,
Душанбе, 14-октябр
Истиқлол неъмати бебаҳо, сарчашмаи саодат, бахту иқбол ва яке аз муқаддастарин дастоварди давлату миллати тоҷик дар марҳилаи нави давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Фараҳбахш аст, ки рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни муҳимми расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса ва тантаноҳои фарҳанангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ин рӯзи саид ва гиромидошти хотираи фарзандони фарзона дар роҳи расидан ба ин рӯзи неку, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастиро дар замири насли наврасу ҷавони кишвар бедор намуда, онҳоро дар роҳи садоқат ба халқу миллат ва ҳифзи дастовардҳои фарҳангиву давлатдорӣ тарбия менамояд.
Мусаллам аст, ки истиқлол роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян кард. Дарвоқеъ, ин дастоварди таърихӣ ва саодатбор барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр муҳимму пурмасъулияти таърихӣ, яъне эъмори давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бунёди давлати ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро дар назди мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик гузошт.
Мардуми шарафманди мо дар ин роҳи ниҳоят мураккаб, яъне бунёди давлати миллӣ ва ба мерос гузоштани мулки ободу озод аз ақлу хирад ва фарҳанги бурғановати гузашта истифода намуда, дар ин марҳила бо дастгирӣ, азму талош ва ғамхориву роҳнамоиҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асари ваҳдату суботи пойдор дар кишвар ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт ва ба хотири пойдории Истиқлоли воқеии мамлакат дар бунёди як силсила иншоотҳои тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлативу байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошд, ки ин тадбирҳои созандагӣ пешомади кишварро дар дурнамои наздик муайян ва роҳнамоӣ менамоянд.
Ин дастоварди муҳимми давлатдорӣ- Истиқлолу озодӣ ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам овард, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф дода, чун насли воқеии гузаштаи фарҳангофар ба воя расида, Ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Дар марҳилаи нави давлатдорӣ ба даст овардани Истиқлолият муваффақияти бузург ва дар навбати худ мояи ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон аст, зеро бо шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва шаҳрвандиву озод шарафёб гардид ва фазои мусоидро барои зиндагии шоиста фароҳам овард. Мардуми шарифи кишвар бо ба ҷо овардани шукронаи Истиқлол, ҷиҳати ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими Истиқлоли кишвар, баланд бардоштани обруву нуфузи Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастаанд. Ин музаффарияту шарафмандиҳо маҳз самари сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо муяссар гардид. Дар ин роҳи шарафмандӣ мо омӯзгорони ҷавон дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои худ бар он мекӯшем, ки Истиқлол чун нишонаи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, рушду тараққии ҷомеаи башарӣ ва ҷашни шукуфоии кишвари куҳанбунёду маҳбуби мост, то абад поянда ва Тоҷикистони азиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафтаву мутарақӣ шинохта шавад.
Нозимова Ибодатхон-ассистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ