, Якшанбе, 08-декабр

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 06.09.2024 197

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он дар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомушӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд. Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоу далер сабт менамояд.

Бале, Истиқлолият моҳияти дастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти комили сиёсӣ даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориямон руйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун миллат намешинохтанд, ҳамин монеа гардид, ки баъди Инқилоби Октябр Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Ҷумҳурии автономӣ ташкил карданд ва ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айиӣ, бардошт карда натавонистанд ва ба шиносондани ин миллати куданбунёду фарҳангӣ пардохтанд ва асари бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иншо карда, аз миллати худ дифоъ намуданд. Мешавад гуфт, ки аз ҳамон лаҳза аввалин хишти Истиқлолияти сиёсии миллати мо гузошта шуда буд, гарчанде ки ин як муддати дигар дар қалбҳои хирадмандону миллатдӯстон парвариш меёфт. Танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист дубора ба Истиқлолияти сиёсӣ расидем ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст овардем.

Истиқлолияти сиёсӣ аз истиқлолияти миллӣ, марзӣ, фардангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмуъ истиқлолияти давлатиро ифода месозад. Аз ин ру, Истиқлолият мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳувияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва асли давлати миллӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи асолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: «Маҳз Истиқдолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳиби кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Дар ҷойи дигар таъкид намуда, мефармояд: «Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз се* даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад». Бояд қайд намоям, ки имрӯзҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон чандин давлат маҳв мешавад, шояд барои ҳамешагӣ дигар дар харита пайдо нагардад, яъне парокандагӣ на он қадар кори душвор ва номумкин гаштааст. Аз ин ру, бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Зеро хона бошад, ҳамаи чизи дигар мешавад, бе хона маъное нест, ки ба он паноҳ бари ва ӯро обод намоӣ. Акнун вазифаи мо аст, ки он хонаро ободу зебо гардонем ва сарвари давлат низ таъкид менамоянд, ки: «Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу бономус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳануз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем».

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кудакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз дар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Мувофиқи стратегияи миллии рушд то соли 2030 афзоиши бесобиқаи ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ шудааст.

Ин чунин маънӣ дорад, ки мо бояд дар ин давра садҳо корхонаи муосири саноатӣ бунёд карда, даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем ва содироти маҳсулоти тайёри саноатиро зиёд кунем.

Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Аз ҷумла ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, соддагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноатӣ кишвар нақши муҳим доранд.

Соҳаи саноати Тоҷикистон то замони истиқлол дар доираи низоми нақшавии тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда ташаккул ёфта, аз корхонаҳои он металлҳои рангаву нодир ва қиматбаҳо дар шакли маъдан, маҳсулоти саноатӣ бофандагӣ ва хурокворӣ ҳамчун маҳсулоти тайёру нимтайёр дар дохил ва дар ҳудуди собиқ давлати шуравӣ ба фуруш бароварда мешуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани саҳти некуаҳволии табақаҳои мухталифи ҷомеа ва ҳаллу фасли муаммоҳои иқтисодӣ Президенти кишвар ташаббуси таҳияи ҳуҷҷати давлатии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро бар асоси тақсимоти одилонаи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ба миён гузоштанд. Натиҷаи ин иқдоми хирадмандона ва рушди босуботи иқтисодии кишвар буд, ки дар ҷумҳурӣ сол ба сол даромаднокии аҳолӣ зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ торафт кам шуда истодааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки рушди мунтазами иқтисоди кишвар бе таъмини истиқлоли энергетикӣ ва таъмини комили соҳаҳои хоҷагии халқ бо неруи барқ ғайриимкон аст. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла сохтмон ва ба истифода додани НБО-и «Сангтуда-1» НБО-и «Саштуда-2», дуагрегати «Роғун» ва дигар неругоҳҳои хурду бузург. Давлати тозамустақил ва ҳалқи азиятдидаи тоҷик барои устувории Истиқлолият, нигоҳдошти якпрачагии марзу бум, идораи давлат ва ба роҳ мондани истеҳсолот ва барқарории муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим буд, ки Конститутсияи кишвари орзую ормонашро бо якдилӣ қабул намояд. Агар гуем, дуюмин дастоварди бузурги сиёсӣ замони Истиқлолият ба шумор меравад, ҳеҷ иштибоҳ нахоҳем кард. Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият лозим буд ва инро танҳо Конститутсияи мукаммал ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бароварда менамуд. Роҳбари хирадманду дурандеши давлат ин масъаларо хуб дарк намуда, дар ии санади тақдирсоз ба чунин нуқтаҳо аҳамияти махсус доданд:

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба суи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

Истиқлоли миллӣ, ҳамчунин, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.

Интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият фароҳам сохт, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.

То имруз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандози намуда, бо онҳо муносибатҳои дустӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад. Бо итминон изҳор медорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба суйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд.

Ҷашни истиқлолияти давлат мубораку фархунда бошад, ҳамдиёрони азиз!

Маҳмуд Абдуллоев - доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат