, Душанбе, 14-октябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ – КАФИЛИ СУБОТИ ҶОМЕА

 07.09.2024 122

ИСТИҚЛОЛИЯТ – КАФИЛИ СУБОТИ ҶОМЕА

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Баъд аз 1000-сол миллати тоҷикро муяссар гардид, ки истиқлолият ба даст оварад. Ин миллати куҳантаърих ва муттамадин дар давоми 10 аср дар асорат ва залолату сахтӣ умр ба сар бурда, душвортарин давраҳои мавҷудияташро сипарӣ кард. Ба қавли шоир:

Халқи тоҷик,
Халқи армон,
Об дар чашм,
Чун ятимон.
Дар лабаш хашм
Чун асирон,
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро,
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ,
Гаҳ дар оташ,
Гаҳ дар об
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,
Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модариаш,
Ҳамчу номи модараш,
Дар забону дар даҳонаш монд – монд.
Ҳар сухан бо шири модар
Сахт шуд дар устухонаш монд – монд.

Миллати тоҷик бо сармояи гаронарзиши азалӣ-забони модариаш дар масири таърих ҳастии худро нигоҳ дошт. Асолати хешро тавассути ин дурри ноёб бақо бахшид.

Анҷоми асри XX оғози эҳёи миллати сарбаланди мо гардид. Занҷири асорат аз души миллат бардошта шуд ва миллат вориди марҳилаи нави таърихие гашт, ки онро авлодону аҷдодони гузаштаамон орзу мекарданд.

Баъди пароканда гардидани империяи абарқудрати Шуравӣ Тоҷикистон – ватани тамоми тоҷикони дунё – дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр эътироф гардид. Акнун мо на ба воситаи дигарон, балки бо намояндаи хоси худ дар олам соҳиби ҳуқуқҳои хеш гардидем. Мо соҳиби марзу буми худ, соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва дигар арзишҳои олӣ шудем.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон вориди тамаддуни башарӣ гардида, бо дастоварҳои соҳибгардидааш дар радифи мамлакатҳои дигар ба маҷрои пуртуғёни ҳаёт шомил шуд.

Интихоби роҳбари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ, ки бунёдашро «Ваҳдати Миллӣ» ташкил медод, барои сохтани ҷомеаи соҳибистиқлол ва таъмини кафолатҳои он асоси мустаҳкам гузоштанд. Мардуми тоҷик дар симои роҳбари худ шахсияти муътабареро ёфтанд, ки ӯ метавонад роҳи ояндаро барояшон равшан намуда, беҳтарин хушбахтиҳои инсониро эҳдояшон созад.

Таносуби байнӣ роҳбари давлат ва ормонҳои миллат дар камоли эътидол омад  ва ин боҳамоӣ омили муҳимтарини зиндагии шарафманди онҳо гардид.

Дар давраҳои нахустини истиқлолият мушкилотҳои зиёд ҷомеаро домангир буд. Аммо боварӣ ба оянда ва умед ба зиндагии хуб дар дили ҳар як шаҳрванд маъво дошт ва дар ин ҷиҳат ҳама талош мекарданд. Мардуме, ки таҳаммули бори сангини 1000-соларо ба душ дошт, тавонист ба осонӣ аз бори душворӣ 10-солаҳо наҷот ёбад.

Пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёт аз нигоҳи роҳбари давлат дар канор намемонд. Мардумро ба ягонагӣ, муттаҳидӣ ва суботкорӣ даъват намуда итминон дошт, ки киштии муроди миллат ба соҳили наҷот мерасад. Дар он лаҳазоти барои давлату миллат ҳассос мушкилоти воқеӣ ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар байни гурӯҳҳои тафриқавӣ буд.

Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон бо фидокории беназири худ тамоми мардуми аз марзи Ватан берунро ба Ватан баргардонид ва онҳоро ба зиндагии муқаррарӣ ворид кард. Баъди ноил гардидан ба ҳадафи асосӣ «Сулҳу Ваҳдати миллӣ» роҳбари давлат мардумро ба бунёдкорӣ  ва созандагӣ даъват намуд. Чун тамоми мардум ба Пешвои худ эътимод доштанд дар баробари ҳар як даъвати ӯ пойдорӣ намуда барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта камари ҳиммат мебастанд.

Тоҷикистон бо Пешвои хирадманду соҳибфазилати худ дар таҳкими давлатдорӣ ва пешбурди сиёсати инсонгароёна қадамҳои устувор гузошта истодааст. Чор ҳадафи стратегии давлат: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, тамини амнияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар бо дастгирии бевоситаи роҳбари давлат дар сатҳи олӣ амалӣ гардидаанд ва акнун Тоҷикистон ба давлати муттарақие табдил ёфтааст, ки бо давлатҳои гуногун бевосита ё бавосита робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад. Ба истифода додани шоҳроҳи васлкунандаи Тоҷикистону Хитой барои кишвари мо дорои аҳамияти муҳими иқтисодию тиҷорӣ мебошад. Давлатҳои зиёде тавассути ин роҳ муомилоти тиҷории хешро тақвият мебахшанд.

Иқдомҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ шоистаи таҳсин мебошанд. Проблемаи об ҳамчун омили ҳастии инсон маротибаҳои зиёд аз тарафи роҳбари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо доданд. Пешниҳодҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи «Об – омили рушди устувор» аз тарафи аксар кишварҳои дунё ҳамовозии умумро ба амал овард. Ба шарофти ин пешниҳодҳо барномаҳои махсус таҳия шуда, дар асоси онҳо корҳои зиёде мавриди амал ва иҷро қарор гирифтанд.

Мавқеи хоси Пешвои Миллат – Эмомали Раҳмон дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Оштинопазирӣ бо ин падидаи номатлуб дар маркази сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо қарор дорад. Таҳдиди ин зуҳуроти ғайриинсонӣ ошкор аст ва мубориза бо он яке аз вазифаҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи камбизоатии аҳолӣ барномаҳои зиёдро амалӣ намуда, аз номгӯи давлатҳои зери фақр қарордошта ба осонӣ баромад. Мардуми шарафи тоҷик дар марҳилаи муосир дорои тамоми имконот мебошад, зеро он аз самараҳои неки истиқлоли кишвар баҳравар мебошад.

Меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо суръати баланд ҷараён дорад. Теъдоди иншооти манзилӣ, фарҳангӣ, саноатӣ он қадар зиёд гардидаанд, ки назирашро таърих дар хотир надорад. Тамоми заминаҳо барои тиҷорату соҳибкорӣ ва дигар навъҳои фаъолият мавҷуданд.

Мардуми тоҷик бо қадамҳои устувор дар рушд ва таҳкими давлати худ иштирок намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки дар воқеъ мо таърих, фарҳанг, санъат ва тамаддуни чандинҳазорсола дорем ва метавонем бо хираду фазилати азалии хеш парчамбардорони асили гузаштагони хеш бошем.

Самариддинова З.Н., дотсент, декани факултети физика ва математика

Сироҷиддини Д., мудири кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат