, Душанбе, 30-декабр

НАҚШИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН БЕНАЗИР АСТ

 26.09.2024 160

НАҚШИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН БЕНАЗИР АСТ

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик осон ба даст наомадааст. Пас аз ба даст овардани истиқлолият хоинону бадхоҳони миллати тоҷик фазои амнияти давлату ҳукуматро ноором сохта, кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бадбахтона, ин ҷанги бародаркуш ҷони зиёда аз 150 ҳазор мардуми Тоҷикистонро рабуда, ба иқтисодиёти кишвар то 10 млрд доллари ИМА зарари моливу пулӣ расонид. Аз таъсири манфии ҷанг бештар аҳолии осоишта зарар дида, то соли 2000-ум сатҳи камбизоатӣ ба 83% мерасид. Барои бартарафсозии ҳама ин нокомиҳо ва ҳалли мушкилоте, ки бар сари миллати тоҷик омада буд, Эмомалӣ Раҳмон чун ҳадяи бузурги таърих ва марҳами дарди ин миллати азияткашида ба майдони сиёсат ворид шуд. Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, ба мисли ҳадяи бемисли таърих бо корномаи худ дар масири давлатдориву давлатсолорӣ барои миллат тоҷик таърихсоз шуд.

Аз рӯзҳои аввали зимоми роҳбарии миллати тоҷикро ба ӯҳда гирифтан Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръати том чунин гуфта буданд: “Ман ё дар Тоҷикистон сулҳро барқарор менамоям, ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”. Ин фарзанди фарзонаи миллат ба ваъдаи худ дар назди миллат содиқ истода, барои миллати ҷангзадаи мо сулҳ оварданд. Мардуми тоҷик заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои ин марди ҷасурро ба инобат гирифта ба вай аз 25-уми декабри соли 2015 унвони фахрии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро сазовор донистанд.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро дар сар то сари ҷаҳон муҳаққиқону коршиносони соҳаи сиёсат меомӯзанд. Саҳми Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар заминагузории сулҳ дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон назаррас аст.  

Шоиста ва боиси ифтихор хоҳад шуд, агар бо назардошти корномаи сулҳофарӣ номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои “Мусоидат дар пойдор намудани сулҳ дар сар то сари ҷаҳон”, ки яке аз панҷ банди Васиятномаи Алфред Нобел маҳсуб меёбад, ба  Академияи илмҳои Шоҳигарии Шведсия, Асамблеяи Нобелии институти Каролин ва Кумитаи нобелии Норвегия ҷиҳати сазовор гардидан ба Ҷоизаи Нобелӣ пешбарӣ карда шавад.

Фатҳуллозода Абдухолиқ- дотсент, декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш” аз 22.11.2023, №8 (344)




Ба рӯйхат