,
Душанбе, 14-октябр
Калимаи терроризм ё террорист ҳама дарк мекунанд ва солҳост, ки бо амалҳои даҳшатафканӣ ҷомеаи ҷаҳон ба мубориза баромадааст. Синоними истилоҳи эктремизм калимаи арабии ифрот аст, ки маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан мебошад. Яъне, ҳар шахсе, ки асабӣ ва сарзада аст ва аз рӯи эҳсос доим қарор мебарорад ва бе андеша сухан мекунанду ҳукм кардан ба ҳар коре шуғли ӯст, ифротӣ аст.
Дар санаи 8 декабри соли 2003 таҳти № 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шуд. Дар ин қонун экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ оварда шудааст.
Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани бойгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд. Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои дини бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алокамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Африқо ба мисоли Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.
Яке аз амалиёти охирине, ки террористон ба анҷом доданду боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, ин қатли модар аз тарафи фарзанд буд. Онҳо фикру ақидаи қотилро бар зидди модараш, ки бо як ҷаҳон орзую умед бо шири покаш ба камол расонид, вайрон карданд. Модар аз дасти фарзанди худ ҳалок гардид. Ин амали аблаҳонаи гурӯҳҳои террористонро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуданд.
Имрӯз коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ин онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомотҳои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёси содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда ҳисси бадбини, нафрат аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияш гузашт карда даст ба чунин кори зишт мезанад.
Ҳатто ташкилотҳои террористи пешаки маблағҳои калонро ба онҳо ваъда дода агар ту худро таркони ба биҳишт дохил мешави, аз ту то рӯзи қиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд. Чашм ва дили он нобакор бо ин таъсирҳо кур гашта худро зинда ба зинда метарконад, ҳоло он, ки худкуши дар Қуръон манъ карда шудааст. Бояд дарк кард, ки мувофиқи таълимоти Қуръони карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ.
Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: 1 сиёси, 2 милли, 3 динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёби карданд. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони динӣ дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад, аз ин рӯ фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳӣ медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд.
Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, гӯё дар натиҷаи ваҳшиёна ба қатл расонидани «Кофирон» инсон биҳишти мешавад, ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амали мекунанд.
Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гурӯҳҳои ифротгаро гиранд.
Шарипов Хуршед, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ