоли воситаҳои ахбори омма тасаввур кардан ғайриимкон аст. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки ВАО ба мафкураи мардум сахт таъсиррасон мебошад. Ногуфта намонад, ки андешаҳои номатлуби баъзан шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷомеа таъсири бад мерасонад ва ин мизон он аз ҷониби гурӯҳои терористӣ истифода мешавад.

Аз худ намудан ва таҳлилу таркиби кулли ахбороти олам фақат тавассути воситаҳои ахбори умум имконпазир гаштаанд. Масъалаҳое, ки вобаста ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳастанд, ки нуфузи худро тавассути воситаҳои ахбори омма баланд бардошта, ба манфияти худ истифода мебаранд. Дар баробари ин, воситаҳои ахбори омма ба яке аз воситаҳои муҳими таъсиррасонии раванди сиёсӣ табдил ёфтаанд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ашхоси алоҳидаи мансуб ба гурӯҳи террористӣ пайваста мекӯшанд, ки фикру ақидаи мардумро бо ғоя ва ғаразҳои нопоки худ дигаргун сохта, ба ҳамин тарз ҳадафу манфиатҳои ботил ва ҷоҳталабонаи худро амалӣ созанд. Дар ин ҳол нақши ВАО ва таъсири амиқи он ба мафкураи ҷамъиятро наметавон нодида гирифт. Вазифаи аввалиндараҷаи воситаҳои ахбор омма пешгирӣ намудан аз амалҳои терористӣ мебошад. Бад-ин васила ВАО бояд бо ин амалҳои номатлуб қотеъона мубориза барад. Он набояд чунин андешаҳои ғаразноки гуруҳои терористиро дар худ ҷой диҳад. Ба ҳар рафтору гуфтори носолими онҳо вокуниш диҳад.

Чун аксари мардум аз телевизион, радио, рӯзнома ва шабакаи интернетӣ васеъ истифода мебаранд, ташкилотҳои террористӣ низ мақсад гузоштаанд, ки ба воситаи ВАО нақшаҳои худро амалӣ созанд. Дар ҳар баромад ва сухангӯиҳое, ки аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои террористӣ ва гумоштагону гумроҳнамудаҳои онҳо ба намоиш гузошта мешавад, рӯзноманигоронро лозим меояд, ватандӯстона, бидуни пешбинии ғараз ва манфиат матлабҳои таҳлиливу интиқодиро чоп, ё ба намоиш гузошта, ҳар як амали онҳоро шадидан маҳкум намоянд. Билхоса, ҳамкории ҳамаҷонибаро бо равшанфикрону зиёиён, сиёсатмадорон, мутахассисон ва уламои дин, ки дар назди ҷамъият ва давлат эҳтирому қадр доранд, ба роҳ монанд, ки ин аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Хулоса, ВАО дар раванди сиёсӣ бениҳояд таъсиргузор аст ва он бояд аз тарафи тамоми қишрҳои солими ҷомеа дар мубориза ба муқобили амалҳои номатлуб, махсусан, ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, яъне терроризм истифода шавад.

Алишери Абдулмаҷид- доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигорӣ, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат