,
Душанбе, 14-октябр
Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа яке аз сарчашмаҳои асосии хушбахтии ҳар халқу миллат маҳсуб меёбад. Шукр аз он дорем, ки имрӯз дар кишвари азизи мо суботи сартосарӣ побарҷост ва ин неъмати бебаҳо маҳз самараи Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
Мо бояд аз ин фазои мусоид ва ваҳдати комил шукргузор бошем, Зеро ваҳдат ин ягонагӣ ва суботи ҷомеа, нигоҳдорандаи истиқлол мебошад. Агар дар ҷамъият меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, пас он ҷо ваҳдат аст. Ин аст, ки асоси ваҳдати кишварро меҳр, сулҳу дӯстӣ ва хушбахтӣ ташкил медиҳад. Тавре Сафар Айюбзодаи Маҳзун гуфтааст:
Бахт механдад ба истиқболи мо,
Мешукуфад ғунчаи иқболи мо.
Меҳр миллатро ба ваҳдат овард,
Ҳифз созад ваҳдат истиқлоли мо.
Боиси ифтихори мо мардуми Тоҷикистон аст, ки баъди соҳиб шудан ба Истиқлоляти комил бо саъю талошҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои миллии мо бо тозаҷӯйиҳои маънавию фарҳангӣ дар рӯҳияи ҳаёти нави соҳибистиқлолӣ эҳёи тоза бахшида шуд, ки имрӯзҳо амалӣ шуда истодааст ва ифтихори худшиносию худогоҳии миллии мардумро боз дучанд афзудааст. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки истиқлолият барои кишвари мо чӣ гуна ба даст омад. Тавре маълум аст, даҳсолаи аввали истиқлолияти кишвар бо кашмакашию хомӯш намудани алангаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гузашт. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли зиёи кишвар, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардид, таъкид намуданд, ки: «Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд».
Пас аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила дар ҳамаи соҳаҳои барои хоҷагии халқ муҳим ислоҳот гузаронида шуд. Аз ҷумла, бахшҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, тиб ва ғайра ғайричашмдошт пешрафт намуд ва яке аз дастоварди муҳим ин таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб меёбад. Албатта, анҷом додани чунин корҳои бузург ба осонӣ ба даст наомадааст, балки заҳмату талошҳои зиёд ва хароҷоти бузург сарф гардидааст. Шуруъ аз солҳои 2000-ум марҳалаи рушди созандагиву бунёдкорӣ оғоз гардида, азнавсозии роҳҳои мамлакат шуруъ шуд ва ба таъкиди муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид» табдил дода шуд.
Дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бешумор аст ва ҳар кадоми он тафсилоти алоҳида талаб менамояд. Аз ҷумла, соҳаи маориф, ки дар давоми 33-соли истиқлолият ба дараҷот рушд ёфт, аз таваҷҷуҳи алоҳидаи давлату ҳукумат ба ин соҳаи муҳимму афзалиятнок дарак медиҳад. Дар ин давра шумораи умумии муассисаҳои илмию таълимӣ афзоиш ёфта, барои тайёр кардани кадрҳои баландтахассус шароити мусоид фароҳам омад. Чунончи, шуруъ аз соли таҳсили 1997-1998 ҳамасола тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагони зиёди МТМУ, махсусан духтарон аз ноҳияҳои дурдаст таҳсилро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар идома медиҳанд. Таъсис додани квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз василаҳои муҳим дар ҷалби духтарон ба идомаи таҳсил маҳсуб меёбад.
Сохта ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дониста мешавад. «Мо ба масъалаи маориф ва илм, – қайд намудаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст».
Боиси қайд аст, ки илму дониш дар пешрафти ҳар як давлат чун сарчашмаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, ҷиҳати ҳавасмандгадонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инчунин Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ ва ғайра таъсис дода шудаанд.
Дар баробари ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳукумати мамлакат роҳу василаҳо ва ҷалби наврасону ҷавононро ба илмомӯзӣ зиёд намуда истодааст. Роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар хонандагону донишҷӯён, ҳатто ба қишрҳои гуногуни ҷомеа завқи китобхонию илмомӯзиро зиёд намуд.
Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи муҳим дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, барои довталабон беҳтарин имконияти дохилшавиро фароҳам овард.
Умуман, Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, василаи муҳимми осоишу оромиш ва фазои мусоид барои пешбурди фаъолияти корӣ буда, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил маҳсуб меёбад. Дар ин роҳ бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ дар пайи амалҳои созанда кӯшида, таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору пайкори ҳаррӯза намоем.
Умуман, дар шароити кунунӣ, ки давраи бархурди тамаддунҳо ва афзоиши анъанаҳои бегона, мо бояд худ ва атрофиёнамонро аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта тавонем. Тарбия ёфтани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо маҳсуб меёбад.
Раҳмонова Г.С., Каримова М., ассистентони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо