, Душанбе, 30-декабр

ҲУВИЯТ ВА АНДЕШАИ АХЛОҚӢ ДАР АШЪОРИ РӮДАКӢ

 21.09.2024 583

ҲУВИЯТ ВА АНДЕШАИ АХЛОҚӢ ДАР АШЪОРИ РӮДАКӢ

(Бахшида ба 22-сентябр рӯзи Рӯдакӣ)

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласори адабиёти классики тоҷик дар осмони илму адаб монанди ситораи дурахшон ҷилвагар мебошад. Номаш Ҷаъфар буда, бо тахаллуси Рӯдакӣ дар тамоми дунё машҳур аст. Аз осори адабии Рӯдакӣ ба мо қасидаи «Модари май», «Шикоят аз пирӣ», «Синбоднома», «Калила ва Димна», «Даврони офтоб» боқӣ мондааст.

Тибқи нишондоди сарчашмаҳо ӯ аз синнӣ 8-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кардааст. Ба ғайр аз шеръргӯӣ овози хӯш ва маҳорати сурудхонӣ низ доштааст. Шуҳрати Рӯдакӣ олам, аз ҷумла Бухоро тасхир карда буд. Ба он ҳангом дар сулолаи Сомониён подшоҳ Наср бини Аҳмади Сомонӣ ҳукфармоӣ мекард. Подшоҳ вазири донишманде бо номи Абулфазли Балъамӣ дошт. А. Рӯдакӣ ба Бухоро даъват мешавад ва шеърҳояш дар Хуросон аз даҳон ба даҳон мегузашт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун шоири соҳибмактаб шуҳрати комил доштанд ва дар байни мардум ва доираҳои адабӣ соҳибэҳтиром буд. Устод Рӯдакӣ чун шоири хушбину некбин миёни мардум нуфуз дошт, амирону вазирони Сомонӣ, мисли ҳама гуна хонадонҳои сиёсӣ ба чунин ашхос ниёз доштанд, чунонки чанд аср баъд шоири дигари тоҷик Ибни Ямини Фарюмадӣ дар бақову абадияти кору пайкорашон тавассути шеър гуфта буд:

Зи шоир зинда мемонад, ба гетӣ ном шоҳонро,
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад, чароғи дудаи Сомон!

Аз ин рӯ амирони фарҳангпарвари Сомонӣ аз ин шахсияти таърихӣ даъват намуданд, ки дар интишору иштиҳори афкори миллии давлатдории худ истифода намоянд.

Дар фаҳмиши сиёсии Рӯдакӣ шоҳу мулк бояд ягонаву муттаҳид бошанд, зеро шоир сулҳ, некӯкорӣ, дӯстӣ ва рафоқатро барои ҳаёти одам эҳтиёҷи табиӣ ва барои пешрафти давлатдорӣ зарур медонад.

Шоир аз пирӯзии амирони Сомонӣ шод буд. Чунончи боре подшоҳи Сомониён   Наср бини Аҳмади Сомонӣ ба Ҳирот меравад ва боду ҳавояш ба вай ба ҳадде хуш меояд, ки муддати чор сол ватанашро фаромӯш мекунад. Дарбориён аз Рӯдакӣ хоҳиш мекунанд, ки ӯро ба ватан баргардонад. Дар вақти хӯроки наҳорӣ Рӯдакӣ ба наздаш рафта ва бо овоизи хӯшаш ин қасидаи машҳури «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»-ро месарояд:

Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёрӣ меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои он,
Зери поям парниён ояд ҳаме...

Подшоҳ аз шунидани шеъри олӣ бениҳоят мафтун гашта аз тахт поён меояд ва мӯза ба пой накардаву ба асп савор шуда, ҷониби Бухоро равон мешавад.

Табиист, ки байтҳо ва қитъаҳои пандомези устод Рӯдакӣ мисли дигар гавҳарҳои назмаш дар ашъори ӯ мақоми махсус дорад. Рӯдакӣ бо илму дониш далерӣ, кӯшишу дӯстӣ ва сидқу вафо даъват менамояд. Ӯ илму донишро сарчашмаи ҳаёти инсон ва роҳи пастиву баландиҳои хеш донистааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Хирад ё ин ки донишро мисли тандурустӣ барои ҳар як инсон хеле зарур донистааст:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.

Ба андешаи устод Рӯдакӣ инсон бояд дар қатори хирад ва тандурустӣ инчунин ҷисман, ахлоқан, ботинан солим бошад, то инки барои ӯ шӯҳрат ва некномӣ оварад.

Некию накукорӣ дар ашъори устод Рӯдакӣ мавқеи муҳимеро ишғол намудааст. Аз ашъори ӯ маълум мешавад, ки инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ ба нияти некӣ хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли устод Рӯдакӣ ҷаҳон ба мисли дарёст. Агар касе хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд аз накӯкорӣ ба худ киштие созад яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Рӯдакӣ ҳамчун шоири бӯзурги инсонпарвар шафқат ва мурувватро нисбат ба одам ва ёрӣ расонидан ба дармондагонро яке аз сифатҳои мардӣ ва олиҳимматии инсон шуморида, дар рӯбоии зерин гуфтааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар-ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Андешаи дигари баландмазмуни устод Рӯдакӣ дар боби доштани заковати баланд, дарки оқилона ва ҷавонмардии одилона аз нигоҳи хираду таҷрибаи инсонӣ ба зимомдорон дастур медиҳад ва панде мегӯяд, ки касеро озор надеҳ, то аз дигарон озор набинед. Ва онро дар ғазали машҳури худ: «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт» бисёр олӣ офаридааст.

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!
... Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт!

Пандҳои устод Рӯдакӣ дорои маъноҳои аниқӣ ҳаётӣ, ҳӯввияти миллӣ ва тарбиявӣ буда, масъалаҳои хеле муҳимеро, ки барои инсоният заруранд, дар бар гирифтааст.

Мазарифов Манучер- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети таърих, ҳуқуқ  ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Файзов Рамазон-номзади илмҳои сиёсӣ, муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии факултети таърих,  ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат