,
Душанбе, 14-октябр
Яке аз масъалаҳои муҳимие, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ин масъалаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу хатарҳои экстремистиву террористӣ гардида то рафт осоиши ҷаҳон то рафт халалдор гаридиа истодааст. Дар ин росто Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфу хатари ин падидаи манфур дар амон буда намеавонад. Вобаста ба ин моро лозим меояд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, муборизаро алайҳи ин хатарҳои номатлуб дучанд зиёд намуда, нагузорем, ки ба истиқлолият ва ваҳдати миллии мо осебе расад.
Дар тулии солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои созмонҳои экстремистиву террористӣ қарор гирифтанд, ки бар асари ҳамлаҳои террорисии гурӯҳҳо онҳо садҳо ҳазор нафар одамон ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар манзилҳои худро тарк намудаанд. Дар айни замон ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз номи «ислом» сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу аз роҳи илму дониш дур буда пур намуда, ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд, ки дар байни онҳо мутаассифона ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ мавҷуд мебошанд.
Таърих гувоҳ аст, ки аз қадим сар карда аҷнабиён бо истифода аз номи дини мубини ислом истифода намуда, ба боварии мардум даромада ба корҳои ғайр даст мезаданд. Инро мо дар мисоли хиёнаткориҳои роҳбарону аъзоёни фаъоли Ҳизби террористии наҳзати ислом, ки боиси сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид бар аъло мушоҳида намудем. Баъди пошхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни ҳизби террористӣ бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии ҷавонони гумроҳ даромада ба амалҳои харобкорӣ даст зада мехостанд, ки ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Хушбахтона, хиради азалӣ ва азму талошҳои мардуми тоҷик нагузошт, ки амалҳои нопоки онҳо ҷомаи амал пушад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар шаҳрвандон ба давлатҳои дигар фирор намуда, ходимони бузурги давлат таҳдиду ба қатл расонида мешуданд. Яке аз гуноҳи азиме, ки дар дини ислом қабул гардидааст, ин аз ҳаёт маҳрум намудани инсонҳои бегуноҳ мебошад магар инро роҳбарон ва аъзоёни ҳамонвақтаи ин ҳизби террористи намефаҳмиданд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлу куштори бераҳмонаи мардуми осоишта даст заданд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарк намуданд, ки беҳтарин неъмату дороие, ки насиби онҳо гаштааст ин истиҳлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба он осебе расад ва бар зидди ҳама гуна хатарҳои экстремистиву террористӣ муборизаи беамони худро мебаранд. Воқеан ҳам истиқлолияти комил барои ҳар як давлат беҳтарин дороӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми ҳар як давлат бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд. Мо шоҳиди ҳол будем, ки давлатҳои бузурге, ки дороии зиёд доштанд вале истиқлолияти комил, ки надоштанд дар як муддати кутоҳ иқтисодиёти онҳо дар натиҷаи нооромиҳо аз даст рафт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти комил ба даст оварданаш дар мубориза ба эстремизму терроризм як қатор Қонуну қарорҳои навро қабул намуд. Аз ҷумла, соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)». Инчунин вобаста ба пешгирӣ ва мубриза ба экстремизму терроризм як қатор санадҳоро қабул намуд. Аз ҷумла бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм тасдиқ шудааст. Ҳамзамон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зуроваранда ва тундгароии ба терроризмбаранда барои солҳои 2016-2020» қабул шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 15 санади ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст, ки «Деклоратсия дар бораи чораҳои барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ» аз 9 декабри соли 1994, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999, Конвенсияи ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни соли 2009 мебошанд. Қонуну санадҳои қабулгардида ба мо имконият медиҳанд, ки мо боз ҳам алайҳи ин амалҳои номатлуби экстремистиву террористӣ мубориза барем.
Лоиқов Парвиз- номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ