,
Якшанбе, 22-декабр
Масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.
Аз ин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоли худ ҳарчи бештар ба арзишҳои таърихии миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузошта, ба масъалаи бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва ҳифзи фарҳанги пурғановати миллиамон афзалият медиҳад.
Бо ин мақсад ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ кардани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябрро Рӯзи Рӯдакӣ эълон карда, наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлату давлатдорӣ буд, воқиф месозад ва онҳоро ба худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамояд.
Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри қаламрави даризабонон ва асосгузори адабиёти классики тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад. Шоири асри XII Рашидии Самарқандӣ гӯё фикри гузаштаву ояндагонро ба ин шоҳбайташ адо кардааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Рӯдакӣ тавонотарин шоири аҳди худ аст ва ояндагон низ устодии эшонро бар худ мусаллам донистаанд. Ӯ то замони ба узлат афтодан суханвари дараҷаи аввали хонадони Сомониён будааст, пас шеъре нофизтар аз шеъри ӯ барои Сомониён набудааст. Шеъре, ки танҳо мадҳ нест, балки панд ва роҳнамоӣ ҳам ҳаст.
Асри X мелодӣ замони оғози муҳимтарин марҳалаи тамаддуни исломии мардумони эронӣ ва дурахшонтарин даврони ташаккул ва ривоҷи адабиёти форсу тоҷик мебошад. Оғози ин давра дар ҳудуди як аср қабл бо ғалабаи подшоҳони эронинажод ҳамроҳ буд ва шурӯъ аз он давра муқаддимоти ғалабаи ҳукуматҳои эронӣ фароҳам омада буд. Дар қисмати бузурги сарзаминҳои ин давра давлати бузурги Сомониён бо эҳёи русуми қадим ба Мовароуннаҳру Хуросон ва Сиистону Рай фармонравоӣ дошт.
Хонадони Сомониён аз бузургтарин ва муҳимтарин сулолаҳои подшоҳии ин давра аст. Замони зиндагии номовартарин шоири адабиёти форс-тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ба замони салтанати ин хонадон рост меояд. Амирони Сомонӣ аз хонадони эронии асил буданд, ба суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Аз ин ҷост, ки онҳо забон, урфу одат ва суннатҳои фарҳангии худро ҳифз намуданд ва ҳамчунин, ба илму адабиёт таваҷҷуҳи зиёд дошта, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни дониш мусоидат карданд. Сарчашмаҳо аз ҳукумати Оли Сомон ба ифтихор ва некномӣ ёд кардаанд.
Истиқлолияти сиёсии Хуросон дар охири асри IX ва дар асри X заминаи мусоиде барои инкишофи забон ва адабиёти порсии дарӣ фароҳам овард. Марказият ёфтани давлати Сомониён, ободонии кишвар, таъмини бехатарӣ, сабзиши ҳаёти маданӣ дар шаҳрҳо омилҳои беҳтарини рушди фарҳанг ва адабиёти кишвар буданд.
Умуман рисолати таърихии Сомониён ба ҳамин тариқ дар арсаи сиёсӣ дорои се самт- самти сиёсӣ-таърихӣ-ташаккули халқияти тоҷикро таъмин намуд. Дар самти илму фарҳанг, ки самти дуюми рисолати таърихии Сомониён буд, зуҳури чаҳор тан олимони энсиклопедист- Абунасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ ин аз пешрафти илму фарҳанг башорат медиҳад.
Бузургтарин дастоварди Сомониён – самти сеюми фаъолияти сулолаю давлат рушди бунёдии забони форсӣ-тоҷикӣ ва адабиёти ҷаҳонгири он буд, ки ин адабиёт беқиёсу бемонанд буд. Рисолати таърихии онҳо пояҳои адабиёти аҳди Сомониёнро устувор сохта, барои зуҳури устодон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ барин симоҳои эҷодӣ замина гузоштаанд. Беҳуда нест, ки устод Рӯдакӣ худро шоири навовар ва шеъри худро нав номидааст:
К-аз шоирон наванд манаму навгувора,
Як байт парниён кунам аз санги хора.
Агарчи аз шеъри замони Сомониён ба ҷуз Фирдавсӣ, мероси андаке ба мо омада расидааст, аммо гуфтори тазкиранигорон, шоирон, муаррихон ва аҳли таҳқиқ нишон медиҳад, ки ин давра яке аз давраҳои пуршеъру пуршоир (теъдоди адибони ин давраро муҳаққиқон аз 70 то 300 нафар ном бурдаанд) дар таърихи адабиёти мо маҳсуб меёбад. Аммо ҳама донишмандон, чи дар гузашта ва чи имрӯз Рӯдакиро аввалшоири муътабар ва сарвари адибони аҳди сомонӣ ном бурдаанд. Ба қавли Шиблии Нуъмонӣ «Номе, ки аз Сомониён боқӣ монда, аз баракати таровишҳои табъи Рӯдакӣ аст».
Абёти ниҳоят кам ба рӯзгори мо расидаи Рӯдакӣ (беш аз 1000 байт), дар воқеъ ҳам ба маъниҳои баланду пурвусъат моро дар ҳайрат мегузорад.Гӯё мо дар зарра офтобро мебинем. Дар осори бозмондаи шоир мавзуи марказӣ ин – масъалаи тарғиб намудани ғояи дар сари идораи мамлакат қарор гирифтани ҳукмрони идеалӣ – ҳукмрони одил ва мубориз будааст. Ибрози чунин ақидаро шоирон метавонистанд бештар тавассути навъи қасида, ба вижа қасоиди мадҳиявӣ ба роҳ монанд. Вақте ки порчаҳои мадҳияи то замони мо расидаи устод Рӯдакиро мебинем, онҳо ба мадҳи амирон ва шахсони таърихии конкрет алоқаманд буда, сифатҳои ҳаётиашонро шоир (дар баъзе мавридҳо бо муболиға бошад ҳам) вобаста ба вазифаҳои давлати феодалии тоҷик, ки роли прогрессивӣ ва умумихалқӣ дошт, акс кунонидааст. Қасидаҳои мадҳия дар масъалаи сиёсӣ ва иҷрои чанд вазифаи таърихӣ нигаронида шудааст: Нигоҳ доштани давлати марказонидашудаи феодалии тоҷик аз ҳуҷуми истилои хориҷӣ, вайронкории қувваҳои марказгурези феодалӣ ва бо ин восита ба вуҷуд овардани ягонагии халқ ва халқияти тоҷикон, ки таърихан ҳодисаи мусбати прогрессивӣ буд. Идеализатсияи амирони «худӣ»-и чунин давлати феодалӣ ба талабҳои таърихии замон ҷавоб дода метавонист, аз ин рӯ, он воқеъбинона буд. Масалан, дар қасидаи «Модари май» масъалаи хеле муҳимми таърих – ба ҳукумати марказӣ содиқона тобеъ будани феодалҳои маҳаллӣ гузошта шудааст, ки ҳодисаи реалии таърихан зарури ҳаёт буд. Ситоиши Рӯдакӣ аз амирони Сомонӣ, ба вижа Наср бинни Аҳмади Сомонӣ бо маддоҳии шоирони дигар қобили муқоиса нест (Дар назар аст, ки Рӯдакӣ дар дарбори Исмоили Сомонӣ (848-907), писари ӯ Аҳмад бинни Исмоил (907-914) ва набераи вай НасриII Аҳмади Сомонӣ(914-942) адои хидмат намудааст ва то ба дараҷаи надимии шоҳ ва сарварии шоирони дарбор расидааст). Ин ситоиши ростин ва ифтихоромезе аст, ки Рӯдакӣ онро ба хотири сила ва дар баҳои динору дирам накарда, балки аз неъмати Сомониён бидуни он ҳам бархӯрдор аст ва онро, як амири воҷибе, ки ба ҷой овардани шукри неъмати аз пеш мабзулшуда аст, медонистааст:
Воҷиб набувад ба кас бар афзолу карам,
Воҷиб бошад ҳаройина шукри ниъам.
Тақсир накард хоҷа дар навоҷиб,
Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?
Рӯдакӣ худ муътақид аст, ки он чи мегӯяд бофтаву пардохта нест, балки айни воқеиятро мегӯяд:
Ман он чи мадҳи ту гӯям, дуруст бошаду рост,
Маро ба кор наёяд сирешиму кабдо.
Ва он гуна ки бо ифтихор Бухороро камтар аз Бағдод намедонад, ин эҳсоси ифтихор аз салтанати мустақил дар мавриди мамдӯҳ ҳам баён мегардад:
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Рӯдакӣ, ки худ шахсан ва қаблан саршор аз ифтихори таърих ва фарҳанги шукӯҳманди дерини миллати худ аст, Насри Сомониро ба он хотир меситояд, ки:
Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон.
Аз нигоҳи шеърӣ шояд муболиға ба назар мерасад, вале оё ин рост нест, ки маҳз салтанати Сомониён, сиёсат ва фарҳанги Сомониён боиси зиндагии дубора ёфтани «Шоҳнома» ва симои ин осори бемарг – Рустами Дастон – бошукӯҳтарин ва ҷомеътарин мазҳар ва намоди қудрати заволнопазири паҳнаи Ориё гардид? Яъне Рӯдакӣ рост мегӯяд, ки рост.
Ба ростӣ муътақид аст, ки ҳарчи дар васфи Сомониён бигӯяд, камтар аз воқеияти ҳол аст. Аммо баландтарин ва мухлисонатарин бонги сипос ва ифтихори Рӯдакӣ аз хонадони Сомониён аз қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ба гӯш мерасад:
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,
Варо (маро) бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд.
Яъне устод Рӯдакӣ на аз худи он бузургиву неъмат, балки аз масдари олии он, ки хонадони Сомониён аст, ифтихор мекунад. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро шоир дар поёни умр сурудааст. Ин замонест, ки дигар қудрате ончунонӣ аз салтанати Сомониён боқӣ намонда, то Рӯдакӣ филмасал, ба тамаъ ё эҳсоси тарс онро биситояд. Аз сӯйи дигар ин санади қотеъе аст, ки шоир то поёни умр аз хонадони Сомониён эҳсоси сипос ва ифтихорро доштааст. Пас, ҷои шакку тардид ҳам нест, ки касе аз ин хонадон дар ҳаққи ӯ зулм накардааст. Ҳақиқат доштани қиссаи кӯр карда шудани Рӯдакӣ бо фармони яке аз амирони хонадони сомонӣ низ дар ин асно зери шубҳа мемонад.
Беш аз ин, Рӯдакӣ барои неъмат ва дороиҳое, ки аз дигарон мерасида, ҳамчунон аз Сомониён сипосгузор будааст, чун он ба баракати ҳимояти эшон будааст, зеро пеш аз байти мазкур омадааст:
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
Мақсади асосии шоир дар абёти ба ситоиши амирони Сомонӣ бахшидааш панду дастур додан ба ҳоким, андешаҳои инсонпарваронаашро баён кардан, хираду одамиятро тарғиб намудан будааст. Шоир, ба вижа дар қасидаҳояш ҳукмрони ормониеро офаридааст, ки кишварро осудаву обод нигоҳ дорад. Мадҳияҳои Рӯдакӣ маддоҳии хушку холӣ набуд. Қасидаҳои ӯ аҳамияти сиёсию давлатӣ ва тарбиявӣ доштанд. Шоир дар назми қасида онҳоеро ситоиш менамуд, ки аз феълу амалашон дар мамлакат ободию осоиш афзун бошад. Тавсифи амир Наср дар қасидаи овозадори «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён», ситоиши сипаҳсолори бузург Абуҷаъфар дар «Модари май», қасидаи ҳолномаи худи шоир дар «Қасидаи пирӣ» навиштааш ҳар кадом дар он замон дар мавзуи фавқуззикр намунаҳои олие буданд. Мадҳи амирони сомонӣ ва феодалҳои тобеи онҳо, нигоҳ доштани давлати марказонидашуда ва садоқати мирони маҳалҳо ва сардорони давлатиро дар назар дошт, ки дар он манфиатҳои халқи тоҷик ва истиқлолияти давлати феодалии он дар назар дошта шудааст. Бинобар ин қасидасароии ӯ аз қасидасароии баъди асри X – давраи истилои туркҳо ва муғулҳо фарқи куллии сиёсӣ дорад.
Дар қасидаи маъруфи “Мадҳи Бухоро”, ки бо унвони «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» маъруф аст, устод Рӯдакӣ на танҳо мавзуи мадҳу ситоиши амирони сомониро кардааст, инчунин мавзуи ватандӯстӣ ва меҳанпарвариро низ дар он ҷо додааст:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омӯву дуруштиҳои ӯ
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун, бо ҳама паҳноварӣ,
Хинги моро то миён ояд ҳаме!
Ай Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме!
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме!
Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме!
Бояд хотирнишон намоям, ки пас аз замони Рӯдакӣ то ба имрӯз шоирон аз абёти қасидаи мазкур ба ваҷд омада дар пайравии он даҳҳо назираҳо сароидаанд, ки ин нишони сипосу меҳру муҳаббати беандоза доштанашон нисбат ба Рӯдакӣ ва адабиёти пуршукӯҳу бемисли форсӣ-дарӣ мебошад. Ин таъсир ва кайфияти он дақиқтарин меъёри шинохти арзиши сухан аст.
Хизматҳои бузурги устод Рӯдакиро дар дар масъалаи таҳким ва рушд додани адабиёти оламшумули форсу тоҷик метавон бо чаҳор рисолати анҷомдодааш натиҷагирӣ кард.
Устод Рӯдакӣ чаҳор рисолати таърихӣ ба ҷо овардааст, ки маҳз бо манзури ҳамин рисолатҳои таърихӣӯ ба 52 унвони ифтихорӣ мушарраф гардидааст, ки бо манзури чунин рисолатҳои таърихӣ ва сазоворшавии теъдоди ин миқдор ановини ифтихорӣ то Рӯдакӣ ва пас аз ӯ низ ба касе муяссар нагардидааст.
Аввалин рисолати таърихӣ, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҷо овардааст, ин аст, ки ӯ дар ҳамаи анвои адабӣ: достон, қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеот, шеъри тасмит (мусаммати мураббаъ), ғазал эҷод кардааст, ки то Рӯдакӣ ин хидмати ӯ ба касе даст надода буд ва аз тарафи дигар, шеваи эҷоди ӯ саҳли мумтанеъ мебошад. Ин ҷиҳатро пеш аз ҳама худи ӯ ҳис кардаву хештанро навгувора эълон кардааст.
Аз ин хотир, ӯ пеш аз ҳама бунёдгузори адабиёти форс-тоҷик аст, ки ин адабиёт дар миқёси олам ва масири таърих бидуни қиёс аст.
Дигар аз рисолати таърихии Рӯдакӣ дар он зоҳир мешавад, ки ӯ он кохи бегазанди адабӣ-бадеиро, ки ба қавле теъдоди абёти гуфтаи ӯро як миллиону сесад ҳазор (Рашидии Самарқандӣ) таъкид кардаанд, тавассути забони адабии тоҷик шакли воқеият касб карда, рӯйи кор омадааст ва инак ёздаҳ аср боз ташнагони каломи бадеъро шодоб месозад ва аз ғановати фонди луғавии забони адабии тоҷик низ мужда медиҳад. Аз ин рӯ, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори забони адабии тоҷик низ ҳаст.
Рисолати сеюмини таърихии қофиласолори адабиёти форс-тоҷик устод Рӯдакӣ он аст, ки ӯ ба аввалин сабки адабии таърихи адабиёт – сабки Хуросонӣ низ асос гузоштааст.
Ниҳоят чаҳорумин рисолати таърихии соҳибқирони шоирӣ- ин бунёди мактаби адабӣ– эҷодии Бухороии ӯст, ки то кунун – ёздаҳ аср боз ин мактаби шукӯҳманд манбаи илҳоми эҷодкорон–шоирону носирон аст.
Фикри болоро гуфтаҳои шоир, нависанда ва олиму мутафаккири тоҷик Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ мекунад:
Рӯдакӣ он ки дурр ҳаме суфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳаме гуфтӣ.
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи Оли Сомонро,
Неккорону некномонро
Зинда аз назми хеш медорад,
В-аз паси парда пеш меорад…
Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёт қариб ҳамаи аҳли қалам Рӯдакиро устод хонда ба истеъдоду ҳунари ӯ аҳсан хондаанд.
Ба итминони комил метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ва шеъри ӯ имрӯз низ бо мост ва то ҳол аҳамияти бузургро қоил буда, дар кори давлатдории навини имрӯзиёну ояндагон дастури нодире буда метавонад. Ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Ашурова Нодирова Ҷумаевна, доктори илми филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ