,
Душанбе, 14-октябр
«Танҳо ба даст овардани истиқлолият ин ҳанӯз кам аст, бояд тавонист онро ҳамчун бузургтарин дарёфт ва неъмати давлат ҳимоя ва ҳифз кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Давлат ва миллати сарбаланди тоҷик имрӯзҳо, дар арафаи 35-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвар қарор доранд. Омодагиҳо ба ин рӯйдоди таърихӣ дар ҳама гӯшаву канори Ватани азизамон идома мегирад. Ибтикороти ин рӯзи таърихӣ, барои ҳамагон, рӯзи нишоту хуррамӣ, рӯзи дастовард ва комёбиҳои беназири давлати тозаистиқлол мебошад, ки имрӯзҳо дар партави роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равнақу шукӯҳи навро барои худ касб намуда истодааст.
Истиқлолият ба сифати падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ барои халқиятҳо ва давлатҳо баромад намуда, ба ҷиҳати моҳият ин пеш аз ҳама, мустақилияти пурраи давлат дар ҳалли проблемаҳои сиёсати дохилӣ ва берунии давлат мебошад. Аксари халқиятҳои ҷаҳон, ки аз роҳи ташаккули таърихии давлатдорӣ гузаштаанд ва то ба замони мо омада расидаанд, арзишмандии ин неъматро муқаддас мешуморанд. Бо назари арҷ ва эҳтиром ба ин дастоварди барои давлату миллат азиз менигаранд. Имрӯзҳо бузургтарин ҷашнвораҳои таърихии халқиятҳо ва давлатҳои ҷаҳон ин ҷашни соҳибистиқлолии онҳо мебошад.
Омодагиҳои ҷашнии рӯзи истиқлолият дар тамоми манотиқи ҷаҳон рӯзи шодию ва нишот, ҳамбастагии миллату халқиятҳои сокини ҳамон давлат мебошад. Аксари халқиятҳои қитъаҳои Амрико (аз ҷумла ИМА), Осиё, Африқо ва қисман Аврупо (қисмати ҷануби он) ба ин дастовард пеш аз ҳама аз роҳи бедории рӯҳи озодиоварӣ ва истиқлоиятхоҳии миллат, муборизаҳои шаддид бар муқобили душманони ин дастовард, қаҳрамонию диловарии абармардони миллат, матонату диловарӣ дар роҳи ҷангҳои истиқлолхоҳӣ ноил гардидаанд.
Ба ифтихори ин рӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон тантанаҳои идона баргузор мегардад. Аҳли маърифат ва дониш дар мисоли шоирону нависандагон, намояндагони аҳли санъат бузургтарин эҷоди худро ба мавзуи мазкур бахшидаанд. Ба сифати рамз ва нишон аз ин дастовард қимматтарин нигораҳо аз осори санъати тасвирӣ, беҳтарин сурудаҳо аз санъати мусиқӣ, бузургтарин биноҳо ва нишонаҳои санъати меъморӣ, муҷассамаҳои қаҳрамонон ва диловарон ва ба ин монанд нишону тасвироти хотирмон рӯйи кор омадаанд. Дар доираи аҳли ҷомеа бошад, ҳама миллату халқиятҳо, қишрҳою табақаҳои аҳолии кишварҳои ҷаҳон, новобаста аз сатҳи дараҷаи зиндагӣ ба истиқболи ин рӯз бо дастовези шодӣ ва хуррамӣ меоянд. Якдигарро табрику таҳният мегӯянд ва ҷиҳати рамзи бақои давлатдорӣ ва озодӣ чорабиниҳои зиёди сиёсию давлатӣ, тантанаҳои фарҳангӣ ва ба ин монанд дигар тадбирҳои хотирмон баргузор менамоянд.
Дарки мафҳуми фалсафии “истиқлолият” маънои хеле васеъ дошта, дар маънои умум, моҳияту мазмуни истиқлолият дар тамоми муборизаи тӯлонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат, таъмини амнияти мардум ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат ифода менамояд. Вобаста ба моҳият, мазмун, хислат ва мавқеи таърихии худ, “истиқлолият” шаклҳои зеринро дорад: истиқлолияти иқтисодӣ, истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти идеологӣ, истиқлолияти маданию фарҳангӣ ва ғайра. Ҳар кадоме аз ин шаклҳои “истиқлолият” дар навбати худ дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд. Ҳамаи ин ва дигар равандҳои асосии он дар якҷоягии том маънои «истиқлолияти миллӣ»-ро ифода менамояд.
Барои миллати сарбаланди тоҷик марҳалаи муосири ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба рӯзҳои шикасти давлати абадқудрати Иттиҳоди Шуравӣ рост меояд. Ба сифати рӯйдоди таърихӣ ин марҳала воқеан ҳам давраи ниҳоят ҳассос ва пур аз тазодеро мемонд, ки тақдири минбаъдаи давлати навини тоҷикон ҳаллу фасл мегардид. Ва он андешае, ки истиқлоли мо тоҷикон ба сифати комёбии беназир ба осонӣ ба даст омада бошад, комилан нодуруст аст.
Аксари муҳаққиқони масоили сиёсӣ дар кишвар раванди бунёдгузории истиқлолияти миллӣ ва ташаккули соҳибистиқлолии халқи тоҷикро таҳлил намуда, онро ба се марҳалаи тараққиёт тақсим намудаанд:
- марҳалаи якуми пайдоиш ва бавуҷудоии истиқлолияти сиёсӣ ҳамзамон аз пайдоиши давлати Сомониён (аз нимаи дуюми асри IX) оғоз ёфта то ибтидои асри ХХ идома ёфтааст;
- марҳалаи дуюми барқароркунии истиқлолияти сиёсии халқи тоҷик аз ғалабаи Инқилоби Октябр ва ташкилёбии ИҶШС (СССР) оғоз гардида, то пош хӯрдани он дар соли 1991 идома ёфтааст;
- марҳалаи сеюми раванди қонунии бавуҷудоии истиқлолияти сиёсии халқи тоҷик аз давраи бадастоварии истиқлолияти сиёсии халқи тоҷик дар соли 1991 оғоз гардида, то рӯзҳои мо идома дорад .
Заминаҳои муҳим ва хусусиятҳои алоҳидаи ин марҳалаҳои инкишофи истиқлолияти миллии халқи тоҷикро омӯхта истода мо ба чунин андеша омадем, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ нахуст дар шароити шикасти низоми авторитарӣ-тоталитарии ҶШС Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Чунонки маълум аст, шикасти империяиҳои бузург ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсии халқҳо дар заминаи қонуниятҳои дохилии инкишофи ҷомеаи инсонӣ, дар асоси кӯшишҳои мустаҳками ҳар халқу миллат барои озодии худ ба вуҷуд меояд. Вобаста ба ин нуқтаи назар, бояд таъкид намуд, ки халқи тоҷик, ки ҳанӯз ҳазор сол пеш аз ин дорои маданият ва фарҳанги бой, анъанаҳои хуби давлатдорӣ буд, дар шароити нави давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ истиқлолияти сиёсӣ ба даст овард. Вале чи тавре ки ҳаводисҳои сиёсии кишвар собит намуд, раванди бавуҷудоии истиқлолияти миллӣ ва минбаъд бунёд намудани давлати демократӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят душвори буҳрони шадиди иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсӣ, ба вуҷуд омад.
Ин нуктаи муҳимро бояд ишора намуд, ки марҳалаи нави (ба шумора савуми) давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистонро коршиносони масоили сиёсӣ давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ низ маънидод намуда, онро ба се давра тақсим намудаанд:
- давраи якум, аз соли 1990 (давраи тафаккури нави демократӣ дар кишвар ва эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон дар соли 1991) оғоз гардида то ноябри соли соли 1992 (то иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) идома ёфтааст;
- давраи дуюм, аз соли 1992 (давраи муборизаи сахти қувваҳои гуногун бо мақсади соҳиб гардидан ба ҳокимият, давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули ҳокимияти конститутсионӣ) – то соли 1997 (давраи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- давраи сеюм, аз нимаи соли 1997 (аз давраи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ – 27 – июни соли 1997) оғоз гардида, то ба имрӯз идома дорад. Хислати муҳим ва асосии ин давра ин муҳофизати сулҳ ва равандҳои бунёдкорӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, гузариш аз режими авторитарӣ – тоталитарӣ ба режими демократӣ мебошад.
«Давраи гузариш» - ҳамчун мафҳуми сиёсӣ давраи бозсозии ҷомеа буда, ҳолати гуногунҷабҳаи инкишофи минбаъдаи ҷомеаро ифода месозад, ки дар марҳалаи он масъалаи интихоби роҳ, ҷустуҷӯ ва ба даст овардани арзишҳои нав, идеалҳо рӯйи кор омада, имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи демократӣ ба вуҷуд меояд.
Падидаи аз ҳама неки марҳалаи нав, ин ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ба шумор меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз сари нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардид. 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), истиқлолияти давлатии кишварро эълон намуд. Ҳуҷҷатҳои асосии ин Иҷлосия ин қабул намудани «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд . Ин ҳуҷҷатҳои таърихӣ дорои аҳамияти конститутсионӣ буданд. Дар баробари ин Шурои Олии ҷумҳурӣ қарор дар бораи тағйирдиҳии номгузории Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Рафти минбаъдаи воқеаҳо ва ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии кишвар нишон медиҳад, ки баъди чанд вақт 24-уми ноябри соли 1991 дар Тоҷикистон нахустин маротиба дар шароити соҳибистиқлолии кишвар интихоботи ғайринавбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 10 нафар номзадҳо барои соҳиб гардидан ба мансаби президентӣ мубориза мебурданд ва аз қатори онҳо Раҳмон Набиев аз ҷумла нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз тарифи интихоби умумихалкӣ ба ин мансаб ноил гардида буд.
Сарнавишти кишвари мо баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар соли 1991 бо фоҷиаи бузурги миллат – ҷанги шаҳрвандӣ пайваст, воқеае, ки бузургтарин хатарро ба сари халқу давлати тозаистиқлоли мо овард. Рӯҳи нотавониву ноумедӣ аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Сохторҳои қудратии давлат фалаҷ гардида буд. Истеҳсолот аз фаъолият монда, самти муътадили инкишофи он вайрон гардида, дараҷаи зиндагии мардум рӯ ба харобӣ оварда, гуруснагиву қашоқӣ минтақаҳои ҷангзодаро фаро гирифта, кишвари тинҷу ороми моро ба минтақаи фоҷибору ҷангзада табдил дода буд.
Рӯзҳои аз ҳама мудҳиш дар минтақаҳои ҷануби кишвар ҳукмфармо буд. Хусусан аҳволи бад дар собиқ вилояти Кӯлоб ба назар мерасид, зеро ин минтақа 7 моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор гирифта, ҳалокати одамон ба назар мерасид. Танҳо дар ноҳияи Фархор аз сабаби нарасидани маводи хӯрокворӣ ва ба сифати маводи истеъмолӣ истифода бурдани ҳар гуна растаниҳои бегона 7 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба бемории гелиотроп гирифтор шуда, қисме аз онҳо ҳалок гардиданд. Дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар низ нарасидани маводи хӯрокворӣ, хусусан орд ба назар мерасид, ки таъмини ҳадди ақали аҳолӣ ҳар шабонарӯз бояд 260-280 тонна ордро ташкил медод, дар он давраи мудҳиш бошад, ҳама шуда 50 - 60 тонна ордро ташкил мекард.
Дар натиҷаи ин ҷанг зиёда аз 50 ҳазор (ҳар ҳафтумин шаҳрванди Тоҷикистон) хонаи худро тарк намуд, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд ва 100 ҳазор нафар одамон ҳалок гардиданд. Шумораи гурезагон ба 1,5 миллион нафар мерасид ва аксарияти онҳо русзабонон буданданд, ки дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд.
Маблағи пулии ҳисороти ин ҷанг10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод. Ҳама гуна муносибатҳои байни давлатӣ аз байн рафта, дар кишвар оташи кинаву адоват, хунрезиву куштори байни якдигарӣ, қатлу ғорат, гиряву нолаи ятимон ва модарони аламзада идома меёфт.
Дастгоҳи фалаҷгардидаи ҳукумати ҳамон давраи Тоҷикистон ҳама гуна қудратҳои худро аз даст дода буд ва минбаъд давлатро идора карда наметавонист. Қувваҳои сиёсии кишвар аз ду ҷониб – ҳомиёни давлати конститутсионӣ ва нерӯҳои қувваҳои мухолифин (опозитсионӣ) дар фронтҳои ҷангӣ дар муқобили якдигар меҷангиданд «Мо истиқлолияти сиёсӣ ба даст овардем. Вале дар пеш ҳоло роҳи дарозу душвори ба даст овардани истиқлолияти иқтисодӣ барои халқи мо қарор дорад, ки ин бомуваффақият таъмин намудани раванди ислоҳот, бунёди воқеан ҳам давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро таъмин менамояд» .
Ҷанги шаҳрвандӣ моро ба вартаи даҳшатбори буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ оварда расонд, кишваро хатари азиме фаро гирифт. Бисёр олимони бахши таърих ва сиёсатшиносӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дигар олимони берун аз кишвар сабабҳои ҷанги шаҳрвандиро гуногун шарҳ додаанд. Дар қатори сабабҳои пешниҳоднамудаи онҳо ба воқеият наздик ҳамин аст, ки дар он рӯзҳо, пас аз ба даст овардани истиқлолият, мо тоҷикон, ба пуррагӣ бартарият ва арзиши истиқлолияти сиёсиро дарк карда натавонистем. Баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ ба мисли Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва қисме аз ташкилотҳои ҷамъиятии таъсисёфтаи дар мақоми манфиатҳои минтақавӣ қарордоштаи ибтидои солҳои 90-ум симои худро дар ниқоби демократия пинҳон намуда ба муборизаи рӯйирост бар зидди ҳокимият бархостанд, ки дар натиҷаи он ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ноором гардид.
Дар натиҷаи авҷгирии муқовимат ва тезутунд гардидани буҳрони сиёсӣ аз моҳи майи соли 1992, Президенти амалкунандаи ҳамон вақт Р. Набиев зери фишори мухолифин барои ташкил намудани ҳокимияти каолитсионӣ бо иштироки мухолифин розигӣ дода буд. Мутобиқ ба он созишҳо, намояндагони мухолифин бояд соҳиби мансаб гардида аз се як ҳиссаи роҳбарии вазоратҳоро соҳиб мегардиданд. Минбаъд зери таъсири фишор 7-уми сентябри соли 1992 қувваҳои мухолифин Президенти қонунӣ - Р. Набиевро маҷбур карданд ки барои ба истеъфо баромадан аз мансаби Президенти ҷумҳурӣ ариза нависад. Дар он рӯзҳо роҳбари воқеии кишвар Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаров ба шумор мерафт.
Воқеаҳои марҳалаи аввали ҷанги шаҳрвандӣ қувваҳои солими кишварро ба андешаи бо ҳам овардан ва ҳифз намудани давлати қонунӣ- конститутсионӣ овард. Дар замири ин тадбир моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, барои ташаккули давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон таҳкурсӣ ва заминаи боэътимод гузошт. Баъди таъсиси пурраи давлати мустақили тоҷикон, Ҳукумати нави конститутсионӣ ва Раёсати Шурои Олӣ дар Тоҷикистон, сохтори ҷомеаи демократӣ оғоз ёфт ва дар ин муддати начандон зиёди таърихӣ халқи тоҷик ба комёбиҳои бузург ва беназир соҳиб гардид. Новобаста аз душвориҳо ва монеаҳои зиёди дорои хислати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ки сади роҳи муборизаи халқи тоҷик мегардиданд нигоҳ накарда, ин миллати пуршараф соҳибистиқлолии худро ҳифз намуда, давлати милии хешро бунёд намуд.
Мушабеҳи ин масъалаи эъмори давлати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои давлати демократӣ дар мисоли расмият ва суннатҳои кори идораи муносиб, ташкили унсурҳои муҳими сохтори идораи давлати ҳуқуқбунёд, ташкили ҳама институтҳои сиёсии давлат ва ҷомеа, қабули Конститутсия (Сарқонун) , ташкили Парламент, системаи бисёрҳизбӣ, ҳифзи амният ва иқтидори давлат, таъмини иҷтимоии аҳолӣ, амалишавии сиёсатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, рушди соҳаи маориф, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, қабули барномаҳои мушахаси стратегии инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо рӯйи кор омаданд, ки иқтидормандии давлати моро боз ҳам баланд бардошт.
Дар кишвар барномаҳои мушахаси инкишофи иқтисодӣ, муайян намудани роҳи дурусти расидан ба ҳадафҳои зерини нақшаҳои стратегии давлат дар мисоли таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ, афзоиши буҷаи давлат, амалӣ гардидани нишондодҳои ин барномаҳо дар мисоли бунёди нерӯгоҳои обӣ ва энергетикӣ, бунёди шоҳроҳҳои бузурги автомобилӣ, бунёдкории иншоотҳои муҳими хоҷагӣ, давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо ва дар радифи он аҳаммияти муҳим пайдо намудани соҳои маориф, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, то рафт эътибори ҷаҳони пайдо намудани давлати тоҷикон дар ҷаҳон ба даст омад.
Таҷрибаи таърихии давлатҳо шоҳиди он аст, ки ҳар як миллат дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ баъд аз ноил гардидан ба истиқлолияти сиёсӣ барои соҳиб гардидан ба истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии худ мубориза мебарад. Ба ин халқу миллати тоҷик, мисоли равшан шуда метавонад, ки бо бардошти асолат ва таҷрибаи неки аҷдоди пуршарафи хеш ва бо гирудори таърих ҳамқарин гардида, дар ин набард муҳимтарин арзишҳои худро дар мисоли асолати давлатдорӣ, мероси фарҳангӣ, арзишҳои диниро ҳифз намуда, ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.
Дар ин росто рӯй овардан ба таърихи Ватан, арҷ гузоштан ба мероси давлатдории қадими аҷдодон, шукӯҳу шаҳомоти давлатдории аҳди Сомониён, бо асосгузор ва пешвои он Исмоили Сомонӣ, эҳдои суннатҳо, анъанаҳо, маданият, фарҳанги миллӣ ва динию исломӣ (дар мисои ҷашни «Тамаддуни Ориёнӣ», «1310-солагии Имоми Аъзам»), баргузории ҷашнвораҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба ифтихори шахсиятҳои таърихиию фарҳангӣ, ҷаҳонӣ гардонидани арзишҳои миллӣ дар мисоли Наврӯз, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани асолат ва фарҳанги миллат. Бузургтар аз он дарки набзи саёра, ҷомеа ва ҷаҳон, пешниҳод ва барасии масъалаҳои муҳимми дорои амнияти геополитикӣ ва табиии ҷаҳон махсус доир ба масъалаи об (дар мисоли ибтикороти чаҳорум “Об барои рушди устувор”) мебошанд, ки дар назари давлатҳои ҷаҳон ҳамдилӣ ва дастгирии хешро пайдо намуда, шуҳрат, эътибор ва нуфузи давлати ҷавони тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорад.
Бо назардошти ин метавон сарнавишти навини миллати тоҷикро дар давраи нави соҳибистиқлолии кишвар як навъ имтиҳони тақдир шинохт, ки аз роҳи таърихии аҷдоди пуршараф ва таҷрибаи ҷаҳонсозии миллати сарбаланд огаҳӣ медиҳад, ки новобаста аз омад ва ноомади тақдир руҳи озодиовар ва матини ин миллат пойбарҷо буда, дар замони нав аз роҳи сарварии оқилона ва садоқатмандонаи марди хирад-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон роҳи наҷоти худро пайдо намуда ба қуллаҳои мурод мерасад.
Назарзода Пирали Сафар – доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ